Перейти к основному содержанию

ВАЗИФАҲОИ (ФУНКСИЯҲОИ) КОНСТИТУТСИЯ: ТАҲЛИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА ТАТБИҚИ ОН ДАР КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамаи сифат ва хусусиятҳои Конститутсия дар вазифаҳои он инъикос меёбанд. Дар робита бо ин вазифаҳои Конститутсияро олимони конститутсияшинос ба чунин намудҳо ҷудо мекунанд: ҳуқуқӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, таасиснамоӣ, ташкилнамоӣ ва сиёсати хориҷӣ.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи Конститутсия таъмини идоманокии давлатдории тоҷик дар сатҳи моҳиятан нав ва баланд аст, ки таҳкурсии он дар давраи шӯравии сотсиалистӣ гузошта шуда, ҳоло дар заминаи дастовардҳои худ бо тадриҷ инкишоф меёбад. Дар муайянсозии вазифаҳои Конститутсия омилҳои гуногун ба эътибор гирифта мешаванд. Вазифаҳои Конститутсия, мазмуни онҳо, шаклҳои таҷассумёбӣ аз рӯи қонуниятҳои умумӣ ва хусусиятҳои онҳо, рушди ҷомеа ва сохтори конститутсиониро муайян мегарданд.

Пеш аз ҳама Конститутсия ҳамчун Қонуни олии ҷомеа ва давлат вазифа дорад, ки моҳияти давлатро ифода ва ҳадафҳои онро равшан намояд. Бинобар ин, дар шаклу мазмуни ба Конститутсия хос тавассути иҷрои вазифаҳо Конститутсия ирода ва манфиати нерӯҳои дар сари қудрат қарордошта ва тамоми халқро ифода мекунад.

Вазифаи ҳуқуқии Конститутсия. Мазмун ва таъиноти вазифаи ҳуқуқии Конститутсия дар он ифода меёбад, ки мавзӯи танзимнамоии конститутсияи миллиро муносибатҳои заминагузорандае ташкил менамоянд, ки бо зуҳуроти ҷамъиятӣ-сиёсии ҷаҳонишавӣ ва дигар навъҳо — соҳибихтиёрии халқӣ ва давлатӣ, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, рушди ниҳодҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ — алоқаманд мебошанд. Ин омил хусусияти на фақат услуб, балки роҳҳои танзими конститутсионии муносибатҳои ҷамъиятиро равшан менамояд. Албатта Конститутсия мувофиқи мазмун ва таъиноти худ имконияти танзимнамоии кулли муносибатҳои ҷамъиятиро надорад, барои ин тамоми низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории ҷумҳурӣ таъйин шудаанд. Аммо таъсири фарогири танзими конститутсионии муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ ҳамаи онҳоро бо Конститутсия пайванд ва дар зери таъсири он қарор доштанро ифода мекунад.

Вазифаи ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар таъсиси соҳаҳои ҳуқуқ ва низоми нави қонунгузории ҷумҳурӣ равшан зоҳир меёбад. Дар ин хусус ду ҳолатро ба эътибор гирифтан лозим аст. Якум, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд ва онҳо дар низоми қонунгузории ҷумҳурӣ мавқеи баланд доранд. Дуюм, тағйироту иловаҳои Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ суръат мегирад. Қонунҳои бо ин роҳ қабулшуда баъди Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мавқеи баланди ҳуқуқӣ доранд. Сеюм, Конститутсия дар низоми қонунгузории ҷумҳурӣ санади сатҳи баланди ҳуқуқӣ — қонунҳои конститутсиониро пешбинӣ кард, ки ҳоло 20 адад аз онҳо дар амал мебошанд. Сарфи назар аз ин ҳолатҳо ва чанде мураккаб гаштани низоми қонунҳои ҷумҳурӣ ҳамоно мавқеи Конститутсия дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ омили муҳим боқӣ мемонад.

Вазифаи сиёсии Конститутсия.Вазифаи сиёсии Конститутсияи ҶТ дар тамоми матни он ифода меёбад, аммо ҳарчи бештар дар Дебоча ва боби Асосҳои сохтори конститутсионӣ мушоҳида мегардад. Вазифаи сиёсии Конститутсия аз сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мафкуравие, ки давлат амалӣ менамояд, тафовут дорад. Вазифаи сиёсии Конститутсия дар сатҳи олии қонунгузорӣ муқаррар кардан ва рушди ғояҳо ва усулҳо, вазифаҳои хос ва ҳадафи стратегии сиёсати давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятиро ифода мекунад. Шакли ифодаи моҳият ва мазмуни вазифаи сиёсии Конститутсия гуногун буда, дар баъзеи онҳо дар ин хусус ҳолат ва меъёрҳои равшан ҷой доранд, дар баъзеи дигар онро дар шакли умумӣ дар тамоми матни Конститутсия ҷой медиҳанд.

Конститутсияи ҶТ дар ин хусус равшан муайян кардааст, ки Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро амалӣ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад. Тоҷикистон тибқи манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дохил шавад ва аз онҳо барояд, бо давлатҳои хориҷӣ робита намояд (моддаи 11). Дар соҳаҳои муайянсозии сохтори конститутсионӣ, падидаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд, ташкилу фаъолияти мақомоти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ сиёсати устувор гардонидани иқтидори давлат, ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва дахлнопазирии он, пурзӯр кардани кафолати татбиқи ҳуқуқу озодиҳо пеш гирифта шудааст. Конститутсия субъекти роҳбаринамоии татбиқи сиёсати хориҷиро муайян кардааст. Ба Президенти ҶТ ваколати муайян кардани самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ, ҳуқуқи дар дохили мамлакат ва дар муносибатҳои байналмилалӣ аз номи Тоҷикистон баромад кардан, ба қарордодҳои байналмилалӣ имзо гузоштан додааст. Умуман, вазифаи сиёсии Конститутсия аз танзими воқеияти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии дар мамлакат ба даст овардашуда иборат мебошад.

Вазифаи мафкуравии Конститутсия. Вазифаи мафкуравии Конститутсия дар шакл ва мазмуни гуногун ва тавассути меъёрҳои конститутсионӣ ифода карда мешавад. Ҳар як Конститутсия баробари дигар хусусиятҳои худ ҳуҷҷати мафкуравӣ аст ва дар он низоми муайяни ғояву ақидаҳо ифода меёбанд. Дастурҳои мафкуравие, ки дар ҷабини Конститутсия ҷой дода мешаванд, дар ҳамаи қисмҳои он — сарфи назар аз он, ки сухан аз нақши давлат, муносибати он бо ҷомеа ва шахс, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташкили мақомоти ҳокимияти давлатӣ меравад ё не — асар доранд. Бо ин мазмун Конститутсия ҳуҷҷати афкори муайян ва ҷаҳонбинӣ буда, ба ҳаёт ва фаъолияти маънавии ҷомеа таъсир мерасонад, ба паҳн ва тасдиқ гардидани ғояҳои муайяни сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, тафаккур ва арзишҳо мусоидат менамояд.

Тибқи таъйиноти иҷтимоӣ ва сиёсии конститутсияи давлатҳои шакли гуногун ғояҳои мафкуравии дар онҳо ҷойдошта бевосита ва ё тибқи ҳар гуна усулҳо муайян ифода карда мешаванд. Конститутсияи давлатҳои сотсиалистӣ вазифаи мафкуравии худро хеле намоишкорона ифода карда, тибқи давраи рушди ҷомеа ва давлат ҳолатҳоеро муайян мекарданд, ки воқеан ҳанӯз ба онҳо расидан ғайриимкон буд. Масалан, дар Конститутсияи охирини ИҶШС соли 1977 дар бораи сифатҳои ҷомеаи сотсиализми мутараққӣ он қадар муфассал гуфта шуда буд, ки қисми зиёди онҳо хаёлӣ ва татбиқи онҳо дастнорас буд. Аз ҷумла, тезисҳо дар бораи ба вуҷуд омадани умумияти нави таърихии одамон — халқи советӣ, ҳадафи инкори тафовути воқеии инсон вобаста ба мансубияти миллӣ-этникии онро дошт; оид ба барпо ёфтани ҷамъияти муташаккилӣ, идеянокӣ ва шуурнокии олии меҳнаткашон — ватандӯстон ва интернатсионалистон, ҷамъияте, ки ғамхории ҳама барои беҳбудии ҳар кас ва ғамхории ҳар кас барои беҳбудии ҳама қонуни ҳаёти он мебошад, таъйиноти мафкуравӣ дошта, ба воқеияти ҳаёти ҷамъиятӣ кам мувофиқат дошт.

Вазифаҳои мафкуравӣ ва дастурҳои мафкуравии дар конститутсияи давлатҳои сохтори иҷтимоӣ-сиёсии гуногун ҷойдошта метавонанд тавассути ҳар гуна усулҳо, ба монанди аз номи халқ, аз номи Сарвари давлат, аз номи Худо эълон кардани Конститутсия ифода карда шаванд. Аммо дар асл ин усулҳо ба моҳияти воқеии Конститутсия мувофиқат надоранд.

Конститутсияи ҶТ соли 1994 низ дар шакли ба худ хос вазифаи мафкуравии худро ифода кардааст. Пеш аз ҳама дар дебочаи мухтасари он «бунёди ҷомеаи адолатпарвар» вазифаи халқи ҷумҳурӣ дониста шудааст, дар моддаи якум бошад, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон, ва дар Тоҷикистон инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ (моддаи низ хислати мафкуравӣ доранд. Тавассути меъёрҳои мазкур Конститутсия дар бораи хислати инсондӯстона ва адолатпарваронаи сохтори ҷамъиятӣ ва сохтори давлатии ҷумҳурӣ маълумот медиҳад. Вазифаи мафкуравии Конститутсия дар рамзҳои давлатӣ ва бисёр меъёрҳои бобу фаслҳои он ҷой доранд.

Вазифаи иқтисодии Конститутсия. Конститутсияи ҶТ вазифаи иқтисодии худро тавассути муқаррар кардани гуногуншаклии моликият ҳамчун асоси иқтисодии ҷумҳурӣ ифода кардааст. Баробари ин, давлат кафолат додан ба фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шакли моликият, аз ҷумла хусусиро ба ӯҳда гирифтааст. Меъёри мазкур дар хусуси даст кашидан аз қонуниятҳои рушди иқтисодиёти сотсиалистӣ, оғози бунёди иқтисодиёти нав ва муносибатҳои нави иқтисодии ҷамъиятиро расмӣ гардонидааст. Дар сатҳи конститутсионӣ кафолат додан ба рушди ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ ба моҳияти ҷомеа ва давлат, ба мазмун ва таъйиноти сиёсати иқтисодии давлат таъсири калон дорад. Тағйирёбии муносибатҳои иқтисодӣ дар истеҳсолот ва тақсими музди меҳнат аз пеш гирифтани сиёсати нави иқтисодӣ шаҳодат медиҳанд.

Вазифаи иқтисодии Конститутсия фақат бо муайян кардани шаклҳои моликият ва фаъолияти озоди соҳибкорӣ набояд маҳдуд гардад, зеро ки дар чунин ҳолат ҳифзи ҳуқуқи коркунон чи дар корхонаҳои саноатӣ ва чи хоҷагиҳои деҳқонӣ хатари поймолшавӣ дорад. Барои пешгирии чунин ҳодисаҳо бояд асосҳои ҳуқуқии фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқи меҳнатии коркунон фаъол гардонида шуда, дар маъракаҳои такмили минбаъдаи Конститутсия ба он тағйиру иловаҳои даркорӣ ворид карда шаванд. Дар Конститутсия ҳамчунин объектҳои моликияти истисноии давлат муайян ва ба истифодаи самараноки онҳо ба манфиати халқ кафолат дода шудааст. Дар татбиқи меъёри мазкур низ масъалаҳо вуҷуд доранд. Хусусан, истифодаи замин ва об дар ҷумҳурӣ ҳанӯз ба танзими ҳуқуқии ҳадафнок эҳтиёҷ дорад.

Вазифаи иқтисодии Конститутсия мухтасар бо роҳи нишон додани асоси иқтисодии давлат, шаклҳои моликият ва объектҳои моликият қонеъ гашта метавонад ва ё тибқи фасл ва моддаҳо дар ин хусус муфассал сиёсати иқтисодии давлатро муайян намояд. Мисоли чунин танзими иқтисодии муфассал фасли сеюми Конститутсияи Ҷумҳурии Узбекистон, моддаҳои 65-68 мебошад, ки дар онҳо вазифаҳои сиёсӣ, мафкуравӣ ва иқтисодии Конститутсия муқаррар карда шудаанд. Дар он нишон дода шудааст, ки асоси иқтисодии Узбекистон ба баланд бардоштани некӯаҳволии шаҳрвандон равона карда шудааст. Ҳамзамон барои таъмини баробарии шаклҳои моликият, хусусан, дахлнопазирии моликияти хусусӣ ҳар гуна имтиёз муқаррар карда шудааст.

Вазифаи иҷтимоии Конститутсия. Вазифаи иҷтимоӣ барои ҳамаи конститутсияҳо хос буда, бо дигар вазифаҳо дар пайвандӣ амал мекунад. Бо мазмуни комил ба вазифаи иҷтимоии Конститутсия худи қабули он, тағйироту иловаҳо дохил кардан ба он бевосита алоқаманд аст. Зеро ки қабули конститутсияи нав ва тағйиру иловаҳо дохил кардан ба он яке аз супоришҳои иҷтимоӣ буда, зарурияти онро барои рушди минбаъдаи ҷомеа ва давлат асоснок менамояд. Вазифаи иҷтимоии Конститутсия дар ҷамъи хусусиятҳои он, ки моҳияту таъйиноти ҷомеа ва давлатро инъикос мекунанд, ифода мегардад.

Вазифаи ташкилнамоии Конститутсия. Вазифаи ташкилнамоии Конститутсия хислати ба ҳамаи онҳо хос мебошад. Конститутсия на фақат сатҳи ноилгаштаи муносибатҳои ҷамъиятиро расмӣ ва дар назди давлат ва ҷомеа вазифаҳои нав мегузорад, балки фаъолияти сиёсии дастгоҳи давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳамаи шаҳрвандонро ба иҷрои ҳадафҳои пешбиникарда сафарбар мекунад. Конститутсияи ҶТ соли 1994 тавассути меъёрҳои мушаххас вазифаи ташкилнамоиро муайян ва роҳҳои иҷрои онҳоро муайян кардааст. Дар соҳаи ташкили фаъолияти низоми мақомоти давлатӣ бо роҳи муқаррар кардани усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ онҳоро водор месозад, ки дар иҷрои ваколатҳои худ усули мазкурро ба асос гиранд, ба доираи салоҳияти якдигар мудохила нанамоянд. Дар соҳаи ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ тибқи аз тарафи давлат кафолат додани фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ инсон ва шаҳрванд ва корхонаҳои онҳо ба кори бунёдсозӣ мутасаддӣ гардонида мешаванд.

Вазифаи тасиснамоии Конститутсия. Вазифаи таасиснамоии Конститутсия ба моҳияту таъйиноти он робита дорад. Дар он баробари инъикоси тағйиротҳои куллии дар ҷомеа ба амал омада, ҳамчунин меъёру ҳолатҳои хислати таасиснамоӣ дошта муқаррар карда мешаванд. Ҳамчун қоида, Конститутсия он чиро, ки чун натиҷаи амали одамон аллакай мавҷуд аст, муқаррар мекунад. Ё ки замина барои расмӣ гардонидани муносибатҳои нави ҷамъиятии дар ҷомеа пухта расида, тавассути қабули конститутсияи нав ва ё ислоҳоти конститутсионӣ тайёр менамояд. Дар таъсиси ниҳодҳои ҳифзи Конститутсия, ҳифзи ҳуқуқи инсон, роҳҳои татбиқи усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳо, роҳҳои бартарафсозии ихтилофи байни палатаҳои парлумон ва ғайра вазифаи таасиснамоии Конститутсия равшан ифода меёбад.

Бо роҳи қабул ва эълон доштани Конститутсияи ҶТ соли 1994 халқи ҷумҳурӣ он асосҳои сохтори ҷамъиятӣ ва давлатиро таъсис додааст, ки ба манфиати тамоми халқ мувофиқ мебошанд. Тавассути Конститутсия тағйиротҳои куллии тамоми сохтори конститутсионӣ хислати қонуни (легитимӣ) пайдо кардаанд. Вазифаи таъсиснамоии Конститутсия дар он ифода меёбад, ки меъёр ва ҳолатҳои он бунёди нахустин ва аввалин мебошанд. Яъне барои муқаррар кардани меъёр ва ҳолатҳои он ягон маҳдудияти ҳуқуқӣ вуҷуд надорад. Ба раванди таҳияи Конститутсия низоми васеи омилҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, сиёсати хориҷӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, иҷтимоӣ, таърихӣ, таъсири анъана, рушди идоманокии ҳолатҳои конститутсионӣ ва ғайраҳо бешубҳа мебошад.

Дар Конститутсияи ҶТ соли 1994 бисёр ҳолатҳои наве, ки ба асосҳои сохтори конститутсионӣ, эътирофи равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ, асоси иқтисодии ҷумҳурӣ, гуногуншаклии моликият, фаъолияти озоди иқтисодӣ дахл доранд, таъсис дода шудаанд. Тағйироту иловаҳои минбаъд ба он ворид кардашуда, вазифаи таасиснамоии Конститутсияро боз ҳам пурзӯр карданд. Ба низоми бисёрҳизбӣ, низоми ягонаи интихоботи мутаносибӣ, интихоботи мажоритарӣ, ташкили парлумони касбӣ, падидаи идораи президентӣ ва ғайра тақвият бахшида шуд.

Хулоса, вазифаҳои Конститутсия дар маҷмӯъ таъйиноти онро ҳамчун омили тағйиротҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, мафкуравӣ ва ғайра ифода мекунанд. Хусусиятҳои ташкилнамоӣ, таасиснамоӣ, муайянсозӣ, муқаррарнамоии Конститутсия ҳамрадифи ҳамаи вазифаҳои он мебошанд. Вазифаҳои Конститутсия тибқи моҳияти он ва марҳилаи қабул ва амали он муайян карда мешаванд. Ва дар таҳлилу таҳқиқ ва муайянсозии моҳияти Конститутсия, омилҳои мазкурро ба инобат гирифтан зарур аст.

Зоир Ҷурахон Маҷидзода – мудири шуъбаи масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсионии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

Ашӯрбой Имомов - ходими пешбари илмии шуъбаи масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсионии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст