Перейти к основному содержанию

ҲИФЗИ МЕРОСИ МАЪНАВӢ ВА ФАРҲАНГИИ МУТАФАККИРОНИ ТОҶИК ДАР НИЗОМИ ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА МИЛЛӢ

Дар шароити ҷаҳонишавии имрӯза, ки рақобати фарҳангӣ ва иттилоотӣ байни давлатҳо ва миллатҳо рӯз аз рӯз шиддат мегирад, масъалаи ҳифзи мероси маънавӣ ва фарҳангии халқҳо аҳамияти ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Мероси маънавӣ ва фарҳангӣ на танҳо сарвати миллӣ, балки омили муҳими худшиносии миллӣ, амнияти фарҳангӣ ва эътибори байналмилалии давлат мебошад. Мутафаккирони бузурги тоҷик — Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Абуабдуллоҳи Рудакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон — мероси илмӣ, фалсафӣ ва адабии худро ба тамоми башарият гузоштаанд. Аммо таърихи чандинҳазорсолаи минтақа ва тақдири сиёсии халқи тоҷик боиси он гардидааст, ки баъзе аз ин шахсиятҳо ва осори онҳо аз ҷониби давлатҳо ва миллатҳои дигар бо унвонҳои гуногун азхуд карда шаванд ё мансубияти таърихии онҳо таҳриф гардад.

Ин раванд на танҳо як масъалаи фарҳангӣ, балки масъалаи ҳуқуқӣ мебошад, зеро ҳифзи мероси маънавӣ ва фарҳангӣ дар сатҳи байналмилалӣ тавассути механизмҳои ҳуқуқӣ танзим карда мешавад. Мувофиқи санади ЮНЕСКО «Дар бораи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ» (2003) ва дигар асноди байналмилалӣ, давлатҳо ӯҳдадоранд, ки мероси фарҳангии худро ҳифз намуда, барои эътирофи байналмилалии он тадбирҳои зарурӣ андешанд. Аммо дар амал, вақте сухан дар бораи мутафаккирони тоҷик меравад, мушкилоти ҷиддии ҳуқуқӣ ба миён меоянд: аз як тараф, маҳдудиятҳои ҳуқуқи муаллифӣ нисбат ба осори қадимӣ, ки муддати ҳифзи онҳо ба анҷом расидааст; аз тарафи дигар, набудани механизмҳои муассири байналмилалӣ барои эътирофи мансубияти таърихии шахсиятҳо ва осори онҳо.

Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) яке аз муассисаҳои калидии байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ мебошад. Конвенсияи ЮНЕСКО «Дар бораи ҳифзи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ва табиӣ» (1972) ва Конвенсияи «Дар бораи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ» (2003) асосҳои ҳуқуқии байналмилалиро барои эътироф ва ҳифзи мероси фарҳангӣ муқаррар мекунанд.

Дар доираи ин конвенсияҳо, давлатҳо метавонанд осор, афкор ва ҷашнвораҳои марбут ба мутафаккирони худро ба Рӯйхати репрезентативии ЮНЕСКО ворид намоянд. Тоҷикистон аллакай таҷрибаи муваффақ дорад: соли 2003 «Шашмақом» ва соли 2009 «Наврӯз» ба Рӯйхати мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуданд. Инчунин, соли 2018 «Чакан» ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддии Тоҷикистон эътироф гардид.

Аммо нисбат ба мутафаккирон, вазъият мураккабтар аст. Номнавис кардани осори онҳо дар Рӯйхати ЮНЕСКО танҳо дар сурате имконпазир аст, ки давлатҳои дигар низ ба ин раванд розӣ бошанд ва мансубияти таърихиро эътироф намоянд. Масалан, ҳангоми эътирофи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун шахсияти фарҳангии Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Туркия низ даъвоҳои худро пешниҳод мекунанд. Дар чунин ҳолатҳо, давлат бояд ҳуҷҷатҳои ҳуқуқиро бо заминаи қотеи таърихиву ҷуғрофӣ таҳия намуда, иштироки фаъоли Тоҷикистонро ба ҳайси муаллиф ё ҳаммуаллифи ин номинатсияҳо расман ба қайд гирад.

Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки баъзе давлатҳо тавассути номинатсияҳои муштарак ба мувофиқа мерасанд. Масалан, ҳангоми ба қайд гирифтани «Наврӯз» чанд давлати минтақа (Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Ироқ, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркия, Туркманистон ва Ӯзбекистон) ҳамчун ҳаммуаллифон баромад карданд. Ин таҷрибаро барои мутафаккирон низ татбиқ кардан мумкин аст, аммо бо шарти он ки мансубияти таърихии онҳо ба ҳавзаи фарҳангии тоҷик дар ҳуҷҷатҳои расмӣ сабт гардад.

Дар ин раванд, Қонуни ҶТ«Дар бораи фарҳанг» (2024) нақши муҳим мебозад. Мувофиқи моддаи 10-и ин Қонун, ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг дохил мешавад: «пешниҳоди дархостҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дохил намудани ҷузъҳои мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО, ки ба ҳифзи фаврӣ ниёз доранд». Ин муқаррарот заминаи ҳуқуқии муҳимро барои пешниҳоди номинатсияҳо фароҳам меорад. Ҳамзамон, моддаи 56-и Қонуни ҶТ мазкур паҳн ва дастраси омма намудани сарватҳои фарҳанги миллиро танзим намуда, таъкид мекунад, ки «паҳн ва дастраси омма намудани сарватҳои фарҳанги миллӣ, илмӣ ва адабии классикони тоҷик, намудҳои пурарзиши мероси фарҳанги классикӣ ва дастовардҳои фарҳанги муосири ҷаҳонӣ тавассути маблағгузорӣ ва фондҳои мақсаднок дастгирӣ карда мешаванд». Ин муқаррарот метавонад ҳамчун асоси ҳуқуқӣ барои таҳияи номинатсияҳои мутафаккирон хидмат кунад.

Яке аз мушкилоти асосии ҳуқуқӣ дар ҳифзи мероси маънавӣ ин аст, ки осори мутафаккирони қадимӣ таҳти ҳимояи ҳуқуқи муаллифӣ қарор намегиранд, зеро муддати ҳифзи ҳуқуқи муаллифӣ (одатан 50 сол пас аз марги муаллиф) ба анҷом расидааст. Ин маънои онро дорад, ки осори Сино, Рудакӣ, Фирдавсӣ ва дигарон ба ҳолати «мероси умумӣ» гузаштаанд ва ҳар кас метавонад онҳоро истифода намояд.

Аммо ин ҳолат барои азхудкунии нораво замина фароҳам меорад. Барои ҳалли ин мушкилот, дар сатҳи байналмилалӣ механизми ҳуқуқии Sui Generis (реҷаи махсуси ҳуқуқӣ) пешбинӣ шудааст, ки барои ҳифзи шаклҳои анъанавии ифодаи фарҳангӣ, дониши суннатӣ ва фолклор истифода мешавад. Ин механизм имкон медиҳад, ки ҳифзи брендҳо ва суннатҳои миллӣ берун аз мӯҳлати стандартии ҳуқуқи муаллифӣ таъмин гардад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ» (2014) қабул шудааст, ки баъзе ҷанбаҳои ҳифзи мероси фарҳангиро танзим мекунад. Аммо ин қонун ба масъалаи мутафаккирон ва осори онҳо таваҷҷуҳи кофӣ надодааст. Зарур аст, ки қонунгузории махсус дар бораи ҳифзи мероси маънавӣ ва дониши суннатӣ таҳия ва қабул гардад, ки дар он механизмҳои Sui Generis ба таври возеҳ муайян карда шаванд.

Таҷрибаи давлатҳои дигар, масалан, Ҳиндустон, ки Қонуни ҶТ махсус дар бораи ҳифзи дониши суннатӣ (Traditional Knowledge Digital Library) дорад, нишон медиҳад, ки чунин механизмҳо метавонанд аз азхудкунии нораво пешгирӣ кунанд. Ҳиндустон тавассути ин китобхонаи рақамӣ маълумоти зиёди дониши суннатиро ба қайд гирифтааст ва ҳангоми баҳсҳои патентиву тиҷоратӣ онро ҳамчун далели пешина (prior art) истифода мебарад.

Қонуни ҶТ «Дар бораи фарҳанг» (2024) дар моддаи 44-ум пешбинӣ мекунад, ки ба Феҳристи ягонаи давлатӣ дар соҳаи фарҳанг, аз ҷумла Феҳристи ягонаи давлатии мероси ғайримоддии фарҳангӣ дохил мешавад. Ин феҳрист метавонад ҳамчун заминаи ҳуқуқӣ барои таъсиси механизми Sui Generis хидмат кунад. Инчунин, моддаи 55-и Қонуни ҶТ мазкур мероси фарҳанги ғайримоддиро муайян мекунад, ки ба он анъанаи шифоҳӣ, санъати иҷро, ҷашну маросимҳо, урфу одатҳо, касбу ҳунарҳо ва дигар ҷузъҳо дохил мешаванд. Ин муқаррарот метавонад ҳамчун асоси ҳуқуқӣ барои таҳияи механизми Sui Generis барои ҳифзи мероси маънавии мутафаккирон истифода шавад.

Созмони Умумиҷаҳонии Моликияти Зеҳнӣ (WIPO) яке аз муассисаҳои калидии байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи моликияти интеллектуалӣ мебошад. Яке аз воситаҳои муассири ҳифзи мероси фарҳангӣ дар доираи СУМЗ ин бақайдгирии Нишонҳои ҷуғрофӣ (Geographical Indications) ва брендинги фарҳангӣ мебошад.

Нишонҳои ҷуғрофӣ имкон медиҳанд, ки маҳсулот ё хизматрасоние, ки аз минтақаи мушаххас сарчашма мегиранд, ҳимоя карда шаванд. Дар мавриди мероси фарҳангӣ, ин механизмро барои ҳифзи номҳои ҷойҳои таърихӣ, осорхонаҳо, дастхатҳо ва ҷойҳои марбут ба мутафаккирон истифода бурдан мумкин аст. Масалан, Панҷакенти Қадим, Ҳулбук, Балх, Бухоро ва дигар марказҳои таърихӣ метавонанд ҳамчун нишонҳои ҷуғрофӣ ба қайд гирифта шаванд, то ки истифодаи нодурусти онҳо аз ҷониби давлатҳои дигар пешгирӣ карда шавад.

Инчунин, сабти рақамии манбаъҳо ва асарҳои хаттӣ дар пойгоҳҳои байналмилалии моликияти интеллектуалӣ бо зикри пайдоиши таърихиву лингвистии онҳо аҳамияти калон дорад. Ин кор метавонад барои муайян кардани мансубияти таърихии осор ва пешгирии таҳрифоти баъдӣ хидмат кунад.

СУМЗ инчунин барномаҳои махсус барои ҳифзи дониши суннатӣ ва ифодаҳои фарҳангии анъанавӣ дорад. Ҳуҷҷатҳои WIPO/GRTKF/IC/3/9 ва дигар санадҳои байналмилалӣ зарурати ҳифзи мероси фарҳангиро таъкид мекунанд. Тоҷикистон ҳамчун аъзои WIPO метавонад аз ин имкониятҳо барои ҳифзи мероси худ истифода барад.

Қонуни ҶТ «Дар бораи фарҳанг» (2024) дар моддаи 10 пешбинӣ мекунад, ки мақоми ваколатдори давлатӣ «бақайдгирии давлатӣ ва муайян кардани тартиби истифодаи мероси фарҳанги миллии дар хориҷи кишвар ҷойдошта»-ро амалӣ менамояд. Ин муқаррарот метавонад ҳамчун асоси ҳуқуқӣ барои бақайдгирии нишонҳои ҷуғрофӣ ва брендинги фарҳангӣ дар СУМЗ истифода шавад. Инчунин, моддаи 44-и Қонуни ҶТ мазкур пешбинӣ мекунад, ки Феҳристи ягонаи давлатии сарватҳои таърихию фарҳангӣ ва Феҳристи ягонаи давлатии мероси ғайримоддии фарҳангӣ таъсис дода шаванд. Ин феҳристҳо метавонанд ҳамчун заминаи иттилоотӣ барои бақайдгирии нишонҳои ҷуғрофӣ дар СУМЗ хидмат кунанд.

Дипломатияи ҳуқуқӣ яке аз воситаҳои муассири ҳифзи мероси маънавӣ ва фарҳангӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Бастани шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи фарҳангӣ-ҳуқуқӣ бо кишварҳои минтақа метавонад ба таври аниқ эътирофи саҳми фарҳангии ҳар як миллат ва манъи сӯиистифода ё таҳрифи мансубияти таърихии арбобони илму адабро кафолат диҳад.

Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки чунин шартномаҳо метавонанд дар соҳаҳои зерин самаранок бошанд: мубодилаи иттилоот дар бораи мероси фарҳангӣ, эътирофи муштараки шахсиятҳои таърихӣ, пешгирии азхудкунии нораво, ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқот ва нашр. Масалан, шартномаи байни Тоҷикистон ва Эрон дар бораи ҳамкории фарҳангӣ метавонад ба ҳалли баҳсҳо оид ба мансубияти мутафаккирон мусоидат кунад.

Таъсиси комиссияҳои муштараки ҳуқуқӣ-таърихӣ низ яке аз тадбирҳои муассир мебошад. Ин комиссияҳо метавонанд ҳангоми ба миён омадани баҳсҳо дар бораи мансубияти мутафаккирон экспертизаҳои ҳуқуқӣ ва таърихӣ гузаронанд ва ҳалли одилона пешниҳод кунанд. Чунин комиссияҳо бояд аз мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, таърих, филология ва фарҳангшиносӣ иборат бошанд.

Қонуни ҶТ «Дар бораи фарҳанг» (2024) дар моддаи 63-юм пешбинӣ мекунад, ки ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи фарҳанг мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, амалӣ мегардад. Самтҳои афзалиятноки ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи фарҳанг инҳоянд: машғул шудан ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ; тармими ёдгориҳои нодири таъриҳиву фарҳангӣ; тайёр кардан, бозомӯзӣ ва аз такмили ихтисос гузаштани кормандони соҳаи фарҳанг; офаридан ва дар амал татбиқ намудани воситаҳои техникӣ, технологияи нав ва таҷҳизот барои пешбурди фаъолият дар соҳаи фарҳанг; мубодилаи маводҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, барномаҳо ва усули кор. Инчунин, моддаи 65-и Қонуни ҶТ мазкур пешбинӣ мекунад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргардондани сарватҳои таърихию фарҳангӣ, ки ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар бурда шудаанд, чораҳо меандешад. Давлат барои ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигоҳдории оромгоҳҳои ҳамватанон, ки дар хориҷи кишвар мавҷуданд, тадбирҳои зарурӣ меандешад. Ин муқаррарот метавонад ҳамчун асоси ҳуқуқӣ барои дипломатияи ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи мероси маънавии мутафаккирон истифода шавад.

Яке аз тадбирҳои муҳими ҳифзи мероси маънавӣ ва фарҳангӣ ин таъсиси Реестри давлатии электронӣ мебошад. Ин реестр бояд базаи ягонаи ҳуқуқӣ ва электронии дониши суннатӣ, дастхатҳо ва осори адабиву илмиро дар бар гирад. Дар он матни аслии осори мутафаккирон бо забони тоҷикӣ/форсӣ ва таҳлилҳои ҳуқуқиву таърихии онҳо нигоҳ дошта мешавад.

Ин ҳуҷҷати расмии ғайриқобили инкор (prior art) дар баҳсҳои патентӣ ва ҳуқуқи муаллифӣ мебошад. Ҳангоме ки давлати дигар кӯшиш мекунад, ки ягон унсур ё осори марбут ба мутафаккирони тоҷикро ҳамчун моликияти худ ба қайд гирад, реестри миллӣ метавонад ҳамчун далели муътабар хидмат кунад.

Назорати ҳуқуқӣ аз болои тарҷума ва нашри осори классикон дар хориҷи кишвар яке аз ҷанбаҳои муҳими ҳифзи мероси маънавӣ мебошад. Ҳангоми тарҷумаи осори Сино, Рудакӣ, Фирдавсӣ, Берунӣ ва дигарон ба забонҳои муосири ҷаҳонӣ, тавассути сохторҳои дипломатӣ ва илмӣ бояд кафолат дода шавад, ки мансубияти таърихии онҳо (ба миллати тоҷик ва ҳавзаи фарҳангии он) дуруст ва бетаҳриф инъикос ёбад.

Ин масъала хусусан дар шароити имрӯза, ки нашрияҳои хориҷӣ метавонанд осори мутафаккиронро таҳти номҳои дигар ё бо таҳрифоти таърихӣ нашр кунанд, аҳамияти хосса пайдо мекунад. Барои ҳалли ин мушкилот, зарур аст, ки:

- Шартномаҳои дуҷониба дар бораи ҳамкории нашриву тарҷумонӣ баста шаванд, ки дар онҳо ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳо оид ба эҳтироми мансубияти таърихии осор муайян карда шаванд.

- Экспертизаи ҳуқуқии тарҷумаҳо гузаронида шавад, то ки матнҳои тарҷумашуда ба матни аслӣ мувофиқат кунанд ва таҳрифоте, ки метавонанд боиси азхудкунии нораво гарданд, пешгирӣ карда шаванд.

- Дар сатҳи байналмилалӣ маълумоти дақиқ дар бораи мансубияти таърихии осор паҳн карда шавад, то ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳақиқати таърихӣ огоҳ бошад.

Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» (1998) дар моддаи 15-ум ҳуқуқи ҳифзи эътибори муаллиф ва ҳуқуқи дахлнопазирии асарро муқаррар мекунад, ки метавонад ҳамчун асоси ҳуқуқӣ барои назорати тарҷумаҳо ва нашрияҳои байналмилалӣ истифода шавад. Инчунин, моддаи 47-и Қонуни ҶТ мазкур вайрон кардани ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба онро муайян мекунад, ки метавонад барои муқовимат ба нашри ғайриҚонуни ҶТи осори мутафаккирон дар хориҷи кишвар истифода шавад. Қонуни ҶТ «Дар бораи фарҳанг» (2024) дар моддаи 56-ум паҳн ва дастраси омма намудани сарватҳои фарҳанги миллиро танзим намуда, таъкид мекунад, ки «паҳн ва дастраси омма намудани сарватҳои фарҳанги миллӣ, илмӣ ва адабии классикони тоҷик, намудҳои пурарзиши мероси фарҳанги классикӣ ва дастовардҳои фарҳанги муосири ҷаҳонӣ тавассути маблағгузорӣ ва фондҳои мақсаднок дастгирӣ карда мешаванд». Ин муқаррарот метавонад ҳамчун асоси ҳуқуқӣ барои дастгирии нашри осори мутафаккирон дар хориҷи кишвар истифода шавад.

Хулоса, ҳифзи мероси маънавӣ ва фарҳангии мутафаккирони тоҷик аз азхудкунии нораво аз ҷониби мамлакатҳо ва миллатҳои дигар як масъалаи мураккаб ва бисёрҷанба мебошад, ки ҳалли он таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро талаб мекунад. Ба андешаи мо механизмҳои асосии ҳуқуқӣ, ки метавонанд дар ин раванд самаранок бошанд, инҳоянд:

1. Механизмҳои ЮНЕСКО — ворид намудани мерос ба Рӯйхати репрезентативӣ ва пешниҳоди номинатсияҳои муштарак бо заминаи қотеи таърихиву ҷуғрофӣ.

2. Реҷаи махсуси ҳуқуқӣ — қабули қонунгузории махсус барои ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ва дониши суннатӣ, ки берун аз мӯҳлати стандартии ҳуқуқи муаллифӣ амал мекунад.

3. Бақайдгирии нишонҳои ҷуғрофӣ ва брендинг тавассути СУМЗ — ҳифзи номҳои ҷойҳои таърихӣ ва асарҳои марбут ба мутафаккирон.

4. Дипломатияи ҳуқуқӣ ва шартномаҳои дуҷониба — бастани созишномаҳо бо кишварҳои минтақа барои эътирофи саҳми фарҳангӣ ва манъи сӯиистифода.

5. Кодификатсия ва Реестри миллии дониши суннатӣ — таъсиси базаи ягонаи электронӣ, ки ҳамчун далели расмӣ дар баҳсҳои ҳуқуқӣ хидмат мекунад.

6. Экспертизаи ҳуқуқии тарҷумаҳо ва нашрияҳо — назорат аз болои тарҷума ва нашри осори классикон дар хориҷи кишвар барои пешгирии таҳрифоти таърихӣ.

Ҳамзамон, таҳлили қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки дар ин самт заминаи ҳуқуқии муайян мавҷуд аст:

- Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» (1998) — муқаррароти моддаҳои 4, 6, 15, 17, 18, 25, 47 имкон медиҳанд, ки ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ нисбат ба осори мутафаккирон бемӯҳлат ҳифз карда шаванд ва давлат ҳамчун ҳимоятгари мероси маънавӣ баромад кунад. Аммо мушкили асосӣ дар он аст, ки ҳуқуқи муаллиф ба осори қадимӣ дигар амал намекунад ва механизмҳои иловагӣ (монанди Sui Generis) зарур аст.

- Қонуни ҶТ «Дар бораи фарҳанг» (2024) — муқаррароти моддаҳои 5, 10, 44, 52-57, 63-65 имкон медиҳанд, ки мероси маънавии мутафаккирон ҳамчун мероси фарҳанги миллӣ ва ғайримоддӣ эътироф карда шавад, ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид гардад ва ба ЮНЕСКО пешниҳод карда шавад. Инчунин, ин Қонун заминаи ҳуқуқиро барои дипломатияи ҳуқуқӣ ва ҳамкории байналмилалӣ фароҳам меорад.

- Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» (2006) — муқаррароти моддаҳои 1, 1¹, 3-5, 12-14, 17, 18, 24-26, 29-31 имкон медиҳанд, ки осор, дастхатҳо ва ёдгориҳои марбут ба мутафаккирон ҳамчун объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ эътироф ва ҳифз карда шаванд, ба Феҳристи давлатӣ ворид гарданд ва ба Номгӯи мероси фарҳанги умумиҷаҳонӣ пешниҳод карда шаванд.

Татбиқи ин механизмҳо метавонад ба ҳифзи мероси маънавӣ ва фарҳангии мутафаккирони тоҷик мусоидат намояд ва аз азхудкунии норавои онҳо аз ҷониби давлатҳо ва миллатҳои дигар пешгирӣ кунад. Аммо ин раванд талошҳои пайвастаи давлат, ҷомеаи илмӣ ва дипломатияи фарҳангиро талаб мекунад. Тоҷикистон ҳамчун вориси ҳақиқии мероси фарҳангии ин мутафаккирон бояд дар сатҳи байналмилалӣ фаъолона амал кунад ва ҳуқуқи таърихии худро бо воситаҳои ҳуқуқӣ ҳимоя намояд.

Сангинзода Дониёр Шомаҳмад - муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи

АМИТ оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст