Перейти к основному содержанию

ЗАБОНИ МИЛЛАТ — МЕҲВАРИ СОҲИБИХТИЁРӢ ВА ВАҲДАТ

123Забон яке аз муҳимтарин унсурҳои ҳастии миллат ва воситаи ҳифзу интиқоли таҷрибаи таърихӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва илмии ҷомеа мебошад. Дар шароити давлатдории муосир аҳаммияти забон танҳо бо вазифаи муоширатӣ ё фарҳангии он маҳдуд намегардад. Забоне, ки дар сатҳи Конститутсия мақоми давлатӣ пайдо мекунад, ҳамзамон вазифаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, идорӣ, маърифатӣ ва илмиро иҷро намуда, ба яке аз унсурҳои муҳими фаъолияти давлат ва ҷомеа табдил меёбад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми забони тоҷикӣ бо ташаккул ва рушди давлатдории соҳибистиқлол робитаи бевосита дорад. Истиқлолияти давлатӣ барои густариши доираи истифодаи забони тоҷикӣ имкониятҳои нави сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ фароҳам овард. Дар ин давра забони тоҷикӣ ба забони фаъолияти мақомоти давлатӣ, қонунгузорӣ, коргузорӣ, маориф, фарҳанг ва таҳқиқоти илмӣ табдил ёфт.

Асоси ҳуқуқии мақоми забони давлатӣ, пеш аз ҳама, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст. Мутобиқи моддаи 2 Конститутсия забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мебошад. Ҳамзамон, забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал намуда, ба ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ ҳуқуқи истифодаи озодонаи забони модариашон кафолат дода шудааст.

Ҷойгир гардидани меъёр дар бораи забони давлатӣ дар боби якуми Конститутсия — «Асосҳои сохтори конститутсионӣ» — аҳаммияти махсуси ҳуқуқӣ дорад. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки забони давлатӣ танҳо падидаи фарҳангӣ ё забоншиносӣ набуда, бо асосҳои сохтори давлат, соҳибихтиёрӣ ва фаъолияти ҳокимияти давлатӣ робитаи устувор дорад. Аз ҳамин нуқтаи назар забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз арзишҳои муҳими конститутсионӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад менамояд.

Мақоми ҳуқуқии забони тоҷикӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009, №553 ба таври муфассал танзим гардидааст. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян намуда, истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад. Забони давлатӣ дар соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии мамлакат истифода мешавад.

Аз мазмуни меъёрҳои ҳуқуқӣ бармеояд, ки забони давлатӣ ҳам объекти ҳимояи ҳуқуқӣ ва ҳам воситаи амалисозии ҳокимияти давлатӣ мебошад. Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ, коргузории расмӣ ва муносибатҳои дорои хусусияти давлатӣ тавассути забони давлатӣ амалӣ мегарданд. Бинобар ин, сатҳи рушди забони ҳуқуқӣ ва истилоҳоти ҳуқуқӣ ба сифати қонунгузорӣ, дақиқии меъёрҳои ҳуқуқӣ, фаҳмо будани санадҳои давлатӣ ва самаранокии татбиқи онҳо таъсири бевосита мерасонад.

Дар ташаккул ва рушди сиёсати давлатии забон дар давраи соҳибистиқлолӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас мебошад. Дар суханрониҳо, асарҳо ва ташаббусҳои Пешвои миллат масъалаи забони тоҷикӣ пайваста дар робита бо таърихи миллат, худшиносии миллӣ, истиқлолияти давлатӣ ва давлатдории тоҷикон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули барномаҳои давлатии рушди забон аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки заминаи ҳуқуқӣ ва ташкилии рушди забони давлатиро таҳким бахшиданд.

Дар ин самт Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030 аҳаммияти махсус дорад. Барномаи мазкур бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, №647 тасдиқ гардида, ҳадаф, вазифа ва самтҳои асосии амалисозии сиёсати давлатиро оид ба забон муайян менамояд. Муҳим он аст, ки дар Барнома дар баробари таҳкими мақоми забони давлатӣ, ташаккули забони илм ва рушди истилоҳоти тахассусӣ низ ҳамчун яке аз самтҳои сиёсати давлатӣ муайян гардидааст.

Дар баробари тадбирҳои сиёсию ҳуқуқӣ, асари Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат — ҳастии миллат» дар омӯзиш ва муаррифии таърих, ташаккул ва рушди забони тоҷикӣ аҳаммияти махсус дорад. Дар ин асар таърихи забони тоҷикӣ дар робита бо сарнавишти таърихии миллат ва давлатдории тоҷикон таҳлил гардидааст. Китоби дуюми асар — «Забон ва замон» марҳалаҳои густариши забони тоҷикиро аз асрҳои миёна то ибтидои асри XX фаро мегирад.

Аз ин лиҳоз, сиёсати забонии даврони истиқлол танҳо ба танзими ҳуқуқии истифодаи забон маҳдуд нагардида, бо масъалаҳои худшиносии миллӣ, ҳифзи хотираи таърихӣ, рушди илму маориф ва таҳкими давлатдорӣ пайваст мебошад.

Дар баробари мақоми ҳуқуқӣ ва давлатӣ, арзиши забон дар забони илм будани он низ ифода меёбад. Ин ҷиҳати масъала дар шароити рушди босуръати илм, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ аҳаммияти бештар пайдо менамояд.

Забони миллӣ замоне имкониятҳои худро ба таври фарогир амалӣ менамояд, ки тавассути он на танҳо муоширати рӯзмарра, фаъолияти идорӣ ва эҷоди осори адабӣ, балки андешаи илмӣ, мафҳумҳои назариявӣ, натиҷаҳои таҳқиқот ва дастовардҳои муосири илм низ дақиқ ифода гарданд. Аз ҳамин нуқтаи назар, забони илм яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми тавоноӣ, ғановат ва сатҳи рушди забони давлатӣ мебошад.

Муносибат ба масъалаҳои муњимми иљтимої ва тарзи бархўрд бо он аз љумлаи падидањои маъмулист. Дар њар давра, вобаста ба шароити иљтимої ва сатњи тафаккури љамъиятї, илм, махсусан фалсафа, бо мавзуи муайяне алоќамандї дорад. Масалан, агар дар даврони антиќа дар маркази таваљљуњи ањли њикмат масъалањои кайњон ва марбут ба он ќарор дошта бошад, дар асрњои миёна Худо, дар давраи Эњё инсон ва ќобилиятњои беинтињои ў ва дар замони муосир забон, махсусан забони илм, љой дорад, ки наметавонад ањли илмро нисбати ин мавзуъ бетараф гузорад. Муҳимтарин ҷанбаи фарқкунандаи забони илмӣ, аз забони маъмулӣ дар он аст, ки баёни нукоти асосӣ ҳамеша ба истилоҳот такя менамояд.

Забони илм тавассути забони адабӣ ифода гардида, аз муҳаққиқ риояи меъёрҳои забонӣ ва ҳамзамон донистани низоми мафҳуму истилоҳоти соҳаро талаб менамояд. Ҳар як соҳаи илм дорои низоми махсуси мафҳумҳо мебошад ва муҳаққиқ барои баёни дақиқи натиҷаҳои таҳқиқот бояд забони касбии соҳаи худро хуб аз худ намояд.

Забони илм дорои хусусиятҳои хоси худ буда, пеш аз ҳама ба дақиқӣ, мантиқ, пайдарҳамии фикр, муайянии мафҳумҳо ва устувории истилоҳот такя мекунад. Аз ин рӯ, забони илмро наметавон пурра бо забони муоширати рӯзмарра яксон донист. Мафҳумҳои илмӣ мазмуни мушаххас дошта, истифодаи дурусти онҳо шарти ифодаи саҳеҳи андешаи илмӣ мебошад [6].

Дар айни замон, хусусияти касбии забони илм набояд боиси мураккабнависии беасос гардад. Дақиқии илмӣ ва равшании баён бояд бо ҳам пайваст бошанд. Истилоҳи илмӣ бояд мафҳуми мушаххасро ифода намуда, аз духӯрагӣ ва норавшанӣ дур бошад. Ин масъала махсусан барои илми ҳуқуқшиносӣ аҳаммияти зиёд дорад, зеро истилоҳи ҳуқуқӣ метавонад минбаъд дар қонунгузорӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунӣ мавриди истифода қарор гирад.

Рушди истилоҳоти илмии тоҷикӣ яке аз самтҳои муҳимми рушди забони давлатӣ мебошад. Пешрафти илм пайваста мафҳумҳои навро ба вуҷуд меорад. Рушди технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, иқтисоди рақамӣ, биотехнология ва муносибатҳои нави ҳуқуқӣ зарурати ифодаи мафҳумҳои навро ба забони тоҷикӣ ба миён меорад. Қобилияти забон барои қабул, коркард ва ифодаи ин мафҳумҳо нишондиҳандаи рушдёбанда ва ҷавобгӯ ба талаботи замон будани он мебошад.

Аз ҳамин ҷиҳат, дар Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030 ба ташаккули забони илм ва рушди истилоҳоти тахассусӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Ин муқаррарот имкон медиҳад, ки рушди забони илм на танҳо ҳамчун масъалаи дохилии забоншиносӣ, балки ҳамчун яке аз самтҳои сиёсати давлатии забон арзёбӣ карда шавад.

Дар ин раванд Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишвар мавқеи махсус доранд. Муҳити илмӣ маконест, ки дар он мафҳумҳои нав таҳлил, истилоҳҳо коркард ва забони илм такмил меёбад. Монографияҳо, диссертатсияҳо, мақолаҳои илмӣ, фарҳангҳои соҳавӣ ва маҷмуаҳои истилоҳотӣ ба ташаккули захираи илмии забони тоҷикӣ ва тавсеаи имкониятҳои он мусоидат менамоянд.

Рушди забони илм ҳамзамон бо рушди тафаккури илмӣ робитаи бевосита дорад. Забон воситаи ифода ва интиқоли дониш мебошад. Ҳар қадар низоми мафҳумии илм мукаммал гардад, ҳамон андоза имкониятҳои забон барои ифодаи дониш ва натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ васеъ мешаванд. Аз ин рӯ, рушди забони тоҷикӣ ҳамчун забони илмро метавон яке аз нишондиҳандаҳои муҳими таҳкими мақоми воқеии забони давлатӣ арзёбӣ намуд.

Дар шароити муосир ин масъала бо рушди технологияҳои рақамӣ низ робитаи зич пайдо кардааст. Имрӯз забон на танҳо дар китоб, санади расмӣ ва воситаҳои ахбори омма, балки дар пойгоҳҳои илмӣ, китобхонаҳои электронӣ, барномаҳои компютерӣ, низомҳои ҷустуҷӯӣ ва технологияҳои зеҳни сунъӣ низ истифода мешавад. Аз ин рӯ, густариши забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ имкониятҳои фаъолияти онро ҳамчун забони муосири илм ва дониш бештар менамояд.

Забони давлатӣ дар баробари ин дар таҳкими давлатдории миллӣ вазифаҳои муҳимро иҷро менамояд. Пеш аз ҳама, он забони фаъолияти ҳокимияти давлатӣ ва низоми ҳуқуқӣ мебошад. Ифодаи иродаи давлат дар қонунҳо, санадҳои мақомоти давлатӣ ва муносибатҳои расмӣ тавассути забони давлатӣ амалӣ мегардад. Ягонагии забони фаъолияти расмии мақомоти давлатӣ барои таъмини ягонагии фазои ҳуқуқӣ ва идоракунии давлатӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Забони давлатӣ инчунин воситаи муоширати ҳуқуқии давлат ва шаҳрванд мебошад. Дастрас ва фаҳмо будани қонунҳо, санадҳои давлатӣ ва иттилооти расмӣ ба сифати забони онҳо вобаста аст. Аз ин ҷиҳат, рушди забони ҳуқуқии тоҷикӣ ва такмили истилоҳоти ҳуқуқӣ қисми таркибии фарҳанги ҳуқуқӣ ва фаъолияти босифати мақомоти давлатӣ мебошад.

Ҳамзамон забони давлатӣ омили таҳкими худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Забони умумии давлатӣ ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки дар фазои ягонаи сиёсӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва илмии мамлакат фаъолияти худро амалӣ намоянд. Дар баробари ин, Конститутсия ҳуқуқи миллату халқиятҳои сокини Тоҷикистонро ба истифодаи озодонаи забони модарии худ кафолат медиҳад.

Хулоса. Забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мақоми устувори конститутсионӣ ва ҳуқуқӣ буда, дар давраи соҳибистиқлолӣ доираи истифодаи он дар фаъолияти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва илмӣ густариш ёфтааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030 заминаи ҳуқуқӣ ва ташкилии ин равандро ташкил медиҳанд.

Дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули сиёсати давлатии забон, таҳкими заминаҳои ҳуқуқии он ва пайвастани масъалаи забон бо истиқлолият, худшиносии миллӣ ва давлатдорӣ назаррас мебошад.

Дар баробари ин, яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми сатҳи рушди забони давлатӣ забони илм будани он мебошад. Тавоноии забони тоҷикӣ барои ифодаи мафҳумҳои илмӣ, ҳуқуқӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва технологӣ имкониятҳои онро ҳамчун забони муосири давлат ва ҷомеа васеъ менамояд. Аз ин рӯ, ташаккули забони илм ва рушди истилоҳоти тахассусӣ на танҳо масъалаи забоншиносӣ, балки масъалаи рушди илм, маориф, тафаккури миллӣ ва таҳкими давлатдории муосир мебошад.

Ҳамин тариқ, забони тоҷикӣ дар шароити давлатдории соҳибистиқлол ҳамзамон арзиши миллӣ, фарҳангӣ, конститутсионӣ, ҳуқуқӣ ва илмӣ буда, ҳамчун забони фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, забони илм ва дониш, омили худшиносии миллӣ ва яке аз пояҳои таҳкими давлатдории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад менамояд.

Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн - мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири

Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст