Баррасии рафти иҷрои лоиҳаҳои илмию таҳқиқотӣ дар Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ
Санаи 19 октябри соли 2026 дар асоси Низомномаи Комиссияи бахшҳои илмӣ ва илмию техникии Шӯрои ҳамоҳангсозии соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шӯрои ҳамоҳангсозии КИТ), ки бо қарори Раёсати Шӯрои ҳамоҳангсозӣ аз 02.10.2020 (протоколи №3) тасдиқ гардидааст, дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баррасии рафти иҷрои мавзӯъҳои фармоишии илмию таҳқиқотӣ оғоз ёфт.
Ҷаласа зери раёсати Раиси комиссия, ноиби президенти АМИТ профессор Салмониён Муҳаммаддовуд сурат гирифт.
Дар рӯзи аввали баррасӣ (19 октябри соли 2026) аз ҷониби аъзои Комиссия ва роҳбарияти муассиса ҳисоботи 4 лоиҳаи илмию таҳқиқотии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ мавриди таҳлилу натиҷагирӣ қарор дода шуданд:
-
«Фарҳанги ҳуқуқии ниёгон ва нақши он дар ташаккули ҳуқуқ ва давлатдории муосири тоҷикон» (РҚД 0124TJ1615, солҳои 2023–2027) — Роҳбари лоиҳа: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Бӯризода И.Б.
-
«Ҳуқуқи ҷиноятии муосири Тоҷикистон: масоили назариявӣ, қонунгузорӣ ва амалӣ (Қисми умумӣ)» (РҚД 0123TJ15214, солҳои 2022–2026) — Роҳбари лоиҳа: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шарипов Т.
-
«Масоили актуалии ҳуқуқи робитаҳои беруна» (РҚД 0122TJ1685, солҳои 2025–2029) — Роҳбари лоиҳа: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Раҷабов С.О.
-
«Асосҳои назариявӣ-методологии тарбияи ҳуқуқӣ дар партави амалисозии Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (РҚД 0122TJ1685, солҳои 2025–2029) — Роҳбари лоиҳа: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Бобоҷонзода И.Ҳ.
Ҳангоми баррасии лоиҳаҳо роҳбарони илмии лоиҳаҳо ва шахсони ҳисоботдиҳанда баромад намуда, рафти иҷро ва натиҷаҳои муҳими бадастовардаи таҳқиқоти худро ба аъзои Комиссия муаррифӣ карданд, ки хуб баҳо дода шуд.