Перейти к основному содержанию

НАШРИ КИТОБИ НАВ БА ИФТИХОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ИНСТИТУТ

123

Маҳмудзода МаҳкамШарофзода Рустам. Ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - омили пойдории давлатдории миллӣ. Нашри 3-юм. бо иловаҳо – Душанбе: «Дониш», 2026. – 293 с.

Нашри сеюми китоби арзишманди илмию ҳуқуқӣ бо унвони «Ташаббусҳои қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – омили пойдории давлатдории миллӣ» ба нашр расид. Ин асари пураҳамият, ки ба 35-солагии Истиқлоли давлатии кишварамон бахшида шудааст, ҳамчун дастури муҳим барои кормандони мақомоти ҳуқуқэҷодкунӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ тавсия шудааст. Муаллифони ин китоб – Маҳмудзода Маҳкам, Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарофзода Рустам, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, профессори кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошанд.

Муқарризони китоб - Ализода Зариф, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор ва Зоир Ҷурахон, мудири шуъбаи масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсионии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор мебошанд.

Дар китоб ташаббусҳои қонунгузорӣ ҳамчун самти сиёсати ҳуқуқэҷодкунӣ ва раванди қонунгузорӣ, яъне таҷрибаи ҷамъӣ ва ватании амалӣ нишон дода шудааст. Таваҷҷуҳи асосӣ ба аҳамияти ташаббусҳои қонунгузории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рушди такмили қонунгузории Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ дода мешавад. Нашри сеюми китоб бо давразанӣ (бознигарӣ) такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шудааст.

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст