Перейти к основному содержанию

ПЕШСАФТАРИН ОЛИМИ ҲУҚУҚШИНОСИ ТОҶИКИСТОН —БОБОҶОНЗОДА ИСРОФИЛ ҲУСЕЙН

Дар раванди ҷустуҷӯ ва таҳлили маълумот оид ба олимони соҳаи ҳуқуқшиносии Тоҷикистон, яке аз чеҳраҳое, ки бо нишондиҳандаҳои беназири илмӣ ва саҳми амиқ дар рушди илми ҳуқуқи кишвар фарқ мекунанд, Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн, мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор мебошанд. Бобоҷонзода И.Ҳ. на танҳо дар миёни олимони ҳуқуқшиноси ватанӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ низ эътибори хоса доранд.

Тибқи маълумоти низоми "Индекси иқтибоси илмии Россия” (РИНЦ) профессор Бобоҷонзода И.Х. дорои 178 таълифот мебошанд, ки ин шумораи хеле зиёд буда, аз фаъолияти босуръати тадқиқотӣ шаҳодат медиҳад. Иқтибосҳо ба кори илмии профессор ба 2484 расидаанд, ки ин нишондиҳанда аз эътирофи васеи кори олим аз ҷониби ҷомеаи илмӣ гувоҳӣ медиҳад. Индекси Хирши Бобоҷонзода И.Ҳ. 24-ро ташкил медиҳад, яъне на камтар аз 24 мақолаи профессор ҳар кадом на камтар аз 24 маротиба иқтибос шудаанд — ин нишондиҳандаи хеле баланд ва нишонаи таъсири устувори илмӣ мебошад. Ин рақамҳо на танҳо аз нашри бисёри корҳои илмӣ, балки аз амиқ ва пуртаъсир будани онҳо шаҳодат медиҳанд. Дар миёни олимони ҳуқуқшиносӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нишондиҳандаи аз ҳама баланд аст.

Индекси Хирш нишондиҳандаи муҳимест, ки ҳам маҳсулнокӣ ва ҳам таъсири илмии олимро дар як рақам муайян мекунад. Зарурати асосии он дар он аст, ки ба ҷомеаи илмӣ ва муассисаҳо имкон медиҳад, то саҳми воқеии як олимро дар пешрафти илм арзёбӣ кунанд. Ин нишондиҳанда барои пешрафти касбӣ, дарёфти грантҳо ва ишғоли вазифаҳои баланди илмӣ ҳамчун як меъёри эътимоднок истифода мешавад.

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст