Перейти к основному содержанию

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АВФ»: ТАҶАССУМИ ПРИНСИПИ ИНСОНДЎСТӢ ВА ТАҲКИМИ АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ

(бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 16 июни соли 2026, №2257 дар асоси пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати амалӣ намудани принсипи инсондўстӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, ки намунаи равшани ғамхории инсондӯстонаи давлат нисбат ба шаҳрвандоне мебошад, ки роҳи хато пеш гирифтаанд. Ин санади меҳр ва адолат аст, зеро он ба қишрҳои осебпазири ҷомеа - занон, ноболиғон, пиронсолон, маъюбон ва беморони вазнин - имкони дубора оғози зиндагии муқаррари медиҳад (моддаи 1). Он имконият медиҳад, ки шахсони зиёде ба ҳаёти муқаррарӣ баргашта, бо истифода аз фурсати дуюм дар ҷомеа зиндагии нав оғоз намоянд. Дар айни замон, қонун тавозуни байни инсондӯстӣ, адолат ва таъмини амнияти ҷамъиятиро нигоҳ дошта, ба таҳкими суботи ҷомеа мусоидат мекунад.

Ҳамзамон, қонун нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содир намудаанд, низ сабукиҳо пешбинӣ кардааст. Ин иқдом нишон медиҳад, ки давлат байни ҷиноятҳои қасдона ва ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиршуда фарқ мегузорад ва барои ҳар як ҳолат муносибати ҳуқуқии алоҳидаро истифода мебарад.

Яке аз хусусиятҳои муҳими қонун кам намудани муҳлати боқимондаи ҷазо барои баъзе маҳкумшудагон мебошад. Вобаста ба дараҷаи вазнинии ҷиноят, муҳлати адонагардидаи ҷазо метавонад аз чор як ҳисса то нисфи муҳлат коҳиш дода шавад.

Дар баробари ин, қонун маҳдудиятҳои ҷиддиро низ пешбинӣ кардааст. Шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин, амалҳои террористӣ, экстремистӣ, қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми калон, ҷиноятҳои зидди амнияти давлат ва дигар ҷиноятҳои хатарнок маҳкум шудаанд, дар аксари ҳолатҳо аз доираи авф берун мемонанд.

Қонуни мазкур дар таҷрибаи ҳуқуқии кишвар яке аз воситаҳои муҳими татбиқи сиёсати башардӯстона ба ҳисоб меравад. Он ба шахсоне, ки ба хатогиҳои зиндагӣ роҳ додаанд, имконияти ислоҳ шудан ва бозгашт ба зиндагии муқаррариро фароҳам месозад. Маҳз ҳамин омил ба коҳиш ёфтани мушкилоти иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа мусоидат мекунад.

Солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон диққати махсус медиҳад. Қонуни навбатии авф идомаи ҳамин сиёсати давлатӣ буда, нишон медиҳад, ки инсон, шаъну шараф ва ҳуқуқҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ эътироф карда мешаванд.

Авф танҳо озод намудани маҳкумшудагон нест. Ин раванд таъсири амиқи иҷтимоӣ дорад. Ҳазорон нафар баъд аз озодшавӣ имконият пайдо мекунанд, ки дубора ба муҳити оилавӣ баргарданд, бо фарзандон ва наздикони худ зиндагиро идома диҳанд ва ба ҷомеа ҳамчун шахсони фаъол хизмат намоянд.

Барои бисёр оилаҳо қабули чунин қонун маънои барқарор гардидани муносибатҳои оилавӣ, коҳиш ёфтани мушкилоти иқтисодӣ ва беҳтар шудани вазъи иҷтимоиро дорад. Махсусан, озод гардидани занон, пиронсолон ва шахсони гирифтори бемориҳои вазнин аҳамияти инсондӯстонаи қонунро боз ҳам бештар нишон медиҳад.

Коршиносон бар он ақидаанд, ки дастгирии иҷтимоии шахсони озодшуда метавонад эҳтимоли такроран содир намудани ҷиноятҳоро коҳиш диҳад. Аз ҳамин сабаб, мутобиқшавии онҳо ба зиндагии осоишта яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Яке аз хусусиятҳои асосии ин қонун, тамаркузи махсус ба табақаҳои осебпазири ҷомеа аст. Мувофиқи моддаи 1 қонуни мазкур, гурӯҳҳои зерин новобаста аз муҳлати ҷазо пурра озод карда мешаванд:

Занон ва ноболиғон: Давлат ба нақши зан-модар дар оила ва инчунин ба ояндаи наврасоне, ки аз бетаҷрибагӣ хато кардаанд, диққати махсус медиҳад.

Пиронсолон ва беморон: Озод кардани мардони аз 55 ва 70-сола боло, маъюбон ва ашхоси гирифтори бемориҳои вазнин (аз қабили саратон ва сил) як амали сирф раҳмдилона буда, бори гарони нигоҳдории чунин шахсонро аз дӯши муассисаҳои ислоҳӣ мебардорад ва ба онҳо имкон медиҳад, ки дар иҳотаи наздикон табобат гиранд.

Хизматнишондодагон: Қадршиносии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, бартарафкунандагони садамаи Чернобил ва дорандагони мукофотҳои давлатӣ нишонаи эҳтиром ба хизматҳои гузаштаи онҳост.

Озодӣ барои хатоҳои сабук: Шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд ё ҷиноятҳои начандон вазнин доранд, имкони зудтар баргаштан ба ҷомеаро пайдо мекунанд (Моддаҳои 2, 3 ва 4).

Маҳдудиятҳои қатъӣ (Моддаҳои 7, 8 ва 10): Қонун нисбати шахсоне, ки ба амнияти давлат ва ҷомеа хатари ҷиддӣ доранд (терроризм, экстремизм, одамкушӣ, таҷовуз ба номус, ҷиноятҳои вазнини коррупсионӣ ва ретсидивҳои махсусан хавфнок), татбиқ намегардад. Ин муқаррарот кафолат медиҳад, ки авф ба сатҳи ҷинояткорӣ дар кишвар таъсири манфӣ намерасонад.

Дар Моддаи 3 (бандҳои 6 ва 7) ва бахшҳои дигари қонун шарти муҳиме гузошта шудааст: шахсоне, ки ҷиноятҳои молиявӣ ва иқтисодӣ содир кардаанд, танҳо дар сурати пурра талофӣ кардани зарари моддӣ метавонанд аз авф бархурдор шаванд. Ин меъёр ҳам манфиатҳои ҷабрдидагонро ҳифз мекунад ва ҳам буҷети давлатро барқарор месозад.

Қонун инчунин пешбинӣ мекунад, ки баъди озодшавии шахсон аз муассисаҳои ислоҳӣ, мақомоти давлатӣ барои мутобиқсозии иҷтимоии онҳо мусоидат намоянд. Таъмини ҷойи кор, расонидани кӯмаки тиббӣ, дастгирии ноболиғон ва нигоҳубини шахсони бесаробон аз ҷумлаи вазифаҳои асосии мақомоти маҳаллӣ ба шумор мераванд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти корҳои дохилӣ, сохторҳои адлия ва дигар ниҳодҳои давлатӣ вазифадоранд, ки барои мутобиқсозии иҷтимоии шахсони озодшуда тадбирҳои зарурӣ андешанд (моддаҳои 18 ва 19).

Аз ҷумла, ба масъалаҳои зерин диққати махсус дода мешавад:

- таъмин намудани шахсони озодшуда бо ҷойи кор;

- мусоидат барои гирифтани касбу ҳунар;

- расонидани кӯмаки тиббӣ ба шахсони бемор;

- дастгирии иҷтимоии пиронсолон ва маъюбон;

- назорати ноболиғони озодшуда ва таъмини шароити мусоиди тарбия барои онҳо.

Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки шахсони озодшуда дар ҷомеа ҷойгоҳи муносиб пайдо намуда, зиндагии мустақилона оғоз намоянд.

Қонуни авф набояд ҳамчун бекор кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ фаҳмида шавад. Баръакс, он имконияти иловагӣ барои ислоҳи рафтор ва дарки масъулияти шаҳрвандиро фароҳам меорад. Шахсе, ки аз авф истифода мебарад, бояд дар оянда қонунҳоро эҳтиром намояд, ҳуқуқи дигаронро поймол накунад ва дар рушди ҷомеа саҳми мусбат гузорад.

Мутахассисон таъкид мекунанд, ки авф эътимоди давлат ба шаҳрванд мебошад. Ин эътимод бояд бо рафтори намунавӣ, меҳнати ҳалол ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ҷавоб дода шавад.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» дар соли таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дорои аҳамияти рамзӣ низ мебошад. Ин нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар баробари таҳкими қонуният, амният ва суботи ҷомеа, арзишҳои инсонпарвариро низ дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор медиҳад.

Дар ҷаҳони муосир, ки бисёр давлатҳо бо мушкилоти иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, татбиқи сиёсати мутавозини инсондӯстона аҳамияти хоса дорад. Тоҷикистон низ тавассути чунин қонунҳо таҷрибаи миллии худро дар самти таъмини адолат ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеа такмил медиҳад.

Қонуни мазкур як тадбири муҳими ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ буда, мувозинати комилро байни раҳмдилӣ ба қишрҳои осебпазир ва таъмини амнияти ҷомеа нигоҳ медорад. Иҷрои ин қонун бояд дар давоми ду моҳ аз рӯзи интишори расмӣ аз ҷониби судҳо, прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пурра таъмин карда шавад. Вазорати корҳои дохилӣ рафтори шахсони озодшударо таҳти мушоҳида қарор дода, ба раванди ислоҳшавии онҳо назорат мебарад.

Дар маҷмӯъ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» на танҳо як санади ҳуқуқӣ, балки намунаи ҳамоҳангсозии манфиатҳои давлат, ҷомеа ва инсон мебошад. Татбиқи дурусти он метавонад ба таҳкими суботи иҷтимоӣ, баланд гардидани сатҳи масъулияти шаҳрвандӣ ва рушди устувори кишвар мусоидати назаррас намояд.

Ҳамин тавр, қабули ин Қонун на танҳо як падидаи ҳуқуқӣ, балки воқеаи назарраси иҷтимоӣ ва ахлоқӣ аст. Он рамзи устувории давлат ва эътимод ба қобилияти инсон барои тағйир ва бозгашт ба зиндагии солим мебошад.

- Набиев Фатҳиддин Суҳробович – н.и.ҳ., ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти давлат ва ҳуқуқи

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рўдакӣ 19, e-mail: fatkhiddin.1985@mail.ru

Мирзоева Садбарг Саидакобировна - корманди шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти давлат ва ҳуқуқи

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рўдакӣ 19, e-mail:sadbargi_said99@mail.ru

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст