Перейти к основному содержанию

ИШТИРОКИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР ШАҲРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ

25 сентябри соли 2026 олимони Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони «Арзишҳои ҳуқуқии ҷомеаи постиндустриалӣ: хусусиятҳо ва тамоюлҳои рушд», ки бо ташаббуси филиали шимолу ғарбии Донишгоҳи давлатии адолати судии Русия ба номи В.М. Лебедев дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, ба таври маҷозӣ иштирок ва баромад намуданд.

Конференсия бо иштироки олимон, ҳуқуқшиносон, намояндагони муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии кишварҳои гуногун доир гардида, ба баррасии масъалаҳои мубрами арзишҳои ҳуқуқӣ, таҳаввули низоми ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди ҳуқуқи байналмилалӣ ва таъсири равандҳои муосири ҷаҳонӣ ба муносибатҳои ҳуқуқӣ бахшида шуд.

Дар ҷаласаи пленарии конференсия чор нафар намояндагони Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд:

Раҷабов Саидумар Адинаевич – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, дар мавзуи «Ҳуқуқ ба сулҳ ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона: таърих ва муосирият»;

Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосир, дар мавзуи «Арзишҳои ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳаввул ва муосирият»;

Қодирзода Тоҳир Қамар – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, сарходими илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосир, дар мавзуи «Фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунӣ дар мурофиаи судии мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

Ҷабборов Фарҳодҷон Нозимович – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ходими пешбари илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, дар мавзуи «Арзишҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалии об дар шароити чолишҳои муосири ҷаҳонӣ».

Маърӯзаҳои олимони тоҷик масъалаҳои муҳими рушди ҳуқуқи байналмилалӣ ва миллӣ, таҳкими арзишҳои конститутсионӣ, такмили фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунӣ, ҳифзи ҳуқуқ ба сулҳ ва танзими ҳуқуқии истифодаи захираҳои обҳои фаромарзиро фаро гирифтанд.

Иштироки намояндагони Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ дар чунин чорабиниҳои бонуфузи илмӣ ба густариши робитаҳои байналмилалии илмӣ, мубодилаи таҷрибаи ҳуқуқшиносӣ, муаррифии дастовардҳои илми ҳуқуқи Тоҷикистон ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ миёни муассисаҳои таҳқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мусоидат менамояд.

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст