Перейти к основному содержанию

БАРГУЗОРИИ ДАРСҲОИ КУШОД АЗ ҶОНИБИ ОЛИМОНИ АМИТ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №63-И ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Имрӯз, 10 октябр тибқи супориши президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, як гурӯҳ олимону муҳаққиқони варзидаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои хонандагон аз фанҳои ҳуқуқ ва математика дарсҳои кушод баргузор намуданд.

Дар доираи ин иқдоми илмӣ-маърифатӣ Мирзозода Парвон Зайналобудин, директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, ва Сангинзода Дониёр Шомаҳмад, муовини директори Институти мазкур оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, аз фанни «Ҳуқуқ», инчунин Раҳимзода Алишер Орзу, директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои физика ва математика, дотсент, аз фанни «Математика» барои хонандагони муассисаи таълимӣ дарсҳои кушод гузарониданд.

Мақсад аз баргузории дарсҳои кушод баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати хонандагон, тақвияти шавқу рағбати онҳо ба омӯзиши илмҳои муосир, рушди ҷаҳонбинии илмӣ, тарбияи насли навраси соҳибмаърифат ва таҳкими робитаи муассисаҳои илмӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад.

Зимни дарсҳои кушод олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба мавзуъҳои таълимӣ, аҳамияти омӯзиши фанҳои ҳуқуқ ва математика, нақши донишҳои ҳуқуқӣ дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон ва зарурати аз худ намудани илмҳои дақиқ дар шароити рушди босуръати илму техника ба хонандагон маълумоти муфид пешниҳод намуданд.

Аз ҷумла, дар ҷараёни дарсҳои фанни «Ҳуқуқ» ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии наврасон, эҳтиром ба қонун, риояи ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандӣ ва нақши донишҳои ҳуқуқӣ дар ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ҳамзамон, дар дарси фанни «Математика» аҳамияти омӯзиши илмҳои дақиқ, рушди тафаккури мантиқӣ, қобилияти таҳлилӣ ва истифодаи донишҳои математикӣ дар ҳаёти рӯзмарра ва фаъолияти илмӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Таъкид гардид, ки ҷалби олимону муҳаққиқони варзида ба раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ яке аз роҳҳои муассири баланд бардоштани сифати таҳсилот, ошкор намудани истеъдодҳои наврасон ва ҳавасмандгардонии онҳо ба омӯзиши амиқи илмҳои муосир ба ҳисоб меравад.

Маврид ба зикр аст, ки баргузории чунин дарсҳои кушод бо иштироки олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди илму маориф, баланд бардоштани мақоми илм дар ҷомеа ва тарбияи насли ҷавони донишманду соҳибкасб аҳамияти махсус дошта, барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

 

 

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст