ТАШАККУЛИ КОНСТИТУТСИЯ ВА РУШДИ КОНСТИТУТСИОНАЛИЗМ ДАР ТОҶИКИСТОН
Мо дар арафаи ҷашни 32 солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Давоми 32 соли амали Конститутсия дар таърихи навини давлатдории тоҷикон дигаргуниҳои зиёде ба амал омаданд. Тоҷикистон таҳти амали меъёрҳои волои Конститусия ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Яке аз ин дастовардҳо сулҳу ваҳдати миллӣ, оромӣ ва ҳаёти осоишта дар ҷумҳурӣ бошад, дигар дастовард, оғоз намудани марҳилаи нави созандагию ободонӣ дар кишвар аз сохтани роҳҳо ва нерӯгоҳҳои пуриқтидор аст. Махсусан кушодани роҳҳои байналмилалӣ мардуми кишварро бо ҳам наздик намуда, барои ваҳдати миллӣ замина ба вуҷуд овард.
Дар ин замина қабули Конститутсия барои мо маънои лаҳзаи тақдири хешро бо дасти худ гирифтанро дошта, моро барои дарк намудани масъулияти давлатдории миллӣ, эҳё ва мавриди амал қарор додани падида ва ниҳодҳои давлатдории куҳанбунёди ориёӣ раҳнамун месозад. Аз ин хотир ман якояки Шуморо бо ин рузи фархундаи миллӣ табрику муборакбод мегуям ва хоҳони хонаободию саломатӣ, пешравию комёбиҳо дар тамоми ҷабҳаҳои кору зиндагӣ ва фаъолияти ҳаррузаи кориатон мебошам.
Чи тавре маълум аст, тағйироту иловаҳое ки давоми 32 сол се маротиба (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003, 22 майи соли 2016) ба Конститутсия ворид карда шуданд, як қисмати азими меъёрҳои онро ба талаботи руз мувофиқу мутобиқ гардонид. Амали Конститутсия дар давоми 32 сол ҳақиқатеро бозгӯи мекунад, ки фаъолияти оғозгардида барои таҳия ва қабули он кори дуруст буд. Аз ин сабаб, минбаъд оид ба амали Конститутсия афкори эътирозию мухолиф зиёд набуд. Албатта, бо рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ Конститутсия ҳамчун санади амалкунанда бояд такмил дода шавад. Парадокс ба вуҷуд меояд, ки аз як тараф, мо мехоҳем конститутсияамон зуд-зуд ба тағйирот дучор нашавад, вале аз ҷониби дигар, пешниҳодҳои зиёд оид ба тағйирот дорем. Дар ин вазъият, масъалаи қабули қарори оптималӣ барои нигоҳдошт ва амали ин санади тақдирсоз ба вуҷуд меояд. Ба андешаи мо, ин таносуб ҳангоме риоя мешавад, ки ҳар як масъалаи тағйирот бо мушовираҳои тулонӣ, бо муҳокимаҳои умумихалқӣ, бо ташхиси ҳуқуқию иқтисодӣ, сотсиологӣ ва бо инобати андешаи аксарияти мардум ифода ва мавриди раъйпурсӣ қарор гирад.
Азбаски, барои ҳар як шаҳрванди кишвар Конститусия санади тақдирсози миллат буда, қабули он маънои масъулияти дируз ва имрузу фардои миллатро ба душ гирифтанро дорад, пас, такмили он низ бояд ба тақдири миллат, манфиати миллӣ ва қонуниятҳои рушди давлатдории муосир созгор бошад. Ин андеша моро водор намуд, то ба гузаштаи таърихӣ назар андохта, таҷрибаи андухтаи миллатро бори дигар таҳлилу дарк намоем, ки гузаштагони мо – ҳангоми баррасии масоили давлатдорӣ чӣ гуна амал мекарданд, кадом паҳлуи масъаларо ба назар мегирифтанд, чӣ гуна асоснок мекарданд ва чӣ гуна амалӣ мекарданд. Барои мо таҷрибаи давлатдории гузашта, роҳу усулҳои таҳия ва баррасии масоили халталаб муҳим ба назар мерасад.
Дар ҳамин росто, муайян намудани мафҳуми дигар – мафҳуми конститутсионализм низ аз манфиат холӣ набуда, барои аниқу мушаххас таҳлил намудани таърихи пайдоиш ва рушди илми ҳуқуқи конститутсионӣ ба мо кӯмак мерасонад.
Пайдоиш ва рушди конститутсионализм таърихи тулонӣ дошта, аз назария ба амалия табдил ёфтани он заминаҳои муайянро талаб мекард. Ин заминаҳо тибқи андешаи баъзе муҳаққиқон, дар Аврупо ва Амрико пештар ба вуҷуд омада, мутафаккирони ин кишварҳо саромадони падидаи муосири конститутсионализм мегарданд. Албатта, европоцентризм дар адабиёти на танҳо аврупою Русия, балки дар мағзҳои мардуми Шарқ низ ҷойгир буда, аксари дастовардҳоро моли аврупоиён медонад.
Як гурӯҳи муҳаққиқон, асосан конститутсионализмро бо конститутсия вобаста мекунанд, яъне ба андешаи онҳо бо қабули конститутсия таърихи конститутсионализм оғоз мегардад. Қисми дигари олимон, аз ҷумла олими англис Андре Винсент таърихи конститутсияро ба шаш марҳила ҷудо намуда, аз таърихи юнону римӣ, феодализм, реформация, то оғози ғояи монархияи маҳдуд аллакай шаш марҳилаи рушди онро номбар намуда[1], пайдоиши онро пештар аз қабули конститутсия эътироф дорад. Мо низ бо ин гурӯҳи олимон ҳамраъй мебошем.
Дар илми ҳуқуқи конститутсионӣ конститутсионализм гуфта, маҳдуд намудани ҳокимияти давлатиро тибқи конститутсия мефаҳманд.[2] Ин ғоя дар Англия ба вуҷуд омада, "идоракунии маҳдудшуда (ограниченное правление)" ном мегирад. Заминаи асосии конститутсионализм дар Англияро инчунин ғояи "волоияти ҳуқуқ"[3] ташкил медиҳад.
Ба андешаи Г. Берман истилоҳи "конститутсионализм" аввалин маротиба дар афкори сиёсию ҳуқуқии амрикоиҳо истифода шуда, муаллифони Конститутсияи Амрико бо ин истилоҳ "волоияти конститутсияро нисбат ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии дигар" ифода мекарданд.
Таърифи ягонаи конститутсионализм то имрӯз вуҷуд надорад. Масалан, олими англис Дж. Олдер конститутсионализм гуфта, воситаҳои (инструмент) сохтори давлат, ки ҳокимияти идоракунандагон маҳдуд ва ба реҷаи ҳокимон обрӯй медиҳанд", баҳо додааст.
Ба андешаи А. Шайо, "конститутсионализм худмаҳдудсозии ҳокимият бо конститутсия аст, ки аз ҷониби худи ҳамин ҳокимият қабул шудааст".[4]
Ба андешаи устод Ашурбой Имомов бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ марҳилаи нави конститутсионализм дар Тоҷикистон оғоз мегардад. Ин марҳила як қатор хусусияти худро дошт, ки натиҷаи ҳодисаҳои дар ҷумҳурӣ ба вуҷуд омада ва таъсири он ба раванди таҳияю қабули конститутсия буд. Рушди босуръати ғояҳои конститутсионӣ бо ҳаракати демократӣ дар кишвар вобаста буда, аҳолии кишвар дар таҳияи лоиҳаи конститутсия ва пешниҳодҳо саҳми бузург дошт.
Конституционализм дар асарҳои устод Ашурбой Имомов аз нуқтаи назари: пеш аз ҳама, мавҷудияти Конститутсия ва таъсиси фаъоли он ба ҳаёти сиёсии кишвар, волоият ва нақши муайянкунанда доштани он ҳамчун қонуни асосӣ дар низоми санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда, танзими конститутсионии муносибатҳои сиёсӣ аз тариқи конститутсия, танзими конститутсионии сохтори давлатӣ ва реҷаи сиёсӣ, эътирофи конститутсионии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, хислати ҳуқуқии муносибатҳои шахсият ва давлат таҳлил гардида, асарҳои алоҳида ва мақолаҳои устод ба ин масъала бахшида шудаанд.
Дар адабиёти илмӣ оид ба пайдоиши конститутсионализм андешае баён мегардад, ки конститутсионализм дар Тоҷикистон, якум, танҳо бо роҳи рецепция – қабул аз дигарон ба вуҷуд омад; дуюм он хислати ғайрисистемавӣ (бенизом) чӣ аз ҷанбаи сохтори дохилӣ ва чӣ номувофиқ будан ба шароити иҷтимоию фарҳангӣ дорад; сеюм, мавҷудияти ду конститутсия: воқеӣ ва ҳуқуқӣ боқӣ мемонад. Албатта, ин андешаҳо баҳснок буда, дар асарҳои устод Ашурбой Имомов ва махсусан дар асари таҳти назари онҳо таҳиягардидаи "Конститутсияҳои Тоҷикистон пайдоиш ва рушд", ин андешаҳо қисман инкор карда шудаанд.
Ба андешаи Ашурбой Имомов "ғояи конститутсионализм ҳанӯз бо мазмуни хоси он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пойдор нест. Чунки ҳар як субъект боварӣ дорад, ки вазифаи риоя ва иҷрои Конститутсия ва қонунҳоро карда истодааст. Ва бартараф нашудани нуқсонҳоро дар риоя ва иҷрои Конститутсия ва қонунҳо онҳо дар сабабҳое меҷуянд, ки гуё ба онҳо вобаста нестанд. Дар асл асоси ҳуқуқии бекамукост риоя ва иҷро кардани Конститутсия ва қонунҳо гузошта шудаанд, ҳама ба он розӣ ҳастанд, ки онҳо ба иҷро расанд. Лекин ҳамоно риоя ва иҷрои онҳо ба қадри даркорӣ таъмин намегардад. Ҳар як шахси мансабдор, сарвари мақомоти давлатӣ ва ҳатто ҷамъиятӣ ба қадре дур шудан аз Конститутсия ва қонунҳо, риоя нашудани меъёрҳои онҳо, сарфи назар кардани онҳо одат кардаанд…. дуршавӣ аз талаботи Конститутсия ва қонунҳо дар зери шиорҳои ҷозибанок, бо мақсади ҳалли масъалаҳои муҳими идоравӣ, иҷрои директиваҳои боло, хусусияти соҳа ва ғайра бо майлу рағбати том сурат мегирад".[5] Андешаҳои муҳаққиқ баҳсноканд, вале қобили дастгирӣ мебошанд.
Агар ба андешаҳои дигар муҳаққиқон назар андозем, бештари онҳо таҳти мафҳуми конститутсионализм бештар мазмун ва сохтори ҳокимияти давлатӣ, механизми идоракунии ҷомеа ва фишангҳои маҳдудсозандаи ҳокимияти давлатиро дар назар доранд.
Аз ин нуқтаи назар, ғояҳои конститутсионӣ ва конститутсионализм дар Тоҷикистони таърихӣ аз қадим вуҷуд доштанд. Ориёиёни бостон ниёгони тоҷикон яке аз халқиятҳои қадимтарини ҷаҳон буда, таърихи тулонии фарҳангӣ ва давлатдории миллиро доранд. Тибқи иттилооти сарчашмаҳои гуногун ва ҳафриётҳои бостоншосӣ таърихи давлатдории тоҷикон беш аз панҷ ҳазорсоларо дар бар мегирад. Ин сарчашмаҳо далели рушди суннат, ғоя ва падидаҳои давлатдорӣ низ мебошанд, чунки пайдоиши давлат бо як қатор тағйиротҳои сифатию миқдории рушди халқ вобаста аст, ки дар заминаи онҳо як миллат метавонад то дараҷаи шинохти манфиатҳои умумӣ, дарки ҳуқуқ, масъулият, ҳифзи ҳудуд ва ташкили тартиботи оммавӣ бирасад.
Андеша, падида ва ғояҳои давлатӣ дар таърихи ориёиҳо ва тоҷикон низ хеле барвақт ба вуҷуд омада, заминаи рушди давлатдории тоҷикон буданд. Таъсиси давлатдорӣ бо таҷзияи мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти артиш, мақомоти адолати судӣ, Боргоҳи Дод, мавҷудияти мақомоти адолати судие, ки Ҳокимияти давлатӣ – махсусан роҳбари давлатро маҳдуд мекард, инчунин, мавҷудияти табақаи муҳаддисон, муҷтаҳидон, фақеҳон, ки таълимоти ҳуқуқи исломиро таҳия менамуданд, ин падидаҳо низ падидаҳои конститутсионализм буда, қабули Эъломияи ҳуқуқи башар аз ҷониби Куруши Кабир, эътирофи Авесто ва Қурон ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ, мавҷудияти Шӯрои давлатӣ, ки дар баъзе марҳилаҳои давлатдории ниёгони мо, қарорҳояш қатъӣ буда, дар марҳилаҳои дигар хислати тавсиявӣ доштанд, Тузукҳои Темур, Низомнома оид ба идоракунии кишвари Туркистон дар онҳо самт ва соҳаҳои ҳаёт танзим гардида, сарвари давлат (яъне давлат) низ тибқи онҳо амал мекард, санадҳои эътибори волои ҳуқуқидошта мебошанд. Вобаста ба хусусиятҳои ҷомеаи ҳамонрӯза, ин ниҳодҳо ҳокимиятро маҳдуд сохта, тибқи қонуни амалкунанда фаъолият бурданро талаб мекарданд. Аз ин сабаб, ғояҳои конститутсионализм барои мо бегона набуда, таҳаввулоти тадриҷӣ метавонист моро ба пайроҳаи рушди конститутсионӣ оварад, ки ин масъаларо Инқилоби октябрии Русия ва минбаъд сентябрии Бухоро ҳал намуд.
Хушбахтона ниёгони мо аз оғози давлатдории худ, ки шаҳодати созандагӣ ва эҷодкории онҳо буд, кушиш ба харҷ доданд, то дар самтҳои гуногуни ҳаёту фаъолият, афкори бикр ва таълимоти куллӣ ба вуҷуд оваранд ва дар раванди дар амалия ҷорӣ намудани афкори худ гомҳои бузург бардоранд.
Тоҷикон ҳамчун миллати мутамаддин таҷрибаи тулонии давлатдорӣ доранд. Ба андешаи мо, таҷрибаи давлатдории тоҷикон ба таври комил аксари ғоя ва падидаҳои муосири конститутсиониро дар бар мегирад. Чи тавре пештар баён намудем, агар конститутсионализм ба принсипҳои "волоияти ҳуқуқ - рул оф ло", "худмаҳдудсозии давлат", "низоми сохтори давлатӣ" асос ёфта бошад, пас, андешаҳои конститусионализм таърихи тулонитар аз Конститутсия доранд, ва бо қабули Конститутсия минбаъд дорои мазмун ва ғояҳои мушаххас мегардад.
Хулоса, таърихи давлатдории тоҷикон намунаи ба таври объективона ташаккул ва рушд ёфтани падидаҳои конститусионӣ-ҳуқуқӣ буда, таҷзияи ҳокимият дар ин ё он шакл, давлати ҳуқуқӣ ва масъулияти тарафайни давлат ва шахсият аллакай дар таърихи миллати тоҷик дар марҳилаҳои гуногуни он мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор ёфта буданд.
Буризода Эмомалӣ Бозор – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти давлат ва ҳуқӯки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;
Муборакшозода Мижгона Муборакшо – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедари назарияи давлат ва ҳуқуқи Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон