МАҶЛИСИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ АМИТ БАРГУЗОР АФТОД
Имрӯз дар Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо роҳбарии директори Институт, профессор Мирзозода П.З. ҷаласаи навбатии Шурои олимони Институт баргузор гардид.
Дар маҷлиси Шӯрои олимон масъалаҳои муҳими илмӣ ва ташкилӣ муҳокима ва баррасӣ карда шуданд, аз ҷумла:
-
Пешниҳод ва пешбарии номзад ҷиҳати иштирок дар озмун барои дарёфти «Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2026.
-
Муҳокима ва тасдиқи мавзӯи рисолаҳои номзадии магистрантон, унвонҷӯён, докторони анъанавӣ, докторантон аз рӯи ихтисоси PhD ва таъйини роҳбарони илмии онҳо.
-
Муҳокима ва ба чоп пешниҳод намудани асарҳои илмии кормандони Институт, ки ба нашр омода шудаанд.
-
Пешниҳоди воҳидҳои кории иловагии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ.
-
Маълумот ва ҳисоботи мудирони шуъбаҳо оид ба ҳамоишҳои илмии баргузоршуда ва давраи ҳисоботӣ.
-
Масъалаҳои ҷорӣ. Баррасии дигар масъалаҳои муҳими фаъолияти Институт.
Дар ниҳоят, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдори Шӯрои олимон қабул карда шуданд.