Skip to main content

РАҚАМИКУНОНИИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ: ТАҶРИБАИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ ВА ТАВСИЯҲО БАРОИ ТОҶИКИСТОН

Дар асри XXI илми муосири ҳуқуқшиносӣ зери таъсири ҷаҳонишавӣ ва инқилоби чоруми саноатӣ қарор дорад. Рақамикунонии ҳамаи соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла фаъолияти илмӣ, тақозо мекунад, ки ҳуқуқшиносӣ аз доираи анъанавии тафсири матн берун баромада, усулҳои таҳлили миқдорӣ, пешгӯишаванда ва автоматикунонидашударо фаро гирад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатӣ дар самти рақамикунонӣ афзалияти миллӣ эълон шудааст. Бо вуҷуди ин, илми ҳуқуқшиносии ватанӣ то ҳол асосан ба методологияи шарҳи мантиқӣ-ҳуқуқӣ такя мекунад.

Макони пайдоиши ҷунбиши "Ҳуқуқ ва технология" маҳз ИМА мебошад. Дар донишгоҳҳои Стэнфорд ва Ҳарвард аспирантураҳои "Ҳуқуқи компютерӣ" амал мекунанд, ки мутахассисонро дар соҳаи кодификатсияи мантиқи ҳуқуқӣ ба забони барномасозӣ омода месозанд. Платформаи "Ҳуқуқи мошин" (Lex Machina) ба таҳлили омории миллионҳо парвандаи судии федералӣ имкон медиҳад, ки рафтори эҳтимолии судяҳо ва стратегияи беҳтарини мурофиаро пешгӯӣ кунад. Таҷрибаи ИМА собит мекунад, ки рақамикунонӣ касби ҳуқуқшиносро нест намекунад, балки онро ба сатҳи нави таҳлилӣ мебарад.

Макотиби ҳуқуқии Олмон ба татбиқи васеи зеҳни сунъӣ дар соҳаи адлияи маъмурӣ ва маданӣ машҳур аст. Дар доираи лоиҳаи "Зеҳни сунъӣ дар адлия" (KI in der Justiz) муҳаққиқони олмонӣ дар Донишгоҳи Ҳейделберг ва Институти Макс Планк системаҳоеро таҳия кардаанд, ки тавассути коркарди забони табиӣ (NLP) истилоҳоти нодурусти ҳуқуқӣ дар шартномаҳоро муайян мекунанд. Қонуни Олмон "Дар бораи дастрасӣ ба иттилооти рақамӣ" (EGovG) барои ташаккули пойгоҳи ягонаи иттилооти ҳуқуқии кишвар заминаи меъёрӣ гузошт.

Чин роҳи марказикунонии рақамикунониро интихоб намудааст. Суди интернетии Ҳанчжоу ва Суди зеҳнии Пекин мисолҳои равшани татбиқи он мебошанд. Дар ин муассисаҳо судяҳо-роботҳо (ба истилоҳ "AI Judges") қарорҳои оддиро дар асоси таҳлили алгоритмии далелҳо қабул мекунанд. Дар самти илми ҳуқуқшиносӣ Донишгоҳи Тсинхуа системаи "FaXin"-ро таҳия кардааст, ки ҳангоми тафсири қонунгузории кунунӣ ихтилофоти ҳуқуқиро ба таври худкор муайян мекунад ва ба олимон роҳҳои бартарафсозии коллизияҳоро пешниҳод менамояд.

Сингапур, ҳамчун як маркази молиявии Осиё, ба ташаккули низоми ҳуқуқии технологиявӣ афзалият додааст. Академияи ҳуқуқи Сингапур (SAL) платформаи "LawNet"-ро идора мекунад, ки на танҳо махзани санадҳои меъёрӣ ва амсоли судӣ, балки воситаи пуриқтидори таҳлили ҳуқуқӣ мебошад. Хусусияти фарқкунандаи таҷрибаи Сингапур ин ҳамгироии амиқи тиҷорат, давлат ва муассисаҳои илмӣ дар раванди коркарди маҳсулоти нави технологияи ҳуқуқӣ (Legal Tech) мебошад.

Британияи Кабир яке аз пешвоёни ҷаҳонӣ дар соҳаи технологияи ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Хусусияти фарқкунандаи модели бритониёӣ ин дастгирии фаъолонаи давлат аз стартапҳои ҳуқуқӣ ва ҳамгироии амиқи зеҳни сунъӣ ба раванди таҳсилот ва таҳқиқоти илмӣ мебошад. Ҳукумати Британия тавассути платформаи "LawTechUK" ва Маркази "Legal Geek" барои рушди ширкатҳои нави технологиявии ҳуқуқӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Ҳадафи асосӣ автоматикунонии хизматрасонии ҳуқуқӣ, аз ҷумла таҳияи шартномаҳо ва таҳлили ҳуҷҷатҳо мебошад. Дар Донишгоҳи Оксфорд дар доираи Маркази таҳқиқоти сотсиологӣ-ҳуқуқӣ (Oxford Centre for Socio-Legal Studies), лоиҳаи "Кушодани иқтидори зеҳни сунъӣ барои ҳуқуқи англис" амалӣ мешавад. Ин лоиҳа ба коркарди алгоритмҳои NLP (коркарди забони табиӣ) барои пешгӯии натиҷаҳои судӣ дар асоси таҳлили миллионҳо санади судӣ равона шудааст. Платформаи "DoNotPay", ки ба номи "аввалин робот-адвокат" маъруф аст, дар Британия тавассути зеҳни сунъӣ ба шаҳрвандон дар тартиб додани эътироз ба ҷаримаҳои автомобилӣ ва дигар хизматрасониҳои ҳуқуқии оддӣ кумак расонида, намунаи мушаххаси оммавӣ гардидани технологияи ҳуқуқӣ мебошад.

Таҷрибаи Канада дар ду самти асосӣ ҷолиби диққат аст: татбиқи платформаҳои ҳалли баҳсҳои онлайн (ODR) ва ташаккули низоми кушоди дастрасӣ ба иттилооти ҳуқуқӣ (Open Access). Дар Донишгоҳи Монреал Лабораторияи адлияи киберӣ дар таҳияи "судҳои онлайн" ва механизмҳои ҳалли баҳсҳо тавассути зеҳни сунъӣ пешсаф аст. Олимон усулҳои зеҳни сунъиро барои автоматикунонии раванди миёнаравӣ ва мусолиҳа дар баҳсҳои маданӣ коркард мекунанд, ки ин боиси коҳиши назарраси сарбории судҳо гардидааст. Пойгоҳи иттилооти ҳуқуқии Канада (CanLII), ки аз ҷониби ҷомеаи ҳуқуқшиносон идора мешавад, яке аз беҳтарин намунаҳои дастрасии кушод ба қонунгузорӣ ва амалияи судӣ дар ҷаҳон аст. CanLII на танҳо махзани матнҳо, балки воситаи пуриқтидори таҳлилӣ мебошад, ки ба муҳаққиқон имкон медиҳад тавассути API (интерфейси барномасозӣ) маълумоти ҳуқуқиро ба таври худкор таҳлил кунанд.

Австралия дар самти татбиқи технологияи муосири молиявӣ-ҳуқуқӣ (FinTech & LawTech) фаъолона пеш меравад.: Дар Мелбурн Маркази LawTech Hub ба татбиқи технологияи блокчейн дар иҷрои шартномаҳои ҳушманд (смарт-контрактҳо) ва таҳлили автоматии ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ машғул аст. Донишгоҳи Технологии Сидней (UTS) бошад, дар таҳияи барномаҳои таълимӣ барои ҳуқуқшиносоне, ки бо технологияи додаҳои бузург (Big Data) кор мекунанд, нақши калидӣ мебозад. Институти иттилооти ҳуқуқии Австралазия (AustLII) дар сатҳи ҷаҳонӣ намунавӣ эътироф шудааст. AustLII барои таҳқиқоти илмии ҳуқуқӣ додаҳои бузурги кушодаро (Open Legal Data) пешниҳод мекунад, ки муҳаққиқон метавонанд тавассути он қонунҳо ва қарорҳои судиро дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ба таври муқоисавӣ таҳлил намоянд.

Фаронса роҳи инқилобии кушодани тамоми додаҳои судӣ барои таҳлили илмиву тиҷоратиро интихоб кардааст. Қабули Қонуни "Барои ҷумҳурии рақамӣ" (Loi pour une République numérique) дар соли 2016 заминаи ҳуқуқӣ барои дастрасии кушод ба додаҳои судӣ гузошт. Тибқи ин қонун, тамоми қарорҳои судҳои Фаронса бояд ба таври ройгон ва дар формати мошинхонондашаванда дастрас бошанд. Платформаи "Doctrine.fr" яке аз пешрафтатарин воситаҳои зеҳни сунъӣ дар Аврупо барои таҳлили қонунгузорӣ ва амалияи судӣ мебошад. Ин платформа тавассути алгоритмҳои NLP ба ҳуқуқшиносон ва олимон имкон медиҳад, ки тамоюлҳои судиро пайгирӣ ва стратегияи беҳтарини мурофиавиро интихоб кунанд. Ин таҷриба нишон медиҳад, ки "додаҳои кушода" худ ба худ ба рушди илм ва тиҷорати ҳуқуқӣ мусоидат мекунад.

Нидерланд дар сатҳи аврупоӣ бо таҳқиқоти байнисоҳавии худ дар пайвандгоҳи ҳуқуқ ва технология фарқ мекунад. Институти Тилбург оид ба ҳуқуқ, технология ва ҷомеа (TILT) яке аз марказҳои пешбари ҷаҳонӣ дар таҳқиқоти байнисоҳавӣ оид ба зеҳни сунъӣ ва ҳуқуқ мебошад. Тадқиқот дар ин марказ ба масъалаҳои ахлоқии зеҳни сунъӣ, ҳифзи додаҳо ва танзими ҳуқуқии робототехника равона шудааст. Нидерланд яке аз аввалин кишварҳоест, ки лоиҳаи "e-Court" (суди рақамӣ)-ро амалӣ намуд. Ин низоми пурраи рақамии ҳалли баҳсҳои маданӣ имкон медиҳад, ки раванди судӣ бидуни иштироки ҷисмонии тарафҳо, танҳо тавассути мубодилаи ҳуҷҷатҳои рақамӣ ва алгоритмҳои ҳалли баҳс анҷом дода шавад.

Эстония ҳамчун яке аз давлатҳои пешрафтатарини рақамӣ дар ҷаҳон аз соли 2019 озмоиши "судяи робот"-ро барои парвандаҳои хурди молиявӣ оғоз кардааст. Дар доираи лоиҳаи муштараки Вазорати адлия ва Донишгоҳи Тарту низоми зеҳни сунъӣ барои ҳалли баҳсҳои молиявӣ бо маблағи 7000 евро тарҳрезӣ шудааст. Тарафҳо ҳуҷҷатҳоро ба платформа бор мекунанд ва зеҳни сунъӣ қарори ибтидоӣ қабул мекунад, ки он танҳо дар сурати эътирози тарафҳо ба судя-инсон барои тафтиши такрорӣ ирсол мешавад. Ин таҷриба барои таҳқиқоти илмии ҳуқуқӣ маводи амалии беназир фароҳам меорад. Низоми идоракунии электронии парвандаҳо "e-File" имкон медиҳад, ки тамоми раванди судӣ, аз пешниҳоди ариза то иҷрои ҳалнома, ба таври комил рақамӣ идора шавад. Муҳимтар аз ҳама, додаҳои ҷамъоваришуда дар "e-File" ба таври бешахсият барои таҳлили илмӣ ва такмили қонунгузорӣ дастрас мебошанд, ки ин модели беҳтарини "ҳуқуқи далелмеҳвар" (Evidence-based Law) ба ҳисоб меравад.

Дар кишварҳои ИДМ Русия пешсаф аст. Лоиҳаи миллии "Иқтисоди рақамӣ" самти "Танзими меъёрии рақамӣ"-ро дар бар мегирад. Дар Академияи давлатии ҳуқуқии Маскав озмоишгоҳи "Технологияи ҳуқуқӣ" амал мекунад, ки ба таҳлили додаҳои бузург дар қонунгузорӣ машғул аст. Дар Қазоқистон бошад, дар доираи платформаи "Пулти зеҳнӣ (Smart Bridge)" шаҳодатномаҳои рақамӣ ва шартномаҳои зеҳнӣ ҷорӣ шудаанд, ки маводи зиёди таҷрибавӣ барои таҳқиқоти илмӣ фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ тавассути низоми "e-Government" ва Пойгоҳи марказии иттилооти ҳуқуқии "Адлия" ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст. Ин махзан дастрасии мутахассисонро ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ осон намуд. Аммо, аз диди илми ҳуқуқшиносӣ ин платформа бештар функсияи иттилоотӣ дорад, на таҳлилӣ.

Бо назардошти таҳлили ба анҷом расонидашуда дар рақамикунонии илми ҳуқуқшиносӣ мушкилоти асосии зерин мавҷуданд:

- Кулли таҳқиқоти диссертатсионӣ ба усулҳои шарҳи мантиқӣ-ҳуқуқӣ ва муқоисавӣ-таърихӣ такя мекунанд. Усулҳои миқдорӣ (квантитативӣ) дар ҳуқуқшиносӣ қариб истифода намешаванд.

- Нарасидани мутахассисоне, ки ҳам дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ ва ҳам дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дониши амиқ дошта бошанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фанни "Ҳуқуқи рақамӣ ва технологияи ҳуқуқӣ" ворид нашудааст.

- Сарфи назар аз мавҷудияти низоми "Адлия", амалияи судӣ, омори ҳуқуқӣ ва маълумот оид ба иҷрои қонунҳо дар формати мошинхонондашаванда (machine-readable) ва ба таври оммавӣ дастрас нестанд. Ин имкони татбиқи технологияи Big Data-ро маҳдуд месозад.

Бо назардошти таҳлили таҷрибаи байналмилалӣ ва хусусиятҳои низоми ҳуқуқии миллӣ, модели зерини татбиқ пешниҳод мешавад:

1. Ташаккули низоми иттилоотии кушод (Open Legal Data). Зарур аст, ки Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ якҷоя бо Вазорати адлия ва Суди Олӣ лоиҳаи “Интерфейси барномасозии ҳуқуқӣ” (Legal AP)-ро оғоз намояд. Ин платформа бояд имконият диҳад, ки маълумоти бешахсияти судӣ, омор ва матнҳои қонунҳо ба таври худкор барои таҳлили илмӣ боргирӣ шаванд. Таҷрибаи ИМА дар самти "CourtListener" метавонад намуна бошад.

2. Таъсиси озмоишгоҳи " Технологияи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи рақамӣ " дар назди Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ. Вазифаҳои асосии он коркарди алгоритмҳои таҳлили матни қонунҳо барои муайян кардани мухолифат ва экспертизаи зиддикоррупсионии лоиҳаҳои қонунҳо, моделсозии компютерии оқибатҳои қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ. гузаронидани экспертизаи рақамии лоиҳаҳои қонунҳо бояд шавад.

3. Модернизатсияи раванди таълим ва илм тавассути таҳия ва ҷорӣ намудани ихтисоси нави "Ҳуқуқшиносии рақамӣ ва таҳлили ҳуқуқӣ", ба феҳристи ихтисосҳои илмӣ ворид намудани самти "Технологияҳои иттилоотӣ дар ҳуқуқ", гузаронидани семинарҳои доимӣ барои кормандони суд, прокуратура ва адвокатура оид ба воситаҳои рақамии таҳлили ҳуқуқӣ.

4. Ҳамкории байналмилалӣ. Пешниҳод мешавад, ки бо донишгоҳи Тсинхуаи Чин дар самти таҳлили автоматӣ ва бо Академияи ҳуқуқи Сингапур дар самти сохтани платформаҳо ҳамкорӣ густариш дода шавад. Инчунин истифодаи таҷрибаи кишварҳои ИДМ, бахусус Русия ва Қазоқистон дар самти мутобиқсозии низоми ҳуқуқӣ ба шароити рақамӣ муфид хоҳад буд.

Хулоса, рақамикунонии илми ҳуқуқшиносӣ дар Тоҷикистон на танҳо як раванди технологӣ, балки як зарурати объективӣ барои таъмини сифати қонунгузорӣ ва волоияти қонун мебошад. Ҳуқуқшиноси оянда на танҳо донандаи матни қонун, балки таҳлилгари додаҳои ҳуқуқӣ хоҳад буд. Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ ҳамчун муассисаи пешбари илмии кишвар, бояд дар маркази ин тағйирот қарор гирад. Татбиқи тавсияҳои пешниҳодшуда ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар ҳавзаи илми ҳуқуқшиносӣ ба сатҳи давлатҳои пешрафта баробар шавад.

САНГИНЗОДА Д.Ш. – муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

ДИПЛОМАТИЯИ МАШВАРАТӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ: АФЗАЛИЯТҲОИ ГЕОПОЛИТИКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЗАМИНАИ ВОХӮРИИ ЧОЛПОН-АТАИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲО

(Дар ҳошияи сафари ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии ғайрирасмии машварати сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон, 30 июл - 1 августи 2026 )

30 июли соли 2026 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон барои иштирок дар Вохӯрии ғайрирасмии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон сафар карданд. Чорабинии мазкур дар заминаи тағйироти куллии муносибатҳои байналмилалӣ ба амал омад, ки онҳо бо афзоиши номуайянӣ, тағйири тавозуни қувваҳо ва ҷустуҷӯи форматҳои нави ҳамкории бисёрҷониба хос мебошанд. Дар чунин шароит Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақаи стратегӣ дар буриши геофазои гуногун аҳамияти вижа касб менамояд. Вожаи «Осиёи Марказӣ» дар ин пажӯҳиш мафҳуми геополитикиеро ифода мекунад, ки шаш кишвари Осиёи Марказиро – Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва бо таваҷҷуҳ ба васеъшавии формат – Ҷумҳурии Озарбойҷонро дар бар мегирад.

Дар илми муосири муносибатҳои байналмилалӣ дипломатияи машваратӣ ҳамчун намуди вижаи фаъолияти дипломатӣ мавқеи хос дорад. Дар Осиёи Марказӣ вохӯриҳои машваратии ғайрирасмии сарони давлатҳо институти беназири дипломатияи минтақавиро таҷассум мекунанд, ки дар посух ба ниёз ба механизмҳои чандири ҳамкорӣ ташаккул ёфтааст. Ин формат ба ширкаткунандагон имкони мубодилаи озоди афкор, муҳокимаи ҳассостарин масъалаҳо ва таҳияи равишҳои муштарак нисбат ба мушкилоти умумӣ бидуни расмиятёбии аз ҳад зиёдро фароҳам меорад.

Марҳалаи кунунии рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар минтақа аз он шаҳодат медиҳад, ки форматҳои сахти институтсионалишуда – аз қабили Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъона, Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ва дигар сохторҳо – на ҳама вақт метавонанд посухи саривақтии ба мушкилоти пешомада диҳанд. Вохӯриҳои ғайрирасмӣ дар ин ҷиҳат чандирии бештар дошта, ба ҷонибҳо имкони пешниҳоди ташаббусҳои нав ва баррасии масъалаҳои мубрамро бидуни тартиботи сахти қарордиҳӣ медиҳанд.

Вохӯрӣ дар Чолпон-Ота, ки 30 июл – 1 августи соли 2026 баргузор мегардад, ки сарварони шаш давлатро гирд овард. Дар он Ҷумҳурии Қирғизистон (президент Садир Жапаров ҳамчун ҷониби мизбон), Ҷумҳурии Озарбойҷон (Илҳом Алиев), Ҷумҳурии Қазоқистон (Қосим-Ҷомарт Токаев), Ҷумҳурии Тоҷикистон (Эмомалӣ Раҳмон), Ҷумҳурии Туркманистон (Сардор Бердимуҳаммедов) ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон (Шавкат Мирзиёев) иштирок мекунанд. Ин аст, ки ҳузури шаш сарвари давлат дар як саҳнаи дипломатӣ дар Осиёи Марказӣ – падидаи нодир мебошад, ки худи ба худ далели аҳамияти баланди чорабинӣ аст.

Аз дигар ҷанба, дохил шудани Озарбойҷон ба ин формат равияи нави ҳамкории минтақавиро нишон медиҳад. Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар қаламрави Қафқоз ҷойгир аст, метавонад нақши пулро дар робитаи байни Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Аврупо иҷро намояд. Дар ин маврид, рушди роҳи нақлиётии байналмилалии «Транскаспий» ё «Коридори миёна» аз муҳимтарин масъалаҳое мебошад, ки манфиатҳои ҳамаи ширкаткунандагон дар он ҷамъ меоянд.

Илова бар ин, макони баргузории вохӯрӣ – шаҳри Чолпон-Ата дар соҳили кӯли Иссиқкӯл, ки барои чунин чорабиниҳо анъанавӣ гардидааст, аҳамияти рамзӣ дорад. Интихоби макони соҳилӣ хусусияти ғайрирасии чорабиниро таъкид менамояд, ки ба эҷоди муҳити боварӣ ва кушодагӣ, барои муҳокимаи масъалаҳои мураккаби рӯзномаи минтақавӣ мусоидат менамояд.

Таҳлили илмии вохӯрӣ дар Чолпон-Ата берун аз заминаи кори таҳқиқотие, ки дар институтҳои академникии минтақа сурат мегирад, имконнопазир аст. Маҳз арзёбиҳои коршиносӣ, ки дар асоси дониши амиқи хусусиятҳои минтақавӣ омода карда мешаванд, ба таҳияи тавсияҳои асоснок барои қабули қарорҳои сиёсати хориҷӣ имкон медиҳанд. Дар ин самт, Институти омӯзиши масъалаҳои давлатӣҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки дар сохтори он Шуъбаи ИДМ фаъолият менамояд, яке аз марказҳои пешбари илмии кишвар мебошад.

Баррасии рӯзномаи расмии вохӯрии Чолпон-Ата имкон медиҳад, ки чанд блоки калидии масъалаҳо ҷудо карда шаванд, ки ҳар яке бевосита ба манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл доранд. Ин масъалаҳо ба се гурӯҳи асосӣ ҷудо мешаванд.

Гурӯҳи якум, ҳамкории иқтисодӣ – энергетика, савдо ва роҳҳои нақлиётию логистикӣ. Дар шароити ноустувории иқтисодии ҷаҳонӣ, масъалаҳои таъмини амнияти энергетикӣ ва рушди инфрасохтори нақлиётию логистикӣ аҳамияти аввалия касб менамоянд. Тоҷикистон дорои захираи бузурги гидроэнергетикӣ мебошад ва ба табдил ёфтан ба содироткунандаи минтақавии барқ кӯшиш менамояд. Бинобар ин, эҷоди шароити мусоиди транзити энергия ва ҳамоҳангсозии бозорҳои энергетикии Осиёи Марказӣ барои Тоҷикистон аз афзалиятҳои аввалиндараҷа мебошад. Аз тарафи дигар, гуногунсозии роҳҳои нақлиёт – яъне рушди роҳҳое, ки Осиёи Марказиро бо бозорҳои ҷаҳонӣ тавассути минтақаи Каспий ва Қафқоз пайвастагӣ медиҳанд, ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон мувофиқ аст. Зеро Тоҷикистон ҳамчун кишвари роҳи баҳр надошта, аз имконоти транзитии ҳамсояҳо вобаста мебошад. Аз ин рӯ, иштироки Озарбойҷон дар ин вохӯрӣ дар ҳамин замина стратегӣ ба назар мерасад.

Гурӯҳи дуюм, амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ. Осиёи Марказӣ бо маҷмӯи мушкилоти амниятӣ рӯ ба рӯ мебошад, ки муҳимтарини онҳо ҷинояткории фаромарзӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, паҳншавии экстремизм ва терроризм, инчунин оқибатҳои тағйири иқлим мебошанд. Барои Тоҷикистон, ки марзи дарозрӯя бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дорад, мавзӯи мустаҳкам намудани сарҳадҳои ҷанубии минтақа яке аз марказӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ (Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо) унсури зарурии нигоҳдории субот дар минтақа мебошад. Вохӯриҳои машваратӣ дар ин самт имкон медиҳанд, ки равишҳои ҳамоҳангшуда нисбат ба мушкилоти умумӣ таҳия карда шаванд.

Гурӯҳи сеюм, рушди робитаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ. Андозаи гуманитарии ҳамкории минтақавӣ, ки мубодилаи таълимӣ, сайёҳӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва фарҳангро дар бар мегирад, гарчанде ки ба гурӯҳи масъалаҳои амнияти «сахт» тааллуқ надорад, вале барои ташаккули боварии устувор миёни халқҳои минтақа шароити зарурӣ фароҳам меорад. Чунон ки дар Форуми сеюми марказҳои таҳлилии «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» дар Душанбе қайд гардид, дипломатияи ҷамъиятӣ ҳамчун «пули ҳамкорӣ байни минтақаҳо» мавқеи муҳим дорад. Ҳамчунин, дар ин форум масъалаҳои таҳкими «мубодилаи перспективии байни одамон» мавриди муҳокима қарор гирифтанд, ки аз дарки аҳамияти сармояи инсонӣ ҳамчун асоси равандҳои ҳамгироӣ шаҳодат медиҳад.

Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии Чолпон-Ата ҳам хусусияти тактикӣ ва ҳам хусусияти стратегӣ дорад.

Аз нигоҳи тактикӣ, ин сафар аз пайвастагии пайдарпайи Тоҷикистон ба дипломатияи бисёрвекторӣ ва кӯшиши нигоҳдории муколамаи созанда бо ҳамаи шарикони минтақавӣ шаҳодат медиҳад. Он ки дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти мамлакатро Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси Маҷлиси намояндагон, Сарвазири кишвар ва муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ба видоъ расонданд, аҳамияти давлатии ин миссияро таъкид мекунад. Ин далели он аст, ки ба вохӯрӣ дараҷаи олии давлатӣ дода шудааст ва натиҷаҳои он метавонанд ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон таъсир расонанд. Илова бар ин, пешвози ботантана дар фурудгоҳи Иссиқкӯл бо иштироки Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Қирғизистон ва сафи фахрӣ рамзи олии дипломатӣ мебошад, ки сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро тасдиқ менамояд. Ба назар мерасад, ки дар солҳои охир муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи нави ҳамкорӣ расидаанд, ки дар он эҳтироми мутақобила ва ҳалли масъалаҳо тавассути муколама ҷойи беэътимодиро гирифтааст.

Аз нигоҳи стратегӣ, иштироки сарвари Тоҷикистон дар ин формат ба стратегияи дарозмуддати сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ, ки ба тақвияти мавқеи Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии масъул ва пешбинишавандаи равандҳои минтақавӣ нигаронида шудааст, мутобиқ аст. Дар рафти вохӯрӣ мавзӯъҳое мавриди муҳокима қарор мегиранд, ки бевосита ояндаи минтақаро дар солҳои пеш муайян мекунанд: аз меъмории амнияти минтақавӣ то стратегияи рушди иқтисодӣ. Иштироки фаъолона дар чунин муҳокимаот ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки манфиатҳои миллии худро ҳимоя намояд ва ба ташаккули он модели муносибатҳои минтақавӣ, ки тавозуни манфиатҳои ҳамаи тарафҳоро ба инобат мегирад, мусоидат кунад.

Аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ, иштироки сарвари давлат дар чунин вохӯриҳо татбиқи ҳуқуқи ҳокимияти соҳибихтиёрии давлат дар барқарор намудани тамосҳои мустақими байнидавлатӣ мебошад, ки дар Конвенсияи Вена оид ба ҳуқуқи шартномаҳои байналмилалии соли 1969 ва дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудааст. Хусусияти ғайрирасии вохӯрӣ аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсии онро паст намегардонад; баръакс, он фазои иловагӣ барои маневри дипломатӣ ва ҷустуҷӯи қарорҳои тарафайнқабулро фароҳам меорад.

Сарфи назар аз пешрафтҳои назаррас дар ҳамкории минтақавӣ, Осиёи Марказӣ бо як қатор мушкилоти ҳалнашуда дучор аст. Ин мушкилотро ба се гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст.

1. Давлатҳои минтақа афзалиятҳои гуногуни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва дараҷаи гуногуни ҷалбшавӣ ба лоиҳаҳои ҳамгироӣ (ЕАОС, ШАНҲО, лоиҳаҳои «Камарбанд ва роҳ»-и Чин ва ғайра) доранд. Ин фарқиятҳо ба ҳамоҳангсозии сиёсати иқтисодии онҳо монеъ мешаванд. Масалан, Қазоқистон ва Қирғизистон аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошанд, дар ҳоле ки дигар кишварҳои минтақа дар ин созмон ширкат надоранд. Ҳамоҳангсозии мавқеъҳои ин кишварҳо дар доираи созмонҳои гуногун вазифаи мушкил аст.

2. Масъалаҳои истифодаи муштараки захираҳои обии фаромарзӣ яке аз ҳассостарин мавзӯъҳо дар рӯзномаи минтақавӣ боқӣ мемонанд. Истифодаи оби дарёҳои Сирдарё ва Омударё дар байни кишварҳои минтақа ҳамеша мавзӯи ихтилоф буд. Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки дорои захираҳои бузурги об мебошад, аз сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии «Роғун» ва дигар лоиҳаҳои энергетикӣ манфиатдор аст, дар ҳоле ки кишварҳои поёноби дарёҳо – Ӯзбекистон ва Туркманистон – аз тағйири ҷараёни об нигаронанд. Ҳалли ин масъала дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалии об ҷойгир буда, таҳияи механизмҳои тарафайнқабули тақсими захираҳои обиро тақозо менамояд.

3. Осиёи Марказӣ майдони рақобати байни бозигарони бузурги геополитикӣ – Русия, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои минтақаи Халиҷи Форс боқӣ мемонад. Ҳар яке аз ин бозигарон манфиатҳои худро дар Осиёи Марказӣ доранд, ки баъзан ба манфиатҳои кишварҳои минтақа мувофиқат намекунанд. Нигоҳдории истиқлолияти раванди сиёсати хориҷӣ ҳамзамон бо истифодаи имконоти ҳамкорӣ бо шарикони гуногуни беруна яке аз вазифаҳои калидии давлатҳои минтақа мебошад. Дар ин росто, Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати бисёрвекториро пеш мебарад, ки ба он имкон медиҳад бо ҳамаи бозигарони асосӣ муносибати мусоид нигоҳ дорад.

Институти омӯзиши масъалаҳои кишварҳои Осиё ва Аврупо, ки дорои захираи зарурии кадрӣ ва салоҳиятҳои таҳқиқотӣ мебошад, даъват шудааст, ки дар таҳияи илмӣ-таҳлилии масъалаҳои зикршуда нақши муҳим бозад. Таҳлили амиқи равандҳои минтақавӣ ва пешниҳоди тавсияҳои асоснок ба мақомоти давлатӣ вазифаи асосии Шуъбаи ИДМ мебошад.

Дурнамои рушди минбаъдаи формати вохӯриҳои машваратӣ хеле умедбахш ба назар мерасад. Таҷриба нишон медиҳад, ки чунин чорабиниҳо ба ташаккули муҳити боварӣ мусоидат намуда, барои ҳалли ҳатто мураккабтарин мушкилоти дуҷониба ва бисёрҷониба замина фароҳам меоранд. Дохил шудани кишварҳои нав, аз ҷумла Озарбойҷон, ба ин раванд барои ташаккули платформаи васеътари минтақавии ҳамкорӣ замина фароҳам меорад.

Вохӯрии ғайрирасмии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар Чолпон-Ата, ки 30 июл – 1 августи соли 2026 баргузор мегардад, марҳилаи нави таҳаввули муколамаи минтақавӣ гардид. Ин вохӯрӣ нишон дод, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ қодиранд, ки масъалаҳои мубрамро дар сатҳи олӣ бевосита муҳокима намуда, барои ҳалли онҳо роҳҳои муштарак пайдо кунанд.

Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин чорабинӣ аҳди суботкори Тоҷикистонро ба принсипҳои ҳамзистии нек, шарикии баробарҳуқуқ ва ҳамкории тарафайн тасдиқ намуд. Ҳамчунин, ин сафар собит месозад, ки Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи фаъол дорад ва барои таъмини манфиатҳои миллӣ, таҳкими амният ва рушди иқтисодии кишвар талош менамояд.

Аз нигоҳи илмӣ, ин вохӯрӣ маводи ғаниро барои таҳлили таҳаввули институтҳои ҳамкории минтақавӣ, механизмҳои қабули қарорҳои сиёсати хориҷӣ ва усулҳои ҳамроҳии дипломатии манфиатҳои миллӣ фароҳам меорад. Хусусияти ғайрирасии вохӯрӣ барои муҳокимаи кушода ва боварии мубрамтарин масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ – аз ҳамкории энергетикӣ ва рушди инфрасохтори нақлиётию логистикӣ то ҳамоҳангсозии равишҳо ба мушкилоти амният ва рушди робитаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ – шароити мусоид фароҳам меорад.

Институти омӯзиши масъалаҳои кишварҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва махсусан Шуъбаи ИДМ дар таъмини илмӣ-таҳлилии сиёсати хориҷии кишвар вазифаи муҳимро иҷро менамояд. Мониторинги низомноки равандҳои ҳамгироӣ дар фазои пасошӯравӣ, таҳлили амиқи динамикаи минтақавӣ ва таҳияи тавсияҳои коршиносӣ барои ташаккули пойгоҳи далелӣ ҳангоми қабули қарорҳои сиёсати хориҷӣ асос мебошанд. Аҳамияти чунин тадқиқот на танҳо бо ниёзҳои дохилиминтақавӣ, балки бо зарурати таҳияи мавқеи ҳамоҳангшудаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити тағйири низоми ҷаҳонии муносибатҳои байналмилалӣ муайян карда мешавад.

САНГИНЗОДА Дониёр - сарходими илмии шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои ҳуқушиносӣ, профессор.

"БОЗИҲОИ ОЯНДА" - КОНСЕПСИЯИ НАВИ ОМЕЗИШИ ВАРЗИШИ АНЪАНАВӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ

(дар ҳошияи иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии “Бозиҳои оянда-2026”)

2Дар асри XXI, ки технологияи иттилоотӣ ва рақамисозӣ ба ҳама соҳаҳои ҳаёти инсонӣ ворид шудааст, варзиш низ аз ин тағйирот дур намондааст. Шаклҳои нави рақобат, ки варзишҳои анъанавии ҷисмониро бо технологияҳои пешрафтаи рақамӣ омехта мекунанд, пайдо шудаанд. Намунаи барҷастаи чунин таҳаввул мусобиқаи байналмилалии "Бозиҳои оянда" мебошад, ки аввалин маротиба дар соли 2024 дар шаҳри Қазони Русия баргузор шуд ва дар соли 2026 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон бо иштироки васеи кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, идома ёфт. Иштироки сарони давлатҳо, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи ин бозиҳо, аҳамияти баланди сиёсӣ ва фарҳангии ин тадбири байналмилалиро нишон медиҳад.

"Бозиҳои оянда" як формати беназири мусобиқавӣ мебошад, ки онро метавон ҳамчун " варзиш электронӣ " (фиджитал спорт - ҳамроҳии фарҳанги ҷисмонӣ ва технологияҳои рақамӣ) тавсиф кард. Ғояи асосии ин бозиҳо дар он аст, ки варзишҳои классикӣ, аз қабили футбол, варзиши сабук, мошинронӣ ё муштзанӣ дар як низоми рақамӣ бо намудҳои гуногуни бозиҳои компютерӣ ва технологияҳои воқеияти иловагӣ (AR) ва маҷозӣ (VR) муттаҳид карда мешаванд. Чунин омезиш имкон медиҳад, ки на танҳо қобилиятҳои ҷисмонии варзишгарон, балки малакаҳои стратегӣ, зеҳнии сунъӣ ва мутобиқшавии технологӣ низ мавриди санҷиш қарор гиранд.

Аз нуқтаи назари фарҳангшиносӣ "Бозиҳои оянда" рамзи гузариш ба давраи нави фарҳангии башарият мебошад, ки дар он сарҳадҳои байни воқеияти ҷисмонӣ ва фазои киберӣ торафт норавшантар мешаванд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар суханронии худ қайд карданд, ки ин бозиҳо "рӯҳияи замонро инъикос мекунанд ва рушди варзишҳои анъанавиро бо имкониятҳои бепоёни зеҳнии фазои киберӣ муттаҳид месозанд" . Ин формат ба ҷомеа имкон медиҳад, ки варзишро на танҳо ҳамчун фаъолияти ҷисмонӣ, балки ҳамчун як соҳаи инноватсионӣ, ки дар он технология нақши калидӣ мебозад, дарк намояд.

Аввалин мусобиқаи "Бозиҳои оянда" дар соли 2024 дар шаҳри Қазон (Русия) баргузор шуд, ки дар он 2000 варзишгар аз 104 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. Ин таҷриба нишон дод, ки лоиҳа мавриди таваҷҷӯҳи васеъ қарор гирифтааст, зеро он бе ягон ангезаву ғаразҳои сиёсӣ ва дар муҳити "мунсифона" сурат гирифт . Иштирокчиён аз Тоҷикистон, ки 35 нафар буданд, дар панҷ намуди мусобиқа, аз ҷумла барномарезии варзишӣ (киберварзиш) ва бозиҳои ҳаракатӣ ба монанди "Beat Saber" ширкат намуда, бо таассуроти нек ба Ватан баргаштанд .

Дар соли 2026 ин мусобиқа ба марҳилаи нави рушд қадам гузошт ва дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона баргузор шуд. Интихоби Остона ҳамчун макони баргузорӣ аз эътирофи байналмилалии ин лоиҳа ва талоши кишварҳои Осиёи Марказӣ барои пешбурди инноватсия шаҳодат медиҳад. Даъвати Президенти Қазоқистон аз сарони кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба ин мусобиқа мақоми баланди сиёсиро бахшидааст. Дар маросими ифтитоҳ, ки бо иштироки ҳайатҳои расмии баландпоя баргузор шуд, нақши "Бозиҳои оянда" дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии варзиши рақамӣ ҳамчун самти нави рушд таъкид гардид .

"Бозиҳои оянда-2026" на танҳо як чорабинии варзишӣ, балки як платформаи муҳими технологӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Ин мусобиқа ба рушди варзиши рақамӣ (киберварзиш) дар сатҳи кишварҳо мусоидат карда, меъёрҳои нави технологӣ ва рақамиро муқаррар мекунад. Баргузории чунин чорабиниҳо кишварҳоро водор месозад, ки ба инфрасохтори технологияи иттилотӣ, таъмини интернети баландсуръат ва омодасозии мутахассисони соҳаи технологияи иттилоотӣ сармоягузорӣ кунанд. Мусобиқа ба "таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод байни мардумони ҷаҳон" мусоидат мекунад. Дар замони муосир, ки муносибатҳои байналмилалӣ мураккаб гардидаанд, чунин ташаббусҳои фаромиллӣ ҳамчун воситаи "дипломатияи рақамӣ" амал намуда, имкон медиҳанд, ки муошират тавассути забони умумии варзиш ва технология сурат гирад. Ин бозиҳо бе "ангезаҳои сиёсӣ" баргузор мешаванд, ки ин ба рушди робитаҳои байни ҷавонон ва мутахассисони кишварҳои гуногун мусоидат мекунад .

Иштироки сатҳи баланди Тоҷикистон дар ин чорабинӣ аз таваҷҷӯҳи ин кишвар ба рушди технологияҳои рақамӣ ва варзиш шаҳодат медиҳад. Дастгирии ин мусобиқа дар сатҳи сарвари давлат нишон медиҳад, ки ҳукумати Тоҷикистон ба омодасозии кадрҳо барои иқтисоди рақамӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти фаъол ва инноватсионӣ дар байни ҷавонон аҳамияти калон медиҳад. Иштироки варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо, ки таҷрибаи мусбии онҳо дар мусобиқаи соли 2024 сабт шудааст, метавонад ба рушди киберварзиш дар дохили кишвар ва ба вуҷуд омадани бозигарони нави сатҳи ҷаҳонӣ ангеза бахшад .

Мусобиқаи байналмилалии "Бозиҳои оянда-2026" як падидаи муҳими фарҳангӣ ва технологӣ аст, ки ба рушди самти нави варзиш – ҳамроҳии фарҳанги ҷисмонӣ ва технологияи рақамӣ мусоидат мекунад. Ин ташаббус на танҳо ба рушди соҳаи тахналогияи иттилоотӣ ва киберварзиш дар кишварҳои иштирокчӣ, аз ҷумла Тоҷикистон нигаронида шудааст, балки ба таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ тавассути ҷалби ҷавонон ва мутахассисон ба муоширати ғайрисиёсӣ дар фазои рақамӣ ва варзишӣ мусоидат менамояд.

Ҳамчун як формати инноватсионӣ "Бозиҳои оянда" метавонад дар оянда ба модели асосии мусобиқаҳои байналмилалӣ табдил ёбад, ки дар он на танҳо қувваи ҷисмонӣ, балки зеҳн ва малакаҳои технологӣ низ арзёбӣ карда мешаванд. Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар роҳи рушди иқтисоди рақамӣ қарор доранд, чунин платформаҳо имконияти беҳамто барои ҳамгироӣ ба фазои ҷаҳонии технологӣ ва ҷалби сармоягузориҳо ба бахши варзиш ва технология мебошанд.

Таҳлили мусобиқаҳои "Бозиҳои оянда-2024" дар Қазон ва "Бозиҳои оянда-2026" дар Остона нишон медиҳад, ки ин чорабинӣ на танҳо як рӯйдоди варзишӣ, балки платформаи муҳими байналмилалӣ барои рушди технология, ҷалби ҷавонон ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ мебошад. Баргузории ин чорабинӣ дар шаҳри Душанбе метавонад ба рушди варзиши рақамӣ ва технологии Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшад. Таҷрибаи пешинаи иштироки 35 варзишгари тоҷик дар Қазон ва ҳамроҳии директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар сафари Президент ба Остона нишондиҳандаи нияти ҷиддии кишвар барои ҳамгироӣ дар ин самт мебошанд .

Дар асоси таҳлили шакл ва талаботи ин мусобиқа, пешниҳодҳои мушаххаси зерин барои пешбурди ин ташаббус дар Душанбе пешкаш менамоем:

1. Таъсиси инфрасохтори муосир. Ба монанди Қазоқистон, ки Дирексияи махсуси тайёрӣ таъсис дод, дар Тоҷикистон низ бояд Дастгоҳи иҷроияи "Бозиҳои оянда" таъсис дода шавад. Вазифаи он ҳамоҳангсозии корҳо бо Кумитаи варзиш ва ҷавонон, Агентии инноватсия ва дигар ниҳодҳо хоҳад буд. Барои мусобиқа ба якчанд толори варзишӣ ва платформаҳои рақамӣ мо ниёз дорем. Дар Душанбе мумкин аст аз инфрасохтори мавҷуда (Маҷмааи "Душанбе Арена", толорҳои нави киберварзиш) истифода бурда, барои ин чорабинӣ онҳоро ба стандартҳои байналмилалӣ расонид.

2. Таҳияи барномаи миллии варзиши электронӣ. "Бозиҳои оянда" асосан дар формати клубӣ баргузор мешавад, яъне дар як даста варзишгарон ва киберварзишгарон аз кишварҳои гуногун метавонанд бозӣ кунанд. Барои муваффақият Тоҷикистон бояд дар сатҳи дохилӣ Федератсияи варзиши компютерӣ ва электрониро рушд диҳад, дар мактабҳо ва донишгоҳҳо курсҳо ҷорӣ кунад ва дастаҳои омехтаи маҳаллӣ барои ширкат дар ин мусобиқа тайёр кунад. Иштироки нахустини варзишгарони тоҷик дар соли 2024 дар панҷ намуд (омехта, "Beat Saber" ва ғ.) таҷрибаи хубе барои тайёрии дастаҳо мебошад.

3. Ҷалби ҷавонон ва пешбурди тарзи ҳаёти инноватсионӣ. Тавре ки дар Қазоқистон қайд шуд, ин формат барои ҷалби наслҳои нав ба варзиш тавассути технология имконият медиҳад. Дар Тоҷикистон, ки беш аз 60% аҳолӣ ҷавонон мебошанд, ин платформа беҳтарин воситаи ташвиқи ҷавонон ба технология ва варзиш аст. Бояд озмунҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳо ташкил карда шаванд, то беҳтарин бозигарон муайян ва барои мусобиқаи байналмилалӣ омода карда шаванд.

4. Муаррифии Тоҷикистон ҳамчун маркази инноватсия. Баргузории чунин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ дар Душанбе ба баланд бардоштани имиҷи байналмилалии Тоҷикистон ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ мусоидат мекунад. Ин метавонад як стратегияи муассири "дипломатияи рақамӣ" бошад, ки муоширати бевоситаи ҷавонон ва мутахассисони соҳаро аз саросари ҷаҳон таъмин менамояд. Ҳамчунин, барои таъмини маблағгузории мусобиқа, ки дар Остона $4.65 млн ташкил дод, ҷалби шарикони спонсор ва сармоягузорони байналмилалӣ зарур аст.

5. Ворид намудани илова ба қонунҳо ва муқаррар намудани имтиёзҳо барои рушди варзиши электронӣ. Барои ба даст овардани ҳуқуқи мезбон Тоҷикистон бояд дар сатҳи қонунгузорӣ ислоҳот ворид намояд, то мақоми варзиши рақамиро муайян карда, барои фаъолияти клубҳои киберварзишӣ ва ташкилкунандагони ин намуди чорабиниҳо имтиёзҳо аз андоз пешбинӣ намояд.

Хулоса, гузаронидани "Бозиҳои оянда" дар шаҳри Душанбе метавонад на танҳо як лоиҳаи варзишӣ, балки як қадами стратегӣ ба сӯи рушди иқтисоди рақамӣ ва ҳамгироии ҷавонони Тоҷикистон ба фазои ҷаҳонии технологӣ гардад.

Мирзозода П.З. - директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

212Истиқлоли давлатӣ – оғози марҳилаи нави давлатдории тоҷикон. Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат на танҳо воқеаи муҳими сиёсӣ, балки нуқтаи ибтидоии марҳилаи нави таърихӣ, ҳуқуқӣ ва тамаддунсоз ба ҳисоб меравад. Барои халқи тоҷик низ 9 сентябри соли 1991 санаест, ки бо эълони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ормони чандинҳазорсолаи давлатдории миллӣ ҷомаи амал пӯшид. Бо қабули Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатдорӣ ҳамчун арзиши олии сиёсӣ ва ҳуқуқии миллат эҳё гардида, заминаи воқеии ташаккули низоми мустақили ҳокимияти давлатӣ, қонунгузории миллӣ ва сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам омад.

Арзиши воқеии истиқлолият танҳо дар соҳиб шудан ба ҳудуд, рамзҳои давлатӣ ё эътирофи байналмилалӣ ифода намеёбад. Пеш аз ҳама, истиқлолият маънои соҳибихтиёрии давлатро дар муайян намудани роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худ таҷассум менамояд. Маҳз истиқлолият ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият дод, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян намуда, бо такя ба манфиатҳои миллӣ роҳи давлатсозии муосирро интихоб намояд.

Дар баробари ин, истиқлолият барои миллати тоҷик танҳо натиҷаи як рӯйдоди сиёсӣ набуд. Он натиҷаи муборизаи тӯлонӣ, талошҳои таърихии ниёгон ва ормони деринаи халқи тоҷик барои соҳиб шудан ба давлати мустақили миллӣ мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки баъди суқути давлати Сомониён тоҷикон дар тӯли қариб ҳазор сол аз давлатдории мустақил маҳрум буданд. Бо вуҷуди ин, онҳо тавонистанд забон, фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва ҳувияти таърихии худро ҳифз намуда, онҳоро ҳамчун асоси эҳёи давлатдории миллӣ ба наслҳои оянда мерос гузоранд. Аз ҳамин лиҳоз, соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо падидаи сиёсӣ, балки барқарор гардидани адолати таърихӣ низ мебошад.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо яке аз душвортарин марҳилаҳои таърихи навини худ рӯ ба рӯ гардид. Буҳрони шадиди сиёсӣ, муқовиматҳои дохилӣ, фурӯпошии низоми иқтисодӣ ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ ба давлат ва ҷомеа хисороти бузурги моддиву маънавӣ ба ҷо гузоштанд. Дар чунин шароити мураккаб масъалаи асосӣ на танҳо ҳифзи истиқлолият, балки нигоҳ доштани худи давлат ва пешгирӣ намудани аз байн рафтани пояҳои давлатдорӣ буд.

Таҷрибаи бисёр кишварҳои ҷаҳон собит месозад, ки ба даст овардани истиқлолият оғози роҳи давлатсозист, на анҷоми он. Давлати мустақил танҳо дар сурате метавонад пойдор бошад, ки дорои Конститутсияи муосир, низоми самараноки идоракунӣ, волоияти қонун, иқтисоди рақобатпазир, ҷомеаи устувор ва сиёсати хориҷии мутавозин бошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар тӯли сию панҷ соли соҳибистиқлолӣ маҳз ҳамин роҳи мураккаб, вале созандаро тай намуд.

Дар ин раванд, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 аҳаммияти сарнавиштсоз дошт. Конститутсия пояҳои ҳуқуқии давлатдории навини тоҷиконро муайян намуда, арзишҳои бунёдии давлат, аз ҷумла соҳибихтиёрӣ, демократия, ҳуқуқбунёдӣ, дунявият, ягонагии ҳокимияти давлатӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсӣ ва баробарии ҳама дар назди қонунро муқаррар намуд. Аз ҳамин лиҳоз, Конститутсия на танҳо қонуни асосии давлат, балки санади сиёсиву ҳуқуқие гардид, ки тамоми самтҳои рушди минбаъдаи давлатдориро муайян сохт.

Дар баробари таҳкими пояҳои конститутсионӣ, тадриҷан тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти идоракунии давлатӣ, низоми судӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар институтҳои давлатӣ мутобиқ ба талаботи ҷомеаи соҳибистиқлол ташаккул ёфтанд. Ҳамзамон, қонунгузории миллӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба вуҷуд омада, заминаи ҳуқуқии фаъолияти давлат, иқтисод ва ҷомеаро таъмин намуд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои низоми мустақили қонунгузорӣ мебошад, ки ҳамаи самтҳои муносибатҳои ҷамъиятиро фаро гирифта, пайваста бо дарназардошти рушди муносибатҳои муосир такмил дода мешавад.

Дар ҷаҳони имрӯз, ки бо равандҳои босуръати ҷаҳонишавӣ, рақобатҳои геополитикӣ, таҳдидҳои нави амниятӣ, рушди технологияҳои рақамӣ ва тағйирёбии муносибатҳои байналмилалӣ тавсиф мегардад, ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ аҳаммияти боз ҳам бештар пайдо намудааст. Аз ин рӯ, истиқлолият имрӯз на танҳо ҳамчун дастоварди таърихӣ, балки ҳамчун арзиши доимии сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавӣ бояд ҳифз ва таҳким дода шавад. Ин масъулият на танҳо бар дӯши давлат, балки бар зиммаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон қарор дорад.

35 соли Истиқлол: дастовардҳои давлатдории навин ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ ташаккули низоми мукаммали қонунгузории миллӣ мебошад. Агар дар оғози солҳои навадум Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз санадҳои ҳуқуқии даврони шӯравӣ истифода менамуд, имрӯз низоми ҳуқуқии мамлакат дар асоси Конститутсия ва садҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ амал мекунад. Дар ин замина қонунгузорӣ пайваста такмил ёфта, ба талаботи рушди ҷомеа, иқтисоди миллӣ ва ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида мешавад.

Ислоҳоти пайдарпайи ҳуқуқӣ ба таҳкими фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат намуда, заминаҳои ҳуқуқии таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва фаъолияти иқтисодиро фароҳам оварданд. Дар баробари ин, рушди идоракунии давлатӣ, такмили хизмати давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти хизматчиёни давлатӣ ва татбиқи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ самаранокии идоракунии давлатиро ба маротиб беҳтар намуд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ рушди иқтисоди миллӣ низ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Бо вуҷуди таъсири буҳронҳои молиявии ҷаҳонӣ, пандемияи COVID-19, тағйирёбии вазъи иқтисодиву сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон, иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист тамоюли мусбати рушдро нигоҳ дорад. Дар натиҷаи татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, бахши хусусӣ тадриҷан рушд намуда, муҳити мусоиди соҳибкорӣ ташаккул ёфт, истеҳсолоти ватанӣ афзоиш ёфт ва иқтидори содиротии мамлакат тадриҷан тақвият пайдо кард.

Дар ин давра татбиқи чор ҳадафи стратегии миллӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аҳаммияти ҳалкунанда пайдо намуд. Бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли барқ, нақбҳо, роҳҳои байналмилалӣ, пулҳо, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва садҳо корхонаҳои истеҳсолӣ Тоҷикистонро ба марҳилаи нави рушди иқтисодӣ ворид намуд.

Соҳаи саноат дар солҳои охир ба яке аз муҳаррикҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ табдил ёфтааст. Эълон гардидани солҳои 2022–2026 ҳамчун «Солҳои рушди саноат» ба таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, афзоиши ҷойҳои нави корӣ, баланд гардидани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ мусоидат намуд. Ин раванд барои татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Дар баробари рушди иқтисодӣ, сиёсати иҷтимоии давлат низ мунтазам такмил ёфт. Баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, марҳила ба марҳила зиёд намудани музди меҳнат, андозаи нафақа ва стипендияҳо, дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбанд. Дар ин давра садҳо муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва фарҳангӣ сохта шуда, шароити зиндагии аҳолӣ тадриҷан беҳтар гардид.

Дар соҳаи маориф ва илм низ дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд. Шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ афзоиш ёфта, заминаҳои ҳуқуқӣ ва моддиву техникии фаъолияти онҳо такмил дода шуданд. Дар баробари ин, таваҷҷуҳи давлат ба рушди илм, технология, инноватсия ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос пайваста бештар гардида, барои ташаккули иқтисоди донишбунёд асосҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд.

Дар солҳои охир рушди иқтисоди рақамӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, рушди ҳукумати электронӣ, густариши хизматрасониҳои рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар баъзе бахшҳои идоракунӣ шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон низ тадриҷан ба талаботи инқилоби чоруми саноатӣ мутобиқ мегардад.

Дар арсаи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ сиёсати хориҷии мутавозин ва бисёрсамтаро пеш гирифта, бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ муносибатҳои мутақобилан судмандро инкишоф додааст. Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ буда, дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳми арзанда мегузорад.

Махсусан, ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии васеъ пайдо намуданд, нуфузи байналмилалии мамлакатро ба таври назаррас боло бурданд. Қабули қатъномаҳои сершумори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об бо ташаббуси Тоҷикистон далели равшани эътирофи байналмилалии сиёсати хориҷии мамлакат мебошад. Имрӯз Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун яке аз давлатҳои пешоҳанг дар масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои об, ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим шинохта ва эътироф карда мешавад.

Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, рушди давлатдорӣ раванди муттасил буда, такмили минбаъдаи низоми ҳуқуқӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, таҳкими волоияти қонун, мубориза бо коррупсия, рушди иқтисоди рақобатпазир, рақамикунонии муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҳкими амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими давраи нав боқӣ мемонанд. Маҳз дар ҳамин замина Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 самтҳои асосии рушди устувори кишварро муайян намуда, барои татбиқи ҳадафҳои дарозмуддати давлатдорӣ заминаи муҳим мегузорад.

Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва дурнамои рушди давлатдории Тоҷикистон. Дар таърихи давлатҳо марҳилаҳое ба миён меоянд, ки сарнавишти миллат на танҳо аз мавҷудияти захираҳои иқтисодӣ ё имкониятҳои сиёсӣ, балки аз хиради сиёсӣ, масъулиятшиносӣ ва иродаи роҳбарияти давлат вобастагӣ пайдо мекунад. Таҷрибаи таърихии бисёр кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки дар давраҳои буҳронӣ маҳз шахсиятҳои дорои тафаккури стратегӣ ва ҷаҳонбинии давлатдорӣ тавонистаанд ҷомеаро аз хатари парокандагӣ эмин нигоҳ дошта, барои ташаккули давлати устувор замина гузоранд.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ солҳои аввали соҳибистиқлолӣ маҳз чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ буданд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ, халалдор гардидани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва таҳдид ба тамомияти арзии кишвар масъалаи ҳифзи давлатдории миллиро ба вазифаи аввалиндараҷа табдил дода буд. Дар чунин вазъ ба зимма гирифтани масъулияти роҳбарии давлат ва муайян намудани роҳи наҷоти миллат аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар ҳамин замина, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва эҳёи давлатдории миллӣ аҳаммияти таърихӣ касб намудааст. Маҳз дар замони роҳбарии эшон раванди барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ташкили фаъолияти муназзами мақомоти давлатӣ, таъмини сулҳу суботи сиёсӣ ва гузоштани пояҳои рушди устувори мамлакат оғоз гардид.

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои ин давра барқарор намудани сулҳу ризоияти миллӣ мебошад. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 на танҳо ба муқовимати мусаллаҳона хотима бахшид, балки барои эҳёи давлатдорӣ, барқарорсозии иқтисоди миллӣ, рушди низоми ҳуқуқӣ ва муттаҳид гардидани ҷомеа заминаи устувор гузошт. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз ҳамчун яке аз намунаҳои муваффақи ҳалли мусолиматомези низоъҳои дохилӣ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор дорад.

Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ танҳо бо таъмини сулҳ маҳдуд намегардад. Дар шароити муосир таҳкими истиқлолият маънои такмили пайвастаи қонунгузорӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, рушди иқтисоди миллӣ, таъмини амнияти давлатӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии давлатро низ дар бар мегирад. Дар ин раванд сиёсати давлатӣ ба татбиқи ислоҳоти фарогир дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ равона гардида, барои рушди устувори кишвар заминаҳои мусоид фароҳам овардааст.

Дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таҳкими волоияти ҳуқуқ ва рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд низ мавқеи калидӣ дорад. Давлати ҳуқуқбунёд танҳо дар ҳолате устувор боқӣ мемонад, ки қонун барои ҳама яксон амал кунад, фаъолияти мақомоти давлатӣ ба меъёрҳои ҳуқуқӣ асос ёбад, ҳуқуқу озодиҳои инсон кафолат дода шаванд ва адолати иҷтимоӣ таъмин гардад. Аз ин рӯ, такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, баланд бардоштани сифати татбиқи қонун ва рушди маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бояд аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ боқӣ монад.

Дар баробари ин, таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, ҷинояткории фаромиллӣ, ҳамлаҳои киберӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, тағйирёбии иқлим, буҳронҳои иқтисодӣ ва рақобатҳои геополитикӣ тақозо менамоянд, ки масъалаи ҳифзи истиқлолияти давлатӣ бо истифода аз усулҳои муосири идоракунӣ, таҳкими амнияти миллӣ ва рушди иқтидори институтсионалии давлат таъмин карда шавад. Дар чунин шароит тақвияти худшиносии миллӣ, эҳтиром ба Конститутсия, волоияти қонун ва садоқат ба манфиатҳои давлатӣ аҳаммияти махсус пайдо менамояд.

Дар ин раванд нақши ҷавонон низ хеле муҳим аст. Ояндаи истиқлолияти давлатӣ пеш аз ҳама ба сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳисси ватандӯстии насли нав вобаста мебошад. Аз ин рӯ, тарбияи шаҳрвандони дорои тафаккури давлатӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, донишҳои муосир ва малакаҳои рақамӣ яке аз шартҳои асосии рушди давлатдории миллӣ дар асри XXI мебошад. Ҷомеае, ки ба илм, маориф, инноватсия ва рушди захираҳои инсонӣ сармоягузорӣ мекунад, метавонад мавқеи худро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ устувор нигоҳ дорад.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди давлатдорӣ ворид гардидааст. Ин марҳила аз давлат тақозо мекунад, ки дар баробари ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, ба масъалаҳои рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ, рушди зеҳни сунъӣ, иқтисоди «сабз», ҳифзи муҳити зист, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, таҳкими рақобатпазирии иқтисод ва баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд. Танҳо бо чунин равиш метавон рушди устувори кишвар ва мавқеи арзандаи онро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таъмин кард.

Хулоса, таҷрибаи сию панҷ соли соҳибистиқлолӣ ба таври возеҳ собит месозад, ки Истиқлоли давлатӣ барои халқи тоҷик бузургтарин дастоварди сиёсиву ҳуқуқии даврони навин буда, заминаи эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, рушди низоми ҳуқуқӣ ва пешрафти устувори Ҷумҳурии Тоҷикистонро фароҳам овардааст. Имрӯз ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ вазифаи танҳо мақомоти давлатӣ нест, балки масъулияти умумимиллӣ мебошад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд бо меҳнати содиқона, эҳтиром ба қонун, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Ватан, дар пойдории ин неъмати муқаддас саҳмгузор бошад. Танҳо дар ҳамин сурат Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дастовардҳои соҳибистиқлолиро ҳифз намуда, ба сӯи бунёди давлати боз ҳам неруманд, ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва зиндагии шоистаи шаҳрвандон бо эътимоди комил қадам гузорад.

НАЗАРЗОДА ДАВЛАТХОН - ходими калони илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент.

Subscribe to Мақолаҳо

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст