Дар оғози асри XXI инсоният бо равандҳои бисёр печида аз ҷумла, ҷаҳонишавӣ, густариши технологияҳои иттилоотӣ, тағйири босуръати муносибатҳои иҷтимоӣ, бархӯрди арзишҳо ва гуногунрангии ҷаҳонбиниҳо рӯ ба рӯ шудааст. Дар чунин шароит инсон чӣ гуна зиндагӣ мекунад, балки муҳимтар аз он аст, ки инсон бар асоси кадом меъёр зиндагӣ мекунад. Яъне саволи марказии фалсафаи ахлоқ имрӯз чунин садо медиҳад: оё танҳо қонун метавонад рафтори инсонро танзим намояд, ё инсон ба як қонуни маънавӣ, яъне ба виҷдон ниёз дорад?
Мақсади асосии муносибати виҷдон ва дунявият ҳамчун ду пояи муҳимми ташаккули ахлоқи иҷтимоӣ дар ҷомеаи муосир мебошад. Дар ин замина, виҷдон ҳамчун меъёри ботинии масъулияти инсон ва дунявият муҳити ҳуқуқии озодии ҷаҳонбинӣ баррасӣ мегардад.
Асоси ҳуқуқии принсипи дунявият дар ташкили ҳокимияти давлатӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардидааст. Тибқи моддаи 8, мафкураи ҳеҷ як иттиҳодияи динӣ наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф карда шавад. Ҳамчунин, моддаи 8-и Конститутсия таъкид мекунад: «Иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд». Ин муқаррарот на танҳо ҷудошавии иттиҳодияҳои динӣ аз давлатро эълон мекунад, балки ба онҳо манъи мудохила ба корҳои давлатиро низ муқаррар мекунад, ки барои таъмини дунявияти ҳокимияти давлатӣ аҳамияти калон дорад. Дар ќисми 5-и моддаи 8-и Конститутсия омадааст; Таъсис ва фаъолияти иттињодияњои љамъиятї ва њизбњои сиёсие, ки нажотпарастї, миллатгарої, хусумат, бадбинии иљтимої ва мазњабиро тарѓиб мекунанд ва барои бо зурї сарнагун кардани сохтори конститутсионї ва ташкили гуруњњои мусаллањ даъват менамоянд манъ аст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар моддаи 5-и худ принсипи ҷудошавии иттиҳодияҳои динӣ аз давлатро муайян намуда, муқаррар мекунад, ки иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошанд ва давлат ба муайян намудани муносибати инсон ва шаҳрванд ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ дахолат намекунад ва хусусияти дунявии таҳсилотро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ таъмин менамояд.
Дар ин ҷо зарур аст, ки каме бештар дар бораи мафҳуми озодии виҷдон таваққуф намоем. Озодии виҷдон яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон ба шумор меравад, ки маънои онро дорад, ки ҳар як шахс ҳақ дорад озодона ҷаҳонбинӣ, эътиқод ва ақидаи худро интихоб намояд, онро тағйир бидиҳад ё умуман аз ҳар гуна эътиқод даст кашад. Ин озодӣ ҳамчунин ҳуқуқи инсонро барои пайравӣ кардан ё накардан ба дин, иҷрои маросимҳои динӣ ё рад кардани онҳо дар бар мегирад. Озодии виҷдон озодии интихоби маънавӣ ва ахлоқии инсон мебошад. Дар ҷомеаи муосир ин ҳуқуқ бо қонун ҳифз карда мешавад ва яке аз нишонаҳои муҳимми ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад.
Виҷдон дар таърихи фалсафа яке аз мафҳумҳои марказии ахлоқ ба шумор меравад, ки он эҳсоси одии пушаймонӣ ё оромии ботин нест, балки шакли олии худшиносии маънавии инсон мебошад. Тавассути виҷдон инсон миёни адолат ва беадолатӣ, ростӣ ва дурӯғ, масъулият ва бепарвоӣ фарқ мегузорад. Ба ибораи дигар, виҷдон он фазои ботиниест, ки инсон дар он бо худ, бо ҷомеа ва бо арзишҳои умумибашарӣ муколама мекунад.
Дар фалсафаи Имануил Кант виҷдон ҳамчун «додгоҳи ботинии ақл» маънидод мешавад. Ин маъно дорад, ки инсон пеш аз он ки дар назди қонун ё ҷомеа ҷавоб гӯяд, пеш аз ҳама дар назди худ ва виҷдони худ ҷавобгар аст. Мартин Ҳайдеггер бошад, виҷдонро ҳамчун «даъвати ҳастӣ» мефаҳмонад, ки инсонро аз зиндагии бетафаккур ба зиндагии масъулона ва асил даъват мекунад. Эммануэл Левинас бошад, виҷдонро бо масъулияти инсон дар назди «дигар» мепайвандад. Яъне инсон танҳо вақте воқеан ахлоқшинос мешавад, ки ранҷ, ҳуқуқ ва шарафи дигаронро эҳсос намояд.
Дар баробари ин, дунявият яке аз пояҳои муҳимми ҷомеаи муосир мебошад. Дунявият маънои рад кардани дин ё арзишҳои маънавиро надорад. Баръакс, дунявият муҳити ҳуқуқиест, ки дар он озодии виҷдон, гуногунандешии ҷаҳонбинӣ, баробарии шаҳрвандон ва муколамаи фарҳангҳо таъмин карда мешавад. Дар ҷомеаи дунявӣ ҳеҷ як ҷаҳонбинӣ набояд худро ҳамчун ягона меъёри ҳатмии ҳаёти ҷамъиятӣ таҳмил намояд. Ҳамаи шаҳрвандон, новобаста аз эътиқод, ақида ва ҷаҳонбинӣ, бояд дар асоси қонун, адолат ва эҳтироми мутақобил зиндагӣ кунанд.
Дар ин ҷо робитаи муҳим миёни виҷдон ва дунявият ошкор мегардад. Дунявият шакли ҳуқуқии озодиро таъмин мекунад, аммо ин озодӣ танҳо дар сурате арзиши ҳақиқӣ пайдо мекунад, ки бо масъулияти виҷдоншиносӣ пайваст бошад. Агар озодӣ аз виҷдон ҷудо шавад, он метавонад ба худхоҳӣ, бенизомӣ ва беэҳтиромӣ табдил меёбад. Агар қонун аз виҷдон ҷудо бишавад, он танҳо ба воситаи маҷбуркунӣ мубаддал мегардад. Аммо вақте қонун, ахлоқ ва виҷдон бо ҳам муттаҳид мешаванд, ҷомеа ба сатҳи баланди адолат, субот ва фарҳанги шаҳрвандӣ мерасад.
Аз ин нуқтаи назар, мо метавонем се сатҳи танзими рафтори инсонро ҷудо намоем. Сатҳи аввал қонун аст, ки рафтори инсонро аз берун танзим мекунад. Сатҳи дуввум ахлоқ аст, ки тавассути арзишҳо, анъанаҳо ва меъёрҳои иҷтимоӣ амал менамояд. Сатҳи севвум виҷдон аст, ки шакли худтанзимкунии ботинии инсон мебошад. Ҷомеаи устувор ба шаҳрвандоне ниёз дорад, ки қонунро аз рӯи масъулият, инсоф ва худогоҳии маънавӣ эҳтиром мекунанд.
Аҳаммияти фарҳанги виҷдонӣ махсусан дар шароити ҷаҳонишавӣ бештар мегардад. Ҷаҳонишавӣ аз як тараф имкони муошират, ҳамкорӣ ва рушди фарҳангҳоро фароҳам меорад, аммо аз тарафи дигар метавонад ба бӯҳрони арзишҳо, бегонашавии инсон ва заифшавии масъулияти иҷтимоӣ оварда расонад. Дар чунин шароит виҷдон ҳамчун неруи ботинии ҳифзи инсонгароӣ, адолат ва эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аҳаммияти бузург пайдо мекунад.
Ҳамин тавр, виҷдон ва дунявият ду падидаи мухолиф нестанд. Онҳо якдигарро пурра мекунанд. Дунявият муҳити ҳуқуқии озодиро ба вуҷуд меорад, виҷдон бошад, мазмуни ахлоқии ин озодиро таъмин мекунад. Агар дунявият шакли ҳуқуқии ҷомеаи муосир бошад, виҷдон рӯҳи маънавии он аст.
Мақомоти ҳокимияти қонунгузор дар давлати дунявӣ нақши калидиро дар татбиқи принсипи дунявият мебозад. Ин мақомот дар фаъолияти худ ба принсипҳои дунявӣ асос ёфта, қонунҳоеро қабул мекунад, ки ба манфиатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, новобаста аз эътиқоди динӣ, хизмат расонанд. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузорӣ, дар фаъолияти худ аз принсипҳои дунявӣ роҳнамоӣ шуда, қонунҳоеро қабул мекунад, ки дар онҳо ҳуқуқҳо ва озодиҳои шаҳрвандон, аз ҷумла озодии виҷдон ва эътиқод, кафолат дода мешаванд.
Принсипи дунявияти мақомоти қонунгузор, яъне Маљлиси Олї дар якчанд самт зоҳир мегардад, аз он љумла якум, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ») дар моддаи 5, қисми 3, муқаррар мекунад, ки иттиҳодияи динӣ дар интихобот ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ иштирок наменамояд ва дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои сиёсӣ иштирок накарда, ба онҳо кӯмаки моддӣ ва дигар кӯмакҳо намерасонад.
Дуввум, мақомоти қонунгузор дар қабули қонунҳо фақат ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ такя мекунад. Ин маънои онро дорад, ки сарчашмаи асосии ҳуқуқ дар давлати дунявӣ Конститутсия ва қонунҳо мебошанд, на китобҳои муқаддас ё таълимоти динӣ. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 10 эътибори олии ҳуқуқии худро муқаррар намуда, таъкид мекунад, ки қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
Севвум, мақомоти қонунгузор бояд баробарии ҳуқуқии ҳамаи шаҳрвандонро, новобаста аз эътиқоди динӣ, таъмин намояд. Ин принсип дар моддаи 17-и Конститутсия таҷассум ёфтааст, ки тибқи он ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд ва давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз эътиқоди динӣ, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.
Чаҳорум, мақомоти қонунгузор ҳуқуқи шаҳрвандонро ба озодии виҷдон ва эътиқод ҳифз мекунад. Тибқи моддаи 26-и Конститутсияи Тоҷикистон, ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.
Бо такя ба афкори Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 16.12.2025, ки ҳамеша ба таҳаммул, ваҳдат, озодандешӣ ва ҳамзистии осоиштаи давлати дунявї даъват намудааннд, ки хурофот ба омӯзиши заминаҳои маънавӣ ва ахлоқии муқовимат ба ҷаҳолат, ифрот ва барзидди дигар равона шудааст. Пешвои миллат таъкид кардаанд: «Ба хурофот давлат тараққӣ намекунад», зеро миллате, ки таҳаммул дорад, аз хурофот эмин мемонад. Ин сухан хулосаи мантиқии таърихи тамаддун буда, ҳар ҷомеае, ки ақлро қурбонии хурофот кардааст, дар ниҳоят ба бӯҳрони дохилӣ, ақибмондагӣ ва нотавонӣ гирифтор шудааст.
Ин нидо пояи методологии хурофот мебошад, ки бар асоси озодии виҷдон, муҳаббат ва масъулияти шаҳрвандӣ устувор гардидааст. Пешвои миллат таъкид мекунанд, ки: «Вақти баланд бардоштани маърифати миллати тоҷик фаро расидааст».
Ҳарчанд хурофот падидаи умумибашарӣ бошад, шакли зуҳури он ҳамеша таърихӣ, фарҳангӣ ва миллӣ мебошанд. Аз ин рӯ, таҳлили хурофот наметавонад танҳо ба модели умумӣ маҳдуд шавад. Бояд дар заминаи таҷрибаи мушаххаси иҷтимоӣ ва маънавиёти ҷомеа анҷом меёбад.
Дар воқеияти миллӣ хурофот метавонад бо анъана, урф, одат, фаҳмиши нодурусти дин ва боқимондаҳои тафаккури асримиёнагӣ омехта гардад. Дар ин ҷо таҳлил нақши калидӣ дорад, бояд фарқи бунёдиро миёни дин ва хурофот, эътиқод ва тақлид, суннат ва ҷаҳолат муайян созад. Бидуни ин фарқгузории методологӣ, ҳар гуна мубориза бо хурофот метавонад ба худи пояҳои маънавӣ ва фарҳангии ҷомеа латма занад.
Дар илми ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ, хурофот боиси сустшавии фарҳанги ҳуқуқӣ, беқадршавии дониш, коҳиши эътимод ба илм ва афзоиши шаклҳои идоракунии шуур мегардад. Давлатдорие, ки дар чунин муҳит шакл мегирад, ба ҷои такя ба қонун ва дониш, ба эҳсосоти оммавӣ, овоза ва тарс вобаста мешавад. Аз ин рӯ, хурофот омили зиддисистемавии рушди иҷтимоӣ мебошад.
Бинобар ин, ташаккули ҷомеаи адолатпарвар ва устувор танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки озодии дунявӣ бо масъулияти виҷдонӣ ҳамоҳанг гардад. Ҷомеае, ки дар он инсон адолатро эҳсос мекунад, масъулиятро мепазирад, ҳуқуқи дигаронро эҳтиром менамояд, метавонад ҷомеаи воқеан маърифатӣ ва пешрафта бошад.
Зоир Ҷурахон Маҷидзода, д.и.ҳ., профессор
Мудири шуъбаи масоили мубрами илми
ҳуқуқи конститутсионии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ