ПЕШВОИ МИЛЛӢ ВА РИСОЛАТИ ДАВЛАТӢ
(Мулоҳизаҳо дар ҳошияи китоби “Масири сарнавишт”. -Душанбе: “Ирфон”, 2025. -248 саҳ.)
(Идома. Аввалаш дар шумораи гузашта)
Бознашр аз нашрияи “Минбари халқ” № 37 (1590). Санаи нашр 23 сентябри соли 2026.
Чорум. Муаллифи пешгуфтори китоб “Сулҳу ваҳдат ҳадяи Пешвои миллат аст” (– С.3-12) дар ибтидои матлаб аз ташаббусоту ибтикороти созандаи Сарвари давлат дар шароити ҳассоси таърихӣ ёд карда, бар он таъкид меварзад, ки: “Дар арсаи сиёсат қадамҳои нахустини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на ба қасди давлатдорӣ, балки давлатсозӣ буд. Замоне зимоми ҳокимиятро ба даст гирифтанд, ки оташи ҷанги дохилӣ торафт баланд мегашт ва ҷумҳурӣ дар ҳолати парокандагӣ қарор дошт” (ниг.: Масири сарнавишт. –Душанбе: “Ирфон”, 2025. – С.3). Воқеан, дар рӯзҳои сахти ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҳеҷ нафаре даъвои курсии мансабро намекард ва касе ба касе эътимоду бовар надошт, Сарвари давлат бо ҷуръату ҷасорати фардӣ зимоми раҳбарии ҷумҳуриро ба даст гирифта, масири душвори давлатсозиро ҳадафмандона паймуд. Ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, ки давлат, кишвар, Ватан ва билохира миллат дар ҳоли навмедию парешонӣ ба сар мебурд ва касе кафолати амнияти касеро намедод, Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат по гузошта, бо фидокорию сарсупурдагию азхудгузарӣ сарнавишти давлат, миллат ва Ватанро рақам зад. Ин нуктаи муҳимро муаллифи пешгуфтор хеле равшан таъкид мекунад: “Аз худ гузаштанҳо буд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дар хатар гузошта, дар душвортарин марҳилаҳо худро ба хидмати халқ бахшиду давлатро наҷот дод. Шахсиятҳо якбора ба вуҷуд наомадаанд ва таърих шоҳид аст, ки онҳоро заҳмату қаҳрамониҳову талошҳои бесобиқа шахсият сохтаанд” (ниг.: Масири сарнавишт. – Душанбе: “Ирфон”, 2025. – С.4).
Муаллифи пешгуфтор аз фарҳанги сулҳофаринӣ ва табиату сиришти лидери сиёсӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ба миён оварда, аз ҷумла нигоштааст: “Фарҳанги сулҳу ваҳдатофарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин мактаби омӯзанда, на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми аҳли башар мебошад. Ин фарҳанг буд, ки оташи фитна хомӯш гардид, кинаҳо аз дилҳо зудуда гардиданд ва ғаразу ниқор аз байн рафт. Адолат пойдор гардид ва дар пояи сулҳу дӯстӣ шаҳру деҳоти кишвар ба таври қиёснашаванда аз нав ободу зебо гардид. Чун пойдевори бино адолат мешавад, он ҳеҷ гоҳ газанд намеёбад. Адолат ва ҳиммати баланди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи сулҳу ваҳдату бунёдкорӣ ҳамин аст, ки дар ин роҳ чизе (миёни обу оташ рафтан, баргардонидани гурезаҳо, обод намудани хонаву манзилҳои сӯхтаву валангор ва ғ.)-ро аз халқи худ дареғ надоштаанд (ниг.: Масири сарнавишт. – Душанбе: “Ирфон”, 2025. – С.7). Муаллифи пешгуфтор, бо таваҷҷуҳ ба ибтикороти Сарвари давлат, масъалаҳои муҳиммеро аз қабили: ҷаҳду талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат дар сохтмони давлати миллӣ; баргардонидани фирориёни иҷборӣ; ҳалли мушкилоти дандоншикани дохилӣ; расидан ба марҳилаи ваҳдати миллӣ; таъмини амнияту суботи ҷамъиятӣ; ба унвони меъёри кору пайкори сиёсӣ қарор додани фарҳангсолорию мардумпарастӣ; фатҳи қуллаҳои мурод ва ба сӯйи ояндаи дурахшон ҳаракат кардани давлат-миллат дунбол карда, дар заминаи ибтикороти созандаи Сарвари давлат хулосабандиҳои ҷолибе ироа фармудааст.
Панҷум. Бахши аввал – “Пешвои миллат аз нигоҳи сиёсатмадорон ва ходимони илму адаб”-и китоб, тавре ки болотар ишора шуд, изҳори назарҳои чеҳраҳои матраҳи сиёсату давлатдорӣ ва илму адаби дохилию хориҷиро дар робита бо шахсияти таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар бар мегирад. Дар ин бахш бо тартиби муайян дидгоҳҳои Президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин (– С.15), Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷин Пин (– С.16), Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев (– С.17), Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко (– С.18), Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон (–С.19), собиқ Президенти ИМА Ҷорҷ Буш (– С.20), собиқ Президенти Ҳиндустон Коҷерил Роман Наранян (– С.21), собиқ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев (– С.22), Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд (–С.23), собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан (– С.24), Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш (– С.25), Нависандаи халқии Қирғизистон Чингиз Айтматов (– С.26), Нависандаи халқии Доғистон Расул Ҳамзатов (– С.27), собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов (– С.28), собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Набиев (– С.29), собиқ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров (– С.30), Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Ҳошим Гадоев (-С.31), Шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ (– С.32), Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун (– С.33), донишманди номвари тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ (– С.34) оварда шудааст.
Шашум. Дар бахши аввали китоб – “Пешвои миллат аз нигоҳи сиёсатмадорон ва ходимони илму адаб” назари хос ва дидгоҳи вежаи 26 нафар сиёсатмадор, донишманд, адиб, нависанда ва шахсияти саршиноси ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва ватанӣ, минҷумла андешаҳои иҷмолии Президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин (– С.15), Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷин Пин (– С.16), Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев (– С.17), Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко (– С.18), Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев (– С.19), собиқ Президенти ИМА Ҷорҷ Буш (– С.20), собиқ Президенти Ҳиндустон Коҷерил Роман Наранян (– С.21), собиқ Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев (–С.22), Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд (– С.23), собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан (– С.24), Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш (– С.25), Нависандаи халқии Қирғизистон Чингиз Айтматов (– С.26), Нависандаи халқии Доғистон Расул Ҳамзатов (– С.27), собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов (– С.28), собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Набиев (– С.29), собиқ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров (– С.30), Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Ҳошим Гадоев (– С.31), Шоири халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ (– С.32), Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун (– С.33), донишманди номвари тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ (– С.34) ва дигарон дар нисбати шахсият, ибтикор ва мақому ҷойгоҳи сиёсию давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирд оварда шудааст. Дар ин бахш, маҷмуан дидгоҳу назароти 19 нафар сиёсатмадори матраҳи ватанию минтақавию ҷаҳонӣ, 6 нафар адиби номдори миллию фаромиллӣ бо шумули Чингиз Айтматови Қирғиз, Расул Ҳамзатови Доғистонӣ, Гулназар Келдӣ, Саттор Турсун, Муҳаммадҷон Шакурӣ Тоҷикистонӣ, 1 нафар ҳунарманди маъруфи Тоҷикистонӣ – Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ Ҳошим Гадоев дар бораи Пешвои миллат ҷо дода шудааст, ки дидгоҳу арзёбиҳои ҳар нафар аҳаммияти сиёсӣ, давлатӣ, мафкуравӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ дорад. Барои намуна, ба чанд назар ва дидгоҳи сиёсатмадорону давлатмардону адибони номдори минтақавию ҷаҳонӣ, ки дар нисбати Пешвои миллат ироа гардидаанд, таваҷҷуҳ мекунем. Сиёсатмадори матраҳи имрӯзӣ, Президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин, ки бо Сарвари давлати мо дӯстони қаринанд ва Федератсияи Русия аз шарикони стратегии давлати мо маҳсуб мешавад, Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори дурандешу намоён васфу ситоиш намуда, хадамоти ӯро дар устувории сулҳу амнияти минтақавию ҷаҳонӣ минҳайси падидаи омӯзанда арзёбӣ карда, гуфтааст: “Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тасмими ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешавад. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар (– С.15).
Ба дунболи ин, давлатмадори маъруфи ҷаҳонӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷин Пин, ки солҳои сол аст, ки бо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон робитаи дӯстию рафоқат дорад, аз нуфузи сиёсии Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсати миллию байналмилалӣ ёдовар шуда, соҳиби муҳаббату эътимоди мардум гаштани Пешвои миллатро ба ибтикороти созандаи ӯ вобаста карда, мегӯяд: “Шумо пешвое ҳастед, ки соҳиби муҳаббату эҳтироми мардуми Тоҷикистон гаштаед. Таҳти роҳбарии Шумо дар кишвар суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва боло рафтани сатҳи некӯаҳволии мардум таъмин гардида, Тоҷикистон дар ҳифзи сулҳу субот ва ҳавасмандгардонӣ ба он дар Осиёи Марказӣ саҳми муҳим мегузорад (– С.16).
Сиёсатмадору давлатмарди машҳур – Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко дар арзёбии худ сиёсати сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмонро тамҷид карда, ба он ишора мекунад, ки ба ин марди арсаи сиёсат ташаккур арз медорем, чаро ки сулҳу суботе, ки Эмомалӣ Раҳмон ба кишвараш овард, на танҳо Тоҷикистонро, балки кулли минтақаро ҳам ба сулҳу суботу оромиш расонид. Ба гуфтаҳои Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко таваҷҷуҳ мекунем: “Тоҷикони сарбаланду меҳнатдӯст, боистеъдод ва меҳмоннавоз, воқеан ҳам, бо ҳамватани худ – Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунанд. Он сиёсати оқилона, ки ин мард пеш мебарад, бори дигар такрор мекунам, ки мамлакаташро ҳифз намуд, ба ин замин сулҳу осоиш овард. Инро на танҳо Шумо қадр мекунед, мо ҳама аъзои ИДМ ин хидмати наҷибро қадр мекунем, зеро сулҳу осоиш дар замини Шумо сулҳу осоиш ҳам дар Белоруси мо, ҳам Русия, ҳам дигар давлатҳо мебошад” (– С18). Собиқ Президенти ИМА Ҷорҷ Буш таъкид кардааст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар замоне сари қудрат омад, ки кишвараш дар ҳоли нобудӣ қарор дошт ва ӯ, бо истифода аз қудрату матонату маҳорати сиёсӣ сулҳу оромишро ба мамлакат оварда, халқу ватанро аз ҳолакату нобудӣ наҷот дод ва чунин сиёсатмадорон, воқеан каманд. Ба баҳои баланди Президенти собиқи ИМА Ҷорҷ Буш дар нисбат диққат медиҳем: “Эмомалӣ Раҳмон дар замони бисёр муташанниҷ ба кишвару халқаш сарвар гардид. Ӯ тавонист, халқу давлаташро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳад. Вай дар муддати на чандон тулонӣ дар мамлакат сулҳ барқарор кард ва ба арсаи байналхалқӣ баромад. Чунин сиёсатмадорон каманд...” (– С.20).
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз ҷумлаи раисҷумҳуронест, ки бо Пешвои миллат аз ҳамон ибтидои ба раисҷумҳурӣ расидан, аҳди бародарӣ барбаста, дар таҳкими раванди сулҳу субот ва рушду тараққиёти минтақавӣ саҳм мегузоранд. Дар мулоқоту диду боздидҳое, ки миёни ин ду сарвари ҳамсоя иттифоқ меафтанд, ҳамагӣ шоҳиданд, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев чун ду бародар ҳамдигарро ба оғуш мекашанд, аз пешрафту шукуфоии кишварҳояшон хушнуд мегарданд ва барои сулҳу оромиши пойдор талош меварзанд. Муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо ихлосу самимият аз заҳамоти беназири Сарвари давлати тоҷикон ёд карда, аз ҷумла мегӯяд: “Мо шуморо ҳамчун ходими намоёни давлатӣ ва сиёсии замонамон, фарзанди соҳибэҳтиром, ватандӯст ва пешвои асили мардуми бародари тоҷик мешиносем ва беандоза эҳтиром мекунем. Шумо ба сифати Президенти Тоҷикистон бо меҳнати бисёрсолаи пурсамар ва таҷрибаи бузурги идорӣ дар корҳои вобаста ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди босуръати кишвар дар ҳамаи соҳаҳо ва таҳкими пайвастаи обрӯву нуфузи кишвари худ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хосса доред” (– С17).
Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, ки аз дӯстони қарини Эмомалӣ Раҳмон буд, қаҳрамонию корномаҳои Пешвои миллатро бо ифтихору сарбаландӣ ёд карда, аз тоҷику тоҷикистониҳо тақозо менамояд, ки атрофи ин шахсияти ғамхору дилсӯзу сарсупурда муттаҳид шаванд: “Ман имрӯз роҳбари кишвари шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст, зери тиру туп, барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо – афғонистониҳо дар он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхор надоштаем” (– С.23).
Давомаш дар шумораҳои оянда
Қобилҷон Хушвахтзода - президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик