Skip to main content

ХАБАРИ ИЛМӢ

Дар маҷалаи бонуфузи илмии байналмилалӣ «Orijinal Journal of History, Politics and Law» мақолаи илмии профессор Абдуҷалилов Абдуҷабор, мудири шуъбаи ҳуқуқи хусусии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, зери унвони «ПУЛИ РАҚАМӢ: КОНСЕПСИЯИ ТАНЗИМИ ҲУҚУҚӢ» ба табъ расид.

Дар мақола муаллиф ба таҳлили муқоисавии консепсияҳои гуногуни танзими ҳуқуқии пули рақамӣ дар ҷаҳон ва Тоҷикистон пардохтааст. Вай қайд мекунад, ки Тоҷикистон низ ба сӯи эътирофи шакли нави пул — дороиҳои рақамии молиявӣ ҳаракат мекунад ва моделҳои танзим аз иҷозатдиҳӣ то манъкунӣ роҳандозӣ мешаванд.

✅ Нуқтаҳои асосии мақола:

  • Тафовут байни консепсияҳои иқтисодӣ, молиявӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ ва ҳуқуқи маданӣ нисбат ба пул;

  • Муайян намудани моҳияти ҳуқуқии пули эрақамӣ ва криптоасъор;

  • Биткоин ҳамчун намунаи пули рақамии ғайримарказонидашуда, ки на барориши бонкӣ дорад ва на назорати марказӣ;

  • Зарурати таъмини амният, шаффофият ва интегратсия ба низоми молиявӣ бидуни аз даст додани вазифаҳои танзимкунанда.

📌 Профессор А. Абдуҷалилов таъкид мекунад, ки пули рақамӣ дар фазои интернет ҳамчун объекти нави ҳуқуқи маданӣ пайдо шудааст ва онро бо қоғазҳои қиматнок ё пули анъанавӣ муқоиса кардан наметавон. Вай ба зарурати ворид намудани сабти манфиатҳои иштирокчиёни гардиши маданӣ ва такмили қонунгузории амалкунанда — аз ҷумла моддаи 136 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон — ишора мекунад.

📖 Мақола барои коршиносони соҳаи ҳуқуқ, молия ва технологияи иттилоотӣ манфиати калон дорад.

1 2

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст