СУХАНРОНИИ олимони Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ дар телевизиони «Ҷаҳоннамо»
Имрӯз, 22 октябри соли 2026 олимон Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» баромад намуда, доир ба аҳамияти таърихӣ, нақши ҳуқуқӣ ва мақоми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтани давлатдории муосири миллӣ суҳбати муфассал анҷом доданд.
Дар барномаи телевизионӣ намояндагони зерини Институт иштирок ва суханронӣ намуданд:
-
Сангинзода Дониёр Шомаҳмад — муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор;
-
Буризода Эмомалӣ Бозор — мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институт, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор;
-
Алиназарова Кифоят Ғуломназаровна — котиби илмии Институт, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.
Олимони ҳуқуқшинос зимни баромади хеш аҳамияти Конститутсияи кишварро ҳамчун шаҳодатномаи миллат ва заминаи асосии соҳибихтиёрӣ, демократия ва ҷомеаи ҳуқуқбунёд шарҳу тавзеҳ доданд. Ҳамчунин, дар барнома масъалаҳои рушди қонунгузории миллӣ, ташаккули фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Баромади олимон дар остонаи ҷашнҳои миллӣ ва ба хотири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа сурат гирифт.