Skip to main content

ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ МИЛЛАТ БА ХОТИРАИ ТАЪРИХӢ: ТАҶРИБАИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ ВА ТАВСИЯҲО БАРОИ ТОҶИКИСТОН

212Хотираи таърихӣ ҳамчун асоси ҳувияти миллӣ ва омили муттаҳидсозии ҷомеа дар арсаи байналмилалӣ ва дохилии аксари давлатҳо мақоми вижа дорад. Баъди поёни Ҷанги Сард ва афзоиши равандҳои ҷаҳонишавӣ, масъалаи ҳифзи хотираи таърихӣ ва ташаккули сиёсати миллии ёдбуд ба яке аз масъалаҳои марказии сиёсати дохилӣ ва берунии давлатҳо табдил ёфт. Ин давра бо "гардиши мемориалӣ" дар илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ ҳамзамон буд, ки дар натиҷаи он хотира ҳамчун объекти мустақили тадқиқоти байнисоҳавӣ эътироф гардид.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар масири бунёди давлати мустақил ва ташаккули ҳувияти миллӣ қарор дорад, масъалаи ҳифзи хотираи таърихӣ аҳамияти бештар дорад. Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки сиёсати хотира дар Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатиро ташкил медиҳад, ки дар он Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши калидӣ доранд.

Дар адабиёти муосири илмӣ мафҳуми "ҳуқуқи хотира" ҳамчун соҳаи нави танзими ҳуқуқӣ, ки дар асри XXI дар аксари давлатҳои демократӣ ва баъдишӯравӣ инкишоф ёфтааст, мавриди баррасӣ қарор мегирад. Тавре ки Уладзислау Белавусау (Донишгоҳи Амстердам) ва Александра Глишчинска-Грабяс (Академияи илмҳои Полша) дар китоби илмии худ "Қонун ва хотира: Дар роҳи идораи ҳуқуқии таърих"(Law and Memory: Towards Legal Governance of History, 2020) қайд мекунанд, ки ҳуқуқии гардиши хотира дар эҷоди бартарии ёддошти таърихӣ ва ташаккули ҳувиятҳои миллӣ нақши марказӣ бозидааст. Муаллифон ба тазоди байни идораи ҳуқуқӣ, плюрализми сиёсӣ ва ҳуқуқҳои асосӣ, аз қабили озодии баён таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

Дар Аврупо, махсусан дар охири солҳои 1990 - ибтидои солҳои 2000, фаъолияти қонунгузории марбут ба хотира рушд ёфт, ки он бо кӯшишҳо барои эҷоди чорчӯби умумиаврупоии танзими хотира ва ташаккули ҳувияти умумиаврупоӣ алоқаманд буд. Профессор В.И. Чехарина дар тадқиқоти худ "Фарҳанги хотираи аврупоӣ дар андозагирии ҳуқуқӣ" (Европейская «культура памяти» в правовом измерении, 2025) таъкид мекунад, ки дар ду даҳсолаи охир, идораи ҳуқуқии хотираи таърихӣ дар кишварҳои аврупоӣ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст, гарчанде ки ин раванд ғайрихаттӣ буда, бо равандҳои афзоиши шиддат дар сатҳи миллӣ ҳамроҳ мешавад. Хотираи таърихӣ на танҳо объекти сиёсати хотира дар Иттиҳоди Аврупо, балки манбаи таҳдидҳо ва чолишҳои муосир низ мебошад.

Дар амалияи ҳуқуқии кишварҳои аврупоӣ, қонунҳои махсуси хотиравӣ ҳамчун шакли маъмулии танзими ҳуқуқии хотираи таърихӣ пайдо шуданд. Қонунҳои хотиравӣ ба тадбиқи ҷазои ҷиноятӣ барои тафсирҳои муайяни рӯйдодҳои таърихӣ равона шудаанд, ки дар натиҷа аксар вақт ба "ҷангҳои хотира" ва ихтилофоти назарраси сиёсӣ ва илмӣ оварда мерасонанд . Ин қонунҳо ба се гурӯҳи асосӣ ҷудо мешаванд:

1. Қонунҳои манъкунанда - манъи инкори ҷиноятҳои таърихӣ (ба мисли Олмон, Фаронса)

2. Қонунҳои эҳёкунанда - таъсиси ёдгориҳо ва ниҳодҳои хотиравӣ (ба мисли Литва, Латвия)

3. Қонунҳои таълимӣ-маърифатӣ - ворид намудани мавзӯъҳои таърихӣ ба барномаҳои таълимӣ

Давлати Олмон яке аз аввалин давлатҳоест, ки пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ба танзими ҳуқуқии хотира шурӯъ кард. Дар ин кишвар, таҷрибаи тоталитаризми натсистӣ ҳамчун "асотири манфии асосгузори" Ҷумҳурии Федеративии Олмон хидмат мекунад. Қонунгузории Олмон дар ин самт ду хусусияти асосӣ дорад:

- ҷиноят эътироф намудани инкори Холокост - моддаи 130 Кодекси ҷиноятии Олмон инкор ё таҳқири Холокостро ҳамчун ҷиноят муқаррар намудааст.

- манъи рамзҳои натсистӣ - истифодаи рамзҳои СС, свастика ва дигар аломатҳои натсистӣ тибқи моддаи 86a Кодекси ҷиноятӣ манъ аст.

Тавре ки тадқиқоти мемокрасӣ (лоиҳаи бузурги пажӯҳишии аврупоӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва хотираи таърихӣ, 2021-2025) нишон медиҳад, дар Олмон дар бораи ҳарду гузаштаи тоталитарӣ танҳо як қонуни махсуси хотиравӣ вуҷуд дорад, и он Қонуни доварони Олмон, ки омӯзиши ҳарду режимро дар рафти таҳсилоти ҳуқуқӣ ҳатмӣ мегардонад (§ 5a (2)). Ёдбуди диктатураи Ҷумҳурии Демократии Олмон дар қонун нисбатан камтар инъикос ёфтааст.

Дар кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, аз ҷумла кишварҳои Балтик, Маҷористон ва Лаҳистон модели дигари танзими хотира ташаккул ёфтааст. Хусусияти хоси ин кишварҳо дар он аст, ки онҳо ҳам таҷрибаи тоталитаризми натсистӣ ва ҳам коммунистиро аз сар гузарондаанд.

Кишварҳои Балтик (Эстония, Латвия, Литва) дар қонунгузории худ ҳарду таҷрибаи тоталитаризмро ба назар мегиранд. Қонунҳои хотиравии ин кишварҳо ба ҳифзи хотираи беадолатиҳои гузашта, тарғиби ҳамдигарфаҳмӣ ва таъмини тасвири дақиқи далелҳои таърихӣ нигаронида шудаанд. Литва (2010) ва Латвия (2009) инкори ҳам ҷиноятҳои натсистӣ ва ҳам коммунистиро ҷиноят эътирок кардаанд .

Маҷористон бо истифода аз консепсияи "конститутсияи таърихӣ", ки таърихи беш аз панҷсадсолаи давлатиро бо ҳозира пайванд медиҳад, аз чорчӯби умумиаврупоӣ низ фарқ мекунад. Дар Маҷористон инкори ҷиноятҳои коммунистӣ аз соли 2012 ба қонунгузорӣ ворид шуда, ҳамчун асоси ташаккули ҳувияти миллии баъдикоммунистӣ хидмат мекунад. Ин равиш ихтилофотро бо ҳамсоягон (махсусан Словакия ва Руминия) афзоиш додааст .

Кӯшишҳо барои эҷоди хотираи умумиаврупоӣ, ки асосан дар солҳои 1990 оғоз ёфта, бо Қарори чаҳорчӯбии ИА 2008/913/JHA идома ёфта, бо як қатор мушкилот рӯ ба рӯ шуданд. Ин Қарор кишварҳои аъзоро водор мекард, ки инкори ҷиноятҳои натсистиро (тибқи моддаи 6 Ойинномаи Трибунали Ҳарбии Байналмилалӣ) ҷинояткорӣ эътироф кунанд.

Тавре ки Лифанов С.С. дар тадқиқоти худ "Хотираи таърихӣ ва ҳувияти фаромиллӣ дар давлатҳои Ғарбии Аврупо" (Историческая память и наднациональная идентичность в западноевропейских государствах, 2021) қайд мекунад, ки стратегияи хотираи Аврупои Ғарбӣ дар чанд даҳсолаи охир тағйироти ҷиддиеро аз сар гузаронидааст. Яъне аз эътирофи масъулияти худ барои Холокост ҳамчун унсури марказии хотира то дастгирӣ ва қабули пурраи сиёсати хотираи кишварҳои пасокоммунистӣ, ки ба "баёнияи ишғолӣ", рамзгароӣ ва ҷабрдида нишон додан асос ёфтааст. Ин тағйирот боиси он гардид, ки чаҳорчӯби миллии хотираи кишварҳои Аврупои Шарқӣ дар фазои Иттиҳоди Аврупо бартарӣ пайдо карда, тадриҷан модели аврупои ғарбиро иваз мекунад.

Яке аз сабабҳои асосии ин тағйирот он буд, ки хотираи асосии Аврупои Ғарбӣ дар бораи Холокост натавонист тамоми Аврупоро, махсусан кишварҳои пасокоммунистиро фаро гирад. Ин боиси он гардид, ки хотираи дастаҷамъӣ ба мушкилот дар бунёди ҳувияти умумиаврупоӣ табдил ёбад. Ғайр аз ин, тағйироти табиат ва моҳияти хотираи таърихӣ, ки дар натиҷаи интиқоли сиёсати хотира ба фазои "пасо-ҳақиқат" рух дод, боиси таваҷҷуҳ ба рамзгароӣ, рангорангии эмотсионалии тафсирҳо ва коҳиш додани таърих ба сатҳи "зарурӣ" гардид .

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сиёсати хотира ҳамчун воситаи муҳими ташаккули ҳувияти миллӣ ва бақои давлат дар шароити баъди ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) ташаккул ёфтааст. Таҳлили мундариҷаи суханронихои Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки таърих, фарҳанг, дин ва хотираи миллӣ ҳамчун сарҳадҳои рамзии байни "мо" ва "онҳо" сохта мешаванд, ки воситаҳои назоратро қонунӣ карда, қудрати сиёсиро мустаҳкам мекунанд.

Яке аз асосҳои сиёсати хотира дар Тоҷикистон эҳёи ёди шахсиятҳои таърихӣ ҳамчун "Қаҳрамонони Тоҷикистон" мебошад: Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Шириншоҳ Шоҳтемур. Ин шахсиятҳо дар сиёсати хотираи Тоҷикистон мақоми махсус доранд ва ёди онҳо ҳамчун омили муттаҳидсозии миллат ва асоси муборизаи давомдор алайҳи таҳдидҳои хориҷӣ хидмат мекунад.

Дар солҳои охир дар Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо барои эҳёи хотираи таърихӣ ва ҳувияти миллӣ гузаронида шуданд. Яке аз мисолҳои барҷаста, ин баргардонидани хоки шахсиятҳои барҷастаи тоҷик - Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз гӯристони Донскои Маскав ба Душанбе дар моҳи майи соли 2026 мебошад. Ин ташаббус, ки бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуда, ҳамчун қадами муҳим дар барқарорсозии адолати таърихӣ ва ҳифзи хотираи миллӣ арзёбӣ гардида, бақои интиқол аз насл ба насл ва муттаҳидии наслҳои гузашта ва ояндаро нишон медиҳад.

Дар Тоҷикистон дар давраи истиқлол масъалаи таҳқиқ, ҳифз ва эҳёи мероси таърихӣ ва фарҳангӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ гардид. Дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ба таҳияи лоиҳаи Қонуни кишвар "Дар бораи бостоншиносӣ" дастури мушаххас дода шуд. Ҳадафи ин қонун тасдиқи таърих ва фарҳанги зиёда аз шаш ҳазорсолаи мардуми тоҷик мебошад. Ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, чор макони бостоншиносӣ дар қаламрави ёдгориҳои таърихии Ҳисор, Истаравшан, ноҳияҳои Данғара ва Қубодиён ба истифода дода мешаванд, ки ба омӯзиши таърихи қадим, ҳифзи мероси моддӣ, инкишофи тамаддун ва таҳкими ҳувияти миллӣ мусоидат мекунанд.

Бо назардошти таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ барои Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки санади ягонаи қонунгузориро дар соҳаи танзими хотираи таърихӣ таҳия ва қабул намояд. Дар ин санад, тавсия дода мешавад, ки:

1. Асосҳои ҳуқуқии сиёсати хотира - мафҳум, принсипҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати хотира дар сатҳи давлатӣ муайян карда шавад.

2. Тартиби эҳё ва ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дарҷ гардад, ки бобати мақоми ҳуқуқии ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, тартиби эҳё, нигоҳдорӣ ва ҳифзи онҳо равона шавад.

3. Ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои таҳриф ва инкори рӯйдодҳои таърихӣ бо назардошти таҷрибаи Олмон, Лаҳистон ва Литва метавон ҷавобгариро барои инкори ҷиноятҳои таърихӣ ва таҳқири шахсиятҳои таърихӣ муқаррар карда шавад.

Бо назардошти таҷрибаи кишварҳои хориҷа таъсиси шуъбаи ҳифзи ҳуқуқ ба хотираи таърихӣ дар Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ пешниҳод карда мешавад, ки фаъолияти он бояд ба тадқиқоти муқоисавӣ-ҳуқуқии сиёсати хотира дар кишварҳои хориҷӣ, таҳияи тавсияҳо барои қонунгузории миллӣ дар соҳаи хотира, омӯзиши таърихи миллӣ ва эҷоди ривоятҳои ягонаи таърихӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи хотира равона шавад.

Ба мисоли Олмон, ки омӯзиши ҳарду режими тоталитарро дар барномаи таълимии донишҷӯёни ҳуқуқшиносӣ ҳатмӣ гардондааст, барои Тоҷикистон чунин тавсияҳо манзур мегарданд:

1. Ворид намудани фанни "Ҳуқуқи хотираи таърихӣ" ба барномаи таълимии ихтисоси ҳуқуқшиносӣ ва таърихшиносӣ.

2. Таҳияи китобҳои дарсӣ ва дастурамалҳои таълимӣ оид ба ҳифзи хотираи таърихӣ ва мероси фарҳангӣ.

3. Баргузории семинарҳо ва курсҳои такмили ихтисос барои кормандони мақомоти ҳифзи мероси фарҳангӣ ва адлия дар соҳаи ҳуқуқи хотира.

Бо назардошти таҷрибаи хеле ғании давлатҳои аврупоӣ дар соҳаи танзими ҳуқуқии хотира тавсия дода мешавад, ки:

1. Шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хотираи таърихӣ бо кишварҳои пешрафта ба имзо расонида шаванд.

2. Дар лоиҳаҳои байналмилалӣ (аз қабили memocracy, european memory) Тоҷикистон оид ба таҳқиқи хотира ширкат варзад.

3. Таҷрибаи давлатҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқиро дар соҳаи ташаккули сиёсати хотира ва ҳалли низоъҳои хотиравӣ омӯзад ва ба кор барад.

Ба ғайр аз танзими ҳуқуқӣ, муҳим аст, ки "этикаи хотира" дар ҷомеа ташаккул дода шуда, тавассути баргузории маъракаҳои иттилоотӣ-таълимӣ оид ба аҳамияти ҳифзи хотираи таърихӣ, дастгирии лоиҳаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, ташаккули мактабҳои тафаккури интиқодӣ дар бораи таърих ва хотира он тарғиб карда шавад.

Ҳифзи ҳуқуқи миллат ба хотираи таърихӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҳуқуқшиносии муосир мебошад. Таҷрибаи давлатҳои хориҷа нишон медиҳад, ки танзими ҳуқуқии хотираи таърихӣ метавонад ҳамчун воситаи ташаккули ҳувияти миллӣ, устуворсозии ҷомеа ва эҷоди ҳувияти муштараки фаромиллӣ хидмат кунад. Аммо, ин раванд бо чолишҳои ҷиддӣ, аз қабили "ҷангҳои хотира" ва ихтилофоти тафсири таърихӣ ҳамроҳ мешавад, ки онҳо эҳтиёти махсусро талаб мекунанд.

Барои Тоҷикистон, ки дар масири бунёди давлати мустақил ва ташаккули ҳувияти миллӣ қарор дорад, масъалаи ҳифзи хотираи таърихӣ аҳамияти бештар дорад. Дар айни ҳол, барои такмили ҳифзи ҳуқуқии хотираи таърихӣ дар Тоҷикистон, тавсия дода мешавад, ки:

1. Санади ягонаи қонунгузориро дар соҳаи танзими хотираи таърихӣ таҳия ва қабул намуда, ба он масъалаҳои ҷавобгарии ҳуқуқиро барои инкори рӯйдодҳои таърихӣ ва таҳриф ва таҳқири арзишҳои таърихию фарҳангии миллат дохил карда шавад.

2. Шуъбаи махсуси тадқиқотиии ҳифзи ҳуқуқи миллат ба хотира дар сохтори Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ барои омӯзиши сиёсати ҳуқуқии хотира дар Тоҷикистон ва хориҷ таъсис дода, натиҷаҳои онро барои такмили қонунгузорӣ истифода карда шаванд.

3. Ҳамгироии таълими таърихӣ-ҳуқуқии дар барномаҳои таълимии донишгоҳҳои кишвар ва ташаккули "этикаи хотира" дар ҷомеа бароҳ монда шавад.

4. Ҳамкориҳои байналмилалӣ бо давлатҳои пешрафта барои омӯзиш ва табодули таҷрибаи ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи хотираи таърихӣ роҳандозӣ гардад.

Бо андешидани ин тадбирҳо Тоҷикистон метавонад низоми муассири ҳифзи ҳуқуқии хотираи таърихиро бунёд намояд, ки ба устуворсозии ҳувияти миллӣ, беҳдошти ҳамзистии байниҳамсоягӣ ва эҷоди образи мусбати байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард. Дар ин раванд мувозинати байни ҳифзи арзишҳои миллии таърихӣ ва риояи принсипҳои демократии ҳуқуқи башар, махсусан озодии ақида ва сухан бояд риоя карда шаванд, то ин ки сиёсати хотира на ба тақсимкунӣ, балки ба муттаҳидсозии ҷомеа мусоидат намояд.

Сангинзода Дониёр Шомаҳмад,

муовини директор оид ба корҳои илмӣ

ва таълимии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Нақши Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди ҳокимияти судӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ

123Истиқлоли давлатӣ дар таърихи навини Тоҷикистон оғози марҳалаи сифатан нави давлатдорӣ ва ташаккули низоми миллии ҳуқуқӣ гардид. 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлолии давлатии худро эълон намуда, ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ ба давраи нави рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ ворид шуд. Дар назди давлати соҳибистиқлол вазифаи бунёди низоми давлатдорие қарор гирифт, ки на танҳо истиқлоли сиёсиро таҷассум намояд, балки дорои заминаҳои устувори конститутсионӣ, низоми мустақили қонунгузорӣ ва механизмҳои самараноки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон бошад. Маҳз дар ҳамин замина ташаккули ҳокимияти судии миллӣ ба яке аз масъалаҳои муҳими давлатсозӣ табдил ёфт.

Таҷрибаи таърихии давлатҳои демократӣ нишон медиҳад, ки мавҷудияти давлати ҳуқуқбунёд бе ҳокимияти судии мустақил, беғараз ва самаранок ғайриимкон мебошад. Қонунгузорӣ метавонад ҳуқуқу озодиҳоро эълон намояд, мақомоти иҷроия метавонанд иҷрои сиёсати давлатиро таъмин кунанд, вале маҳз суд кафолати ниҳоии барқарорсозии ҳуқуқи вайроншуда, ҳалли баҳсҳои ҳуқуқӣ ва таъмини адолат ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, дараҷаи мустақилият ва самаранокии ҳокимияти судӣ яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми воқеӣ гардидани принсипҳои давлати ҳуқуқбунёд мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъала баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мазмун ва аҳаммияти хосса пайдо кард. Давлати навини Тоҷикистон бояд низоми судиеро ташаккул медод, ки аз як тараф, бо хусусиятҳои давлатдории миллӣ мутобиқат намояд ва аз тарафи дигар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуният ва адолатро бо воситаҳои ҳуқуқӣ ҳифз карда тавонад. Аз ҳамин ҷиҳат, ташаккули низоми судии мустақилро метавон яке аз самтҳои асосии таҳкими соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон арзёбӣ намуд.

Дар маркази ин раванди таърихию ҳуқуқӣ Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Нақши он дар даврони соҳибистиқлолӣ танҳо бо баррасии парвандаҳои мушаххас маҳдуд намегардад. Суди Олӣ ҳамчун ниҳоди калидии ҳокимияти судӣ дар ташаккули амалияи судӣ, таъмини татбиқи дурусти қонунгузорӣ, баланд бардоштани сифати адолати судӣ ва рушди низоми судии кишвар саҳми муҳим дорад.

Аз нигоҳи илмӣ, таҳқиқи нақши Суди Олӣ дар даврони Истиқлол имкон медиҳад, ки як қатор масъалаҳои ба ҳам алоқаманд - ташаккули заминаҳои конститутсионии ҳокимияти судӣ, таҳаввули мақоми суд дар механизми давлат, рушди қонунгузорӣ дар бораи судҳо, таҳкими мустақилияти судяҳо, ҳифзи судии ҳуқуқи инсон ва ҷойгоҳи Суди Олӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ - дар робитаи мантиқӣ мавриди арзёбӣ қарор дода шаванд.

Муҳим он аст, ки рушди ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон набояд ҳамчун маҷмуи чорабиниҳои алоҳида арзёбӣ гардад. Он раванди пайвастаи таърихӣ мебошад, ки аз соҳибистиқлол гардидани давлат оғоз ёфта, бо қабули Конститутсия, ташаккули қонунгузории миллӣ, такмили сохтори мақомоти судӣ ва таҳкими кафолатҳои фаъолияти судҳо идома ёфтааст. Аз ин нуқтаи назар, таҷрибаи 35 соли Истиқлоли давлатӣ имконият медиҳад, ки дастовардҳои ин самти давлатсозӣ аз диди таърихӣ ва ҳуқуқӣ ҷамъбаст карда шаванд.

Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ тағйироти куллиро на танҳо дар сохтори сиёсӣ, балки дар тамоми низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён овард. Соҳибихтиёрӣ маънои онро дошт, ки давлат акнун бояд мустақилона асосҳои конститутсионии сохтори худро муайян намояд, низоми мақомоти давлатиро ташаккул диҳад ва механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқро ба вуҷуд оварад.

Дар ин раванд масъалаи ҳокимияти судӣ аҳаммияти махсус дошт. Мустақилияти давлат танҳо бо мавҷудияти рамзҳои давлатӣ, мақомоти қонунгузор ва иҷроия ё фаъолияти мустақили байналмилалӣ маҳдуд намешавад. Давлати соҳибихтиёр бояд дорои низоми мустақили судие бошад, ки адолати судиро аз номи давлат амалӣ намуда, ҳифзи воқеии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқиро таъмин созад.

Солҳои нахустини Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон давраи бисёр мураккаб буданд. Бо вуҷуди мушкилоти сиёсиву иҷтимоии давраи гузариш, раванди ташаккули заминаҳои ҳуқуқии давлатдории миллӣ қатъ нагардид. Яке аз дастовардҳои муҳимтарини ин марҳала қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 гардид. Маҳз Конститутсия асосҳои ҳуқуқии давлати навинро муқаррар намуда, барои ташаккули низоми миллии ҳокимияти судӣ пояи устувори ҳуқуқӣ гузошт.

Конститутсия дар таърихи давлатдории муосири Тоҷикистон санаде гардид, ки принсипҳои навини ташкил ва фаъолияти ҳокимияти давлатиро муқаррар намуд. Дар байни онҳо принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ мавқеи махсус дорад. Мувофиқи моддаи 9 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.

Ин муқаррароти конститутсионӣ барои ташаккули мақоми нави ҳокимияти судӣ аҳаммияти бунёдӣ дошт. Моҳияти он танҳо аз ҷудо намудани се шохаи ҳокимият иборат нест. Принсипи таҷзияи ҳокимият маънои эътирофи мустақилияти функсионалӣ ва ҳуқуқии ҳар яке аз шохаҳои ҳокимияти давлатиро дорад. Ҳар як шоха дар доираи салоҳияти муайяннамудаи Конститутсия ва қонун вазифаҳои махсуси худро амалӣ менамояд.

Дар ин низом ҳокимияти судӣ вазифаи махсус дорад. Он на қонун қабул мекунад ва на фаъолияти идоракунии ҳаррӯзаи давлатро анҷом медиҳад. Вазифаи асосии суд аз татбиқи ҳуқуқ дар ҳолатҳои мушаххас, ҳалли баҳсҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо, барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншуда ва таъмини адолат иборат мебошад. Аз ин рӯ, мустақилияти суд на танҳо талаботи ташкилии фаъолияти мақомоти судӣ, балки шарти муҳими фаъолияти тамоми механизми давлати ҳуқуқбунёд мебошад.

Принсипи таҷзияи ҳокимият ҳамзамон муносибати навро ба табиати суд ба вуҷуд овард. Агар суд танҳо ҳамчун яке аз мақомоти давлатӣ фаҳмида шавад, хусусияти мустақили ҳокимияти судӣ пурра инъикос намегардад. Дар давлати ҳуқуқбунёд суд худ шакли махсуси амалисозии ҳокимияти давлатӣ мебошад. Маҳз ҳамин фаҳмиш дар заминаи Конститутсияи давлати соҳибистиқлол тадриҷан ба асоси ташаккули низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфт.

Мақоми конститутсионии ҳокимияти судӣ дар моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври равшан ифода ёфтааст. Мувофиқи он ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуният ва адолатро ҳифз менамояд.

Ин муқаррароти конститутсионӣ дорои мазмуни амиқи ҳуқуқӣ мебошад:

Якум, мустақилияти ҳокимияти судӣ дар сатҳи Конститутсия эътироф гардидааст. Ин маънои онро дорад, ки суд ҳангоми амалисозии адолати судӣ бояд аз ҳар гуна таъсири ғайриқонунӣ озод бошад ва қарорҳои худро танҳо дар асоси Конститутсия, қонун ва ҳолатҳои муайяншудаи парванда қабул намояд.

Дуюм, ҳокимияти судӣ аз номи давлат амалӣ мегардад. Ин ҳолат мақоми махсуси санадҳои судиро нишон медиҳад. Ҳалнома, ҳукм, қарор ва дигар санадҳои судӣ на андешаи шахсии судя, балки натиҷаи амалисозии ҳокимияти давлатӣ дар шакли судӣ мебошанд. Аз ҳамин ҷиҳат, қонунӣ, асоснок ва одилона будани санади судӣ ба эътибори на танҳо суд, балки давлат низ таъсир мерасонад.

Сеюм, Конститутсия доираи вазифаҳои ҳокимияти судиро хеле васеъ муайян менамояд. Суд на танҳо баҳси байни тарафҳоро ҳал мекунад, балки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуният ва адолатро ҳифз менамояд. Ин маънои онро дорад, ки фаъолияти суд аз рӯйи табиати худ вазифаи муҳими ҷамъиятӣ ва давлатӣ дорад.

Аз ин рӯ, Конститутсияи соли 1994-ро метавон марҳалаи асосии гузариш ба модели муосири ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Истиқлол барои ташаккули низоми миллии судӣ шароити сиёсӣ ба вуҷуд овард, Конститутсия бошад, ба он асоси устувори ҳуқуқӣ, сохторӣ ва арзишӣ бахшид.

Дар ин замина муносибати конститутсионӣ ба инсон низ аҳаммияти махсус дорад. Мутобиқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд ва давлат онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Пайванди мантиқии моддаҳои 5 ва 84 Конститутсия моҳияти инсонгароёнаи ҳокимияти судиро равшан нишон медиҳад. Агар инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуда бошанд, пас суд яке аз механизмҳои асосии институтсионалии ҳифзи ин арзиш мебошад. Ба ҳамин маъно, адолати судӣ бояд пеш аз ҳама ба таъмини ҳифзи воқеӣ ва самараноки ҳуқуқҳои шахс равона гардад. Ин принсип дар моддаи 19 Конститутсия боз ҳам мушаххастар ифода ёфтааст. Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дошта, ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.

Мазмуни ин меъёр нишон медиҳад, ки ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ танҳо ҳуқуқи ворид намудани ариза ё шикоят ба суд нест. Он ҳуқуқи шахс ба адолати судии самаранок мебошад. Аз ин рӯ, барои татбиқи воқеии ин ҳуқуқ мавҷудияти якчанд шарти ба ҳам алоқаманд зарур аст: дастрасӣ ба суд, мустақилияти суд, беғаразии судя, риояи принсипҳои мурофиавӣ, баррасии саривақтӣ ва қабули санади қонунӣ ва асоснок.

Ҳамин тавр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо низоми мақомоти судиро эътироф намуд, балки фалсафаи нави муносибат ба судро низ муқаррар кард. Суд дар ин низом на танҳо мақоми ҳалкунандаи баҳс, балки яке аз кафилони асосии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва волоияти қонун мебошад.

Татбиқи муқаррароти конститутсионӣ қабули санадҳои дахлдори қонунгузориро талаб мекард. Зеро меъёрҳои Конститутсия хусусияти бунёдӣ дошта, сохтор, ваколат ва механизми фаъолияти мақомоти судӣ бояд дар қонунгузории соҳавӣ мушаххас карда мешуданд.

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ қонунгузории миллӣ дар бораи мақомоти судӣ тадриҷан ташаккул ва такмил ёфт. Дар ин раванд Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавқеи муҳим касб намуда, масъалаҳои ташкил ва фаъолияти мақомоти судӣ, мақоми судяҳо, салоҳияти судҳо ва дигар муносибатҳои вобаста ба амалисозии ҳокимияти судиро ба танзим даровард.

Аҳаммияти ин раванд дар он ифода меёфт, ки низоми судии Тоҷикистон тадриҷан хусусияти миллии ҳуқуқии худро пайдо менамуд. Табиист, ки низоми нав аз тамоми таҷрибаи ҳуқуқии гузашта якбора канор нарафт. Баръакс, унсурҳои мусбати таҷрибаи қаблӣ нигоҳ дошта шуда, мазмун ва шакли фаъолияти судҳо бо талаботи Конститутсияи давлати соҳибистиқлол мутобиқ карда шуданд.

Дар баробари қонунгузорӣ оид ба сохтори судӣ, такмили қонунгузории мурофиавӣ аҳаммияти на камтар дошт. Қонунгузории мурофиавӣ он шакли ҳуқуқие мебошад, ки дар доираи он адолати судӣ амалӣ мегардад. Маҳз тавассути мурофиа ҳуқуқи шахс ба ҳифзи судӣ ба воқеияти ҳуқуқӣ табдил меёбад.

Қабул ва такмили Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии маданӣ, Кодекси мурофиавии иқтисодӣ ва дигар санадҳои мурофиавӣ барои ташаккули тартиботи муосири баррасии парвандаҳо ва таҳкими кафолатҳои иштирокчиёни мурофиа замина фароҳам овард.

Аз нигоҳи назариявӣ байни қонунгузорӣ оид ба сохтори судӣ ва қонунгузории мурофиавӣ робитаи мустақим вуҷуд дорад. Якум мақоми институтсионалии судро муайян мекунад, дуюм бошад, тартиби амалӣ гардидани ваколати судиро. Бинобар ин, низоми воқеан самараноки судӣ танҳо дар сурати мутобиқати ин ду унсур - ташкили мустақили суд ва мурофиаи одилонаи судӣ - ташаккул меёбад.

Яке аз масъалаҳои меҳварии ташаккули ҳокимияти судӣ дар даврони Истиқлол таҳкими принсипи мустақилияти суд мебошад. Ин принсип ҳам аҳамияти институтсионалӣ ва ҳам аҳамияти мустақими ҳуқуқӣ барои шаҳрванд дорад.

Мустақилияти суд маънои онро дорад, ки судя ҳангоми баррасӣ ва ҳалли парванда бояд аз ҳар гуна таъсири ғайриқонунӣ озод буда, танҳо Конститутсия, қонун ва ҳолатҳои воқеии парвандаро ба роҳбарӣ гирад.

Бояд махсус таъкид кард, ки мустақилияти судя на имтиёзи шахсии ӯ, балки кафолати ҳуқуқии иштирокчиёни мурофиа мебошад. Шаҳрванде, ки барои ҳифзи ҳуқуқи худ ба суд муроҷиат мекунад, бояд итминон дошта бошад, ки баҳси ӯ аз ҷониби шахси мустақил ва беғараз баррасӣ мешавад. Аз ҳамин сабаб, мустақилияти судя бо ҳуқуқи инсон ба мурофиаи одилона робитаи бевосита дорад.

Дар баробари ин, мустақилият маънои озодӣ аз қонунро надорад. Баръакс, моҳияти мустақилияти суд дар вобастагии қатъии он аз Конститутсия ва қонун ифода меёбад. Судя аз таъсири беруна мустақил аст, вале дар назди қонун масъул мебошад. Маҳз чунин таносуб имкон медиҳад, ки мустақилият ва қонуният ҳамчун ду принсипи ба ҳам вобастаи адолати судӣ амал намоянд.

Мустақилияти суд ҳамчунин бо масъулияти баланди касбӣ ва ахлоқии судя алоқаманд аст. Ҳар қадар кафолатҳои мустақилияти судя бештар бошанд, ҳамон андоза талабот ба сатҳи дониш, беғаразӣ, одоби касбӣ ва масъулияти ӯ низ баландтар мегардад. Аз ин ҷиҳат, рушди ҳокимияти судӣ на танҳо масъалаи такмили санадҳои меъёрӣ, балки масъалаи ташаккули фарҳанги баланди касбии судӣ низ мебошад.

Дар низоми ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди Олӣ дорои мақоми махсус мебошад. Аҳаммияти он на танҳо аз ҷойгоҳи институтсионалӣ, балки аз хусусияти вазифаҳо ва таъсири фаъолияти он ба рушди тамоми низоми судӣ бармеояд.

Дар матни мавриди таҳқиқ Суди Олӣ ҳамчун яке аз ниҳодҳои калидии ҳокимияти судӣ арзёбӣ гардида, нақши он дар таъмини фаъолияти устувори низоми судӣ ва ташаккули амалияи судӣ таъкид шудааст. Ин мавқеъ асоснок аст, зеро мақоми Суди Олӣ дар механизми адолати судӣ аз доираи баррасии парвандаҳои мушаххас фаротар меравад.

Аз як тараф, Суди Олӣ ваколатҳои бевоситаи судиро дар доираи муқаррарнамудаи қонун амалӣ менамояд. Аз тарафи дигар, таҷрибаи фаъолияти он, омӯзиш ва ҷамъбасти масъалаҳои судӣ, муайян намудани мушкилоти татбиқи қонунгузорӣ ва дигар шаклҳои фаъолияти касбӣ ба сифати фаъолияти низоми судӣ таъсир мерасонанд.

Дар ин ҷо масъалаи муҳим он аст, ки Суди Олӣ дар давлати ҳуқуқбунёд набояд танҳо ҳамчун «зинаи болоии» сохтори судӣ маънидод карда шавад. Мақоми он дорои аҳаммияти функсионалӣ мебошад. Яъне арзиши фаъолияти Суди Олӣ бо саҳми он дар таъмини қонуният, сифати татбиқи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва устувории низоми судӣ муайян мегардад.

Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон яке аз ниҳодҳои калидии таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд арзёбӣ намуд. Дар даврони Истиқлол тағйир ёфтани мақоми суд дар давлат табиатан ба таҳаввули нақши Суди Олӣ низ таъсир расонид. Дар шароити нав он бояд на танҳо вазифаҳои анъанавии судиро иҷро намояд, балки дар ташаккули фарҳанги нави татбиқи ҳуқуқ ва таҳкими эътимод ба адолати судӣ саҳм гузорад.

Аз ин рӯ, роҳи тайкардаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ бо роҳи умумии ташаккули ҳокимияти судии миллӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Истиқлол барои рушди суд шароити сиёсию ҳуқуқӣ муҳайё кард; Конститутсия мақоми мустақили ҳокимияти судиро муайян намуд; қонунгузории миллӣ механизмҳои фаъолияти онро ташаккул дод ва таҷрибаи минбаъдаи давлатдорӣ зарурати такмили пайвастаи фаъолияти судҳоро ба миён овард.

Дар ин замина таҷрибаи сию панҷ соли Истиқлоли давлатӣ нишон медиҳад, ки рушди ҳокимияти судӣ раванди якмарҳалаӣ набуда, балки ҷараёни пайвастаи ташаккул ва такмил мебошад. Агар дар марҳалаи аввал вазифаи асосӣ бунёди пояҳои ҳуқуқии низоми миллии судӣ бошад, дар марҳалаҳои баъдӣ масъалаи таҳкими мустақилият, баланд бардоштани сифати адолати судӣ ва эътимоди ҷомеа ба суд аҳаммияти бештар пайдо намуд.

Дар ҳамин асос метавон гуфт, ки Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ аз ниҳоди олии судии низоми миллӣ ба яке аз институтҳои муҳимми таъминкунандаи устувории ҳокимияти судӣ, қонуният ва рушди давлати ҳуқуқбунёд табдил ёфтааст. Мазмуни ин нақш дар марҳалаҳои минбаъдаи рушди низоми судӣ боз ҳам васеъ гардида, масъалаҳои сифати адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон, рушди қонунгузорӣ ва ҷавобгӯ будани суд ба талаботи ҷомеаи муосирро фаро мегирад.

Раҳмонзода Икром Раҳмонқул-унвонҷуи Институти давлат ва ҳуқуқи

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИСЛОҲОТИ СУДӢ-ҲУҚУҚӢ ҲАМЧУН ДАСТОВАРДИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

12Истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо оғози марҳилаи нави давлатдорӣ, балки заминаи бунёдии ташаккули низоми мустақили ҳуқуқӣ, таҷдиди сохтори ҳокимияти давлатӣ ва таъсиси механизмҳои муосири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон гардид. Дар ин раванд ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ мақоми махсусро ишғол менамояд, зеро ташаккули давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд бидуни ҳокимияти судии мустақил, босалоҳият ва самаранок имконнопазир аст.

Аз ин нуқтаи назар, ислоҳоти судӣ-ҳуқуқиро метавон яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд. Маҳз дар давраи соҳибистиқлолӣ асосҳои конститутсионии ҳокимияти судӣ ташаккул ёфта, низоми судӣ ба талаботи давлатдории миллӣ мутобиқ карда шуд, қонунгузории мурофиавӣ тадриҷан нав гардид ва кафолатҳои ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳои инсон тақвият ёфтанд.

Моҳияти таърихии ин раванд дар он ифода меёбад, ки Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бояд низоми ҳуқуқиеро ташаккул медод, ки на танҳо идомаи шаклии сохторҳои давраи пешин, балки ифодакунандаи хусусияти давлати соҳибихтиёр, арзишҳои конститутсионӣ ва талаботи ҷомеаи демократӣ бошад. Аз ин рӯ, ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ бо раванди ташаккули давлатдории навини тоҷикон робитаи ногусастанӣ дорад.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 марҳилаи сифатан нави ташаккули низоми давлатдорӣ ва ҳуқуқии кишварро оғоз намуд. Конститутсия Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон карда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуд.

Ин муқаррароти конститутсионӣ барои муайян намудани самти минбаъдаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ аҳаммияти бунёдӣ пайдо карданд. Агар инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ бошанд, пас тамоми низоми мақомоти давлатӣ, аз ҷумла суд, бояд ба таъмини воқеии ин арзишҳо нигаронида шавад.

Дар низоми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ҳокимияти судӣ мақоми мустақилро соҳиб гардид. Мустақилияти суд дар ин маврид танҳо маънои ҷудо будани ташкилии онро аз ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия надорад. Он пеш аз ҳама кафолати он мебошад, ки баҳсҳои ҳуқуқӣ, масъалаҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон бояд дар асоси Конститутсия ва қонун, бе дахолати ғайриқонунӣ ҳал карда шаванд.

Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ ва арзишии ислоҳоти минбаъдаи судиро муайян намуд. Дар асоси меъёрҳои он қонунгузории конститутсионӣ оид ба судҳо, қонунгузории мурофиавӣ, санадҳои марбут ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, адвокатура, нотариат, иҷрои санадҳои судӣ ва дигар ниҳодҳои низоми адолати судӣ тадриҷан такмил дода шуданд.

Хусусияти муҳими таҷрибаи Тоҷикистон дар он аст, ки ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ҳамчун тадбири якдафъаина амалӣ нашуда, балки ба раванди пайваста ва марҳилавии сиёсати ҳуқуқии давлат табдил ёфтааст.

Дар марҳилаҳои гуногуни рушди давлат зарурати такмили сохтори судҳо, баланд бардоштани мақоми судяҳо, беҳтар намудани сифати баррасии парвандаҳо, таъмини дастрасӣ ба адолати судӣ ва мутобиқ намудани мурофиаи судӣ ба талаботи нави муносибатҳои ҷамъиятӣ ба миён омад.

Қабули барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ифодаи ҳамин муносибати низомнок мебошад. Онҳо ба муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди ҳокимияти судӣ, таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти судҳо, такмили қонунгузории мурофиавӣ ва беҳтар намудани шароити татбиқи адолати судӣ мусоидат карданд.

Дар натиҷа, мафҳуми «ислоҳоти судӣ» тадриҷан мазмуни васеътар пайдо намуд. Имрӯз он танҳо тағйир додани сохтори судҳоро ифода намекунад. Ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ маҷмуи чораҳои конститутсионӣ, қонунгузорӣ, ташкилӣ, кадрӣ, моддию техникӣ ва иттилоотиро фаро мегирад, ки ҳадафи умумии онҳо баланд бардоштани самаранокии ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

Яке аз самтҳои асосии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар даврони Истиқлол таҳкими мустақилияти суд ва судяҳо мебошад.

Мустақилияти суд шарти бунёдии давлати ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Суд танҳо дар ҳолате метавонад ҳуқуқи шаҳрванд, манфиати қонунии ташкилот ва манфиатҳои давлатро самаранок ҳифз намояд, ки ҳангоми қабули қарор аз ҳар гуна таъсири ғайриқонунӣ озод бошад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ заминаҳои ҳуқуқии кафолати мустақилияти судяҳо тадриҷан ташаккул ва такмил ёфтанд. Тартиби интихоб ва таъин намудани судяҳо, талаботи тахассусӣ нисбат ба онҳо, кафолатҳои фаъолияти касбӣ, масъалаҳои дахлнопазирӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва ҷавобгарии судяҳо дар қонунгузорӣ мавқеи махсус пайдо карданд.

Дар айни замон, мустақилияти суд набояд ҳамчун имтиёзи шахсии судя маънидод карда шавад. Он пеш аз ҳама кафолати ҳуқуқи шаҳрванд ба муҳокимаи одилонаи судӣ мебошад. Яъне ҷомеа ба судя мустақилият медиҳад, то ӯ тавонад танҳо ба Конститутсия, қонун, далелҳои парванда ва эътиқоди ҳуқуқии худ такя намуда, адолати судиро амалӣ созад.

Аз ҳамин ҷиҳат, таҳкими мустақилияти судӣ бояд ҳамзамон бо баланд бардоштани масъулияти касбӣ, сатҳи дониш, одоби судӣ ва сифати санадҳои судӣ амалӣ карда шавад.

Яке аз натиҷаҳои назарраси ислоҳоти даврони Истиқлол ташаккул ва рушди низоми судии мутобиқ ба давлатдории миллӣ мебошад.

Дар низоми судии кишвар судҳои дорои салоҳиятҳои гуногун фаъолият намуда, ҳифзи судии муносибатҳои конститутсионӣ, маданӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва дигар муносибатҳои ҳуқуқиро таъмин менамоянд.

Рушди адолати конститутсионӣ дар ин замина аҳаммияти махсус дорад. Назорати конститутсионӣ воситаи муҳими таъмини волоияти Конститутсия буда, ба ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ ва пешгирии татбиқи санадҳои ба Конститутсия номувофиқ мусоидат менамояд.

Рушди судҳои иқтисодӣ низ бо гузариши кишвар ба муносибатҳои бозорӣ, рушди соҳибкорӣ, шаклҳои гуногуни моликият ва афзоиши муносибатҳои шартномавӣ алоқаманд мебошад. Ҳифзи судии ҳуқуқи моликият ва озодии фаъолияти иқтисодӣ яке аз шартҳои муҳими суботи иқтисодӣ ва эътимоди иштирокчиёни муомилоти маданӣ ба давлат ба ҳисоб меравад.

Дар баробари ин, рушди тамоми зинаҳои судӣ ба ташаккули механизми мукаммалтари санҷиши қонунӣ ва асоснок будани санадҳои судӣ мусоидат намуд. Имконияти аз нав санҷидани санади судӣ яке аз кафолатҳои муҳими пешгирӣ ва ислоҳи хатои судӣ мебошад.

Дастоварди дигари даврони Истиқлол ташаккули заминаи нави қонунгузории мурофиавӣ мебошад. Адолати судӣ танҳо тавассути мавҷудияти суд амалӣ намегардад. Барои он тартиби дақиқ, одилона ва пешбинишавандаи мурофиавӣ зарур аст.

Қонунгузории мурофиавии маданӣ, ҷиноятӣ, иқтисодӣ ва дигар соҳаҳои мурофиавӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ бо назардошти принсипҳои конститутсионӣ ва талаботи рушди ҷомеа таҷдид гардид.

Дар маркази ин тағйирот масъалаҳои баробарии иштирокчиёни мурофиа, мубоҳисавӣ будани баррасии парванда, ҳуқуқ ба ҳимоя, мустақилияти суд, арзёбии далелҳо, асоснокии санадҳои судӣ ва имконияти шикоят аз онҳо қарор доранд.

Дар мурофиаи ҷиноятӣ масъалаи ҳифзи ҳуқуқи гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда, таъмини ҳуқуқ ба ҳимоя ва риояи кафолатҳои мурофиавӣ аҳаммияти махсус пайдо кардааст.

Дар мурофиаи маданӣ ва иқтисодӣ бошад, принсипҳои баробарии тарафҳо, ихтиёрдории иштирокчиён нисбат ба ҳуқуқҳои худ, мубоҳисавӣ будани мурофиа ва уҳдадории тарафҳо оид ба исботи ҳолатҳое, ки ба онҳо ҳамчун асоси талаб ё эътирози худ истинод мекунанд, барои ташаккули адолати муосири судӣ нақши муҳим доранд.

Арзиши воқеии ҳар гуна ислоҳоти судӣ дар он муайян мегардад, ки он то кадом андоза метавонад ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро дар амал ҳифз намояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳои инсонро муқаррар намуда, ба шаҳрванд имконият медиҳад, ки барои барқарор намудани ҳуқуқи вайроншуда ба суд муроҷиат намояд.

Дар шароити давлати ҳуқуқбунёд суд бояд на танҳо мақоми ҳалкунандаи баҳс, балки ниҳоди кафолатдиҳандаи адолат бошад. Маҳз тавассути муроҷиат ба суд шахс метавонад ҳуқуқи моликият, ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва оилавӣ, шаъну шараф, эътибори корӣ, ҳуқуқ ба ҷуброни зарар ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худро ҳимоя намояд.

Аз ин рӯ, яке аз меъёрҳои муҳимтарини арзёбии натиҷаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ бояд сатҳи дастрасии воқеии аҳолӣ ба адолати судӣ бошад.

Дастрасӣ ба адолати судӣ маънои онро дорад, ки шаҳрванд бояд имконияти воқеӣ дошта бошад, ки дар муҳлати оқилона ба суд муроҷиат кунад, мавқеи худро пешниҳод намояд, аз ёрии ҳуқуқӣ истифода барад, санади асосноки судиро дастрас кунад ва дар ҳолати зарурӣ онро бо тартиби муқаррарнамудаи қонун мавриди шикоят қарор диҳад.

Ислоҳоти судӣ-ҳуқуқиро аз рушди адвокатура ҷудо арзёбӣ намудан имконнопазир аст. Мурофиаи одилона танҳо дар шароите имконпазир мегардад, ки тарафҳо барои ҳифзи манфиатҳои худ имкониятҳои воқеии ҳуқуқӣ дошта бошанд.

Адвокатура дар ин низом вазифаи муҳими ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсро иҷро менамояд. Махсусан дар мурофиаи ҷиноятӣ фаъолияти ҳимоятгар яке аз кафолатҳои асосии ҳуқуқи инсон мебошад.

Таҳкими мақоми адвокат, рушди низоми расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии намояндагӣ дар суд бояд ҳамчун қисми таркибии сиёсати судӣ-ҳуқуқии давлат арзёбӣ гардад.

Ҳар қадаре ки фаъолияти адвокатура мустақил, касбӣ ва дастрас бошад, ҳамон андоза принсипи мубоҳисавии мурофиаи судӣ мазмуни воқеӣ пайдо менамояд.

Самаранокии фаъолияти суд танҳо бо қабули ҳалнома, ҳукм ё дигар санади судӣ анҷом намеёбад. Агар санади судӣ дар амал иҷро нашавад, ҳуқуқи эътирофшуда метавонад танҳо дар сатҳи шаклӣ боқӣ монад.

Аз ин рӯ, такмили механизми иҷрои санадҳои судӣ низ яке аз ҷузъҳои муҳими ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ мебошад.

Принсипи ҳатмӣ будани санадҳои судӣ тақозо менамояд, ки қарорҳои эътибори қонунӣ пайдокардаи суд аз ҷониби мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ иҷро карда шаванд.

Ба ин маъно, иҷрои саривақтӣ ва пурраи санади судӣ нишондиҳандаи муҳими эътимоднокии тамоми низоми адолати судӣ мебошад.

Дар шароити муосир ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ бо равандҳои рақамикунонии давлат ва ҷомеа пайванди зич пайдо мекунад.

Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ метавонад дастрасӣ ба судро осон намуда, суръати мубодилаи иттилоотро баланд бардорад ва шаффофияти фаъолияти судҳоро тақвият диҳад. Муомилоти электронии ҳуҷҷатҳо, ташкили махзани иттилоотии санадҳои судӣ, истифодаи воситаҳои электронии иртибот ва дигар шаклҳои рақамикунонӣ метавонанд сарбории ташкилиро коҳиш диҳанд.

Аммо рақамикунонӣ набояд танҳо ҳамчун масъалаи техникӣ фаҳмида шавад. Гузариш ба адолати рақамӣ масъалаҳои нави ҳуқуқиро низ ба миён меорад, аз ҷумла ҳифзи маълумоти шахсӣ, амнияти иттилоотӣ, муайян намудани шахсияти иштирокчии мурофиа, эътимоднокии далелҳои электронӣ ва таъмини дастрасии баробар ба технологияҳо.

Дар оянда масъалаи истифодаи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти ҳуқуқӣ низ аҳаммияти бештар пайдо хоҳад кард. Зеҳни сунъӣ метавонад дар таҳлили иттилоот, ҷустуҷӯи санадҳо ва иҷрои корҳои техникӣ мусоидат намояд, вале қабули қарори судӣ бояд ҳамчун фаъолияти дорои масъулияти махсуси конститутсионӣ таҳти назорати инсон боқӣ монад.

Яке аз масъалаҳои муҳим дар марҳилаи нави ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ баланд бардоштани эътимоди ҷомеа ба суд мебошад.

Эътимод танҳо тавассути қабули қонунҳои нав ташаккул намеёбад. Он натиҷаи фаъолияти ҳаррӯзаи суд, муносибати одилона ба иштирокчиёни мурофиа, асоснокии қарорҳо, риояи муҳлатҳо, одоби касбии судяҳо ва иҷрои воқеии санадҳои судӣ мебошад.

Санади судӣ бояд на танҳо аз ҷиҳати шакл ба талаботи қонун ҷавобгӯ бошад, балки мантиқи ҳуқуқии он барои иштирокчиёни мурофиа фаҳмо бошад. Асосноккунии мукаммали ҳалнома ё ҳукм нишон медиҳад, ки суд далелҳои тарафҳоро шунида, онҳоро таҳқиқ намуда ва ба ҳар як масъалаи дорои аҳаммияти ҳуқуқӣ ҷавоби асоснок додааст.

Аз ҳамин ҷиҳат, сифати санадҳои судӣ яке аз нишондиҳандаҳои муҳимтарини сифати адолати судӣ мебошад.

Аҳаммияти ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ аз доираи фаъолияти мақомоти судӣ фаротар меравад. Он бевосита ба рушди давлатдории миллӣ, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, суботи ҷомеа, иқтисодиёт ва фарҳанги ҳуқуқӣ таъсир мерасонад.

Суди мустақил ва самаранок барои фаъолияти соҳибкорӣ низ аҳаммияти калон дорад. Сармоягузор, соҳибкор ва иштирокчии муносибатҳои иқтисодӣ бояд итминон дошта бошанд, ки ҳуқуқи моликият, шартнома ва манфиатҳои қонунии онҳо дар ҳолати ба миён омадани баҳс бо роҳи ҳуқуқӣ ҳифз мешаванд.

Ҳамин тавр, сифати низоми судӣ ба фазои сармоягузорӣ, устувории муомилоти маданӣ ва рушди иқтисоди миллӣ таъсири мустақим мерасонад.

Аз тарафи дигар, ҳокимияти судии босамар ба таҳкими қонуният мусоидат менамояд. Ҳар қадаре ки шаҳрвандон бештар эҳсос кунанд, ки ҳуқуқи онҳо тавассути механизмҳои қонунӣ ҳифз мешавад, ҳамон андоза эҳтиром ба қонун ва фарҳанги ҳуқуқӣ дар ҷомеа боло меравад.

Бо ҷамъбасти таҷрибаи даврони Истиқлоли давлатӣ метавон як қатор натиҷаҳои муҳими ислоҳоти судӣ-ҳуқуқиро муайян намуд:

1. Заминаҳои конститутсионии ҳокимияти судии мустақил ташаккул ёфтанд;

2. Низоми миллии судӣ рушд ва такмил дода шуд;

3. Қонунгузории мурофиавӣ дар асоси принсипҳои нави конститутсионӣ таҷдид гардид;

4. Кафолатҳои ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳои инсон тақвият ёфтанд;

5. Мақоми судя ва кафолатҳои фаъолияти ӯ таҳким пайдо карданд;

6. Механизмҳои бозбинии санадҳои судӣ инкишоф ёфтанд;

7. Нақши адвокатура ва ёрии ҳуқуқӣ дар таъмини адолати судӣ афзоиш ёфт;

8. Низоми иҷрои санадҳои судӣ мавриди такмил қарор гирифт;

9. Заминаҳои рақамикунонии фаъолияти судӣ фароҳам гардиданд;

10. Ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ба яке аз самтҳои доимии сиёсати ҳуқуқии давлат табдил ёфт.

Бо вуҷуди ин, ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ раванди анҷомёфта нест. Тағйирёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ, рушди иқтисоди рақамӣ, пайдоиши шаклҳои нави муносибатҳои хусусӣ ва оммавӣ, истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ ва болоравии талаботи ҷомеа нисбат ба сифати хизматрасониҳои давлатӣ зарурати идомаи онро ба миён меоранд.

Дар марҳилаи минбаъда баланд бардоштани сифати адолати судӣ, тақвияти мустақилияти воқеии судяҳо, такмили омодагии касбӣ, рушди адолати электронӣ, таъмини иҷрои босамари санадҳои судӣ, баланд бардоштани сатҳи шаффофият ва тақвияти эътимоди аҳолӣ ба суд бояд аз самтҳои афзалиятнок боқӣ монанд.

Ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ яке аз дастовардҳои муҳими таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ мебошад. Аҳаммияти он пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки дар заминаи Конститутсияи давлати соҳибистиқлол низоми миллии ҳокимияти судӣ ташаккул ёфта, ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун яке аз кафолатҳои асосии давлатдории ҳуқуқбунёд мавқеи устувор пайдо намуд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон аз марҳилаи ташаккули заминаҳои ҳуқуқии ҳокимияти судӣ ба марҳилаи такмили сифатии фаъолияти он ворид гардид. Ин раванд аз таҷдиди қонунгузорӣ оғоз гардида, имрӯз масъалаҳои самаранокии адолати судӣ, дастрасии шаҳрвандон ба суд, сифати санадҳои судӣ, рақамикунонӣ, одоби касбӣ ва эътимоди ҷомеаро фаро мегирад.

Аз нигоҳи илмӣ, ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ бояд ҳамчун ҷузъи таркибии раванди ташаккул ва таҳкими давлатдории миллии Тоҷикистон арзёбӣ карда шавад. Зеро ҳокимияти судӣ на танҳо яке аз шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, балки механизми конститутсионии ҳифзи инсон, ҳуқуқ, қонуният ва адолат мебошад.

Таҷрибаи солҳои Истиқлол нишон медиҳад, ки ташаккули давлати ҳуқуқбунёд бе суди мустақил ва босамар имконнопазир аст. Аз ин рӯ, дастоварди асосии ислоҳотро на танҳо дар таъсиси сохторҳо ё қабули санадҳои нави ҳуқуқӣ, балки дар тадриҷан ташаккул ёфтани фалсафаи нави адолати судӣ - суд ҳамчун кафили ҳуқуқ ва озодиҳои инсон бояд ҷустуҷӯ намуд.

Ҳамин маъно ба ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ аҳаммияти таърихӣ мебахшад ва онро дар қатори дастовардҳои бунёдии даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор медиҳад.

Бурҳониён Маъруфҷон-унвонҷуи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси Суди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд

НАҚШИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛ ВА РУШДИ НИЗОМИ МОЛИЯВИЮ БОНКИИ КИШВАР ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

1223Истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо оғози марҳилаи нави давлатдории миллӣ, балки заминаи ташаккули низоми мустақили иқтисодӣ, молиявӣ ва бонкии кишвар гардид. Дар шароити нави таърихӣ зарурати таъсиси институтҳое ба миён омад, ки тавонанд соҳибихтиёрии иқтисодии давлатро таъмин намуда, сиёсати мустақили пулию қарзиро амалӣ созанд, муомилоти пулӣ ва муносибатҳои асъориро ба танзим дароранд ва фаъолияти низоми бонкиро дар асоси талаботи иқтисоди миллӣ роҳандозӣ намоянд.

Дар ин раванд Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун яке аз ниҳодҳои калидии давлатдории иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул ёфт. Нақши он дар даврони Истиқлоли давлатӣ танҳо бо анҷом додани вазифаҳои анъанавии бонки марказӣ маҳдуд намегардад. Бонки миллии Тоҷикистон дар ташаккули низоми миллии пулӣ, рушди қонунгузории бонкӣ, танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ, таъмини устувории низоми бонкӣ, рушди низоми пардохт, танзими муносибатҳои асъорӣ ва ворид намудани технологияҳои муосири молиявӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ низ ташаккули Бонки миллии Тоҷикистон яке аз унсурҳои муҳими таҳкими соҳибихтиёрии иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад. Давлати соҳибистиқлол барои амалӣ намудани сиёсати мустақили иқтисодӣ бояд дорои низоми миллии пулӣ, бонки марказӣ, механизмҳои танзими муомилоти пулӣ ва асъорӣ ва заминаи ҳуқуқии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ бошад. Аз ин лиҳоз, ташаккули Бонки миллии Тоҷикистон ва рушди қонунгузории бонкӣ бояд ҳамчун қисми таркибии раванди бунёди давлатдории навини Тоҷикистон арзёбӣ карда шавад.

Дар давоми сию панҷ соли Истиқлоли давлатӣ заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон низ марҳила ба марҳила ташаккул ва такмил ёфтанд. Қабул ва рушди қонунгузорӣ дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон, фаъолияти бонкӣ, танзими асъор, низоми пардохт, ташкилотҳои маблағгузории хурд, суғуртаи пасандозу амонатҳо, муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва дигар самтҳои муносибатҳои молиявию бонкӣ барои ташаккули низоми муосири бонкии мамлакат замина гузошт.

Дар баробари қонунҳо, дар низоми танзими ҳуқуқии муносибатҳои бонкӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худи Бонки миллии Тоҷикистон мавқеи муҳим доранд. Маҳз тавассути чунин санадҳо муқаррароти умумии қонунгузорӣ мушаххас гардида, механизмҳои амалии танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ, назорати бонкӣ, ҳисоббаробаркунӣ, амалиёти асъорӣ, идоракунии хавфҳо, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва дигар муносибатҳои соҳавӣ муайян карда мешаванд.

Аз ин рӯ, таҳаввули санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистонро метавон яке аз самтҳои мустақили рушди ҳуқуқи бонкии миллӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуд. Агар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ вазифаи асосӣ фароҳам овардани заминаҳои ибтидоии фаъолияти низоми бонкии мустақил бошад, дар марҳилаҳои баъдӣ мазмун ва доираи танзими ҳуқуқӣ тадриҷан васеъ гардида, масъалаҳои устувории молиявӣ, назорати ба хавф нигаронидашуда, шаффофияти фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, технологияҳои молиявӣ ва амнияти низоми пардохт аҳаммияти бештар пайдо намуданд.

Мақоми ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон низ дар ин раванд такмил ёфтааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» мақоми ҳуқуқӣ, вазифаҳо, ваколатҳо ва самтҳои асосии фаъолияти онро муайян намуда, барои амалӣ намудани сиёсати пулию қарзӣ ва танзиму назорати низоми бонкӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Аз ҷумла, ваколати қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба Бонки миллӣ имконият медиҳад, ки дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи қонун ба тағйироти иқтисодӣ ва молиявӣ вокуниши ҳуқуқии дахлдор нишон диҳад.

Аз ин нигоҳ, Бонки миллии Тоҷикистонро метавон на танҳо ҳамчун бонки марказӣ ва мақоми танзимкунандаи низоми молиявӣ, балки ҳамчун субъекти махсуси ташаккули сиёсати ҳуқуқии давлат дар соҳаи муносибатҳои пулию қарзӣ ва бонкӣ арзёбӣ намуд. Маҳз чунин муносибат имкон медиҳад, ки нақши Бонки миллӣ дар сию панҷ соли Истиқлоли давлатӣ ҳамаҷониба ва дар робитаи мутақобилаи иқтисод, молия ва ҳуқуқ таҳқиқ карда шавад.

Мақсади мақолаи мазкур таҳлили нақш ва саҳми Бонки миллии Тоҷикистон дар ташаккул ва рушди низоми молиявию бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ мебошад. Барои расидан ба ин мақсад марҳилаҳои ташаккули Бонки миллӣ, рушди мақоми ҳуқуқии он, ташаккули низоми миллии пулӣ, рушди қонунгузории бонкӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллӣ, сиёсати пулию қарзӣ, танзиму назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ, рушди низоми пардохт ва рақамикунонии бахши молиявӣ мавриди таҳлил қарор дода мешаванд.

Ҳамин тариқ, таърихи сию панҷсолаи фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистонро метавон ҳамчун яке аз самтҳои муҳими таърихи ташаккули давлатдории иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол арзёбӣ кард. Таҳқиқи ин роҳ имкон медиҳад, ки на танҳо дастовардҳои гузашта ҷамъбаст карда шаванд, балки вазифаҳои нави Бонки миллӣ дар шароити рақамикунонии иқтисод, рушди технологияҳои молиявӣ ва таҳкими минбаъдаи суботи молиявии кишвар низ муайян гарданд.

Эълон гардидани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ташаккули низоми мустақили идоракунии иқтисодию молиявиро ба миён гузошт. Дар низоми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ муносибатҳои пулӣ ва қарзӣ асосан аз марказ идора гардида, ҷумҳуриҳои иттифоқӣ имконияти пешбурди сиёсати комилан мустақили пулию қарзиро надоштанд. Аз ин рӯ, ба даст овардани истиқлол масъалаи таъсиси низоми мустақили бонкӣ ва муайян намудани мақоми бонки марказии давлатро ба яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа табдил дод.

Дар чунин шароит ташаккули Бонки миллии Тоҷикистон аҳаммияти стратегӣ касб намуд. Бонки марказии давлати соҳибистиқлол мебоист на танҳо идомадиҳандаи баъзе вазифаҳои сохторҳои пешина, балки ниҳоди сифатан наве мегардид, ки сиёсати пулию қарзии давлатро мутобиқ ба манфиатҳои иқтисоди миллӣ амалӣ менамояд.

Ташаккули чунин ниҳод бе бунёди заминаи ҳуқуқии дахлдор ғайриимкон буд. Бинобар ин, рушди Бонки миллии Тоҷикистон ҳамзамон бо ташаккули қонунгузории миллии бонкӣ сурат гирифт. Маҳз ҳамин хусусият нишон медиҳад, ки таърихи Бонки миллӣ бояд дар робитаи ногусастанӣ бо таҳаввули низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дода шавад.

Дар марҳилаҳои минбаъда қонунгузории бонкӣ аз маҷмуи нисбатан маҳдуди меъёрҳои танзимкунандаи фаъолияти бонкҳо ба низоми мукаммалтари меъёрҳои ҳуқуқӣ табдил ёфт. Дар ин раванд санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон вазифаи муҳим - гузариш аз меъёрҳои умумии қонун ба механизмҳои мушаххаси танзими муносибатҳои бонкиро иҷро намуданд.

Аз ҳамин лиҳоз, яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони Истиқлолро на танҳо ташаккули Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди иқтисодӣ, балки ташаккули низоми миллии танзими ҳуқуқии фаъолияти бонкӣ ташкил медиҳад.

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ дар соҳаи молиявию бонкӣ ташаккули низоми мустақили қонунгузории бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бунёди давлати соҳибистиқлол тақозо менамуд, ки муносибатҳои пулию қарзӣ ва бонкӣ дигар на дар доираи низоми ягонаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, балки дар асоси манфиатҳои иқтисодии давлати миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии худи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда шаванд.

Дар ин замина ташаккули мақоми ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон аҳаммияти махсус пайдо намуд. Бонки марказӣ дар ҳар давлати соҳибистиқлол яке аз институтҳои асосии таъмини истиқлоли иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз мавҷудияти бонки марказии мустақил имкон медиҳад, ки давлат сиёсати пулию қарзии худро амалӣ намуда, муомилоти пулӣ, низоми пардохт, фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ва муносибатҳои асъориро мутобиқ ба ҳадафҳои иқтисоди миллӣ танзим намояд.

Аз ин рӯ, ташаккули Бонки миллии Тоҷикистонро аз раванди ташаккули қонунгузории бонкии мамлакат ҷудо арзёбӣ кардан имконнопазир аст. Дар асл, рушди институтсионалии Бонки миллӣ ва рушди низоми ҳуқуқии бонкӣ ду ҷанбаи ба ҳам алоқаманди як раванди умумӣ - ташаккули соҳибихтиёрии молиявию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Дар давраи аввали Истиқлоли давлатӣ яке аз масъалаҳои муҳим муайян намудани мақоми Бонки миллии Тоҷикистон, вазифаҳо ва ваколатҳои он, муносибаташ бо мақомоти дигари давлатӣ ва ташкилотҳои қарзӣ буд. Қонунгузории солҳои аввали истиқлол заминаи ибтидоии гузариш аз низоми бонкии маъмурию мутамарказ ба низоми бонкии мутобиқ ба муносибатҳои бозорӣ гардид.

Марҳилаи муҳим дар рушди қонунгузории мазкур бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» дар соли 1996 алоқаманд мебошад. Ин санад барои давраи муайяни рушди давлат заминаи ҳуқуқии фаъолияти бонки марказиро фароҳам овард. Таҷрибаи татбиқи он, тағйирёбии муносибатҳои иқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ, васеъ гардидани фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ва зарурати мутобиқ намудани низоми бонкӣ ба талаботи нави иқтисодӣ минбаъд такмили амиқтари қонунгузориро тақозо намуд.

Марҳилаи сифатан нави рушди мақоми ҳуқуқии Бонки миллӣ бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» аз 28 июни соли 2011, №722 алоқаманд аст. Қонуни мазкур мақоми ҳуқуқӣ, вазифаҳо ва ваколатҳои Бонки миллӣ, муносибатҳои он бо мақомоти давлатӣ, асосҳои сиёсати пулию қарзӣ, танзиму назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, гардиши пул ва дигар самтҳои фаъолияти бонки марказиро муайян намуд. Қонуни мазкур то имрӯз амал карда, пайваста мутобиқ ба талаботи нави муносибатҳои иқтисодию молиявӣ такмил дода шудааст. Аз ҷумла, манбаи расмии қонунгузорӣ тағйироти солҳои 2014, 2018, 2019, 2020, 2023, 2024 ва 2026-ро дар он нишон медиҳад.

Аҳаммияти чунин тағйиротро танҳо ҳамчун ислоҳи техникии матни қонун арзёбӣ кардан дуруст нест. Онҳо аз таҳаввули худи муносибатҳои молиявию бонкӣ шаҳодат медиҳанд. Бо мураккаб гардидани бозори молиявӣ, пайдо шудани шаклҳои нави хизматрасонӣ, афзоиши талабот ба устувории ташкилотҳои қарзӣ ва рушди технологияҳои молиявӣ қонунгузор низ маҷбур мегардад механизмҳои ҳуқуқии танзим ва назоратро мунтазам такмил диҳад.

Аз ҳамин нуқтаи назар, сию панҷ соли Истиқлоли давлатиро метавон давраи ташаккули модели миллии танзими ҳуқуқии фаъолияти бонкӣ номид. Агар дар ибтидои солҳои 1990 масъалаи асосӣ ташкили институтҳои мустақили бонкӣ бошад, дар марҳилаи муосир сухан дар бораи сифат, устуворӣ, шаффофият, рақобатпазирӣ ва рақамикунонии низоми молиявию бонкӣ меравад.

Худи Бонки миллии Тоҷикистон қонунгузории бонкиро ҳамчун низоми санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии танзими фаъолияти бонкӣ муайян намуда, Қонун «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва қонунгузорӣ дар бораи фаъолияти бонкиро дар меҳвари ин низом қарор медиҳад. Аз ин рӯ, қонунгузории бонкӣ бояд ҳамчун низоми ягонае фаҳмида шавад, ки дар он санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллӣ ҳамдигарро пурра менамоянд.

Хусусияти муҳими мақоми Бонки миллии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки фаъолияти он танҳо бо иҷрои қонунҳо маҳдуд намешавад. Дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи қонун Бонки миллӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул менамояд, ки барои танзими амалии муносибатҳои бонкӣ аҳаммияти калон доранд.

Маҳз дар ҳамин ҷанба мақоми Бонки миллӣ ҳамчун субъекти махсуси танзими ҳуқуқии муносибатҳои молиявию бонкӣ зоҳир мегардад. Қонун меъёрҳои умумӣ ва принсипҳои асосиро муқаррар менамояд, аммо фаъолияти ҳаррӯзаи низоми бонкӣ ба танзими муфассалтар эҳтиёҷ дорад. Масъалаҳои марбут ба иҷозатномадиҳӣ, талабот ба сармоя, меъёрҳои мақбул, баҳодиҳии хавф, тартиби ҳисоботдиҳӣ, амалиёти асъорӣ, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, низоми пардохт ва дигар муносибатҳои соҳавӣ тавассути санадҳои махсус мушаххас карда мешаванд.

Аз ин лиҳоз, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон вазифаи ба худ хоси пайвасткунандаи қонун ва амалияи бонкӣ-ро иҷро мекунанд. Қонун самти умумиро муайян мекунад, санади меъёрии соҳавӣ бошад механизми амалишавии онро муқаррар менамояд.

Дар сомонаи расмии Бонки миллӣ низ санадҳои соҳавӣ ба гурӯҳҳои алоҳида, аз ҷумла қонунҳо, дастурамалҳо ва тартибҳо ҷудо шудаанд. Масалан, дар бахши танзими асъорӣ дар баробари қонунгузорӣ тартиби интиқоли фаромарзии маблағҳо ва фаъолияти низомҳои пардохтие, ки чунин интиқолҳоро анҷом медиҳанд, ҷой дода шудааст. Ин ҳолат нишон медиҳад, ки танзими ҳуқуқии муосири бахши бонкӣ сохтори бисёрзинагӣ дорад.

Нақши санадҳои Бонки миллӣ махсусан дар шароити тағйирёбии босуръати муносибатҳои молиявӣ меафзояд. Қонунгузор наметавонад ҳамаи ҷузъиёти техникию иқтисодии фаъолияти низоми бонкиро дар сатҳи қонун муқаррар намояд. Бинобар ин, ба мақоми махсусгардонидашуда ваколат дода мешавад, ки дар ҳудуди қонун тартиби татбиқи меъёрҳои онро муайян намояд.

Ин хусусият дар шароити рақамикунонии иқтисод аҳаммияти боз ҳам бештар касб мекунад. Пардохтҳои электронӣ, хизматрасонии фосилавии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, технологияҳои молиявӣ, ҳифзи иттилооти молиявӣ ва дигар муносибатҳои нав аз мақоми танзимкунанда вокуниши нисбатан фаврӣ ва касбиро талаб мекунанд.

Дар баробари ин, санадҳои Бонки миллӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм низ мавқеи муҳим пайдо кардаанд. Дар низоми санадҳои соҳавии Бонки миллӣ, аз ҷумла, Дастурамали №257 дар бораи санҷиши дахлдори муштарӣ, феҳристи аломатҳои аҳду амалиёти шубҳанок ва роҳнамоҳои дахлдори назорати дохилӣ пешбинӣ шудаанд. Ин самт нишон медиҳад, ки вазифаи бонки марказӣ дар шароити муосир аз доираи танзими анъанавии пулу қарз берун рафта, таъмини амнияти молиявиро низ фаро мегирад.

Ҳамин тариқ, агар ба роҳи тайкардаи Бонки миллии Тоҷикистон аз мавқеи ҳуқуқӣ назар афканем, се раванди ба ҳам алоқаманд мушоҳида мешаванд: таҳкими мақоми ҳуқуқии Бонки миллӣ, васеъ гардидани доираи танзими қонунгузории бонкӣ ва афзоиши нақши санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ. Ин се раванд дар маҷмуъ заминаи ҳуқуқии низоми муосири бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Яке аз муҳимтарин нишонаҳои соҳибихтиёрии иқтисодии давлат мавҷудияти низоми мустақили пулӣ мебошад. Давлате, ки сиёсати пулии худро мустақилона амалӣ менамояд, дорои воситаи муҳими таъсиррасонӣ ба рушди иқтисодӣ, сатҳи нархҳо, гардиши пул, қарздиҳӣ ва муносибатҳои молиявӣ мегардад.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули низоми миллии пулӣ дар солҳои аввали истиқлол дар шароити ниҳоят мураккаб сурат гирифт. Канда шудани робитаҳои иқтисодии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, коҳиш ёфтани истеҳсолот, мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ва ноустувории фазои пулии пасошӯравӣ зарурати ҳарчи зудтар ташаккул додани механизмҳои мустақили идоракунии муомилоти пулиро ба миён овард.

Дар чунин шароит масъалаи пули миллӣ на танҳо масъалаи техникии иваз намудани як воситаи пардохт бо воситаи дигар буд. Он бо соҳибихтиёрии иқтисодӣ, қобилияти давлат барои пешбурди сиёсати мустақили пулию қарзӣ ва ташаккули бозори миллии молиявӣ алоқаманд гардид.

Ҷорӣ гардидани пули миллӣ имконият фароҳам овард, ки сиёсати пулию қарзии кишвар тадриҷан ба воқеияти иқтисоди Тоҷикистон мутобиқ карда шавад. Аз ҳамин марҳила масъулияти Бонки миллӣ барои ташкили муомилоти пулӣ ва истифодаи воситаҳои сиёсати монетарӣ мазмуни сифатан нав пайдо намуд.

Таҳаввули минбаъдаи низоми миллӣ ба ҷорӣ гардидани сомонӣ ҳамчун воҳиди пули Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда расонд. Ин рӯйдодро метавон яке аз рамзҳои муҳимтарини соҳибихтиёрии иқтисодии давлат дар даврони Истиқлол арзёбӣ намуд. Пули миллӣ дар ин маврид на танҳо воситаи ҳисоббаробаркунӣ, балки нишонаи истиқлоли иқтисодӣ ва давлатдории миллӣ мебошад.

Бо ташаккули низоми миллии пулӣ вазифаи Бонки миллӣ низ тадриҷан мураккаб гардид. Акнун масъала танҳо ба ташкили гардиши пул маҳдуд набуд. Таъмини устувории нархҳо, идора намудани ҳаҷми пул дар муомилот, истифодаи воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ, ташкили бозори байнибонкӣ ва таъмини фаъолияти босуботи низоми молиявӣ ба самтҳои муҳим табдил ёфтанд.

Аз нуқтаи назари илмӣ, маҳз дар ҳамин раванд робитаи байни истиқлоли сиёсӣ ва истиқлоли иқтисодӣ равшан зоҳир мегардад. Истиқлоли сиёсӣ ба давлат ҳуқуқи қабули қарорҳои мустақилро медиҳад, вале барои татбиқи воқеии ин ҳуқуқ дар соҳаи иқтисод мавҷудияти институтҳо ва воситаҳои мустақили молиявӣ зарур аст. Бонки марказӣ ва пули миллӣ аз ҷумлаи чунин институту воситаҳо мебошанд.

Бинобар ин, ҷорӣ гардидани пули миллӣ ва ташаккули сиёсати мустақили пулию қарзӣ бояд дар қатори муҳимтарин дастовардҳои иқтисодии сию панҷ соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода шаванд. Нақши Бонки миллии Тоҷикистон дар ин раванд хусусияти бунёдӣ дошта, маҳз тавассути фаъолияти он механизмҳои институтсионалӣ ва ҳуқуқии сиёсати миллии пулӣ ташаккул ёфтанд.

Ташаккули низоми миллии пулӣ барои рушди низоми бонкӣ шароити зарурӣ фароҳам овард. Аммо иқтисоди бозорӣ танҳо бо мавҷудияти бонки марказӣ рушд карда наметавонад. Барои фаъолияти муътадили иқтисод шабакаи устувори ташкилотҳои қарзӣ, механизмҳои пасандозгузорӣ ва қарздиҳӣ, ҳисоббаробаркунӣ ва интиқоли маблағҳо заруранд.

Дар ин раванд яке аз вазифаҳои муҳими Бонки миллии Тоҷикистон фароҳам овардани муҳити ҳуқуқию институтсионалӣ барои фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ гардид. Низоми бонкии миллӣ тадриҷан аз сохтори гузаришӣ ба низоме табдил ёфт, ки фаъолияти он бо талаботи иҷозатномадиҳӣ, меъёрҳои мақбул, назорати бонкӣ, идоракунии хавфҳо ва ҳисоботдиҳӣ фаро гирифта мешавад.

Моҳияти танзими бонкӣ пеш аз ҳама дар пешгирии хавфҳое ифода меёбад, ки метавонанд на танҳо ба фаъолияти як бонк, балки ба эътимоди аҳолӣ ва устувории тамоми низоми молиявӣ таъсир расонанд. Аз ин рӯ, вазифаи Бонки миллӣ дар ин самт бояд ҳамчун ҳифзи манфиати умумии иқтисодӣ арзёбӣ карда шавад.

Дар даврони истиқлол доираи хизматрасониҳои молиявӣ низ васеъ гардид. Дар баробари бонкдории анъанавӣ заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти маблағгузории хурд ва шаклҳои нави хизматрасонии молиявӣ ташаккул ёфтанд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» аз 26 июли соли 2014, №1108 яке аз намунаҳои диверсификатсияи ҳуқуқии низоми бонкӣ мебошад. Қонун низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигари қарзии дар ҷумҳурӣ фаъолияткунанда муайян намуда, барои фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ ва стандартҳои дахлдори он заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.

Ин раванд нишон медиҳад, ки сиёсати ҳуқуқии бонкӣ дар даврони Истиқлол аз модели нисбатан маҳдуди солҳои аввал ба модели гуногунсамт гузаштааст. Дар маркази ин низом Бонки миллии Тоҷикистон қарор дошта, ҳамзамон вазифаҳои сиёсати пулию қарзӣ, танзим, назорат ва рушди инфрасохтори молиявиро амалӣ менамояд.

Аз ин рӯ, яке аз натиҷаҳои муҳимтарини фаъолияти Бонки миллӣ дар сию панҷ соли Истиқлоли давлатӣ ташаккули муҳити институтсионалӣ ва ҳуқуқие мебошад, ки дар доираи он низоми бонкии мамлакат имкони фаъолият ва рушд пайдо кардааст. Дар марҳилаи нави давлатдорӣ бошад, вазифаи асосӣ на танҳо зиёд намудани ҳаҷми хизматрасониҳои бонкӣ, балки баланд бардоштани сифат, дастрасӣ, эътимоднокӣ ва рақобатпазирии онҳо мебошад.

Ин тағйироти сифатӣ нишон медиҳад, ки нақши Бонки миллии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ аз таъсиси низоми бонкии миллӣ оғоз гардида, тадриҷан ба вазифаи мураккабтари таъмини рушди устувор ва мутобиқсозии низоми молиявию бонкии кишвар ба талаботи иқтисоди муосир табдил ёфтааст.

Яке аз самтҳои бунёдии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ ташаккул ва татбиқи сиёсати мустақили пулию қарзӣ мебошад. Агар таъсиси низоми миллии бонкӣ ва ҷорӣ намудани пули миллӣ заминаҳои институтсионалии соҳибихтиёрии иқтисодиро фароҳам оварда бошанд, сиёсати пулию қарзӣ воситаи амалии татбиқи чунин соҳибихтиёрӣ гардид.

Дар илми иқтисод ва ҳуқуқ сиёсати пулию қарзӣ ҳамчун маҷмуи тадбирҳои иқтисодӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқие фаҳмида мешавад, ки тавассути онҳо бонки марказӣ ба ҳаҷми пул дар муомилот, арзиши қарз, сатҳи пардохтпазирии низоми бонкӣ ва дар ниҳоят ба сатҳи нархҳо ва фаъолияти иқтисодӣ таъсир мерасонад. Дар шароити давлати соҳибистиқлол самаранокии чунин сиёсат яке аз шартҳои муҳими суботи иқтисодӣ мебошад.

Барои Тоҷикистон аҳаммияти ин масъала махсус аст. Солҳои аввали истиқлол ба давраи мураккаби гузариш ба иқтисоди бозорӣ рост омаданд. Коҳиши истеҳсолот, халалдор шудани робитаҳои анъанавии иқтисодӣ, номувозинатии бозори истеъмолӣ ва мушкилоти низоми молиявӣ ба устувории муомилоти пулӣ таъсири ҷиддӣ мерасониданд. Дар чунин вазъият ташаккули сиёсати мустақили пулию қарзӣ тадриҷан ба яке аз вазифаҳои меҳварии Бонки миллӣ табдил ёфт.

Дар марҳилаҳои минбаъда, бо устувор гардидани вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, мазмун ва воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ низ такмил ёфтанд. Механизмҳои танзими пешниҳоди пул, меъёри бозтамвил, амалиёти бозорӣ, воситаҳои идоракунии пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ ва дигар фишангҳои сиёсати монетарӣ тадриҷан рушд намуданд.

Аҳаммияти ҳуқуқии ин раванд дар он аст, ки сиёсати пулию қарзӣ на танҳо маҷмӯи қарорҳои иқтисодӣ, балки фаъолияти ба қонун асосёфтаи мақомоти ваколатдори давлатӣ мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» мақсад, вазифа ва ваколатҳои Бонки миллиро дар ин самт муайян намуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии худи Бонки миллӣ тартиби истифодаи воситаҳои алоҳидаи танзими пулию қарзиро мушаххас менамоянд.

Дар марҳилаи муосир яке аз самтҳои асосӣ тақвияти самаранокии механизми таъсири сиёсати пулию қарзӣ ба иқтисодиёт мебошад. Ин раванд бо зарурати нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳо, ташаккули интизориҳои устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани эътимод ба пули миллӣ алоқаманд аст.

Натиҷаҳои нимсолаи якуми соли 2026 низ аҳаммияти воситаҳои сиёсати монетариро нишон медиҳанд. Тибқи маълумоти расмии Бонки миллии Тоҷикистон, дар ин давра меъёри бозтамвил бо дарназардошти раванди муътадили нархҳои дохилию ҷаҳонӣ, дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва арзёбии хавфҳо 0,5 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 7,0 фоизи солона муқаррар гардид. Ин нишон медиҳад, ки сиёсати пулию қарзии Бонки миллӣ дар марҳилаи имрӯза хусусияти бештар таҳлилӣ пайдо намуда, қарорҳо дар заминаи арзёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва хавфҳои эҳтимолӣ қабул мешаванд.

Дар маҷмуъ, таҳаввули сиёсати пулию қарзии Тоҷикистон дар сию панҷ соли Истиқлоли давлатӣ аз ташкили механизмҳои ибтидоии идоракунии муомилоти пулӣ то истифодаи фишангҳои муосири сиёсати монетарӣ расидааст. Ин таҳаввул яке аз нишондиҳандаҳои камолоти институтсионалии Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.

Яке аз вазифаҳои муҳимтарини бонки марказӣ таъмини фаъолияти устувори ташкилотҳои қарзии молиявӣ мебошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки мушкилоти як ташкилоти қарзӣ дар шароити вобастагии мутақобилаи бозорҳои молиявӣ метавонад ба дигар иштирокчиёни бозор низ таъсир расонад. Аз ин рӯ, назорати бонкӣ на танҳо воситаи назорати фаъолияти субъекти алоҳида, балки механизми ҳифзи суботи тамоми низоми молиявӣ мебошад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули низоми назорати бонкӣ ҳамзамон бо рушди муносибатҳои бозорӣ сурат гирифт. Дар солҳои аввали истиқлол вазифаи асосӣ фароҳам овардани заминаи фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ ва муайян намудани қоидаҳои умумии фаъолияти онҳо буд. Бо рушди бозори молиявӣ масъалаҳои сифати дороиҳо, кифоятии сармоя, пардохтпазирӣ, идоракунии хавфҳо, шаффофияти молиявӣ ва ҳимояи манфиатҳои пасандозгузорон аҳамияти бештар пайдо намуданд.

Дар ин самт санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон аҳаммияти махсус доранд. Маҳз тавассути дастурамалҳо, қоидаҳо ва тартибҳои соҳавӣ талаботи қонун нисбат ба ташкилотҳои қарзӣ мушаххас гардида, нишондиҳандаҳо ва механизмҳои назорат муайян карда мешаванд.

Дар низоми ҳуқуқии муосири бонкӣ назорат набояд танҳо ҳамчун воситаи ошкор намудани ҳуқуқвайронкунӣ фаҳмида шавад. Вазифаи асосии он пешгирии хавфҳо ва ҳифзи устувории низоми молиявӣ мебошад. Ин тағйироти методологӣ барои фаъолияти Бонки миллӣ низ муҳим аст: назорат тадриҷан аз муносибати танҳо санҷишӣ ба арзёбии хавф ва пешгирии мушкилоти эҳтимолӣ мегузарад.

Дар баробари ин, рушди низоми бонкӣ зарурати тақвияти ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявиро ба миён овардааст. Эътимоди аҳолӣ ба бонкҳо аз шаффофияти шартҳои хизматрасонӣ, амнияти маблағҳо, дастрасии иттилооти саҳеҳ ва мавҷудияти механизмҳои ҳифзи ҳуқуқ вобаста мебошад. Аз ин рӯ, ҳифзи истеъмолкунандаи хизматрасонии молиявӣ бояд яке аз унсурҳои сиёсати устувории молиявӣ дониста шавад.

Ҳамин тавр, дар даврони Истиқлоли давлатӣ назорати бонкӣ дар Тоҷикистон аз механизми ибтидоии танзими фаъолияти бонкҳо ба яке аз самтҳои калидии сиёсати таъмини устувории молиявӣ табдил ёфтааст.

Яке аз самтҳое, ки тағйироти сию панҷ соли охир дар он махсусан равшан эҳсос мешавад, рушди низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Агар дар марҳилаҳои аввали истиқлол қисми асосии муносибатҳои ҳисоббаробаркунӣ ба истифодаи пули нақд такя мекард, имрӯз пардохтҳои электронӣ, кортҳои бонкӣ, хизматрасониҳои фосилавӣ ва дигар шаклҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ба қисми ҷудонашавандаи ҳаёти иқтисодӣ табдил ёфтаанд.

Дар ин раванд Бонки миллии Тоҷикистон ҳамзамон вазифаи танзимкунанда, назораткунанда ва мусоидаткунандаи рушди инфрасохтори пардохтиро иҷро менамояд. Бонки миллӣ мутобиқи қонунгузорӣ самтҳои асосии рушди низоми пардохтиро муайян намуда, қоида, шакл, муҳлат ва стандартҳои ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ ва ғайринақдиро муқаррар менамояд.

Аз ҷиҳати ҳуқуқӣ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» аз 24 феврали соли 2017, №1397 марҳилаи муҳим гардид. Қонун асосҳои ҳуқуқию ташкилии фаъолияти низоми пардохт ва тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои пардохтиро муайян намуд. Ҳангоми таҳияи он, аз ҷумла, ҳадафи мутобиқ намудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ба таҷрибаи муосири байналмилалӣ ва ҳифзи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои пардохтӣ пеш гузошта шуда буд.

Қонуни мазкур барои ба танзим даровардани фаъолияти доираи васеи иштирокчиёни бозори пардохт замина фароҳам овард: таҳвилгарони хизматрасониҳои пардохтӣ, операторони низомҳои пардохт, агентҳо ва субагентҳои бонкии пардохтӣ ва дигар иштирокчиёни инфрасохтори пардохтӣ.

Дар ин самт низ нақши санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллӣ назаррас мебошад. Масалан, тартиби фаъолияти операторони низоми пардохт, масъалаҳои иҷозатномадиҳӣ, интиқоли фаромарзии маблағҳо ва дигар муносибатҳои техникӣ ва ташкилӣ бо санадҳои махсус мушаххас карда мешаванд. «Тартиби интиқоли фаромарзии маблағҳо ва фаъолияти низомҳои пардохтии анҷомдиҳандаи чунин интиқолҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз чунин санадҳо буда, дар асоси қонунҳои марбут ба Бонки миллӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ ва танзими асъор таҳия шудааст.

Ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки рушди ҳуқуқии низоми пардохт бо рушди инфрасохтори воқеии он ҳамқадам сурат гирифтааст. Ба ҳолати 31 марти соли 2026 ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои муштариён 18,8 миллион суратҳисоби бонкӣ кушода буданд, ки нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 4 миллион ё 27,8 фоиз зиёд мебошад. Дар моҳҳои январ–марти соли 2026 тавассути роҳҳои гуногуни ҳисоббаробаркунӣ 212,5 миллион пардохт ба маблағи 989,3 миллиард сомонӣ анҷом дода шудааст.

Рушди агентҳои бонкии пардохтӣ низ нишонаи тавсеаи фарогирии молиявӣ мебошад. Тибқи маълумоти расмӣ, ба ҳолати 31 марти соли 2026 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ 1463 агенти бонкии пардохтӣ ва аз ҷониби онҳо 51 субагент ҷалб гардида буданд.

Ин нишондиҳандаҳо танҳо аҳаммияти оморӣ надоранд. Онҳо тағйир ёфтани фарҳанги молиявии ҷомеа, васеъ гардидани дастрасии шаҳрвандон ба хизматрасониҳои бонкӣ ва тадриҷан ташаккул ёфтани муҳити нави пардохтиро инъикос мекунанд.

Марҳилаи муосири рушди Бонки миллии Тоҷикистон бо рақамикунонии босуръати муносибатҳои молиявӣ алоқаманд мебошад. Технологияҳои рақамӣ шакли фаъолияти бонкҳо ва муносибати шаҳрвандонро бо низоми молиявӣ тағйир додаанд. Имрӯз қисми зиёди амалиётҳое, ки қаблан ҳузури шахсро дар муассисаи бонкӣ талаб мекарданд, метавонанд тавассути воситаҳои электронӣ анҷом дода шаванд.

Рақамикунонӣ дар баробари афзалиятҳо масъалаҳои нави ҳуқуқиро низ ба миён меорад. Муайян намудани мақоми иштирокчиёни нави бозор, амнияти амалиёти электронӣ, ҳифзи маълумот, муайянсозии муштарӣ, масъулият барои амалиёти ғайриқонунӣ ва ҳифзи истеъмолкунанда аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки танзими ҳуқуқии пайвастаро талаб мекунанд.

Аз ин рӯ, дар марҳилаи рақамӣ аҳаммияти фаъолияти меъёрэҷодии Бонки миллӣ боз ҳам бештар мегардад. Суръати тағйироти технологӣ нисбат ба муносибатҳои анъанавии бонкӣ баланд аст ва мақоми танзимкунанда бояд ҳамзамон ду вазифаро иҷро намояд: аз як тараф, барои инноватсия монеаи беасос эҷод накунад ва аз ҷониби дигар, амнияти низоми молиявӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандонро таъмин созад.

Рушди инфрасохтори электронии байнибонкӣ низ яке аз нишонаҳои ин тағйирот аст. Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, танҳо тавассути низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо дар моҳҳои январ–июни соли 2026 ба маблағи 803,5 миллиард сомонӣ пардохт анҷом дода шудааст; ҳаҷми мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба андозаи 345,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Дар баробари ин, ташаккули бозори операторони низоми пардохт ва иҷозатномадиҳии фаъолияти онҳо аз институти нави ҳуқуқии соҳаи бонкӣ шаҳодат медиҳад. Бонки миллӣ дар асоси қонун ва санадҳои дахлдори худ фаъолияти операторони низомҳои пардохтии дохилӣ ва байналмилалиро иҷозатномадиҳӣ ва танзим менамояд.

Аз нуқтаи назари рушди давлатдорӣ рақамикунонии бахши молиявӣ танҳо масъалаи технология нест. Он бо шаффофияти муомилоти иқтисодӣ, коҳиш додани хароҷоти ҳисоббаробаркунӣ, фарогирии молиявии аҳолӣ, рушди соҳибкорӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ робитаи мустақим дорад.

Дар ҳамин замина яке аз вазифаҳои муҳим барои оянда нигоҳ доштани тавозуни оқилона байни инноватсияи молиявӣ ва амнияти ҳуқуқӣ мебошад. Ҳар қадар хизматрасониҳои рақамӣ рушд кунанд, ҳамон андоза талабот ба амнияти киберӣ, ҳифзи маълумот, шаффофияти алгоритмҳои молиявӣ ва масъулияти иштирокчиёни бозор меафзояд.

Ҷамъбасти таҷрибаи сию панҷ соли Истиқлоли давлатӣ нишон медиҳад, ки саҳми Бонки миллии Тоҷикистонро танҳо бо нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ё ҳаҷми амалиёти бонкӣ арзёбӣ кардан нокифоя аст. Яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти он саҳмгузорӣ дар ташаккули низоми ҳуқуқии муносибатҳои молиявию бонкии кишвар мебошад.

Имрӯз доираи қонунҳои соҳавӣ масъалаҳои таърихи қарз, фаъолияти бонкии исломӣ, хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохт, бозори коғазҳои қиматнок, ипотека, гарави молу мулки манқул, баҳисобгирии муҳосибӣ ва дигар муносибатҳои бо бозори молиявӣ алоқамандро фаро мегирад.

Ин раванд аз ташаккули тадриҷии як маҷмуи нисбатан мукаммали ҳуқуқи бонкӣ шаҳодат медиҳад. Дар сохтори он санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллӣ ҷойгоҳи махсус доранд, зеро онҳо меъёрҳои қонунро ба талаботи амалии фаъолияти молиявӣ мутобиқ менамоянд.

Дар ин замина фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистонро метавон дар се самти ба ҳам алоқаманд арзёбӣ кард: ҳамчун мақоми сиёсати пулию қарзӣ, ҳамчун мақоми танзиму назорати низоми молиявию бонкӣ ва ҳамчун субъекти махсуси танзими меъёрии ҳуқуқии муносибатҳои соҳавӣ. Маҳз ҳамбастагии ин се самт мақоми Бонки миллиро дар низоми давлатдории иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол муайян мекунад. Таҷрибаи сию панҷ соли гузашта нишон медиҳад, ки ҳар марҳилаи нави рушди иқтисодӣ ҳамзамон зарурати марҳилаи нави рушди танзими ҳуқуқии фаъолияти бонкиро ба миён овардааст.

Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои ояндаи сиёсати ҳуқуқии давлат дар соҳаи бонкӣ бояд таъмини мутобиқати доимии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллӣ ба равандҳои рақамикунонӣ, технологияҳои нави молиявӣ, хавфҳои киберӣ, шаклҳои нави пардохт ва стандартҳои муосири назорати молиявӣ бошад. Танҳо дар ҳамин сурат низоми ҳуқуқии бонкӣ метавонад на аз паси тағйироти иқтисодӣ ҳаракат кунад, балки барои рушди бехатар ва устувори онҳо замина фароҳам оварад.

Имомов Муҳаммадалӣ Муслиҳиддинович – унвонҷуи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сармутахассиси шуъбаи санадҳои меъёрии идораи ҳуқуқи Бонки миллии Тоҷикистон

 

 

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Истиқлолият ин эҳсоси қарзи ватандорӣ ва масъулияти ҳар фарди соҳибхирад дар назди ҷомеа, халқ ва миллати хеш аст. Худшиносии миллӣ мероси таърихӣ бо мафҳуми воқеии хотираи таърихӣ мебошад, ки дар дастовардҳои фарҳангӣ-миллӣ ва дар хиради давлатдорӣ инъикос мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҷаҳони пурталотуми имрӯз Тоҷикистон, ки бо ниёзи рӯзафзун ва тайини тадвин аз истиқлол аст, давлатест, ки мавҷуд аст, сиёсат дорад, майдони зиндагии маънавии хеш меҷӯяд, иқдомҳо анҷом медиҳад ва ба сӯи оянда менигарад. Истиқлол, ки назар ва нишонаи давлатдорӣ аст, маҳз дар ин айём инсон худро мешиносад ва ҳуввияти хеш меҷӯяд.

Худшиносӣ ва шинохти миллӣ амри нахустини тасмимгирӣ барои худсозӣ аст. Амри шинохти миллӣ баҳри худшиносӣ бо мақсади худсозӣ аз ҷиҳати созгорӣ ва ҳидоят инсонро аз ҳаёти иҷтимоӣ огоҳ менамояд ва дар ин ҷиҳат, ба хайру саодати хеш мерасонад. Барои расидан ба ин ормон, тасмимгириҳо, зарурияти мавқеъёбӣ (мавқеъ доштан), ниёзҳо ва арзишҳои мавриди ниёзи маънавии инсон аз масъалаҳое мебошад, ки инсонро ба омодагӣ ва омӯзишҳои (саводи) мавриди ниёз ҳидоят менамояд. Аз ҷиҳати баҳрагирӣ, ки инсон дар робита бо истиқлол, аз он ҷиҳат, ки сармояи кишвар аст, нақши ояндаи созгори он буда (шуда) метавонад ва бояд барои созгории он омодагӣ ва тадбир дошта бошад, барои таҷлили он вазифадор бошад, огоҳӣ ва маҳорати лозимиро дар даст дошта бошад.

Манзур аз худшиносӣ ва шинохти миллӣ, пардохтан ба хеш, шакл додан ва ҷиҳат бахшидан ба истиқлол аст. Ҳадаф аз ин худковӣ ин аст, ки инсон бо тамоил дар ҳастии хеш, истеъдодҳои дарунӣ, кӯшишҳои ботинӣ, ҳадафҳои аслӣ ва ниятҳои ниҳоии худ, ҳақиқати истиқлолро мешиносад ва ҳастии худро дар ҳастии ӯ мебинад.

Шинохти миллӣ камоли ҳақиқати инсон аст, ки маънои дарки виҷдонии истиқлолро дорад. Шинохти миллӣ ихтиёру интихоб аст, бо ибораи дигар, худшиносӣ барои шинохти миллӣ тафаккур пайи инсонни миллӣ аст, ки аз чашмаҳои ҳаётбахши маънавии кишвари куҳанбунёд сарчашма мегирад.

Истиқлоли миллӣ уфуқи диди равшани шинохту худшиносии инсон аст, ки худсозиро равшанӣ медиҳад, дар ҳамоҳангӣ бо худогоҳӣ чархи ҳастиро ҳамқадам ба замон месозад. Дар ин ҳангом, маънии истиқлол ватандорӣ аст, айён аст ва таҷриба ҳам буд, ки муқовиматҳои сиёсӣ-динӣ афкору андешаи мардумро заҳролуд намуданд ва боис гардиданд, ки муборизаҳои шадид ба тарзу усули ҷоҳилона сурат гиранд. Ҳар гурӯҳ манфиати маҳдуди сиёсии худро аз манфиати миллӣ боло медонист. Ин аз муқовиматҳои нокоми сиёсӣ дар таърихи навини Тоҷикистон гароишҳо ба фурӯпошии миллиро ба бор овард. Ин муқовиматҳои сиёсӣ гирифтори идеологияи бофтаи хеш буданд.

Бо истиқлоли миллӣ, бо таъбири дигар, ба ҷои сукуту хоби зимистонӣ боғи умед, паёмҳову навигариҳо ва таҳвилу дигаргунӣ эҷод гардиданд. Имрӯз Тоҷикистон матолиби дигаргунии авзои маънавиро дорад, зеро толиби ин эҷод мактаби давлат-дорӣ аст. Толи­би тавсеа ва пешрафт аст. Агар ба таърихи навин бинигарем, тайи си соли истиқлол Тоҷикистон ҳамеша дар таъсири ҳар гуна дахолат қарор дошт ва ҳама тафриқаву тафовут, ба нобудӣ расиданд. Дар дохили Тоҷикистон ҳама вақт ҷараёнҳои муайяни сиёсии аз хориҷ вурудомада маншаи дахолат ба кишварро доштанд. Истиқлол, ки си сол қабл насиби миллат гашт, имрӯз посухҳову ниёзҳо надорад. Ин истиқлол дастоварди миллат аст ва эҳтироми он муҳим аст. Имрӯз дар таъмини комили аҳкоми истиқлолияти давлатӣ, ки миёни онҳо ҳам атеисту ҳам диндор аст, бояд ваҳдати миллӣ чун ормони миллӣ мисли гавҳараки чашм ҳифз карда шавад ва дар ин замина худшиносӣ ва шинохти миллӣ тақвият дода шавад.

Сиюпанҷ соли истиқлол мактабҳо ва дарсҳо дорад ва давлату давлатдорӣ замонҳо ва маконҳоро ба ёд меоварад. Имрӯз зери парчами истиқлол нерӯҳои миллӣ самимона ва садоқатмандона дар роҳи истиқлол, ки пайроҳаи сулҳу субот аст, пайванд аст. Ин ҳам маълум аст, ки имрӯз шикастаниҳо, аз гур гирифтаниҳо қоидаҳои сиёсӣ-динӣ гардиданд, аммо аз ҳар ҷиҳат, аз ҳар паҳлӯ созандагӣ эҷод мегардад, пайвастагиҳоро бо номи ҳуввияти миллӣ лафз мекунад. Давлатдории имрӯз падидаи нодире дар саҳнаи таърихи ҷомеаи башар аст, ки ба гузашта зару зевар медиҳад. Возеҳ аст, ки давраи созгорӣ фароҳам омад, ки барои нақшофариниш муҳим аст. Ба вижа, дар ин густариш, баҳри истиқлоли миллӣ ва густариши он ба сӯи ҳадафҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ аҳамият дорад. Бунёдкорӣ ва созандагӣ подоши истиқлол аст. Ин истеҳкомест, ки таблиғоти сархурдагонро, ки имрӯз арзон аст, гом мезанад, зеро тарҳо дар бунёдкорӣ ва созандагӣ дармону ормонҳои миллӣ ошкор мегардад. Гузаштаи мо дар масири таърих бо хати сурх ҷовидона навишта шудааст ва имрӯз дар зикр, саъй ва эҷод боқӣ мондааст ва баҳри густариши худшиносӣ ва шинохти миллӣ кофӣ аст.

Истиқлол барои инсон танҳо ба унвони як андешаву эътиқод ва фақат як мактаби фикрӣ нест, балки истиқлол барои инсон муҳимтарин бақо аст, ки ҳастии ӯ, мавҷудияти ӯ, вуҷуди ӯ ва худшиносии ӯро барои худсозӣ хулоса мекунад. Ҳамаи талошҳои худшиносӣ ва шинохти миллӣ барои тасдиқи мактаби давлатдорӣ аст, ки дар пайраҳаи истиқлол фишорҳо, таъсироти сиёсӣ-динӣ ва таблиғотҳои натавонро пушти сар мепартояд. Худшиносӣ ва шинохти миллӣ судури истиқлол, судури андешаҳо ва гавҳари маънавиёти давлатдорӣ аст. Пирӯзии истиқлол дар талошҳои доимӣ баҳри такмилу густариши давлатдорӣ, ҳуввияти миллиро, дар худшиносӣ ва шинохти миллӣ тавзеҳ медиҳад.

Яке аз усули муҳими шинохти миллӣ эҷоди заминаҳои муносиби худогоҳӣ аст. Имрӯз эҷоди назариявӣ ва амалии шинохти миллӣ ва худогоҳӣ муҳим аст, зеро «ҷӯяндагоне» ҳастанд, ки марзҳои ҳуввияти миллиро намепазиранд, бо худбохтагии худ дунболи арзишҳои ғайримиллӣ, ки ҷилавҳои фиребанда ва дар воқеъ, маҳвкунанда доранд, мебошанд. Яъне, муҳимтарин ҳадафи ҳукумат

дар ҷомеа фароҳам кардани заминаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маънавии эҳёи худшиносии миллӣ аст. Ҳарчанд, ки инсон хушку холӣ шинохти миллиро тарғиб кунем, фоидаи миллӣ аз он маҳдуд аст. Худогоҳӣ ҳарчи қадар дар ҷомеа тавсиа ёбад, пешрафт ва расидани ҳукумат ба ҳадафи сиёсӣ осонтар мегардад.

Ҳадафи дигари қудрати сиёсӣ (давлат, ҳукумат) дар низоми саҳеҳ эҷоди фазои равшану шарифонаи худшиносии миллӣ аст. Аз ин дидгоҳ, вазифаи мо – зиёиён тарбияи ваҷҳи худшиносӣ дар пайванди дастуроти он аст. Ҳоло вақти он аст, ки ислоҳи маънавӣ-ахлоқии инсон дар партави Истиқлол тарҳрезӣ карда шавад.

Мо, бояд акнун донем, ки худшиносӣ ва шинохти миллӣ мисоли ваҳдати миллӣ аст, ки нерӯҳои азими миллат бо гиромадани худ онро собит кардааст. Ин як захираи бузурге аст, ки имони худогоҳиро устувор менамояд. Вақте, ки дар илми ҷомеашиносии кишвар амалияи имони худшиносӣ ва шинохти миллӣ таҳқиқ пайдо кунад, он вақт, бинои воқеии худогоҳӣ таҳрезӣ мегардад. Агар имони худшиносӣ ва шинохти миллӣ ҷӯшидаи дилҳои мардум ва ба амали онҳо ҳамроҳ нашавад, дар дилҳои мардум печидагиҳо, гароишҳо, бархурдҳо бо ҳам пайванд мешаванд. Маҳз дар ин вазъ, таҳлили илмии худшиносӣ ва шинохти миллӣ, дар шароити имрӯз, ормони муштараки миллӣ, ба дилҳо ва бозуҳо қувват бахшидан аст. Ҷомеаи Тоҷикистон бояд ҳеҷ гоҳ хилқати ваҳдат ва иттифоқро аз даст надиҳад, зеро мухолифини сиёсӣ, ки арзҳо ва марзҳои сиёсиро намешиносанд, саъй доранд ва саъй менамоянд, ки бо баҳонаҳои мухталифе байни иҷтимои миллӣ ихтилоф андозанд. Онҳо ҳатто намедонанд, ки ин ихтилофи онҳо чи балои азимеро ба вуҷуд меорад. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ гурӯҳи ифротӣ набояд саъй кунад, ки миллатро таҷзия ва тақсим кунад. Дар ин вазъ, расонаҳои иҷтимоӣ, радио, телевизиони кишвар, ҳама ва ҳама таблиғотро баҳри аз миён бурдани нифоқи миллӣ, бадбинӣ, бедилӣ тарғиб намоянд.

Худшиносӣ ва шинохти миллӣ меҳвари Истиқлол аст, зеро Истиқлол муҳимтарин атои илоҳӣ ба инсон аст. Бинобар ин, миллат (давлат) ҳоло барои дастёбӣ ва ҳаққи табии Истиқлол аз мухолифатҳои сиёсӣ раҳоӣ меҷӯяд. Бад-ин лиҳоз, дар низоми тарбия баҳс дар мавриди мавқеи қудрати сиёсӣ ба миён меояд, ки ҳолати тарбия мураттаб гардад, ки таваҷҷӯҳ бештар ба суннатҳои Истиқлол афзояд. Албатта Истиқлол таърифи хос дорад, ки ин таъриф дар калимаи «ватан» ҷорӣ аст. Дар фазои ватани соҳибистиқлол инсон ва рафтори он ба худшиносӣ ва шинохти миллӣ инсонил мегардад. Инсон дар фазои бесуботи маънавӣ-ахлоқӣ наметавонад фазои худогоҳиро тағйир диҳад ва бо ифодаи худ онро ташреҳ диҳад. Он чи ки инсон ин ҷо дар назар дорем, таърихи худогоҳӣ ва нерӯи ахлоқии инсон ва рафтор аст. Рафтори одамӣ дар чунин ҳолат ба ду қисм аст: амали таҳти ихтиёр доштан, аз ҷумла ҳаёти иҷтимоӣ, ки ба рафтори инсон таъсир дорад ва таҳти иродаи инсон қарор дорад ва дар ин ҳолат, шаклдиҳии хусусиятҳои рафтори худшиносӣ ва шинохти миллӣ ба амал меояд. Манзури инсон аз ҳадафи тарбия дар ин замина зарурияти ҳаинсонн омили иродаи инсон баҳри ҷиҳатгирии сиёсӣ аст, ки рафтор ва ниҳодҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва тарбия, таҳти таъсири давлат бояд қарор дошта бошад. Арз менамоем, ки баррасии худшиносӣ ва шинохти миллӣ, ҷузъи фарҳанги миллӣ аст, ки таъсири созанда ва созмондиҳанда дорад.

Таърихи инсоният ҳамеша талошро барои Истиқлол шаҳодат медиҳад ва ҳоло бахши зиёди ҷаҳон маънои ин калимаро медонанд. Дар ростои эътиқод ба Истиқлол, ки таърих аст, маънои воқеии калима дарк карда мешавад. Дар таърих, худкомагӣ, тафриқаситезӣ ба ҳеҷ ваҷҳ пешоҳанги мардум набуд. Дар воқеъ, инсон он гоҳ доноӣ ва тавоноӣ дорад, ки Истиқлол дошта бошад, дар ин партав худшиносу шинохти миллӣ дошта бошад ва тавонад зеҳну фикр ва ақли худро ба кор гирад ва дар роҳи таҳқиқи ормонҳои миллӣ саъй намояд, чунин шароит барои инсон фарҳанги миллӣ доштан аст.

Аҳамияти худшиносӣ ва шинохти миллӣ ин аст, ки агар инсон ба пирузӣ ва мақоме нарасида бошад, ҳаргиз тақвои сиёсӣ надорад ва нисбат ба кишвари худ бепарво аст. Албатта, мақом ва шарафи инсон ба шароити иҷтимоӣ, яъне тарбия рабт дорад. Агар ҳамаи инсон ба ҳамбастагии шинохти миллӣ саъй намоем ва назари худро дар ин партав ба дурустӣ бифаҳмем, иштибоҳоту нодониҳои худро беҳтар пай барем, ин амали бузурги инсон дар роҳи Истиқлол аст. Таъкид медорем, ки барои Истиқлол ақл ва мантиқ қувватарин аслиҳа аст ва касоне, ки ба он такяи комил доранд, барои таъсир ба дигарон, ба иттилооти нодурусти шабаҳҳои иҷтимоӣ рӯй намеоваранд.

Гуфтаанд, ки агар худшиносӣ ва шинохти миллӣ набошад, шахсият таҷаллӣ намегардад ва адолат ҳам таҳқиқ намеёбад. Ҳалорд Ласки ақида дорад, ки бидуни шинохти миллӣ Истиқлол ҳадаф надорад. Манзури вай аз ин гуфта он аст, ки дар баҳрагирӣ аз фурсатҳои Истиқлол тарбияи худогоҳии миллӣ муҳим аст.

Афлотун Истиқлолро дар пояи ахлоқи сиёсӣ устувор медонанд ва изҳор медошт, ки дониши сиёсӣ бояд муқаддам ба ҳар чизе бошад ва мардумро ба вазоифи ахлоқӣ ошно созад. Арасту гуфтааст: «инсон ҳайвоне аст сиёсӣ», вале дигар нагуфтааст, ки инсоне, ки аз сиёсат безор аст, чист? Ӯ ақида дошт, ки дониши сиёсӣ бояд омӯзонида шавад, ки беҳтарин ҳукумат кадом аст ва хусусияти он чист, зеро сиёсат бархурду кашмакашиҳое аст ва хирадманд дар сиёсат бояд дармони дардҳои ҷомеаро бишиносад. Умуман, илми сиёсат, басе васеъ аст ба фанҳои бисёр ва баҳсҳои бешумор тақсим мегардад ва камтар одаме ёфт мешавад, ки ба ин илм иҳотаи комил дошта бошад, зеро таърифи илми сиёсат он аст, ки идораи корҳои муштарак вазифаи ҳукумат аст. Сиёсат илми ҳукумат ба кишвар ва фани ҳукумат ба ҷомеаи инсонӣ аст.

Инсон, имрӯз наметавонем, худшиносӣ ва шинохти миллии хешро бо ахлоқи сиёсии маҳдуд, тарғиб намоем, зеро ансоре, ки нисбати Истиқлол огоҳии хуб надоранд, ки ахлоқи сиёсии маҳдуд доранд, яъне эҷоди фикрӣ надорад ва аз (Истиқлол) ҳеҷ интизоре ҳам дошта наметавонанд.

Инсоне, ки аз миллатдӯстӣ, қонунгузорӣ огоҳ нест, табъи сиёсӣ надоранд, ин гуна инсон иттиллои хосе ҳам аз худшиносӣ ва шинохти миллӣ дошта наметавонад. Ин гуна инсон барои ҳал ва рафъи мушкилотҳои душвори пешомада худаш дар таълуқа аст. Мақсади худшиносӣ ва шинохти миллӣ, ки дарку фаҳми Истиқлол аст, дар мадди аввал тарбияи ахлоқи сиёсӣ аст. Ахлоқи сиёсӣ дар он нуқта аст, ки бо тавсияҳои худшиносӣ ва шинохти миллӣ иртибот дорад, ба маънои дигар, тавассути дарки сиёсии Истиқлол дониста мешавад, зеро маҳз ин ҳолат, худшиносӣ ва шинохти миллӣ бо таври куллӣ, ҳамбастагӣ ва як-порчагии зиндагии иҷтимоиро равшан мекунад. Ахлоқи сиёсӣ на барои меъёри санҷиши рафтори инсон аст, балки барои пешбинии рафтори инсон дар мавриди муайян аст. Тазаккур медиҳем, ки дар солҳои дур илми сиёсатро «арбоби илм» меномиданд. Имрӯз сиёсат бо зиндагии мардум омехта аст, ки таъсир мегузорад. Паҳлӯҳои моддӣ ва маънавии зиндагӣ бо сиёсат алоқаманд аст, аз ин рӯ, сиёсат дар ҳамаи паҳлӯҳои зиндагии иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ инсонро дар бар мегирад. Сиёсат ин шинохти сиёсат аст, аз ин лиҳоз, ба ҳамаи илмҳое, ки зиндагии иҷтимоиро меомӯзанд, иртибот дорад ва дастовардҳои илмии онҳоро истифода мекунад. Бо чунин ҷойгоҳ, сиёсат дар байни илмҳои иҷтимоӣ, яъне тарбия нақши муҳим дорад. Алоқамандии сиёсат бо тарбия дар он аст, ки сиёсат тарбияро дар худ ворид мекунад. Дар сиёсат бояд инсонҳияти фаъолиятҳои сиёсӣ, чигунагии ниҳодҳои сиёсӣ, ҷойгоҳи сиёсат дар тарбия, аз нуқтаи назари илмӣ баррасӣ карда шавад. Илми сиёсат, ки ба робитаи сиёсии инсонҳо сарукор дорад, наметавонад, масъалаи тарбияро нодида бигирад. Олими америкоӣ Липманн мегӯяд: «бузургтарин хатои тафаккури сиёсии инсон ин аст, ки он берун аз ишора ба тарбия аст». Тарбия рафтори инсон аст ва амали инсонро тавзеҳ медиҳад. Тарбия ин баррасии зеҳн ва рафтори инсон дар шакли инфиродӣ ва гурӯҳӣ аст ва ногузир амал ё фаъолияти инсонро шарҳ медиҳад. Тарбия мафҳуми иҷтимоӣ аст, ки ба сиёсат пайванд аст. Илми сиёсат решаи тарбияи худшиносӣ ва шинохти миллӣ мавзӯи таблиғоти муҳими Истиқлол аст, ки давлатдории миллиро дар рафтори сиёсӣ ташвиқ мекунад ва ӯро ҳамчун аз замири худогоҳӣ мешуморад. Сиёсат комилан ошкор намудааст, ки инсон бо вуҷуди он, ки аз ақлу мантиқ бархурдор аст, бояд мавриди ҳамешаи тарбия қарор дошта бошад. Ин баррасиҳо нишон медиҳанд, ки ноогоҳӣ аз худшиносӣ ва шинохти миллӣ хатар дорад. Ин хатар, дар ниҳоят таҳти таъсири эҳсосот ва ангезаҳои ғайриақлонӣ қарор мегирад. Маҳз бо таблиғу тарвиҷи Истиқлол ин ангезаҳои инсон бартараф карда мешаванд ва бо ин тартиб метавон ин ангезаҳо масири ахлоқ карда шаванд. Яъне, дар тарбияи худшиносӣ ва шинохти миллӣ бояд муҳдудиятҳо дар тарбия бартараф карда шаванд ва он чи аз назари тарбия нодуруст аст, наметавонад, аз лиҳози сиёсӣ дуруст бошад.

Маърифати худшиносӣ ва шинохти миллӣ ба ватан асмои худогоҳӣ аст. Маҳз ҳамин маърифати худшиносӣ ва шинохти миллӣ пойгоҳ андар ниҳоди ҳамаи инсонҳо қарор дорад. Асоси худшиносӣ ҳамчун рутба аз шинохти миллӣ оғоз мегардад ва ҳуҷҷати аслии байни инсон ва ватан аст. Усулан тадбир ва таваҷҷӯҳ ба ин мавзуъ, ҳақиқати воқеӣ аст, зеро дар фалсафа шинохти миллӣ усули ҳайсияти ватан муҳим аст. Эҳтиёҷ ба худшиносӣ ва шинохти миллӣ эҳтиёҷ ба ватан аст, ки ба Истиқлол тавъам аст.

Худшиносӣ – ин шеваи мафҳумсоз аз мафҳуми ватандорӣ таркиб ёфтааст; тасвири ватан аст, ки дар диққати инсон вуҷуд муяссар аст. Маҳз ин ҷо, тасвир ва тавсияи меҳри ватан вуҷуди инсонӣ дорад.

Аз ин ҷо, шакли эҳтиёҷ ба ватан раҳоӣ ва дарёфте аст ва агар ашхосе, ки аз ин тариқ ба Ватан иқрор нагардад ва ҷиҳати адами тадбир ба он нанигаранд, гуноҳ ва бемории қалбии ӯ аст.

Дар ниҳоят, то ҳол дар кишвар бо шеваҳову мақомҳо ва унвонҳои гуногун худшиносӣ ва шинохти миллӣ дар «партави» Истиқлол баррасӣ карда мешавад, ки аз муҳтавои тафаккури хоси ватанпарастӣ фарсахҳо дур аст. Агар мо тавонем ин фалсафаро тақвият диҳем, ҳикмату адолати Истиқлолро дар низоми худшиносӣ ва шинохти миллӣ пайванд созем ва қудрати ақлию маърифатии онро дар ватану ватандорӣ густурда намоем: чи суде барои истеҳкоми меҳрпарастӣ нисбат ба «ватан» ҷойгоҳи миллӣ гирифтан.

Чунончӣ таъкид кардем, аҳамияти ин «тафаккури хос» агар дар худшиносӣ ва шинохти миллӣ, дар мавқеи ақлу маърифат таҳлилу андоза медошт, маорифи Истиқлол, аз дидгоҳи «ватан» беҳтару возеҳтар дарки миллӣ мегирифт. Бо ин ҳама, мо дар таҳлили паҳлӯҳои ҳикматдоштаи худшиносӣ ва шинохти миллӣ андешаҳо ва андозаҳои тобандаи мартабаи суддоштаро ҷӯстуҷӯ накардем. Бо ин ҳама мо роҷеъ ба худшиносӣ ва шинохти миллӣ пажӯҳишҳои гаронмоя нанамудем, ки барои миллат роҳнамои судбахши парастиши Истиқлоли кишварро дошта бошад. Дар аксари навиштаҳои ин инсон мавзӯи худшиносӣ ва танҳо «офоқӣ» таҳлил ёфтааст, ки мӯҳтавои шинохти миллӣ надорад. Бинобар ин, барои аҳли зиёи кишвар муҳим аст, ки «ватан»-ро на ба ҳайси «муҳити атроф», балки ҳамчун мавзӯи зеҳнии миллат баррасӣ намоянд. Агар ба ин усулу мақом, «ватан» арзиш дода шавад, мувофиқати он ба миллат зуҳури лозимӣ дошта метавонад.

Дидгоҳест, ки нақши худшиносӣ ва шинохти миллӣ амри «ватан» аст ва эътиқод ба он «тазаккури хос» - тарғиби Истиқлол аст ва ин тазаккури хос роҳи воқеии хештаншиносӣ барои шинохти «ватан» аст.

Нахустин қадам, вазъи «ҳолу аҳволи» худшиносӣ ва шинохти миллӣ дар кишвар аст. Худшиносӣ ва шинохти миллӣ баҳри он аст, ки парастиши Истиқлол то ҳадди мумкин возеҳ карда мешавад. Аминсон, муносибати инсон, ба ин масъала мисли он аст, ки «офтоб ояд далели офтоб» аст, ҳол он, ки офтоб аз азал меояд.

Тарбия дар акси худшиносӣ ва шинохти миллӣ намудор аст. Тарбия ин низом, ҳадаф, ормони миллӣ ва ифтихор аз соҳибистиқлолӣ аст. Бузургони мо гуфта буданд, «тутиро бо нишон додани тутӣ метавон сухангуфтан ёд дод ва аз ин рӯ ӯро дар баробари ойина нигоҳ бояд дошт, то акси худро бубинад».

Саидзода М.Ё. – ходими хурди шуъбаи

масоили мубрами илмҳои

ҳуқуқи конститутсионии ИДҲ АМИТ

ҲОКИМИЯТИ СУДӢ ДАР СИЮПАНҶ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: ТАШАККУЛ, ТАҲАВВУЛ ВА ДУРНАМОИ РУШД

12Истиқлоли давлатӣ барои халқи Тоҷикистон на танҳо оғози марҳилаи нави давлатдории миллӣ, балки заминаи бунёдии ташаккули низоми мустақили ҳуқуқӣ ва таъсиси ниҳодҳои муосири ҳокимияти давлатӣ гардид. Дар ин раванд ташаккул ва рушди ҳокимияти судӣ мақоми махсус дорад. Зеро давлати соҳибистиқлол бидуни низоми мустақил, босалоҳият ва самараноки судӣ наметавонад волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва адолати иҷтимоиро ба таври воқеӣ таъмин намояд.

Дар тӯли сиюпанҷ соли Истиқлоли давлатӣ ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи мураккаби ташаккул ва таҳаввулро тай намуд. Агар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаи асосӣ нигоҳ доштани фаъолияти низоми судӣ ва мутобиқ намудани он ба воқеияти нави давлатдории миллӣ бошад, дар марҳилаҳои минбаъда такмили асосҳои конститутсионӣ ва қонунгузории фаъолияти судҳо, таҳкими мустақилияти судяҳо, баланд бардоштани сифати адолати судӣ, таъмини дастрасии шаҳрвандон ба суд ва ворид намудани технологияҳои муосир ба фаъолияти мақомоти судӣ ба самтҳои афзалиятнок табдил ёфтанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули модели миллии ҳокимияти судӣ аҳаммияти бунёдӣ пайдо намуд. Маҳз дар сатҳи Конститутсия ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардида, вазифаи он дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонуният ва адолат муайян карда шуд. Бо ҳамин заминаи ҳуқуқии гузариш аз фаҳмиши суд ҳамчун мақомоти татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ ба дарки он ҳамчун ҳокимияти мустақили давлатӣ гузошта шуд.

Аз ин рӯ, омӯзиши роҳи тайкардаи ҳокимияти судӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ танҳо аҳаммияти таърихӣ надорад. Таҳлили таҷрибаи ин давра имкон медиҳад, ки қонуниятҳои рушди низоми судӣ, дастовардҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, мушкилоти мавҷуда ва самтҳои стратегии такмили минбаъдаи адолати судӣ муайян карда шаванд.

Ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 зарурати ташкили низоми нави давлатдориро ба миён гузошт. Низоми судие, ки Тоҷикистон аз давраи шуравӣ ба мерос гирифта буд, аз ҷиҳати ташкилӣ ва ҳуқуқӣ ба низоми ягонаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ вобастагӣ дошт. Аз ин рӯ, соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ масъалаи ташаккули низоми судии миллиро ҳамчун яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлатсозӣ ба миён гузошт.

Хусусияти марҳилаи аввал дар он буд, ки ташаккули ҳокимияти судӣ дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоӣ сурат гирифт. Бо вуҷуди мушкилоти солҳои аввали истиқлол, фаъолияти мақомоти судӣ қатъ нагардид. Судҳо ҳамчун ниҳоди муҳими ҳифзи қонуният ва барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншуда фаъолияти худро идома доданд.

Дар ҳамин давра зарурати аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳуқуқӣ муайян намудани мавқеи суд дар низоми нави ҳокимияти давлатӣ ба миён омад. Давлати соҳибистиқлол ба низоми судие ниёз дошт, ки на ҳамчун ҷузъи сохтори маъмурии давлат, балки ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ фаъолият намояд.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 марҳилаи сифатан навро дар рушди ҳокимияти судӣ оғоз намуд. Принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ асоси конститутсионии ташкили давлат гардид.

Аҳаммияти ин муқаррарот дар он аст, ки суд дар сатҳи олии ҳуқуқӣ ҳамчун ҳокимият эътироф гардид. Ин тағйирот дорои мазмуни амиқи давлатшиносӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Суд дигар танҳо мақомоти баррасии парвандаҳо набуда, балки яке аз рукнҳои мустақили механизми давлат гардид.

Мустақилияти ҳокимияти судӣ маънои онро дорад, ки судя ҳангоми амалӣ намудани адолати судӣ бояд танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат намуда, аз дахолати ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва шахсони алоҳида ҳифз карда шавад.

Дар ҳамин замина, яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони истиқлол ташаккули заминаҳои конститутсионии мустақилияти суд ва судя мебошад.

Дар даврони истиқлол низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан такмил ёфт. Дар баробари судҳои дорои салоҳияти умумӣ фаъолияти Суди конститутсионӣ ва судҳои иқтисодӣ ҳамчун унсурҳои муҳими низоми ҳифзи судӣ ташаккул ва рушд намуд.

Ҳар яке аз ин ниҳодҳо дар таъмини волоияти ҳуқуқ вазифаи махсусро иҷро менамояд. Судҳои салоҳияти умумӣ ҳифзи судии ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва дигар субъектҳоро дар доираи парвандаҳои ҷиноятӣ, маданӣ, оилавӣ ва дигар категорияҳои пешбининамудаи қонун таъмин менамоянд. Судҳои иқтисодӣ дар ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ ва таъмини суботи муомилоти иқтисодӣ нақши муҳим доранд. Суди конститутсионӣ бошад, яке аз механизмҳои муҳимтарини ҳифзи волоияти Конститутсия мебошад.

Ба ҳамин тариқ, дар солҳои соҳибистиқлолӣ низоми судии Тоҷикистон аз сохтори меросмондаи давраи қаблӣ ба низоми миллии ҳокимияти судӣ табдил ёфт.

Яке аз хусусиятҳои муҳими рушди ҳокимияти судӣ дар даврони истиқлол хусусияти пайваста гирифтани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ мебошад.

Қабули барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ нишон дод, ки такмили ҳокимияти судӣ на ҳамчун чорабинии якдафъаина, балки ҳамчун раванди доимии сиёсати ҳуқуқии давлат баррасӣ мегардад.

Дар доираи ин ислоҳот масъалаҳои такмили қонунгузории мурофиавӣ, баланд бардоштани мақоми судя, такмили тартиби интихобу таъйин ва омодасозии кадрҳои судӣ, беҳтар намудани шароити ташкилию техникии фаъолияти судҳо, таъмини шаффофияти мурофиа ва баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Дар натиҷа, ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ба яке аз самтҳои муҳимтарини таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёди Тоҷикистон табдил ёфт.

Арзиши воқеии ҳокимияти судӣ пеш аз ҳама дар қобилияти он барои ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ифода меёбад. Агар шахс имконияти воқеии муроҷиат ба суд ва барқарор намудани ҳуқуқи вайроншудаи худро надошта бошад, эътирофи ҳуқуқҳо дар сатҳи қонунгузорӣ на ҳамеша метавонад ҳифзи самараноки онҳоро таъмин намояд.

Дар даврони истиқлол нақши суд ҳамчун кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон тадриҷан афзоиш ёфт. Шаҳрвандон метавонанд барои ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ, ғайримолумулкӣ, меҳнатӣ, оилавӣ, манзилӣ ва дигар ҳуқуқҳои худ ба суд муроҷиат намоянд. Ҳамзамон, дар мурофиаи ҷиноятӣ суд бояд кафили риояи ҳуқуқҳои иштирокчиёни мурофиа ва татбиқи принсипҳои адолати судӣ бошад.

Аз ин ҷиҳат, яке аз меъёрҳои асосии баҳодиҳии рушди ҳокимияти судӣ бояд на танҳо шумораи судҳо ё парвандаҳои баррасишуда, балки сатҳи воқеии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва эътимоди ҷомеа ба адолати судӣ бошад.

Дар назарияи муосири ҳуқуқ мустақилияти судя яке аз шартҳои асосии мавҷудияти давлати ҳуқуқбунёд эътироф мегардад. Бидуни мустақилияти судя принсипҳои қонуният, беғаразӣ ва баробарии тарафҳо дар назди суд мазмуни воқеии худро аз даст медиҳанд.

Дар солҳои истиқлол барои ташаккули кафолатҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии мустақилияти судяҳо тадбирҳои гуногун андешида шуданд.

Аммо мустақилияти суд танҳо бо қабули меъёрҳои ҳуқуқӣ таъмин намегардад. Он ҳамчунин фарҳанги баланди касбӣ, масъулияти шахсии судя, сатҳи баланди донишҳои ҳуқуқӣ, беғаразӣ ва устувории ахлоқиро тақозо менамояд.

Аз ин рӯ, марҳилаи минбаъдаи рушди ҳокимияти судӣ бояд бо таҳкими ҳамзамони мустақилият ва масъулияти касбии судя алоқаманд бошад.

Дар даврони истиқлол нақши Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини татбиқи дуруст ва якхелаи қонунгузорӣ аҳаммияти бештар пайдо намуд. Таҳлили таҷрибаи судӣ, пешниҳоди тавзеҳоти дахлдор оид ба масъалаҳои татбиқи қонунгузорӣ, омӯзиши хатогиҳои судӣ ва мусоидат ба ташаккули таҷрибаи ягона аз воситаҳои муҳими баланд бардоштани сифати адолати судӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар шароити мураккаб гардидани муносибатҳои ҷамъиятӣ аҳаммияти таҷрибаи судӣ боз ҳам меафзояд. Қонунгузор наметавонад тамоми ҳолатҳои эҳтимолии ҳаётиро пешакӣ муфассал танзим намояд. Аз ин рӯ, татбиқи асоснок, муттасил ва пешгӯишавандаи меъёрҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби судҳо яке аз шартҳои муҳими таъмини амнияти ҳуқуқӣ мебошад.

Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ дар даврони истиқлол вазифаҳои нави ҳокимияти судиро ба миён овард. Рушди моликияти хусусӣ, соҳибкорӣ, шартномаҳои тиҷоратӣ ва фаъолияти сармоягузорӣ зарурати ҳифзи самараноки судии муносибатҳои иқтисодиро зиёд намуд. Дар чунин шароит судҳои иқтисодӣ ба яке аз кафолатҳои муҳими суботи муомилоти иқтисодӣ табдил ёфтанд.

Ҳифзи ҳуқуқи моликият, иҷрои уҳдадориҳои шартномавӣ, ҳалли баҳсҳои байни субъектҳои соҳибкорӣ ва таъмини пешгӯишавандагии муносибатҳои иқтисодӣ на танҳо вазифаи ҳуқуқӣ, балки омили рушди иқтисоди миллӣ мебошад.

Аз ин рӯ, фаъолияти самараноки судҳои иқтисодӣ бояд ҳамчун қисми муҳими сиёсати давлатии фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ арзёбӣ карда шавад.

Суд на танҳо баҳсро ҳал мекунад, балки тавассути фаъолияти худ ба шуури ҳуқуқии ҷомеа таъсир мерасонад. Қарори қонунӣ, асоснок ва одилонаи судӣ эҳтироми шаҳрвандонро нисбат ба қонун тақвият медиҳад.

Аз ҳамин нуқтаи назар, ҳокимияти судӣ дорои вазифаи муҳими тарбиявӣ низ мебошад. Шахс тавассути мурофиаи судии одилона дар амал мебинад, ки қонун арзиши воқеӣ дорад, ҳуқуқи вайроншуда метавонад барқарор гардад ва шахси қонуншикан ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Ҳамин тариқ, сифати адолати судӣ бо сатҳи фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа робитаи мустақим дорад.

Яке аз самтҳои ояндадори рушди ҳокимияти судӣ истифодаи технологияҳои рақамӣ мебошад. Ҷомеаи муосир талаб менамояд, ки дастрасӣ ба суд содда, фаврӣ ва аз ҷиҳати технологӣ мувофиқ бошад.

Татбиқи низомҳои электронии гардиши ҳуҷҷатҳо, пешниҳоди электронии муроҷиатҳо, дастрасии рақамӣ ба иттилооти судӣ, истифодаи видеоконференсия ва ташаккули унсурҳои «суди электронӣ» метавонанд самаранокии фаъолияти судҳоро баланд бардоранд.

Дар баробари ин, рақамикунонӣ масъалаҳои нави ҳуқуқиро ба миён мегузорад, аз ҷумла ҳифзи маълумоти шахсӣ, амнияти иттилоотӣ, эътимоднокии далелҳои электронӣ ва таъмини ҳуқуқи тарафҳо ба мурофиаи одилона.

Зеҳни сунъӣ низ метавонад дар оянда ҳамчун воситаи ёрирасон барои ҷустуҷӯи иттилооти ҳуқуқӣ, таҳлили таҷрибаи судӣ ва коркарди ҳаҷми зиёди маълумот истифода шавад. Аммо қабули санади судӣ бояд ҳамчун фаъолияти дорои масъулияти ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ таҳти назорати инсон боқӣ монад.

Бо ҷамъбасти роҳи тайкардаи ҳокимияти судӣ метавон як қатор дастовардҳои бунёдиро муайян намуд, аз ҷумла ташаккули асосҳои конститутсионии ҳокимияти судии мустақил, бунёд ва рушди низоми миллии судӣ, ташаккули назорати конститутсионӣ, рушди низоми судҳои иқтисодӣ, ташаккули қонунгузории миллии мурофиавӣ, пайваста амалӣ гардидани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, таҳкими кафолатҳои ҳуқуқии фаъолияти судяҳо, афзоиши нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, такмили механизмҳои дастрасӣ ба адолати судӣ, оғози марҳилаи рақамикунонии фаъолияти судҳо.

Муҳимтар аз ҳама, дар тафаккури ҳуқуқии ҷомеа мафҳуми «ҳокимияти судӣ» тадриҷан ҳамчун яке аз унсурҳои асосии давлатдории ҳуқуқбунёд ҷойгоҳи устувор пайдо намуд.

Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, рушди ҳокимияти судӣ раванди анҷомёфта нест. Муносибатҳои нави иҷтимоӣ, рушди иқтисоди рақамӣ, технологияҳои зеҳни сунъӣ ва тағйирёбии шаклҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ вазифаҳои навро дар назди низоми судӣ мегузоранд.

Дар марҳилаи минбаъда ба масъалаҳои таҳкими кафолатҳои мустақилияти судяҳо, баланд бардоштани сифати санадҳои судӣ, рушди тахассуси судяҳо, шаффофияти фаъолияти судҳо, дастрасии аҳолӣ ба иттилооти ҳуқуқӣ, рақамикунонии мурофиа ва баланд бардоштани эътимоди ҷомеа ба суд таваҷҷуҳи махсус додан зарур аст.

Самаранокии ҳокимияти судӣ набояд танҳо аз рӯйи нишондиҳандаҳои оморӣ муайян карда шавад. Меъёри асосӣ бояд сифати адолати судӣ, қонуният ва асоснокии санадҳои судӣ, сари вақт барқарор гардидани ҳуқуқи вайроншуда ва сатҳи эътимоди шаҳрвандон ба суд бошад.

Сию панҷ соли Истиқлоли давлатӣ барои ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи ташаккул, ислоҳот ва таҳаввули амиқ мебошад. Дар ин муддат заминаҳои конститутсионии ҳокимияти судӣ ташаккул ёфта, низоми миллии судӣ рушд намуд ва нақши суд дар механизми ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон тадриҷан тақвият пайдо кард.

Таҷрибаи ин давра собит менамояд, ки ҳокимияти судии мустақил ва самаранок на танҳо унсури сохтори давлатӣ, балки яке аз шартҳои асосии устувории давлатдории миллӣ мебошад. Волоияти қонун дар он сурат ба воқеияти иҷтимоӣ табдил меёбад, ки шахс имконияти ҳифзи ҳуқуқи худро дар суди мустақил ва беғараз дошта бошад.

Аз ин рӯ, дастоварди асосии 35 соли Истиқлоли давлатӣ дар соҳаи судиро метавон на танҳо дар ташаккули сохтор ва қонунгузории судӣ, балки дар тадриҷан табдил ёфтани суд ба институти мустақили ҳифзи ҳуқуқ, таъмини адолат ва кафолати давлатдории ҳуқуқбунёд арзёбӣ намуд.

Марҳилаи нави рушди Тоҷикистон тақозо менамояд, ки ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ бо такя ба дастовардҳои солҳои истиқлол идома ёфта, мустақилияти судя, сифати адолати судӣ, рақамикунонӣ, шаффофият ва эътимоди ҷомеа ҳамчун арзишҳои меҳварии сиёсати судӣ қарор гиранд.

Дар чунин сурат ҳокимияти судӣ метавонад рисолати конститутсионии худро ҳамчун кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти қонун ва адолати иҷтимоӣ боз ҳам муассиртар амалӣ намояд.

Бурҳониён Маъруфҷон – унвонҷуи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои

Тоҷикистон, раиси Суди ноҳияи Ҷаббор Расулови Вилояти Суғд

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ – КАФИЛИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун арзиши олии миллӣ на танҳо аз мавҷудияти ҳудуд, мақомоти давлатӣ ва рамзҳои давлатӣ иборат аст, балки аз сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон низ вобастагии амиқ дорад. Давлате, ки шаҳрвандони он аз ҳуқуқу уҳдадориҳои худ огоҳанд, қонунро эҳтиром мекунанд ва дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳм мегузоранд, метавонад истиқлолияти худро устувор нигоҳ дорад. Аз ин рӯ, маърифати ҳуқуқӣ яке аз омилҳои муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва кафили ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Маърифати ҳуқуқӣ маҷмӯи донишҳо, ҷаҳонбинӣ, муносибат ва рафтори ҳуқуқии шахс мебошад, ки ба дарки арзишҳои ҳуқуқӣ, эҳтироми қонун ва масъулияти шаҳрвандӣ асос меёбад. Дар ҷомеаи муосир танҳо мавҷуд будани қонунҳо барои таъмини тартиботи ҳуқуқӣ кофӣ нест. Муҳим он аст, ки шаҳрвандон мазмун ва аҳамияти онҳоро дарк намуда, дар ҳаёти ҳаррӯза риоя намоянд. Маҳз сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд замина фароҳам меорад [4, с. 25–30].

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ роҳи бунёди давлати мустақил ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифт. Дар ин раванд масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ аҳамияти махсус пайдо намуд. Зеро истиқлолият танҳо бо фаъолияти мақомоти давлатӣ ҳифз намешавад, балки иштироки фаъолонаи ҳар як шаҳрвандро талаб мекунад. Шаҳрванди дорои маърифати ҳуқуқӣ арзишҳои истиқлолиятро дарк намуда, барои ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҷомеа масъулият эҳсос мекунад [1].

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии давлатдориро муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун арзиши олӣ эътироф менамояд. Дар баробари ҳуқуқҳо, шаҳрвандон дорои уҳдадориҳои конститутсионӣ низ мебошанд. Аз ҷумла, ҳифзи Ватан, эҳтироми қонун, риояи ҳуқуқи дигарон ва саҳмгузорӣ дар рушди давлат аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими шаҳрвандӣ мебошанд. Донистан ва иҷро намудани ин меъёрҳо нишонаи маърифати баланди ҳуқуқӣ мебошад [1].

Яке аз вазифаҳои асосии маърифати ҳуқуқӣ тарбияи эҳтиром ба қонун ва давлат мебошад. Қонун ҳамчун воситаи асосии танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ танҳо дар ҳолате самаранок амал мекунад, ки шаҳрвандон ба он эҳтиром дошта бошанд. Дар давлатҳои ҳуқуқбунёд қонун на танҳо воситаи идоракунӣ, балки кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва устувории истиқлолияти давлатӣ мебошад [5, с. 42–48].

Таҷрибаи таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳифзи истиқлолият бо таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ робитаи мустақим дорад. Дар солҳои аввали истиқлолият мушкилоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ зарурати таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандиро ба миён овард. Қабули Конститутсияи соли 1994 ва ташаккули низоми нави ҳуқуқӣ барои рушди давлатдории миллӣ заминаи устувор гузошт [2, ҷ. 1, с. 45–50].

Маърифати ҳуқуқӣ инчунин дар пешгирии зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ, аз ҷумла ифротгароӣ, беэҳтиромӣ ба қонун ва дигар амалҳои зиддиҷамъиятӣ нақши муҳим дорад. Шаҳрванде, ки ҳуқуқ ва арзишҳои конститутсиониро дарк мекунад, ба осонӣ ба таъсири ғояҳои бегона ва зиддимиллӣ дода намешавад. Аз ин ҷиҳат, тарбияи ҳуқуқии ҷавонон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад [5, с. 150–155].

Ҷавонон ҳамчун неруи асосии ояндаи давлат бояд дорои дониши ҳуқуқии баланд бошанд. Омӯзиши Конститутсия, қонунҳои миллӣ, таърихи давлатдорӣ ва арзишҳои истиқлолият ба ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ мусоидат мекунад. Насли ҷавоне, ки ҳуқуқу вазифаҳои худро медонад, метавонад дар рушди давлат ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият саҳми арзанда гузорад [2, ҷ. 5, с. 140–146].

Дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи ҳифзи истиқлолияти давлатӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Давлатҳо имрӯз на танҳо бо таҳдидҳои ҳарбӣ, балки бо хатарҳои иттилоотӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ низ рӯ ба рӯ мебошанд. Дар чунин вазъият маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии шаҳрвандон ҳамчун воситаи муҳими ҳифзи манфиатҳои миллӣ баромад мекунад. Шаҳрванди аз ҷиҳати ҳуқуқӣ огоҳ метавонад мавқеи дуруст интихоб намуда, барои таҳкими суботи ҷомеа мусоидат намояд [5, с. 160–165].

Нақши давлат дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа низ хеле муҳим мебошад. Ташкили барномаҳои омӯзишӣ, ворид намудани масъалаҳои ҳуқуқӣ ба низоми таълим, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва воситаҳои ахбори омма барои баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат менамояд. Ин раванд бояд ҳамчун қисми муҳими сиёсати давлатӣ дар самти таҳкими истиқлолият ва давлатдории миллӣ идома ёбад [4, с. 85–90].

Ҳамин тавр, маърифати ҳуқуқӣ яке аз заминаҳои асосии ҳифзи истиқлолияти давлатӣ мебошад. Истиқлолият танҳо бо рамзҳои давлатӣ ва сохторҳои сиёсӣ маҳдуд намешавад, балки аз муносибати шаҳрвандон ба қонун, давлат ва арзишҳои миллӣ вобаста аст. Ҷомеае, ки дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ мебошад, метавонад истиқлолияти худро ҳифз намуда, барои рушди устувори давлат шароити мусоид фароҳам оварад.

Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун арзиши олии сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва таърихӣ барои ҳар як миллат аҳамияти бузург дорад. Маҳз истиқлолият ба давлат имконият медиҳад, ки роҳи мустақили рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро муайян намояд. Аммо ҳифзи истиқлолият танҳо бо мавҷудияти сохторҳои давлатӣ, неруҳои амниятӣ ва қонунҳои миллӣ таъмин намегардад. Омили муҳимтарини пойдории давлат ин сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги сиёсии шаҳрвандон мебошад.

Маърифати ҳуқуқӣ яке аз унсурҳои асосии ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Шаҳрванде, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои худро медонад, ба қонун эҳтиром мегузорад ва масъулияти худро дар назди давлат ва ҷомеа дарк мекунад, метавонад дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда гузорад. Аз ин рӯ, байни маърифати ҳуқуқӣ ва устувории истиқлолияти давлатӣ робитаи мустақим вуҷуд дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифт. Дар ин раванд баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ гардид. Зеро давлати мустақил танҳо дар сурате устувор буда метавонад, ки шаҳрвандони он дорои ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулияти ҳуқуқӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ бошанд.

1. Мафҳум ва моҳияти маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеаи муосир

Маърифати ҳуқуқӣ мафҳуми мураккаби иҷтимоӣ буда, маҷмӯи донишҳои ҳуқуқӣ, муносибати шахс ба қонун ва рафтори ҳуқуқии ӯро дар бар мегирад. Он на танҳо донистани меъёрҳои ҳуқуқӣ, балки қобилияти истифода бурдани ҳуқуқҳо, иҷро намудани уҳдадориҳо ва эҳтироми ҳуқуқи дигаронро низ ифода мекунад.

Дар назарияи ҳуқуқ маърифати ҳуқуқӣ яке аз шаклҳои муҳими шуури ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Шуури ҳуқуқии ҷомеа ба муносибати шаҳрвандон нисбат ба давлат, қонун ва адолат таъсир мерасонад. Ҷомеае, ки сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ дорад, метавонад низоми ҳуқуқии худро самараноктар татбиқ намояд ва суботи сиёсиро таъмин кунад [4, с. 25–30].

Дар шароити давлати соҳибистиқлол маърифати ҳуқуқӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Зеро истиқлолият масъулияти шаҳрвандонро низ зиёд менамояд. Агар дар ҷомеа эҳтиром ба қонун, масъулияти шаҳрвандӣ ва дарки арзишҳои давлатӣ баланд бошад, давлат метавонад рушди устувори худро таъмин намояд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ эътироф намуда, дар баробари ин иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандиро низ муайян мекунад. Аз ҷумла, ҳифзи Ватан, эҳтироми қонун ва риояи ҳуқуқи дигарон аз вазифаҳои муҳими шаҳрвандӣ мебошанд [1].

2. Нақши маърифати ҳуқуқӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ

Давлатдории миллӣ танҳо аз фаъолияти мақомоти давлатӣ иборат нест, балки муносибати шаҳрвандонро ба давлат низ дар бар мегирад. Давлате, ки шаҳрвандони он қонунро эҳтиром мекунанд ва дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ фаъол мебошанд, дорои заминаи устувори рушди миллӣ мебошад.

Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкили низоми нави ҳуқуқӣ ва сиёсӣ оғоз намуд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 яке аз марҳилаҳои муҳимтарини ташаккули давлатдории миллӣ гардид. Ин санади асосӣ принсипҳои соҳибихтиёрӣ, волоияти қонун, тақсимоти ҳокимият ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро муайян кард [1].

Барои татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ на танҳо фаъолияти мақомоти давлатӣ, балки сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ низ аҳамияти калон дорад. Шаҳрвандоне, ки мазмуни қонунҳоро дарк мекунанд, ба иҷрои онҳо бо масъулият муносибат менамоянд ва дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ саҳм мегиранд.

Дар асарҳои Эмомалӣ Раҳмон масъалаи худшиносии миллӣ, эҳтироми қонун ва масъулияти шаҳрвандӣ ҳамчун омилҳои муҳими рушди давлатдорӣ таъкид шудааст. Муаллиф қайд менамояд, ки пойдории давлат аз ваҳдати ҷомеа, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ вобаста мебошад [2, ҷ. 3, с. 70–82].

3. Нақши фарҳанги ҳуқуқӣ дар таҳкими қонунмеҳварӣ

Қонунмеҳварӣ бе маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон самаранок буда наметавонад. Агар шаҳрвандон моҳияти қонунҳоро дарк накунанд ва ба онҳо эҳтиром нагузоранд, ҳатто низоми мукаммали ҳуқуқӣ низ наметавонад амнияти пурраи ҷомеаро таъмин намояд.

Фарҳанги ҳуқуқӣ сатҳи дониши ҳуқуқӣ, муносибати шахс ба қонун ва рафтори ҳуқуқии шаҳрвандро муайян мекунад. Шаҳрванди дорои фарҳанги баланди ҳуқуқӣ на танҳо ҳуқуқҳои худро медонад, балки уҳдадориҳои худро дар назди давлат ва ҷомеа низ иҷро менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ мебошад. Тарбияи ҳуқуқии ҷавонон, омӯзиши қонунҳо дар муассисаҳои таълимӣ ва тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ барои ташаккули ҷомеаи қонунмеҳвар мусоидат мекунанд [4, с. 85–90].

4. Қонунмеҳварӣ ҳамчун омили муқовимат ба таҳдидҳои муосири амниятӣ

Дар ҷаҳони имрӯза давлатҳо бо таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла терроризм, экстремизм, ҷинояткории фаромиллӣ, таҳдидҳои иттилоотӣ ва дигар хатарҳо рӯ ба рӯ мебошанд. Муқовимат ба чунин таҳдидҳо танҳо тавассути чораҳои ҳуқуқӣ ва фаъолияти ҳамоҳангшудаи мақомоти давлатӣ имконпазир аст.

Қонунмеҳварӣ имкон медиҳад, ки мубориза бар зидди таҳдидҳои амниятӣ дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ амалӣ гардад. Ин равиш ҳамзамон ҳифзи амнияти давлат ва риояи ҳуқуқҳои инсонро таъмин мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими амнияти миллӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро қабул намуда, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар асоси қонун ба роҳ мондааст. Ин раванд барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва суботи ҷомеа аҳамияти муҳим дорад [5, с. 160–165]

Рӯйхати адабиёт

1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: Шарқи Озод, 2016.

2. Раҳмон Эмомалӣ. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилдҳои 1–6. – Душанбе: Ирфон.

3. Раҳмон Эмомалӣ. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. Китоби 1. – Душанбе: Ирфон, 2006.

4. Маҳмадов А. Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: Ирфон, 2018.

5. Давлатов М., Сафаров Ш. Сиёсатшиносӣ. – Душанбе: Маориф, 2020.

6. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон. – Москва, 27 июни соли 1997.

МОДЕЛҲОИ ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ҶАҲОН ВА ТАВСИЯҲО БАРОИ ТОҶИКИСТОН

12212Дар асри XXI зеҳни сунъӣ ҳамчун яке аз воситаи технологӣ ба тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон, аз иқтисод то идоракунӣ, аз маориф то адлия ворид гардидааст. Ин падида на танҳо имкониятҳои нав бавуҷуд меорад, балки мушкилоти ҳуқуқии беназиреро низ ба миён мегузорад, ки ҳалли онҳо таҳияи моделҳои нави танзими ҳуқуқиро тақозо мекунад. Зеҳни сунъӣ ҳамчун "қуттии сиёҳ" амал мекунад, ки фаҳмидани механизмҳои дохилии он барои танзими самаранок зарур аст. Аз ин рӯ, ҳуқуқшиносон бо ҳамкории мутахассисони соҳаҳои техникӣ метавонанд моҳияти ин технологияи мураккабро дарк намуда, барои он чаҳорчӯбаи ҳуқуқии муносиб таҳия кунанд.

Барои Тоҷикистон, ки солҳои 2025-2030-ро "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия" эълон намудааст, ин масъала аҳамияти махсус дорад. Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон то соли 2040 қабул гардидааст, вале татбиқи он ва таҳияи қонунҳои самаранок дар ин соҳа эҳтиёҷ ба омӯзиши амиқи моделҳои ҷаҳонии танзим ва мутобиқсозии ҳуқуқии онҳо ба шароити миллиро пеш меоранд.

Дар паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ санаи 28 декабри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллиро чунин шарҳ доданд: “Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад: Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ. Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот. Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ. Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ. Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ. Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот. Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ. Бо ин мақсад, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Бонки миллӣ, хадамоти алоқа, гумрук, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳо фароҳамсозии асосҳои ҳуқуқиву ташкилӣ, танзими давлатӣ, маблағгузории ташкили инфрасохтори иқтисоди рақамӣ, инчунин, муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электрониро таъмин намоянд. Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд. Ба вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки барои тасдиқи нақшаи мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолот санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Ҳамзамон бо ин, дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад. Дар ин раванд, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад”.

Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он ҳафт самти афзалиятноки рушди иқтисоди рақамӣ муайян гардидааст, дар сатҳи ҳуқуқӣ зарурати татбиқи моделҳои пешқадами ҷаҳонии танзими ҳуқуқии зеҳни сунъиро дар Тоҷикистон исбот менамояд. Ҳадафи Сарвари давлат дар ин раванд, таъмини шаффофият, мубориза бо фасод, баланд бардоштани самаранокии иқтисод ва сифати зиндагии шаҳрвандон мебошад.

Таҳлили муқоисавии моделҳои мавҷудаи танзими зеҳни сунъӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки чор модел (равия)-и асосӣ ташаккул ёфтааст, ки ҳар кадом дорои хусусиятҳои хос, афзалиятҳо ва камбудиҳои муайян мебошанд. Интихоби ҳар як модел ба шароит, фарҳанг, анъанаҳои ҳуқуқӣ ва иқтидори иқтисодии ҳар кишвар вобаста аст.

1. Модели ғоявӣ, ки дар принсипҳои Созмони Ҳамкорӣ ва Рушди Иқтисодӣ оид ба зеҳни сунъӣ таҷассум ёфтааст, ки ба риояи принсипҳои умумӣ, аз қабили ҳифзи ҳуқуқи инсон, шаффофият ва ҷавобгарӣ такя мекунад. Афзалияти ин модел дар чандирӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйироти босуръати технологӣ мебошад. Аммо, ин принсипҳо ғайриқатъӣ буда, риояи онҳо ихтиёрӣ аст, ки метавонад ба риояи интихобии онҳо ва афзалият додани фоида нисбат ба ахлоқ оварда расонад. Ин модел бештар барои кишварҳое мувофиқ аст, ки низоми ҳуқуқии онҳо ба принсипҳои умумӣ асос ёфтааст ва иқтидори баланди иҷроӣ доранд.

2. Модели хавфӣ (таваккалӣ), ки дар Қонуни зеҳни сунъии Иттиҳоди Аврупо (EU AI Act) татбиқ шудааст ва ба муайян ва пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ пеш аз ҷойгиршавии технология равона шудааст. Барномаҳои зеҳни сунъӣ мувофиқи сатҳи хавф – ғайриқобилиқабул, баланд, маҳдуд ва паст – тасниф карда мешаванд ва барои барномаҳои хавфи баланд талаботи қатъӣ ҷорӣ карда мешаванд. Ин равиш барои ҳалли мураккабӣ ва пешгӯинашавандагии системаҳои зеҳни сунъӣ кӯмак мерасонад ва дар муқоиса бо дигар моделҳо аз ҳама муфассал ва ҳамаҷониба мебошад. Аммо, ин модел эҳтиёҷ ба иқтидори баланди маъмурӣ ва техникӣ дорад, ки барои кишварҳои дар ҳоли рушд метавонад мушкил бошад.

3. Модели масъулиятнокӣ ба таъмини адолат ва пешгӯӣ тавассути татбиқи қоидаҳо ва стандартҳои ягона барои масъулияти таҳиякунандагон ва истифодабарандагони зеҳни сунъӣ нигаронида шудааст. Ин равиш таҳиякунандагонро водор месозад, ки аз аввал ба бехатарӣ, эътимоднокӣ ва ахлоқ аҳамият диҳанд. Ин модел барои кишварҳое мувофиқ аст, ки низоми ҳуқуқии онҳо ба масъулияти қатъӣ асос ёфтааст ва барои ҷуброни зарар механизмҳои мукаммал доранд.

4. Модели давлатмеҳварӣ, ки Чин онро пеш гирифтааст ва ба назорати мустақими давлатӣ дар рушд ва татбиқи зеҳни сунъӣ асос ёфтааст. Давлат қоидаҳои мушаххас ва уҳдадориҳои қатъиро барои таҳиягарон ва истифодабарандагон муқаррар мекунад ва афзалиятҳои миллии сиёсӣ ва иқтисодиро дар маркази танзим қарор медиҳад. Ин модел ба рушди босуръати технология мусоидат мекунад, вале шаффофият ва назорати берунаро маҳдуд месозад.

Сингапур ҳамчун яке пешрафтатарин кишварҳо дар соҳаи танзими ҳуқуқии зеҳни сунъӣ шинохта мешавад. Баррасии модели Сингапур барои Тоҷикистон аз сабаби монандии баъзе хусусиятҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва иқтисодӣ ва тамаркуз ба рушди инноватсионӣ – метавонад муфид бошад. Сингапур дар танзими зеҳни сунъӣ равияи мӯътадилро пеш гирифтааст, ки онро метавон ҳамчун омезиши модели ғоявӣ ва нимқатъӣ тавсиф кард.

Хусусияти аввалини модели Сингапур – таъкид бар ташаккули консенсус мебошад. Сингапур ба ҳамкории ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор – ҳукумат, саноат ва шаҳрвандон – дар раванди танзим аҳамияти калон медиҳад. Дар доираи ташаббуси "Миллати ҳушманд" ҳукумат кушиш мекунад, ки технологияро ба манфиати ҷомеа ва иқтисод истифода барад. Ин равиш ба эҷоди эътимоди мутақобила ва қабули қарорҳои манфиатовар мусоидат мекунад.

Хусусияти дуюм – танзими ихтиёрӣ ва истифода аз стандартҳо мебошад. Сингапур бо истифода аз стандартҳо ва чаҳорчӯбаҳои санҷишӣ роҳи мӯътадилро интихоб кардааст. Намунаи барҷастаи ин равиш, таҳияи “Чорчӯба ва воситаи нармафзории санҷиши идоракунии зеҳни сунъӣ” – аввалин чаҳорчӯба ва воситаҳои санҷиши ҳуқуқии зеҳни сунъӣ дар ҷаҳон мебошад. Ин равиш имкон медиҳад, ки навоварӣ маҳдуд нагардад, вале дар сурати зарурат давлат метавонад барои ҳифзи манфиати ҷомеа амали қатъӣ анҷом диҳад.

Хусусияти сеюм – сиёсати "масъулияти фаъол" мебошад, ки ба эътимоди баланди аҳолӣ ба технология асос ёфтааст. Тадқиқоти соли 2023 нишон дод, ки беш аз 68% фоизи шаҳрвандони Сингапур аз зеҳни сунъии генеративӣ истифода кардаанд ва 69% фоизи онҳо таҷрибаи худро мусбат арзёбӣ кардаанд. Ин муносибати мусбӣ дар муқоиса бо Ғарб фарқ дорад. Модели Сингапур нишон медиҳад, ки роҳи муваффақият дар танзими зеҳни сунъӣ бе қонунгузории сахт, балки тавассути ҳамкорӣ, эътимод ва стандартикунонӣ мегузарад.

Чин дар танзими зеҳни сунъӣ модели марказонидашуда ва давлатмеҳварро пеш гирифтааст, ки рушди технологияро бо афзалиятҳои миллии сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳамоҳанг месозад. Ин модел ба назорати мустақими давлатӣ дар ҳама марҳилаҳои рушд ва татбиқи зеҳни сунъӣ асос ёфтааст ва ба суръат бахшидани пешрафти технологӣ дар доираи афзалиятҳои миллии стратегӣ нигаронида шудааст.

Ҳукумати Чин барои технологияҳои гуногун, аз ҷумла шинохти чеҳра ва зеҳни сунъии генеративӣ қоидаҳои мушаххас таҳия кардааст. Қонун дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ ва Қонуни амнияти маълумот доираи ҳуқуқии коркарди маълумотро дар Чин муқаррар мекунанд. Тартиби муваққатии идоракунии хизматрасонии зеҳни сунъии генеративӣ аз моҳи августи соли 2023 эътибор пайдо кардааст. Ин тартиб тақозо мекунанд, ки мундариҷаи эҷодшуда бо арзишҳои асосии сотсиалистӣ мувофиқ бошад ва аз эҷоди маводе, ки метавонад низоми иҷтимоӣ ё иқтисодиро вайрон кунад, пешгирӣ шавад.

Таҳиягарон бояд системаҳои мониторинги фаврӣ ва таҳлили маълумотро барои ошкор ва ҳалли фаъолияти ғайримуқаррарӣ ҷорӣ намоянд. Системаҳои зеҳни унъӣ аксар вақт барои риояи талаботи миллии амният ва устувории иҷтимоӣ тафтиш карда мешаванд. Ин равиш ба Чин имкон медиҳад, ки лоиҳаҳои калони зеҳни сунъиро бо суръати баланд амалӣ созад. Бо вуҷуди ин, мунаққидон нигаронии худро дар бораи маҳдудияти шаффофият ва назорати беруна, инчунин эҳтимоли содироти ин модел ба кишварҳои дигар изҳор мекунанд.

ИМА дар муқоиса бо Иттиҳоди Аврупо як модели ғайримарказонидашудаи танзими зеҳни сунъиро истифода мебарад, ки бо омезиши қоидаҳои федералӣ ва иёлатӣ, ҳамчунин дастурҳои ихтиёрӣ хос аст. Ин модел ба принсипҳои озодии бозор ва инноватсия асос ёфтааст ва мақомоти гуногун дар доираи салоҳияти худ ба танзими ҷанбаҳои муайяни зеҳни сунъӣ машғуланд.

Дар сатҳи федералӣ агентиҳои алоҳида, аз қабили Идораи ғизо ва дорувории ИМА барои маҳсулоти тиббӣ ва Маъмурияти миллии бехатарии нақлиёти роҳи автомобилии ИМА барои мошинҳои бесарнишин, барномаҳои мушаххаси зеҳни сунъиро танзим мекунанд. Институти миллии стандартҳо ва технологияи ИМА соли 2023 "Чаҳорчӯбаи идоракунии хавфи зеҳни сунъи"-ро нашр кард, ки стандартҳои ихтиёриро барои муайян ва коҳиши хавфҳои зеҳни сунъӣ пешниҳод менамояд. Қасри Сафед "Нақшаи ҳуқуқи зеҳни сунъи"-ро баровард, ки принсипҳои адолат, махфият ва шаффофиятро муайян мекунад. Иёлотҳо низ қонунгузории худро оид ба масъалаҳое чун шинохти чеҳра ва ҳисоботдиҳии алгоритмӣ пешниҳод мекунанд.

Афзалияти ин равиш дар он аст, ки ба инноватсия мусоидат мекунад ва ба рушди босуръати технология имкон медиҳад. Аммо, низом пароканда буда, дар баъзе мавридҳо ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷрои қонунро заиф месозад. Дар сатҳи ҷаҳонӣ, эътимод ба ИМА дар танзими зеҳни сунъӣ аз Чин баландтар аст, вале аз Иттиҳоди Аврупо пасттар – камтар аз 40% пурсишшудагон эътимоди худро ба ИМА изҳор кардаанд. Ин модел барои кишварҳое мувофиқ аст, ки низоми ҳуқуқии федералӣ доранд ва ба навоварӣ афзалият медиҳанд.

Олмон ҳамчун узви Иттиҳоди Аврупо Қонуни зеҳни сунъии Аврупоро татбиқ мекунад, ки яке аз мукаммалтарин чаҳорчӯбаҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ дар ин соҳа мебошад. Ин модел ба модели таваккалӣ асос ёфтааст ва барои ҳар як сатҳи хавф талаботи мушаххас ва механизмҳои назоратиро пешбинӣ мекунад. Қонуни зеҳни сунъӣ аз 1 августи соли 2024 эътибор пайдо кардааст ва аксари муқаррароти он аз 2 августи соли 2026 амалӣ мешаванд.

Сохтори муассисавии танзим дар Олмон марказият дорад. Лоиҳаи Қонуни назорати бозор ва тарғиби инноватсия дар соҳаи зеҳни сунъӣ, ки 11 феврали соли 2026 қабул шудааст, нақши марказии Агентии федералии шабакаро ҳамчун мақоми марказии назорати бозор муқаррар мекунад. Вазифаҳои асосии он иборатанд аз назорати риояи Қонун (истиснои соҳаҳои дорои мақомоти махсус), таъсиси Маркази ҳамоҳангсозӣ ва салоҳият барои ҳамкории байни мақомот ва ҳамчун нуқтаи тамос бо Иттиҳоди Аврупо, таъсиси Палатаи мустақили назорати бозори зеҳни сунъӣ барои назорати системаҳои хавфи баланд дар соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ, идораи марзҳо, адлия ва демократия ва таъсиси Маркази шикоят барои шаҳрвандон.

Нигоҳ доштани салоҳиятҳои соҳавӣ низ пешбинӣ шудааст. Мақоми федералии назорати бозорҳои молиявии Олмо барои системаҳои зеҳни сунъӣ дар бахши хизматрасонии молиявӣ масъул аст ва мақомоти мавҷудаи назорати бозор дар соҳаҳои танзимшуда салоҳияти худро нигоҳ медоранд. Он бояд ҳадди ақалл як минтақаи санҷишии зеҳни сунъиро таъсис диҳад, ки ба корхонаҳо, махсусан ба стартапҳо ва корхонаҳои хурду миёна, имкон медиҳад, ки системаҳои зеҳни сунъиро дар шароити воқеӣ ва назорати расмӣ озмоиш кунанд. Хизматрасонии зеҳни сунъӣ барои машварат ва иттилоот дар бораи татбиқи Қонун пешбинӣ шудааст.

Ҷаримаҳо барои вайронкунии уҳдадориҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва иттилоотӣ то 50000 евро пешбинӣ шудаанд, дар ҳоле ки ҷаримаҳои асосӣ мувофиқи моддаи 99 Қонуни зеҳни сунъӣ то 35000000 евро ё ҳафт фоизи гардиши солона муқаррар карда мешаванд. Олмон дар татбиқи Қонуни зеҳни сунъӣ яке аз давлатҳои пешсафи Аврупо ба ҳисоб меравад. Стратегияи миллии зеҳни сунъӣ, ки соли 2018 қабул шудааст, маблағгузориро то 5000000 миллиард евро (то соли 2025) пешбинӣ мекунад.

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар аксарияти кишварҳо заминаи кофии ҳуқуқӣ барои ҳифзи иттилоот ва махфият вуҷуд надорад. Мушкилоти асосӣ ба масоили зерин марбут аст:

- набуди муассисаи мустақили ҳифзи маълумот, ки дар аксари кишварҳои минтақа ин вазифа ба зиммаи мақомоти дигар гузошта шудааст ва самаранокии онро коҳиш медиҳад;

- набуди ҳамкории байнисоҳавӣ, ки таҳияи сиёсати зеҳни сунъӣ бе иштироки фаъоли мутахассисони технологияи иттилоот, иқтисод ва дигар соҳаҳо сурат мегирад ва ба таҳияи қарорҳои ғайрисамаранок оварда мерасонад.

25 июли соли 2025 Маҷлиси умумии СММ қатъномаи муҳимеро ба таври якдилона қабул намуд, ки бо ташаббус ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида буд. Қатънома таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳамсозии имкониятҳои нав ҷиҳати рушди устувор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» қабул шуда, баёнгари сатҳи баланди эътирофи байналмилалии сиёсати пешбарандаи хориҷӣ ва роҳбарии стратегӣ дар замони гузариш ба марҳилаи нави инноватсионии рушди глобалӣ маҳсуб меёбад. Ҳамчунин, ЮНЕСКО дар минтақа барномаҳои гуногунро барои баланд бардоштани иқтидори соҳаи зеҳни сунъӣ ва риояи принсипҳои ахлоқӣ амалӣ менамояд.

Таҳлили моделҳои мухталифи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки яке аз омилҳои асосии муваффақияти ҳар як низоми танзим, ҳамкории наздики байнисоҳавӣ мебошад. Мазмуни зеҳни сунъӣ чунон мураккаб аст, ки фаҳмидани он аз доираи дониши анъанавии ҳуқуқшиносӣ берун аст. Барои таҳияи қонунҳои самаранок, ҳуқуқшиносон бояд ба таври амиқ механизмҳои кори алгоритмҳо, намудҳои хатарҳо ва таъсири иқтисодии онро дарк намоянд.

Ҳамкории байнисоҳавӣ дар ин замина на танҳо як тавсия, балки зарурати асосӣ ба ҳисоб меравад. Бо иштироки мутахассисони соҳаи технологияи иттилоот ҳуқуқшиносон метавонанд хавфҳои аслии зеҳни сунъиро шинохта, барои онҳо роҳҳои ҳалли муносиб пешниҳод кунанд. Бо иштироки иқтисодчиён таъсири иқтисодии танзим ва таъсири он ба рушди бозорро арзёбӣ кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, моделҳои муваффақи Сингапур ва Олмон маҳз ба ҳамкории байнисоҳавӣ ва ташаккули консенсуси ҷомеавӣ асос ёфтаанд.

Дар ин замина, пешниҳоди эҷоди соҳаи нави илми ҳуқуқшиносӣ – "Ҳуқуқи технологии Осиёи Марказӣ" ҳамчун як бахши махсус, ки ба таҳлили таъсири технологияҳои нав ба низоми ҳуқуқи кишварҳои минтақа нигаронида шудааст, зарур мебошад. Ин соҳаи нав метавонад фосилаи байни илмҳои ҷамъиятӣ ва техникиро коҳиш дода, барои ҳамкории байнисоҳавӣ замина фароҳам оварад. Ҳадафҳои асосии он мусоидат ба эҷоди як фазои ягонаи техно-ҳуқуқӣ дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ, пешбурди ҳуқуқи технология ҳамчун соҳаи алоҳидаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва баланд бардоштани иқтидори техно-ҳуқуқии ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор мебошанд.

Дар асоси таҳлили муқоисавии моделҳои пешқадами ҷаҳонӣ ва вазъи мавҷуда дар Тоҷикистон, тавсияҳои зерин пешниҳод карда мешаванд.

Аввалан, барои Тоҷикистон модели омехта, ки унсурҳои моделҳои Сингапур (танзими ихтиёрӣ ва стандартҳо) ва Олмон (таснифи хавф ва минтақаи санҷишӣ) – ро дар бар гирад, мувофиқтар ба назар мерасад.

Дуюм, дар назди Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳо Шӯрои мушовараи байнисоҳавӣ оид ба зеҳни сунъӣ таъсис дода шавад, ки ҳуқуқшиносон, мутахасисони соҳаи технология, иқтисодчиён ва намояндагони дигар соҳаҳоро муттаҳид созад. Вазифаи асосии Шӯро таҳияи пешниҳодот оид ба танзими ҳуқуқии зеҳни сунъӣ хоҳад буд.

Сеюм, бо назардошти тағйироти босуръати технологӣ бар иивази қонунгузории сахт, аввал дастурҳои ахлоқӣ, стандартҳо ва тавсияҳо оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои афзалиятнок (маориф, тандурустӣ, идоракунии давлатӣ) таҳия карда шаванд. Ин равиш метавонад эҷодкорӣ ва навовариро маҳдуд накунад, балки барои пешгирии хатарҳо замина фароҳам орад.

Чорум, бо дастгирии ЮНЕСКО ва дигар шарикони байналмилалӣ, курсҳои тайёрӣ ва семинарҳо барои ҳуқуқшиносон оид ба асосҳои технологияи зеҳни сунъӣ, кор бо маълумотҳои калон ва масъалаҳои амнияти киберӣ ташкил карда шаванд. Дар барномаҳои таълимии ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ фанҳои "Ҳуқуқи рақамӣ" ва "Асосҳои ҳуқуқии зеҳни сунъӣ" ҷорӣ карда шаванд.

Панҷум, бо истифода аз таҷрибаи Конвенсияи Шӯрои Аврупо оид ба ҳифзи шахсони воқеӣ дар коркарди худкори маълумоти шахсӣ, қонунгузории миллиро дар соҳаи ҳифзи маълумоти шахсӣ такмил додан лозим аст. Таъсиси муассисаи мустақили ҳифзи маълумоти шахсӣ метавонад кафолати муҳим барои риояи ҳуқуқи шаҳрвандон гардад.

Шашум, бо намуна аз таҷрибаи Сингапур дар бахши Паркҳои технологӣ Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе “минтақаи санҷишӣ" барои озмоиши бехатари системаҳои зеҳни сунъӣ таъсис дода шавад. Ин ба рушди навоварӣ ва ҷалби сармоягузориҳо мусоидат мекунад.

Ҳафтум, бо истифода аз ташаббусҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ ва барномаҳои ЮНЕСКО ҳамкориро бо кишварҳои ҳамсоя дар самти табодули таҷриба ва ҳамоҳангсозии сиёсати ҳуқуқӣ густариш додан лозим аст.

Таҳлили муқоисавии моделҳои танзими ҳуқуқии зеҳни сунъӣ дар Сингапур, Чин, ИМА ва Олмон нишон медиҳад, ки ҳар як кишвар мувофиқи шароит, иқтидор ва арзишҳои миллии худ модели мувофиқро интихоб кардааст. Модели Сингапур бо равияи чандир ва ғоявии худ барои кишварҳои дорои иқтидори маҳдуди маъмурӣ самаранок аст. Модели марказонидашудаи Чин ба рушди босуръати технология равона шудааст, вале шаффофият ва назорати берунаро маҳдуд месозад. Модели ғайримарказонидашудаи ИМА ба инноватсия мусоидат мекунад, вале низоми пароканда дорад. Модели ба тавакал асосёфтаи Олмон (Иттиҳоди Аврупо) ҳамаҷониба буда, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва рушди инноватсияро таъмин мекунад.

Барои Тоҷикистон, модели омехта, ки унсурҳои моделҳои Сингапур ва Олмонро дар бар гирад, мувофиқтар ба назар мерасад. Ин модели байнисоҳавӣ ва ғоявӣ ба рушди устувори иқтисоди рақамӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон мусоидат мекунад. Татбиқи тавсияҳои пешниҳодшуда, яъне таъсиси Шӯрои байнисоҳавӣ, таҳияи дастурҳои ахлоқӣ ва стандартҳо, такмили иқтидори кадрӣ, тақвияти сохторҳои ҳифзи маълумот, истифода аз минтақаи санҷишӣ ва ҳамкории минтақавӣ ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки низоми самараноки танзими зеҳни сунъиро ташаккул диҳад ва дар раванди ҷаҳонии рушди технологияи рақамӣ мавқеи устувор пайдо кунад.

САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД - муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, доктори илми ҳуқуқшиносӣ, профессор

Subscribe to Мақолаҳо

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст