Skip to main content

Иштирок дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - Пайванд 07.09.2026

7 сентябр дар Кохи Ваҳдати пойтахт таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон - Пайванд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон таҳти унвони “Тоҷикистони соҳибистиқлол - пайвандгари тамаддуни ориёӣ” баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиши илмӣ дар баробари олимону муҳаққиқони ватанӣ, инчунин зиёда аз 230 меҳмон аз 27 кишвари дунё ширкат доранд.

Ҳамоиши илмии “Тоҷикистони соҳибистиқлол-пайвандгари тамаддуни ориёӣ”-ро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ифтитоҳ намуда, суханро ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дод.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи иштирокдорони ҳамоишро ба муносибати ҷашни фархундаи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, меҳмонон - донишмандон, олимон, аҳли ҳунар, аъзои фаъоли Анҷумани “Пайванд”-ро ба Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол - хонаи умеди тамоми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон хайрамақдам гуфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Анҷумани байналмилалии Пайванд падидаи беназири даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст, ки тайи ин солҳо ба майдони паҳновари ҳамоиши тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон табдил ёфт.

Гуфта шуд, ки иштироки фаъоли меҳмонони гиромӣ дар ҷашни истиқлоли тоҷикон нишонаи равшани арҷгузорӣ ба забону фарҳанг, таъриху тамаддун ва арзишҳои муштараки маънавии мардумони форсизабон мебошад.

Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замоне, ки ҷаҳони муосир ба раванди пуршиддати рақобати ҳувиятҳо, забонҳо, арзишҳо ва манфиатҳо ворид гардидааст, барои мо – мардумони форсизабон иттиҳоду ҳамбастагии маънавӣ ва фарҳангӣ аҳаммияти бузург дорад.

“Ҳанӯз 8 сентябри соли 1993 хотирнишон карда будам, ки ҳадафи асосии анҷумани мо эҷод ва истиқрори муносибатҳои таърихӣ ва вусъат додани робитаҳои илмиву фарҳангии мардумони форсизабон аст”, -иброз доштанд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми тоҷикони бурунмарзӣ ва форсизабононро дар муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол, дастовардҳо ва густариши эътибору обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ шоиста арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки аъзои Шуро ва Кумитаи иҷроияи Анҷумани Пайванд дар омодасозӣ ва баргузории ҳамоишҳои илмиву фарҳангӣ, аз ҷумла 1150-солагии падари адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 680-солагии орифи бузурги Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 1400-солагии Борбади Марвазӣ, ҳазораи “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ, 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 600-солагии Абдурраҳмони Ҷомӣ ва 960-солагии ҳаким Умари Хайём саҳми арзишманд гузоштанд.

Хизмати онҳо дар баргузории ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён, ҳамоишҳои байналмилалии “Авасто ва тамаддуни ҷаҳонӣ”, “Саҳми тоҷикон ва форсизабонон дар тамаддуни ҷаҳон: дирӯз ва имрӯз”, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ва бузургдошти “Соли тамаддуни ориёӣ” шоистаи таҳсин аст.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои анҷуман муроҷиат карда, таъкид доштанд, ки мо бояд на танҳо ворисони ин тамаддуни бузург бошем, балки онро бо шаклу мазмуни нави мутобиқ ба руҳи замони муосир ва бо дастовардҳои нави илмӣ ғанӣ гардонем.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тамаддуни ориёӣ аслу решаи мост ва ояндаи мо ба он вобаста аст, ки мо то чӣ андоза ин аслро дар ҷаҳоншиносии зеҳниву миллии худ ҳифз хоҳем кард.

Дар ҳамоиши навбатии Анҷуман Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи нашр ва дастрас кардани Шоҳномаи безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ба мардуми Тоҷикистон, инчунин иқдоми дар шаҳри Душанбе бунёд кардани Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз ба хотири ташаккул ва рушди тамаддуни бостонӣ андешаронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки Конуни тамаддуни ориёӣ маркази зиндаи фарҳангӣ, илмӣ ва маърифатӣ хоҳад буд, ки таърихи мардумони ориёиро чун ойинаи як тамаддуни созанда, эҷодгар ва таъсиргузор ба ҷаҳони бостон муаррифӣ хоҳад кард.

Зикр гардид, ки Маркази байналмилалии Наврӯз низ дар шаҳри Душанбе метавонад ба ниҳоди нодири фарҳанги ҷаҳонӣ табдил ёбад, ки дар он Наврӯз на танҳо ҷашни як рӯзу як фасл, балки чун фалсафаи ҷовидонаи зиндагӣ, сулҳ ва эҳё бо таҷдиди мақоми таърихиву фарҳангии он дар хизмати ҳадафҳои маънавии ҷаҳони муосир гузошта шавад.

Ба андешаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин марказ саҳми арзишманди Тоҷикистон дар ҳифзи мероси фарҳангии инсоният, гуфтугӯи тамаддунҳо ва таҳкими мақоми меҳварии кишвар ҳамчун маркази тамаддуни Наврӯз хоҳад буд.

Президенти кишвар таъкид доштанд, ки Тоҷикон бояд дар даҳсолаҳои оянда на танҳо ҳамчун миллати дорои гузаштаи пурифтихор, балки ба сифати ҷомеаи пешоҳангу созанда, бо истеъдоду қобилияти тавлиди дониш, технология, фарҳанги муосир ва дипломатияи таъсиргузор шинохта шаванд.

“Дар ин ҷода Анҷумани Пайванд метавонад ба маркази ҳамоҳангсози неруҳои зеҳнӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии тоҷикон дар саросари ҷаҳон мубаддал гардад”, - изҳор доштанд Сарвари давлат.

Зимни суханронӣ дар анҷуман муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар бораи дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳё намудани суннатҳои миллӣ ва бостонӣ, аз қабили Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон андешаронӣ намуданд.

Нашри шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”, “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ ва ба ҳар хонадони мардуми Тоҷикистон дастрас кардани онҳо, инчунин, силсилаи “Ахтарони адаб” иқдомоти ҳукумат дар роҳи мустаҳкам намудани худогоҳии миллӣ, ифтихори таърихӣ ва пайванди мардуми мо бо мероси безаволи ниёгон номида шуд.

Забон бунёди ҳастии маънавии миллат арзёбӣ гардид.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзу гиромидошт ва дурнамои густариши забонро вазифаи меҳварии фаъолияти Анҷумани “Пайванд” унвон карданд.

“Мо бояд забонро на танҳо гиромӣ дорем, балки онро ба забони қудратманди илму фановарӣ, технологияҳои муосир ва иқтисоду дипломатия табдил диҳем”, - изҳор доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат хизмати мардумони ориёинажодро хотиррасон сохта, аз корномаи Куруши Бузург - бунёдгузори нахустин империя дар таърих ва муаллифи аввалин эъломияи ҳуқуқи башар хамчун намунаи адолатгустарӣ ва таҳаммулгароӣ ёдовар шуданд.

Таъкид шуд, ки рисолати худ мешуморем, то паёми сулҳ, гуфтугӯи тамаддунҳо, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммул ва масъулияти муштаракро ба наслҳо ва ҷомеаҳо расонем.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ дар бораи Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”, ки чанде пеш бо ташаббуси Тоҷикистон қабул гардид, суханронӣ намуданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки бигзор, аз ҷаласаи имрӯза паёми равшан ба ҷаҳон ва ҷомеаи мо садо диҳад: тоҷикон миллати сулҳу сулҳофаранд, миллати тамкину таҳаммуланд, миллати фарҳангӣ ва созандаву бунёдкоранд.

Пешниҳод гардид, ки ҳамоиши имрӯза сароғози барномаи нави рушди Анҷумани “Пайванд” барои солҳои минбаъда эълон карда шавад. Барномае, ки дар он масъалаҳои забон, таърих, фарҳанг, илм, иқтисод, ҷавонон, инноватсия, рақамикунонӣ ва дипломатияи фарҳангӣ дар ҳамоҳангии мутақобилаи ҳамаи ин ҷанбаҳо ба назар гирифта шаванд.

Ҳамчунин, пешниҳод гардид, ки дар доираи барномарезии фаъолияти минбаъдаи Анҷумани “Пайванд” масъалаҳои сулҳу амният, обу иқлим ва рушди устувор пайваста бо ҳифзи сарватҳои таърихиву маънавӣ ҷойгоҳи муносиб дошта бошанд.

Дар фароварди сухан Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон дар даҳсолаҳои оянда бояд на танҳо кишвари суботу оромӣ ва ободониву бунёдкориҳо, балки маркази андешаҳои созанда, фарҳанги зинда, ташаббусҳои байналмилалӣ ва ҳамгироии ҳамзабонон гардад.

Пас аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гуруҳ иштирокдорони ҳамоиш сухан карда, ба нақши анҷуман дар ваҳдати мардумони тоҷику форс ва саҳми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси ин анҷуман дар эҳёи арзишҳои миллӣ, тамаддуни ориёӣ ва муаррифии дастовардҳои илмию фарҳангии ниёгон, баҳои баланд доданд.

Аз ҷумла, Алиризои Қиёматӣ, ки дар миёни тамоми мардумони фарҳангдӯст ҳамчун устоди Донишгоҳи Машҳад ва яке аз донишмандон ва пажуҳишгарони барҷастаи “Шоҳнома” шинохта шудааст ва доктор Муҳиддин Маҳдӣ - собиқ намояндаи мардум дар Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, пажуҳишгари тавоно дар риштаҳои таърих, забоншиносӣ, адабиёт ва таърихи сиёсии Афғонистон, дар кори ҳамоиш андешаронӣ намуданд.

Суханварони ҳамоиш пешравиҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистонро натиҷаи талошҳои бурдборонаи халқи шарафманду покниҳоди тоҷик бо сарварии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.

https://www.president.tj/event/news/57069

 

 

Иштироки МУОВИНИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТ дар конференсияи ҶУМҲУРИЯВӢ

4 сентябри соли 2026 конференсияи назариявӣ-амалӣ дар мавзӯи «Истиқлол ва нерӯи зеҳнии миллат: саҳми барандагони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол», ки ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, баргузор гардид.

Дар кори конференсия муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзода Д.Ш. иштирок намуд.

Дар рафти конференсия истифодаи самарабахши дастовардҳои илмии барандагони ҷоиза дар рушди давлатдории миллӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои ҳуқуқии кишвар мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.

 

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

Шоми 3 август дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент, меҳмонон — намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии ҳамсояноҳияҳои Ургут, Тайлоқ ва Ҷонбойи вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин беш аз даҳ ҳазор нафар сокинони шаҳр ва деҳоти он, намояндагони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаю муассисаҳо ва дигар қишрҳои ҷомеа тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.

Дар оғози чорабинии идона сокинону меҳмонони шаҳрро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода аз номи муовини якуми раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ва раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба муносибати ин ҷашни бузурги давлатӣ ва миллӣ самимона табрик намуданд.

Зимни суханрониҳо бо истинод ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш баён гардидааст, таъкид шуд, ки истиқлолу озодӣ ва сулҳу оромӣ муқаддастарин неъмат ва бузургтарин дастоварди мардуми тоҷик буда, мояи ифтихору нангу номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллат ва шарти хушбахтиву сарбаландии тамоми сокинони Тоҷикистон мебошад.

Қайд гардид, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии абармарди таърих ва сиёсатмадори арсаи ҷаҳонӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пурифтихореро тай намуда, аз имтиҳонҳои сангини таърихӣ гузаштааст, ки ба садсолаҳо баробар мебошад.

Ба шарофати соҳибистиқлолӣ халқи тоҷик соҳиби рамзҳои давлатии худ — Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия гардид. Дар ин давра дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ корҳои бузурги созандагиву ободонӣ амалӣ гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор пайдо намуд.

Таъкид шуд, ки бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мебошад, ки орзуи дерина ва чандинасраи мардуми тоҷик баъди аз байн рафтани давлати Сомониён ба шумор мерафт.

Дар расидан ба ҳадафҳои миллӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва пойдории давлатдории навини тоҷикон Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши таърихиву арзишманд дорад. Маҳз дар ҳамин иҷлосияи тақдирсоз зимоми давлатдорӣ ба фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор гардид. Нидои таърихии «Ман ба шумо сулҳ меорам» дар қалби мардуми ҷангзадаи Тоҷикистон умед ба фардои осоишта ва зиндагии шоистаро бедор намуд.

Зикр гардид, ки шаҳри Панҷакент низ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар заминаи сиёсати созандаву ободгаронаи Пешвои миллат рӯ ба рушд ниҳода, симои он ба куллӣ дигаргун шудааст. Танҳо дар солҳои 2021–2026 дар шаҳри Панҷакент дар доираи нақшаи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби манбаъҳои гуногуни маблағгузорӣ, саҳми соҳибкорон ва сокинони ободгару созандаи шаҳр 1172 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 188 иншоот зиёд мебошад.

Айни замон дар шаҳри Панҷакент сохтмони 48 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои тиҷоративу хизматрасонӣ ва 15 бинои нави муассисаҳои таълимӣ идома дорад.

Дар идомаи тантанаҳои идона барои иштирокчиёни ҷашнвора намоиши театрикунонидашуда ва барномаи рангину ҷолиби фарҳангӣ-ҳунарӣ пешкаш гардид. Дар барнома дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, озодиву ободии Ватан ва меҳри Тоҷикистони соҳибистиқлол тараннум карда шуданд.

СУХАНРОНИИ профессор Абдуҷалилов Абдуҷабор дар Радиои Тоҷикистон

Санаи 2 сентябри соли 2026 дар Радиои Тоҷикистон мутахассиси шинохтаи соҳаи ҳуқуқ, мудири шуъбаи илмҳои ҳуқуқи хусусии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдуҷалилов Абдуҷабор суханронӣ намуданд.

Дар баромади худ профессор А. Абдуҷалилов ба мавзӯи мубрами рӯз — "Масъалаҳои мубрами зеҳни сунъӣ" бахшида, дар бораи ҷанбаҳои ҳуқуқии истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар ҷомеаи муосир сухан ронд.

Эшон дар баромади худ ба саволҳои зер посух доданд:

🔹 Зеҳни сунъӣ то чӣ андоза ба соҳаи ҳуқуқ таъсир мерасонад?

🔹 Кадом масъалаҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ дар истифодаи зеҳни сунъӣ ба миён меоянд?

🔹 Оё қонунгузории Тоҷикистон барои танзими муносибатҳои марбут ба зеҳни сунъӣ омода аст?

Профессор А. Абдуҷалилов таъкид доштанд, ки ҷомеаи илмии Тоҷикистон дар пажӯҳиши ин самти навоварона фаъолона ширкат дорад ва зарурати таҳияи механизмҳои ҳуқуқӣ барои истифодаи бехатар ва самараноки зеҳни сунъӣ рӯз аз рӯз афзоиш меёбад.

Ин баромад дар доираи барномаҳои таҳлилии Радиои Тоҷикистон барои баланд бардоштани саводи ҳуқуқӣ ва огоҳии мардум аз технологияҳои муосир пешбинӣ шудааст.

ТАСДИҚИ ДАРАҶАИ ИЛМИИ УНВОНҶӮИ ИНСТИТУТ МУБОРАК БОШАД!

Бо ифтихор хабар медиҳем, ки рисолаи номзадии муҳаққиқи ҷавон Тоҷиддини Баҳриддин, ки дар Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун унвонҷӯ ҳимоя намуда буд, бо фармоиш № 305/у Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2026 тасдиқ гардид.

Ҳамин тариқ, ба номбурда дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ тибқи ихтисоси 5.5.5. – Ҳуқуқи меҳнатӣ ва ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ дода шуд.

Ин дастовард на танҳо ифтихори шахсии муҳаққиқ, балки саҳми арзишмандест дар рушди илми ҳуқуқшиносӣ, беҳбуди муносибатҳои меҳнатӣ ва таъминоти иҷтимоӣ дар кишвар.

Ба ҷавони боистеъдод ва олими ҷавон саломатӣ, комёбӣ ва дастовардҳои бузургтари илмӣ орзу мекунем!

 

ТАШАББУСИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СММ ПАЗИРУФТА ШУД: 31 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР, ҲИФЗШУДА ВА БОЭЪТИМОД

31 августи соли 2026 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) қатъномаи таърихиро қабул намуд, ки тибқи он аз соли 2027 сар карда, ҳамасола 31 август ҳамчун Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод таҷлил мегардад. Ин роҳандозӣ идомаи сиёсати пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди технологияҳои навин ва истифодаи масъулонаи зеҳни сунъӣ ба шумор меравад.

Имрӯз оид ба аҳаммияти ҳуқуқӣ ва байналмилалии ин қатънома дар барномаи «Хабар»-и Телевизиони «Ҷаҳоннамо» олимони Институт - Абдуҷалилов Абдуҷабор — мудири шуъбаи илмҳои ҳуқуқи хусусии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор ва Сангинзода Дониёр — ходими пешбари илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи хусусии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор суханронӣ намуданд.

Олимон таъкид доштанд, ки эълони ин рӯз барои таҳкими ҳамкориҳои ҷаҳонӣ, танзими ҳуқуқӣ ва рушди бехатару боэътимоди зеҳни сунъӣ ба манфиати рушди устувори инсоният заминаи мусоид фароҳам меорад.

ИЛМУ ДОНИШ ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, 1 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати Рӯзи дониш ва дарси сулҳ Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ таҳти унвони “Илму дониш омили асосии рушди Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, дар сухани ифтитоҳии хеш қайд намуд, ки баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ки ҳамасола бо суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мегардад, барои ҷомеаи кишвар аҳамияти бузурги маънавию сиёсӣ дошта, ба таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба сулҳу субот ва баланд бардоштани мақоми илму дониш дар рушди ҷомеа мусоидат менамояд.

Зикр гардид, ки дар шароити соҳибистиқлолии Тоҷикистон илм ва маориф ҳамчун заминаи асосии рушди устувори давлат, таҳкими иқтидори иқтисодию иҷтимоӣ ва таъмини пешрафти ҷомеа мавқеи калидӣ пайдо намудаанд. Истиқлоли давлатӣ барои рушди низоми илмии мамлакат, ташаккули муассисаҳои нави илмӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ имкониятҳои васеъ фароҳам овард.

Таъкид гардид, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои таҳкими заминаҳои моддию техникии муассисаҳои илмӣ, рушди инфрасохтори илмӣ, дастгирии олимони ҷавон ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ тадбирҳои пайваста амалӣ мегарданд.

Гуфта шуд, ки пешрафти давлат ва ҷомеаи муосирро бе илму дониш, таҳқиқоти бунёдӣ ва амалии илмӣ, рушди технологияҳои нав ва истифодаи васеи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Аз ин рӯ, тақвияти неруи илмӣ, дастгирии олимони ҷавон, рушди инфрасохтори илмӣ ва пайванди устувори илм бо истеҳсолот аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими замони муосир ба ҳисоб мераванд.

Дар идома Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Имомзода Нилуфар ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Солеҳзода Наима суханронӣ намуда, оид ба нақши илму дониш дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, рушди устувори ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва иқтисодии аҳолӣ, инчунин саҳми занон дар пешрафти соҳаҳои илму маориф ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷомеа андешаҳои худро баён намуданд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои рушди ҳамаҷонибаи илму маориф ва фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои фаъолияти илмӣ ва эҷодии шаҳрвандони кишвар заминаи устувор гузошт. Дар ин давра барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, рушди муассисаҳои илмӣ, омода намудани кадрҳои илмӣ ва ҷалби ҷавонон ба корҳои таҳқиқотӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.

Инчунин, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муродзода Аҳмадхон, директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинов Маҳмадизода Нозим, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Шарифзода Фарангис ва директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Бобозода Комил суханронӣ намуда, оид ба дастовардҳои илмӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ, нақши илмҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва саҳми таҳқиқоти илмӣ дар рушди устувори мамлакат андешаҳои худро баён намуданд.

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ИНСТИТУТ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

Дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ: заминаҳо, дастовардҳо ва рушди низоми такмили қонунгузории миллӣ» баргузор гардид.

Дар конференсия Сангинзода Дониёр Шомаҳмад — муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор иштирок ва суханронӣ намуд. Сангинзода Д.Ш. дар мавзуи "Рушди низоми ҳуқуқии кишвар ва такмили қонунгузории миллӣ" андешаронӣ намуда, иброз дошт, ки таҳкими давлати ҳуқуқбунёд бе рушди пайвастаи илми ҳуқуқ, таҳлили қонунгузорӣ ва мутобиқ намудани он ба талаботи ҷомеаи муосир ғайриимкон мебошад. Номбурда нақши илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва таҳқиқоти илмиро дар таҳияи пешниҳодҳои асоснок барои такмили қонунгузорӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба Д.Ш. Сангинзода барои иштироки фаъол ва саҳми арзанда дар баргузории чорабинии илмӣ-назариявӣ Сипосномаи Хадамоти назорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.

Subscribe to Навид

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст