Иштироки МУОВИНИ ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТ дар конференсияи ҶУМҲУРИЯВӢ
4 сентябри соли 2026 конференсияи назариявӣ-амалӣ дар мавзӯи «Истиқлол ва нерӯи зеҳнии миллат: саҳми барандагони Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол», ки ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, баргузор гардид.
Дар кори конференсия муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзода Д.Ш. иштирок намуд.
Дар рафти конференсия истифодаи самарабахши дастовардҳои илмии барандагони ҷоиза дар рушди давлатдории миллӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои ҳуқуқии кишвар мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.