Перейти к основному содержанию

ИБНИ СИНО ВА РУШДИ ФАЛСАФАИ ҲУҚУҚ: АДОЛАТ, ДАВЛАТ ВА ИНСОН

(ба истиқболи баргузории Конфронси байналмилалии илмӣ-назарӣ ва илмӣ-амалӣ бахшида ба бузургдошти Абуалӣ ибни Сино, ки рӯзҳои 23-27 ноябри соли 2026 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Фаронса)

Дар таърихи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии башарият номи Абуалӣ ибни Сино пеш аз ҳама ҳамчун файласуф, табиб ва донишманди бузург шинохта мешавад. Аммо таҳлили амиқи осори ӯ нишон медиҳад, ки масъалаҳои давлат, адолат, инсон, қонун ва идоракунии ҷомеа низ дар низоми фалсафии ӯ мақоми махсус доранд. Гарчанде Ибни Сино назарияи мустақили ҳуқуқро таҳия накардааст, андешаҳои ӯ дар бораи табиати инсон, мақсади давлат, адолат ва масъулияти ҳоким метавонанд ҳамчун яке аз сарчашмаҳои муҳими рушди фалсафаи ҳуқуқ арзёбӣ гарданд.


Дар асри XXI, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ ва идоракунии демократӣ рӯбарӯст, омӯзиши мероси Ибни Сино аҳаммияти нави назариявӣ ва амалӣ касб мекунад. Дар маркази ҷаҳонбинии Ибни Сино инсон қарор дорад. Ба андешаи ӯ, инсон мавҷуди соҳибақл, соҳибирода ва дорои шаъну каромати фитрӣ мебошад. Маҳз ҳамин хусусиятҳо инсонро аз дигар мавҷудот фарқ мекунанд ва асоси масъулияти ахлоқӣ ва иҷтимоии ӯро ташкил медиҳанд.


Аз нуқтаи назари фалсафаи ҳуқуқ, ин андеша маънои онро дорад, ки инсон ҳадафи давлат аст, на воситаи он; қонун бояд ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон хизмат намояд; арзиши инсон аз манфиатҳои сиёсӣ болотар мебошад.


Ин принсип имрӯз дар ҳуқуқи байналмилалӣ ва конститутсионӣ ҳамчун эҳтиром ба шаъну шарафи инсон эътироф шудааст. Масалан, дар асоси моддаи 1 Тамоми одамон озод ва аз лиҳози шарафу ҳуқуқ бо ҳам баробар ба дунё меоянд. Онҳо соҳиби ақлу виҷдонанд ва бояд бо якдигар муносибати бародарона дошта бошанд. Тибқи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.


Яке аз муҳимтарин ғояҳои сиёсии Ибни Сино адолат мебошад. Ба андешаи ӯ, давлат танҳо дар сурати мавҷудияти адолат метавонад устувор бошад. Адолат барои ӯ танҳо меъёри ахлоқӣ нест, балки принсипи асосии ташкили ҷомеа мебошад. Аз ин ҷо чунин натиҷаҳо бармеоянд қонун бояд одилона бошад; татбиқи қонун бояд баробар бошад; манфиати умумӣ бояд аз манфиати шахсӣ боло гузошта шавад; ҳокимият бояд барои некӯаҳволии мардум хизмат кунад. Имрӯз ин ғояҳо ба принсипҳои волоияти қонун; баробарӣ дар назди қонун; адолати иҷтимоӣ; идоракунии хуб мутобиқат доранд.


Дар таълимоти Ибни Сино давлат ҳадафи мустақил нест, аммо вазифаи асосии давлат таъмини амният; ҳифзи тартибот; рушди илм; тарбияи ахлоқии ҷомеа; фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста мебошад. Ин назария аз бисёр консепсияҳои муосири давлати иҷтимоӣ пеш гузаштааст.
Дар ҳуқуқи конститутсионии муосир низ давлат вазифадор аст, ки ҳуқуқҳои инсонро таъмин намояд; рушди иҷтимоиро кафолат диҳад; адолати иҷтимоиро амалӣ созад.
Ибни Сино ҳуқуқро аз ахлоқ ҷудо намекунад. Ба андешаи ӯ қонун бе ахлоқ метавонад ба воситаи зулм табдил ёбад. Аз ин рӯ, ҳуқуқ бояд арзишҳои ахлоқиро таҷассум намояд; фаъолияти мақомоти давлатӣ бояд ахлоқӣ бошад; адолати судӣ бояд бо инсоф ҳамроҳ бошад.


Имрӯз ин масъала дар чунин самтҳо аҳаммияти калон дорад, аз ҷумла дар кодекси одоби судя; дар кодекси одоби хизмати давлатӣ; дар мубориза бар зидди коррупсия; дар масъулияти давлатӣ.


Ибни Сино ҳокимро пеш аз ҳама шахси соҳибилм ва соҳибахлоқ медонад.
Ба андешаи ӯ, ҳоким бояд донишманд бошад; одил бошад; масъулиятшинос бошад; манфиати ҷомеаро ҳимоя кунад; ба қонун эҳтиром гузорад. Дар асри XXI ин ғояҳо бо консепсияҳои идоракунии демократӣ; давлатдории ҳуқуқбунёд; шаффофият; ҳисоботдиҳии ҳокимият ҳамоҳанг мебошанд. Масалан дар моддаҳои 1 ва 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.
Дар осори Ибни Сино истилоҳи «ҳуқуқи инсон» истифода нашудааст, вале тамоми низоми фалсафии ӯ ба ҳифзи арзиши инсон нигаронида шудааст. Аз ин ҷо чунин принсипҳо бармеоянд, эҳтиром ба шахсият; озодии маънавӣ; масъулияти шахсӣ; баробарии ахлоқии инсонҳо.
Имрӯз ин ғояҳо дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар; ҳуқуқи байналмилалӣ; конститутсияҳои давлатҳои демократӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказӣ доранд.
Таълимоти Ибни Сино барои фалсафаи ҳуқуқи муосир аҳамияти калон дорад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ бо чунин мушкилот рӯбарӯст буҳрони адолат; коррупсия; косташавии эътимод ба давлат; поймолшавии ҳуқуқи инсон; истифодаи ғайриахлоқии технологияҳо.
Дар чунин вазъият таълимоти Ибни Сино метавонад барои рушди фалсафаи ҳуқуқ; сиёсати ҳуқуқӣ; фарҳанги ҳуқуқӣ; ахлоқи давлатдорӣ; адолати иҷтимоӣ заминаи назариявии муҳим гардад.
Ҳамин тавр, таҳлили осори Ибни Сино нишон медиҳад, ки андешаҳои ӯ дар бораи инсон, адолат, давлат ва ахлоқ дорои аҳаммияти бузурги фалсафӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд. Гарчанде ӯ назарияи мустақили фалсафаи ҳуқуқро ба шакли классикии имрӯзӣ таҳия накардааст, аммо таълимоти ӯ принсипҳои бунёдие, аз қабили арзиши инсон, адолат ҳамчун пояи давлат, робитаи ногусастании ҳуқуқ ва ахлоқ, масъулияти ҳокимият ва хидматгузории давлат ба ҷомеа-ро дарбар мегирад. Ин принсипҳо имрӯз низ дар меҳвари назарияи давлати ҳуқуқбунёд ва ҳуқуқи инсон қарор доранд.
Аз ин рӯ, мероси Ибни Сино метавонад ҳамчун яке аз сарчашмаҳои муҳими рушди фалсафаи ҳуқуқ дар тамаддуни ҷаҳонӣ арзёбӣ гардад. Муколамаи эҷодкоронаи андешаҳои ӯ бо масъалаҳои муосири волоияти қонун, ҳуқуқи инсон, адолати иҷтимоӣ ва давлатдории демократӣ на танҳо аҳаммияти таърихӣ, балки арзиши назариявӣ ва амалӣ низ дорад. Барои ҷомеаи ҷаҳонии асри XXI, ки дар ҷустуҷӯи тавозуни байни қонун, ахлоқ ва манфиатҳои инсон қарор дорад, таълимоти Ибни Сино метавонад ҳамчун манбаи пойдори андешаи инсонгароёна ва адолатмеҳвар хизмат намояд.

Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн – мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

Амондуллоев Бегмурод Саломатуллоевич –дотсенти кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии факултети фалсафаи ДМТ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент.

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст