Перейти к основному содержанию

ОМӮЗГОРРО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ИВАЗ НАМЕКУНАД, ОМӮЗГОРЕ ИВАЗ МЕКУНАД, КИ ДОРОИ САЛОҲИЯТИ РАҚАМӢ АСТ

21Таърихи тамаддуни инсонӣ, таърихи шарҳҳо ва баррасиҳост. Аз чӯби таълимӣ то мошини буғӣ, аз компютер то шабакаҳои нейронӣ инсон ҳамеша дар ҷустуҷӯи василаест, ки маҳдудиятҳои ҷисмонӣ ва зеҳнии ӯро бартараф созад. Имрӯз мо дар остонаи тағйироте қарор дорем, ки миқёсаш аз инқилоби саноатӣ кам нест. Инқилоби зеҳни сунъӣ танҳо ба соҳаи техника дахл надорад, он ба муқаддастарин ниҳоди ҷомеа соҳаи маориф ворид шуда истодааст.

Дар фазои иттилоотии имрӯза як андеша паҳн шудааст, ки гӯё омӯзгорон ба зудӣ аз ҷониби алгоритмҳо иваз карда мешаванд. Ҳамчун ҳуқуқшинос бо ин андеша ман розӣ буда наметавонам. Чунки мо на дар давраи ивазшавии омӯзгор, балки дар давраи дигаргунии куллии функсияи ӯ қарор дорем. Зеҳни сунъӣ омӯзгорро ҳамчун инсон, намуди биологӣ ҳеҷ гоҳ иваз карда наметавонад, аммо ӯро ҳамчун як воҳиди касбӣ агар натавонад худро мутобиқ созад, бераҳмона аз майдони фаъолият берун мекунад.

Фарзияи асосии таҳқиқоти мо чунин аст: “Дар ояндаи наздик рақобати асосӣ на дар байни “инсон ва мошин”, балки дар байни “инсони дорои салоҳияти рақамӣ ва инсони бидуни ин салоҳият” ба вуҷуд меояд. Маҳз ҳамин ҷанбаи таҳаввулоти ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ аст, ки мо мехоҳам дар ин мақола таҳлил кунам.

Мафҳум ва моҳияти ҳуқуқии зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф. Зеҳни сунъӣ аз нигоҳи ҳуқуқӣ субъект нест, балки объект (барнома, восита) мебошад. Масъулият надорад ва ҳама масъулият ба ӯҳдаи инсонест, ки онро сохта, фурӯхта ё истифода кардааст. Муаллиф буда наметавонад, чунки эҷодиёти он ҳамчун "асар" ба қайд гирифта намешавад. Дар саросари ҷаҳон ҷараёни танзими ҳуқуқӣ, бештар дар асоси хатар, идома дорад ва инкишофи он ба ояндаи наздик вобаста аст. Дар фарқият аз восиаҳоии анъанавӣ, зеҳни сунъӣ дорои хусусияти автономӣ буда, қобилияти худидоракунӣ ва тавлиди муҳтаворо дорад.

Дар Тоҷикистон, мисли аксари кишварҳои пасошӯравӣ, заминаи меъёрии танзими зеҳни сунъӣ ҳанӯз дар марҳилаи ташаккул қарор дорад. Қонунҳои мавҷуда дар ин самт ва санадҳои меъёрии соҳавӣ то ҳол ба саволҳои мубрами масъулият дар сурати қабули қарори нодуруст аз ҷониби зеҳни сунъӣ - мошин посухи дақиқ намедиҳанд.

Дар асоси Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 аз 30 сентябри соли 2022, №483 мушкилоти зеҳни сунъӣ дар маориф ва неруи инсонӣ инҳоянд: норасоии адабиёти таълимӣ дар самти зеҳни сунъӣ бо забони давлатӣ; сатҳи пасти заминаи техникию технологии муассисаҳои таҳсилотӣ; норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар самти зеҳни сунъӣ; кифоя набудани барномаҳои таълимӣ дар мактабҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо; пурра пайваст набудани муассисаҳои таҳсилотӣ ба интернет; дар марҳилаи заминавӣ қарор доштани пешбурди соҳаи зеҳни сунъӣ; сатҳи пасти истифодаи технологияҳои муосир ва рақамикунонӣ, ки метавонад барои сари вақт ҷорӣ намудани (унсурҳои) зеҳни сунъӣ монеа шавад.

Ҳадафҳои соҳа таъмини шароити мусоиди таълим барои омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ ва таҳкими неруи зеҳнӣ дар кишвар; омода намудани кадрҳои баландихтисос ва рақобатпазир дар самти зеҳни сунъӣ аст.

Вазифаҳои асосии соҳа ин ҷорӣ намудани барномаи идораи раванди таълими зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таҳисолти миёнаи умумӣ, коллеҷу литсей, донишкадаву донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилотии дигар; рушди малака ва истеъдод дар соҳаи зеҳни сунъӣ; таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи омӯзиши мошинӣ, таҳлил маълумот ва инжиниринг, барномарезӣ ва идоракунии таҳия ва амалисозиии таъминоти барномавӣ; омода намудани омӯзгорон дар самти зеҳни сунъӣ барои муассисаҳои таҳсилотӣ; таъмин намудани муассисаҳои таҳсилотӣ бо технологияҳои иттилотию коммуникатсионӣ; омода намудани мутахассисони баландихтисоси зеҳни сунъӣ, аз ҷумла таҳлилгарони маълумот ва муҳандисони омӯзиши мошинҳо дар сатҳи муассисаҳои таҳсилоти касбии кишвар; тайёр намудани мутахассисон ва қувваи кории рақобатпазир дар сатҳи минтақавӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ; ташкили махфилҳои зеҳни сунъӣ дар марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои кишвар; дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ тайёр кардани олимони ҷавони зеҳни сунъӣ аз руйи зинаҳои магистратура ва аспирантура дар муассисаҳои таълимии кишварҳои пешқадам мебошад.

Яъне аз муқаррароти Стратегия бармеояд, ки дар низоми маориф масъала боз ҳам мураккабтар мешавад. Агар зеҳни сунъӣ дар асоси маълумоти нодуруст ба донишомӯз баҳои паст диҳад ё ба ӯ маслиҳати зараровари равонӣ диҳад, ки масъул аст? Омӯзгори оператор, таҳиягари алгоритм ё муассисаи таълимӣ? Ба ақидаи мо, дар шароити кунунӣ принсипи “гунаҳкории дугона” бояд амал кунад.Яъне ҳам таҳиягар барои хатогии техникӣ ва ҳам омӯзгор барои назорати нокифояи натиҷа масъулият доранд. Зеро омӯзгор на танҳо корбар, балки санҷишгари ниҳоии ахлоқӣ ва зеҳнӣ мебошад.

Инҷо мо ба як мухолифати зоҳирии диалектикӣ дучор меоем: ҳар қадар технология мураккабтар шавад, ҳамон қадар масъулияти инсон — омӯзгор барои натиҷаи ниҳоии таълим боло меравад. Машина наметавонад субъекти ҳуқуқӣ бошад, масъулияти ахлоқӣ ва ҷиноиро танҳо инсон бар дӯш дорад.

Омӯзгор ҳамчун оператори система: Таҳаввулот, на инқироз. Ҳафтод соли қабл ҳангоми пайдоиши мошинҳои ҳисоббарор бисёриҳо пешгӯӣ мекарданд, ки касби муҳосиб аз байн меравад. Аммо ӯ на танҳо боқӣ монд, балки мақоми худро баланд низ кард. Чаро? Зеро муҳосиб истифодабарандаи ҳисоббарор шуд. Ӯ аз санҷиши оддии арифметикӣ ба сатҳи таҳлили молиявӣ гузашт. Омӯзгорон имрӯз бо ҳамин раванд рӯ ба рӯ мешаванд.

Зеҳни сунъӣ метавонад лексияи мавзӯиро тавлид кунад, вале наметавонад илҳом бахшад. Ӯ метавонад хатогиҳои имлоро ислоҳ кунад, аммо услуби муаллифро эҳсос намекунад. Ӯ метавонад матн пешниҳод кунад, вале намедонад, ки чаро чашмони донишҷӯи қатори сеюм ғамгин аст. Ин аст марзи асосии ҳуқуқӣ ва инсонӣ. Донишҷӯ бояд ҳуқуқ дошта бошад, ки бо ӯ шахс кор кунад, на мошин. Ин ҳуқуқ ба таҳсили инсонмеҳвар аз Эъломияи умумии ҳуқуқи башар маншаъ мегирад.

Омӯзгори нав ин тарроҳи масири таълимӣ аст. Вай бояд дорои малакаҳои зерин бошад:

1. Таҳияи дархостҳои мураккаб ба зеҳни сунъӣ.

2. Тасҳеҳи танқидии муҳтавои тавлидшуда яъне санҷиши маълумот.

3. Идоракунии раванди гурӯҳӣ дар ҳамзистӣ бо платформаҳои рақамӣ.

Моликияти зеҳнӣ дар синфи дарсии рақамӣ: Мушкилоти ҳуқуқӣ. Яке аз паҳлӯҳои дардноки ҳамгироии зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф, масъалаи ҳуқуқи муаллиф аст. Фарз мекунем, омӯзгор барои таҳияи нақшаи дарс аз ChatGPT истифода бурд. Кӣ муаллифи ин нақша аст? Агар омӯзгор пурра матни пешниҳодкардаи мошинро нусхабардорӣ кунад, оё ин плагиат аст? Агар ӯ матнро тағйир диҳад, ҳиссаи иштироки эҷодии ӯ чӣ қадар аст?

Назарияи классикии ҳуқуқи муаллифӣ ба мафҳуми “асар ҳамчун натиҷаи фаъолияти эҷодии инсон” такя мекунад. Зеҳни сунъӣ субъекти ҳуқуқ нест, аммо маҳсули кори ӯ метавонад ба таври худкор ба моликияти ҷамъиятӣ гузарад ё ба таҳиягари платформа тааллуқ дошта бошад. Ин барои омӯзгор хатари касбӣ дорад. Яъне агар маводи дарсии ӯ пурра тавассути зеҳи сунъӣ тавлид шуда бошад, ӯ аз нуқтаи назари ҳуқуқ арзиши меҳнати инсонӣ надорад. Ин аст, ки омӯзгор бояд нависандаи дуюм, муҳаррир ва тафсиргар бошад, на оператори оддии нусхабардор.

Мушкилоти ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ: Ғаразҳои алгоритмӣ ва адолати сунъӣ. Зеҳни сунъӣ дар фазои холии ахлоқӣ кор намекунад. Ӯ дар асоси маълумоте омӯзонида мешавад, ки худи инсонҳо эҷод кардаанд. Агар дар ҷомеа табъиз вуҷуд дошта бошад, зеҳни сунъӣ онро бозтоб ва ҳатто тақвият медиҳад. Агар мошин барои санҷиши дониш истифода шавад ва ба як гурӯҳи донишҷӯён бар асари ғарази пинҳонӣ саволҳои осонтар диҳад, ин нақзи ҳуқуқи конститутсионии дастрасии баробар ба таҳсил аст.

Дар ин робита, омӯзгори истифодабарандаи зеҳни сунъӣ вазифадор аст, ки вазифаи аудитори ахлоқиро иҷро кунад. Ӯ бояд донад, ки “қарори” мошин ҳукми ниҳоӣ нест. Ӯ бояд донишҷӯро ҳимоя кунад, агар алгоритм хато кунад. Ин вазифаи нави омӯзгор аст, яъне ҳимояи ҳуқуқи инсон пеш аз сӯиистифодаи технологӣ. Дар Тоҷикистон, ки арзишҳои анъанавӣ ва эҳтиром ба шахсият хеле қавӣ ҳастанд, ин ҷанба маънои хоса пайдо мекунад. Мо наметавонем иҷозат диҳем, ки нерӯи беҷони барнома (мошин) ҷои муоширати зиндаи инсониро гирад.

Таҳаввулоти ҳуқуқии касб: Аз муаллим то эҷодкори эҳсосот. Барои он ки омӯзгор дар давраи зеҳни сунъӣ рақобатпазир бошад, вай бояд функсияҳои хоси инсониро инкишоф диҳад. Қонунгузории меҳнат бояд ба ин раванд мусоидат кунад. Мо бояд ба ҷои меъёрҳои кӯҳнашудаи “соати дарсӣ” ба меъёрҳои “натиҷаи таълимӣ” гузарем. Агар омӯзгор тавонист бо ёрии зеҳни сунъӣ ҳамон як маводро на ба 40 дақиқа, балки ба 15 дақиқа расонад ва вақти боқимондаро ба кори инфиродӣ сарф кунад, ин амал бояд ҳавасманд гардонида шавад, на муҷозот дода шавад.

Омӯзгори оянда — ин:

-тарроҳи эмотсионалӣ аст, ки ӯ фазои эътимод ва ҳавасмандӣ эҷод мекунад, ки мошин қодир ба ин кор нест.

- навовари иттилоот аст, ки дар уқёнуси маълумот вай роҳнамост.

-ҳомии амнияти рақамӣ аст, ки вай ба донишҷӯён малакаҳи муносибати бехатар бо технологияҳоро меомӯзад.

Яъне зеҳни сунъӣ омӯзгоронро аз соҳаи маориф берун намекунад, аммо он омӯзгороеро, ки танҳо ба усулҳои анъанавӣ (лексияи шифоҳӣ, имтиҳони қоғазӣ) такя мекунанд ва истифодаи зеҳни сунъиро рад менамоянд, аз майдон берун мекунад.

Амнияти ҳуқуқии омӯзгор дар фазои рақамӣ. Як паҳлӯи дигари масъала, ки мутаассифона, дар илми ҳуқуқи ватанӣ кам баррасӣ мешавад, ҳимояи худи омӯзгор аз таҳдидҳои зеҳни сунъӣ мебошад. Мо дар бораи тақаллуби рақамӣ ҳарф мезанем. Фарз кунед, ки шахсони ғаразманд бо истифода аз сабтҳои овозии омӯзгор тавассути зеҳни сунъӣ як лексияи видео ё овози қалбакӣ эҷод мекунанд, ки дорои маводи экстремистӣ аст. Аз нуқтаи назари ҳуқуқ, исботи бегуноҳӣ барои омӯзгор хеле душвор хоҳад буд, зеро технология имкон медиҳад, ки тақлид дар сатҳи хеле баланд анҷом дода шавад.

Дар ин ҷода мо ба таҳияи қоидаҳои махсуси мурофиавӣ ниёз дорем. Бояд эҳтимолияти бегуноҳии омӯзгор дар фазои рақамӣ муқаррар карда шавад, то даме ки баръакси он исбот нагардад. Ҳамчунин, ҳар як муассисаи таълимӣ бояд суратмаҷлиси рад кардани далелҳои рақамиро дошта бошад. Омӯзгор бояд эҳсос кунад, ки қонун дар паноҳи ӯст, на дар тарафи мошин.

Хулоса: Ояндаи аллакай фаро расидааст. Дар ҷамъбаст мехоҳем таъкид кунам, ки зеҳни сунъӣ барои низоми маорифи Тоҷикистон на танҳо як чолиши технологӣ, балки як чолиши амиқи ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ мебошад. Мо дар марҳалае қарор дорем, ки қонун бояд суръати танзимро дар баробари пешрафти технологӣ дарёбад. Аммо дар маркази ҳама гуна ислоҳот бояд инсон қарор дошта бошад.

Дар асоси таҳқиқоти ба анҷомрасонида ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ мо чунин пешниҳоди мушаххасро барои тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ дар Тоҷикистон манзур менамоем:

1. Барномаҳои миллии такмили ихтисоси омӯзгорон дар соҳаи зеҳни сунъӣ таҳия ва қабул карда шавад.

Тоҷикистон аллакай дар ин самт қадамҳои ҷиддӣ гузоштааст. Барномаи «Лоиҳаи Soro» бо ҳамкории ЮНИСЕФ ва zypl.ai дар чаҳорчӯби Стратегияи миллии зеҳни сунъӣ амалӣ мегардад. Академияи зеҳни сунъӣ то имрӯз беш аз 700 мутахассисро омӯзонидааст. Барномаҳои такмили ихтисосро барои ҳамаи омӯзгорон мо бояд ҳатмӣ гардонем, ки дар онҳо истифодаи амалии зеҳни сунъӣ ва ҷанбаҳои ахлоқии он омӯзонида шаванд. Таҷрибаи ЮНЕСКО ва Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки омӯзгорон пас аз ширкат дар чунин курсҳо тарсашон аз истифодаи воситаҳои зеҳни сунъӣ бартараф мешавад ва мустақилона курсҳои онлайн эҷод менамоянд.

2. Таъсиси системаи устувори омӯзиши давомдор.

Дар семинарҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон мутахассисон таъкид карданд, ки "малакаҳои бадастомада бидуни иштироки мутахассисон дар таҳияи курсҳои нав фаромӯш мешаванд". Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии назди ДМТ бояд механизми устувори омӯзиши давомдорро таҳия кунад, ки омӯзгоронро дар тамоми давраи фаъолияташон бо пешрафтҳои нави зеҳни сунъӣ шинос созад. Инчунин, мувофиқи қарорҳои қабулшуда, аз соли 2027 фанни «Муқаддима ба зеҳни сунъӣ» дар ҳамаи мактабҳои Тоҷикистон ҳатмӣ мегардад, ки омодагии кадриро тақозо мекунад.

3. Барномаҳои мубодилаи байналмилалӣ ва шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадам.

Соли 2025 30 нафар омӯзгорони тоҷик дар барномаи «KLIC LEAD Global Workshop 2025» дар Кореяи Ҷанубӣ ширкат карданд, ки дар он бо технологияҳои рақамӣ, барномасозӣ ва зеҳни сунъӣ шинос шуданд шуданд. Инчунин, дар доираи ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО ва Иттиҳоди Аврупо, омӯзгорон бо воситаҳои чун ChatGPT, Canva, HeyGen ва Perplexity ошно шуданд. Ин барномаҳоро васеъ намуда, имкон фароҳам овардан зарур аст, ки омӯзгорони бештар бо таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар соҳаи истифодаи зеҳни сунъӣ шинос шаванд.

4. Таҳияи стандартҳои миллӣ барои салоҳияти рақамии омӯзгорон.

ЮНЕСКО дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон «Стандартҳои салоҳияти иттилоотӣ-коммуникатсионӣ барои омӯзгорон»-ро таҳия намудааст, ки дар ду семинари озмоишӣ дар Душанбе соли 2025 бомуваффақият санҷида шуданд. Ин стандартҳоро мо бояд дар сатҳи ҷумҳуриявӣ барои ҳамаи омӯзгорони кулли зинањои тањсилот ҳатмӣ гардонем ва ба онҳо ҷанбаҳои ахлоқӣ, масъулиятшиносӣ ва бехатарии рақамиро илова кунем.

5. Ташаккули фарҳангӣ "омӯзгори инноватсионӣ".

Дар ҳамаи лоиҳаҳои ҷорӣ (Soro, UNESCO-EU, ҳамкорӣ бо Корея ва Efecta) таъкид мешавад, ки зеҳни сунъӣ набояд ҷойгузини дониш, тафаккур ва масъулияти инсон гардад, балки ҳамчун воситаи ёрирасон истифода шавад. Дар барномаҳои такмили ихтисос ва дар доираи татбиқи Стандартҳои салоҳияти иттилоотӣ-коммуникатсионӣ барои омӯзгорон, ба омӯзгорон малакаҳои зерин омӯзонида шаванд: таҳияи дархостҳои мураккаб ба зеҳни сунъӣ; тасҳеҳи танқидии муҳтавои пешниҳодкардаи зеҳни сунъӣ; эҷоди муносибати инфиродӣ ва эмотсионалӣ бо донишҷӯён, ки ба зеҳни сунъӣ ғайриимкон аст.

Хулоса. Формулаи пешниҳодшавандаи мо: «Инсон + Зеҳни сунъӣ = Қувваи нав» дар амал барои Тоҷикистон маънои онро дорад, ки омӯзгоре, ки имрӯз дар курсиҳои такмили ихтисос ширкат намекунад ва зеҳни сунъиро рад менамояд, на аз ҷониби робот, балки аз ҷониби ҳамкасби пешрафтаи худ иваз карда мешавад.

Таҷрибаи давлатҳои пешқадам ва лоиҳаҳои ҷорӣ дар Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки мо дар роҳи дуруст қарор дорем. Бо вуҷуди ин, барои ноил шудан ба ҳадафи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 яъне расидан ба 5% ММД аз ҳисоби ЗС, зарур аст, ки тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ суръат гирад.

Ба ҷои муқовимат бо технология омӯзгорон бояд малакаи истифодаи технологияи навро аз худ намуда, эҳсосоти самимӣ ва фикри интиқодии худро нигоҳ доранд. Ин на танҳо рақобати корӣ, балки талаботи замон аст. Он омӯзгороне, ки имрӯз ба омӯзиши зеҳни сунъӣ ва истифодаи воситаҳои навин рӯ оваранд, фардо дар майдони таълимӣ пешсаф хоҳанд буд, зеро онҳо арзиши хоси инсонӣ — эҳсос, илҳом ва муносибати шахсиро ба таълим ворид мекунанд.

САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД,

муовини директор оид ба корҳои илмӣ

ва таълимии Институти давлат ва ҳуқуқи

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст