Перейти к основному содержанию

МОДЕЛҲОИ ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ҶАҲОН ВА ТАВСИЯҲО БАРОИ ТОҶИКИСТОН

12212Дар асри XXI зеҳни сунъӣ ҳамчун яке аз воситаи технологӣ ба тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон, аз иқтисод то идоракунӣ, аз маориф то адлия ворид гардидааст. Ин падида на танҳо имкониятҳои нав бавуҷуд меорад, балки мушкилоти ҳуқуқии беназиреро низ ба миён мегузорад, ки ҳалли онҳо таҳияи моделҳои нави танзими ҳуқуқиро тақозо мекунад. Зеҳни сунъӣ ҳамчун "қуттии сиёҳ" амал мекунад, ки фаҳмидани механизмҳои дохилии он барои танзими самаранок зарур аст. Аз ин рӯ, ҳуқуқшиносон бо ҳамкории мутахассисони соҳаҳои техникӣ метавонанд моҳияти ин технологияи мураккабро дарк намуда, барои он чаҳорчӯбаи ҳуқуқии муносиб таҳия кунанд.

Барои Тоҷикистон, ки солҳои 2025-2030-ро "Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия" эълон намудааст, ин масъала аҳамияти махсус дорад. Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон то соли 2040 қабул гардидааст, вале татбиқи он ва таҳияи қонунҳои самаранок дар ин соҳа эҳтиёҷ ба омӯзиши амиқи моделҳои ҷаҳонии танзим ва мутобиқсозии ҳуқуқии онҳо ба шароити миллиро пеш меоранд.

Дар паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ санаи 28 декабри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллиро чунин шарҳ доданд: “Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад: Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ. Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот. Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ. Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ. Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ. Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот. Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ. Бо ин мақсад, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, адлия, молия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Бонки миллӣ, хадамоти алоқа, гумрук, Кумитаи андоз ва дигар вазорату идораҳо фароҳамсозии асосҳои ҳуқуқиву ташкилӣ, танзими давлатӣ, маблағгузории ташкили инфрасохтори иқтисоди рақамӣ, инчунин, муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электрониро таъмин намоянд. Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд. Ба вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки барои тасдиқи нақшаи мукаммали пайванди инноватсия бо истеҳсолот санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Ҳамзамон бо ин, дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ ҷорӣ карда шавад. Дар ин раванд, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад”.

Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он ҳафт самти афзалиятноки рушди иқтисоди рақамӣ муайян гардидааст, дар сатҳи ҳуқуқӣ зарурати татбиқи моделҳои пешқадами ҷаҳонии танзими ҳуқуқии зеҳни сунъиро дар Тоҷикистон исбот менамояд. Ҳадафи Сарвари давлат дар ин раванд, таъмини шаффофият, мубориза бо фасод, баланд бардоштани самаранокии иқтисод ва сифати зиндагии шаҳрвандон мебошад.

Таҳлили муқоисавии моделҳои мавҷудаи танзими зеҳни сунъӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки чор модел (равия)-и асосӣ ташаккул ёфтааст, ки ҳар кадом дорои хусусиятҳои хос, афзалиятҳо ва камбудиҳои муайян мебошанд. Интихоби ҳар як модел ба шароит, фарҳанг, анъанаҳои ҳуқуқӣ ва иқтидори иқтисодии ҳар кишвар вобаста аст.

1. Модели ғоявӣ, ки дар принсипҳои Созмони Ҳамкорӣ ва Рушди Иқтисодӣ оид ба зеҳни сунъӣ таҷассум ёфтааст, ки ба риояи принсипҳои умумӣ, аз қабили ҳифзи ҳуқуқи инсон, шаффофият ва ҷавобгарӣ такя мекунад. Афзалияти ин модел дар чандирӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйироти босуръати технологӣ мебошад. Аммо, ин принсипҳо ғайриқатъӣ буда, риояи онҳо ихтиёрӣ аст, ки метавонад ба риояи интихобии онҳо ва афзалият додани фоида нисбат ба ахлоқ оварда расонад. Ин модел бештар барои кишварҳое мувофиқ аст, ки низоми ҳуқуқии онҳо ба принсипҳои умумӣ асос ёфтааст ва иқтидори баланди иҷроӣ доранд.

2. Модели хавфӣ (таваккалӣ), ки дар Қонуни зеҳни сунъии Иттиҳоди Аврупо (EU AI Act) татбиқ шудааст ва ба муайян ва пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ пеш аз ҷойгиршавии технология равона шудааст. Барномаҳои зеҳни сунъӣ мувофиқи сатҳи хавф – ғайриқобилиқабул, баланд, маҳдуд ва паст – тасниф карда мешаванд ва барои барномаҳои хавфи баланд талаботи қатъӣ ҷорӣ карда мешаванд. Ин равиш барои ҳалли мураккабӣ ва пешгӯинашавандагии системаҳои зеҳни сунъӣ кӯмак мерасонад ва дар муқоиса бо дигар моделҳо аз ҳама муфассал ва ҳамаҷониба мебошад. Аммо, ин модел эҳтиёҷ ба иқтидори баланди маъмурӣ ва техникӣ дорад, ки барои кишварҳои дар ҳоли рушд метавонад мушкил бошад.

3. Модели масъулиятнокӣ ба таъмини адолат ва пешгӯӣ тавассути татбиқи қоидаҳо ва стандартҳои ягона барои масъулияти таҳиякунандагон ва истифодабарандагони зеҳни сунъӣ нигаронида шудааст. Ин равиш таҳиякунандагонро водор месозад, ки аз аввал ба бехатарӣ, эътимоднокӣ ва ахлоқ аҳамият диҳанд. Ин модел барои кишварҳое мувофиқ аст, ки низоми ҳуқуқии онҳо ба масъулияти қатъӣ асос ёфтааст ва барои ҷуброни зарар механизмҳои мукаммал доранд.

4. Модели давлатмеҳварӣ, ки Чин онро пеш гирифтааст ва ба назорати мустақими давлатӣ дар рушд ва татбиқи зеҳни сунъӣ асос ёфтааст. Давлат қоидаҳои мушаххас ва уҳдадориҳои қатъиро барои таҳиягарон ва истифодабарандагон муқаррар мекунад ва афзалиятҳои миллии сиёсӣ ва иқтисодиро дар маркази танзим қарор медиҳад. Ин модел ба рушди босуръати технология мусоидат мекунад, вале шаффофият ва назорати берунаро маҳдуд месозад.

Сингапур ҳамчун яке пешрафтатарин кишварҳо дар соҳаи танзими ҳуқуқии зеҳни сунъӣ шинохта мешавад. Баррасии модели Сингапур барои Тоҷикистон аз сабаби монандии баъзе хусусиятҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва иқтисодӣ ва тамаркуз ба рушди инноватсионӣ – метавонад муфид бошад. Сингапур дар танзими зеҳни сунъӣ равияи мӯътадилро пеш гирифтааст, ки онро метавон ҳамчун омезиши модели ғоявӣ ва нимқатъӣ тавсиф кард.

Хусусияти аввалини модели Сингапур – таъкид бар ташаккули консенсус мебошад. Сингапур ба ҳамкории ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор – ҳукумат, саноат ва шаҳрвандон – дар раванди танзим аҳамияти калон медиҳад. Дар доираи ташаббуси "Миллати ҳушманд" ҳукумат кушиш мекунад, ки технологияро ба манфиати ҷомеа ва иқтисод истифода барад. Ин равиш ба эҷоди эътимоди мутақобила ва қабули қарорҳои манфиатовар мусоидат мекунад.

Хусусияти дуюм – танзими ихтиёрӣ ва истифода аз стандартҳо мебошад. Сингапур бо истифода аз стандартҳо ва чаҳорчӯбаҳои санҷишӣ роҳи мӯътадилро интихоб кардааст. Намунаи барҷастаи ин равиш, таҳияи “Чорчӯба ва воситаи нармафзории санҷиши идоракунии зеҳни сунъӣ” – аввалин чаҳорчӯба ва воситаҳои санҷиши ҳуқуқии зеҳни сунъӣ дар ҷаҳон мебошад. Ин равиш имкон медиҳад, ки навоварӣ маҳдуд нагардад, вале дар сурати зарурат давлат метавонад барои ҳифзи манфиати ҷомеа амали қатъӣ анҷом диҳад.

Хусусияти сеюм – сиёсати "масъулияти фаъол" мебошад, ки ба эътимоди баланди аҳолӣ ба технология асос ёфтааст. Тадқиқоти соли 2023 нишон дод, ки беш аз 68% фоизи шаҳрвандони Сингапур аз зеҳни сунъии генеративӣ истифода кардаанд ва 69% фоизи онҳо таҷрибаи худро мусбат арзёбӣ кардаанд. Ин муносибати мусбӣ дар муқоиса бо Ғарб фарқ дорад. Модели Сингапур нишон медиҳад, ки роҳи муваффақият дар танзими зеҳни сунъӣ бе қонунгузории сахт, балки тавассути ҳамкорӣ, эътимод ва стандартикунонӣ мегузарад.

Чин дар танзими зеҳни сунъӣ модели марказонидашуда ва давлатмеҳварро пеш гирифтааст, ки рушди технологияро бо афзалиятҳои миллии сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳамоҳанг месозад. Ин модел ба назорати мустақими давлатӣ дар ҳама марҳилаҳои рушд ва татбиқи зеҳни сунъӣ асос ёфтааст ва ба суръат бахшидани пешрафти технологӣ дар доираи афзалиятҳои миллии стратегӣ нигаронида шудааст.

Ҳукумати Чин барои технологияҳои гуногун, аз ҷумла шинохти чеҳра ва зеҳни сунъии генеративӣ қоидаҳои мушаххас таҳия кардааст. Қонун дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ ва Қонуни амнияти маълумот доираи ҳуқуқии коркарди маълумотро дар Чин муқаррар мекунанд. Тартиби муваққатии идоракунии хизматрасонии зеҳни сунъии генеративӣ аз моҳи августи соли 2023 эътибор пайдо кардааст. Ин тартиб тақозо мекунанд, ки мундариҷаи эҷодшуда бо арзишҳои асосии сотсиалистӣ мувофиқ бошад ва аз эҷоди маводе, ки метавонад низоми иҷтимоӣ ё иқтисодиро вайрон кунад, пешгирӣ шавад.

Таҳиягарон бояд системаҳои мониторинги фаврӣ ва таҳлили маълумотро барои ошкор ва ҳалли фаъолияти ғайримуқаррарӣ ҷорӣ намоянд. Системаҳои зеҳни унъӣ аксар вақт барои риояи талаботи миллии амният ва устувории иҷтимоӣ тафтиш карда мешаванд. Ин равиш ба Чин имкон медиҳад, ки лоиҳаҳои калони зеҳни сунъиро бо суръати баланд амалӣ созад. Бо вуҷуди ин, мунаққидон нигаронии худро дар бораи маҳдудияти шаффофият ва назорати беруна, инчунин эҳтимоли содироти ин модел ба кишварҳои дигар изҳор мекунанд.

ИМА дар муқоиса бо Иттиҳоди Аврупо як модели ғайримарказонидашудаи танзими зеҳни сунъиро истифода мебарад, ки бо омезиши қоидаҳои федералӣ ва иёлатӣ, ҳамчунин дастурҳои ихтиёрӣ хос аст. Ин модел ба принсипҳои озодии бозор ва инноватсия асос ёфтааст ва мақомоти гуногун дар доираи салоҳияти худ ба танзими ҷанбаҳои муайяни зеҳни сунъӣ машғуланд.

Дар сатҳи федералӣ агентиҳои алоҳида, аз қабили Идораи ғизо ва дорувории ИМА барои маҳсулоти тиббӣ ва Маъмурияти миллии бехатарии нақлиёти роҳи автомобилии ИМА барои мошинҳои бесарнишин, барномаҳои мушаххаси зеҳни сунъиро танзим мекунанд. Институти миллии стандартҳо ва технологияи ИМА соли 2023 "Чаҳорчӯбаи идоракунии хавфи зеҳни сунъи"-ро нашр кард, ки стандартҳои ихтиёриро барои муайян ва коҳиши хавфҳои зеҳни сунъӣ пешниҳод менамояд. Қасри Сафед "Нақшаи ҳуқуқи зеҳни сунъи"-ро баровард, ки принсипҳои адолат, махфият ва шаффофиятро муайян мекунад. Иёлотҳо низ қонунгузории худро оид ба масъалаҳое чун шинохти чеҳра ва ҳисоботдиҳии алгоритмӣ пешниҳод мекунанд.

Афзалияти ин равиш дар он аст, ки ба инноватсия мусоидат мекунад ва ба рушди босуръати технология имкон медиҳад. Аммо, низом пароканда буда, дар баъзе мавридҳо ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷрои қонунро заиф месозад. Дар сатҳи ҷаҳонӣ, эътимод ба ИМА дар танзими зеҳни сунъӣ аз Чин баландтар аст, вале аз Иттиҳоди Аврупо пасттар – камтар аз 40% пурсишшудагон эътимоди худро ба ИМА изҳор кардаанд. Ин модел барои кишварҳое мувофиқ аст, ки низоми ҳуқуқии федералӣ доранд ва ба навоварӣ афзалият медиҳанд.

Олмон ҳамчун узви Иттиҳоди Аврупо Қонуни зеҳни сунъии Аврупоро татбиқ мекунад, ки яке аз мукаммалтарин чаҳорчӯбаҳои ҳуқуқии ҷаҳонӣ дар ин соҳа мебошад. Ин модел ба модели таваккалӣ асос ёфтааст ва барои ҳар як сатҳи хавф талаботи мушаххас ва механизмҳои назоратиро пешбинӣ мекунад. Қонуни зеҳни сунъӣ аз 1 августи соли 2024 эътибор пайдо кардааст ва аксари муқаррароти он аз 2 августи соли 2026 амалӣ мешаванд.

Сохтори муассисавии танзим дар Олмон марказият дорад. Лоиҳаи Қонуни назорати бозор ва тарғиби инноватсия дар соҳаи зеҳни сунъӣ, ки 11 феврали соли 2026 қабул шудааст, нақши марказии Агентии федералии шабакаро ҳамчун мақоми марказии назорати бозор муқаррар мекунад. Вазифаҳои асосии он иборатанд аз назорати риояи Қонун (истиснои соҳаҳои дорои мақомоти махсус), таъсиси Маркази ҳамоҳангсозӣ ва салоҳият барои ҳамкории байни мақомот ва ҳамчун нуқтаи тамос бо Иттиҳоди Аврупо, таъсиси Палатаи мустақили назорати бозори зеҳни сунъӣ барои назорати системаҳои хавфи баланд дар соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ, идораи марзҳо, адлия ва демократия ва таъсиси Маркази шикоят барои шаҳрвандон.

Нигоҳ доштани салоҳиятҳои соҳавӣ низ пешбинӣ шудааст. Мақоми федералии назорати бозорҳои молиявии Олмо барои системаҳои зеҳни сунъӣ дар бахши хизматрасонии молиявӣ масъул аст ва мақомоти мавҷудаи назорати бозор дар соҳаҳои танзимшуда салоҳияти худро нигоҳ медоранд. Он бояд ҳадди ақалл як минтақаи санҷишии зеҳни сунъиро таъсис диҳад, ки ба корхонаҳо, махсусан ба стартапҳо ва корхонаҳои хурду миёна, имкон медиҳад, ки системаҳои зеҳни сунъиро дар шароити воқеӣ ва назорати расмӣ озмоиш кунанд. Хизматрасонии зеҳни сунъӣ барои машварат ва иттилоот дар бораи татбиқи Қонун пешбинӣ шудааст.

Ҷаримаҳо барои вайронкунии уҳдадориҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва иттилоотӣ то 50000 евро пешбинӣ шудаанд, дар ҳоле ки ҷаримаҳои асосӣ мувофиқи моддаи 99 Қонуни зеҳни сунъӣ то 35000000 евро ё ҳафт фоизи гардиши солона муқаррар карда мешаванд. Олмон дар татбиқи Қонуни зеҳни сунъӣ яке аз давлатҳои пешсафи Аврупо ба ҳисоб меравад. Стратегияи миллии зеҳни сунъӣ, ки соли 2018 қабул шудааст, маблағгузориро то 5000000 миллиард евро (то соли 2025) пешбинӣ мекунад.

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар аксарияти кишварҳо заминаи кофии ҳуқуқӣ барои ҳифзи иттилоот ва махфият вуҷуд надорад. Мушкилоти асосӣ ба масоили зерин марбут аст:

- набуди муассисаи мустақили ҳифзи маълумот, ки дар аксари кишварҳои минтақа ин вазифа ба зиммаи мақомоти дигар гузошта шудааст ва самаранокии онро коҳиш медиҳад;

- набуди ҳамкории байнисоҳавӣ, ки таҳияи сиёсати зеҳни сунъӣ бе иштироки фаъоли мутахассисони технологияи иттилоот, иқтисод ва дигар соҳаҳо сурат мегирад ва ба таҳияи қарорҳои ғайрисамаранок оварда мерасонад.

25 июли соли 2025 Маҷлиси умумии СММ қатъномаи муҳимеро ба таври якдилона қабул намуд, ки бо ташаббус ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида буд. Қатънома таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳамсозии имкониятҳои нав ҷиҳати рушди устувор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» қабул шуда, баёнгари сатҳи баланди эътирофи байналмилалии сиёсати пешбарандаи хориҷӣ ва роҳбарии стратегӣ дар замони гузариш ба марҳилаи нави инноватсионии рушди глобалӣ маҳсуб меёбад. Ҳамчунин, ЮНЕСКО дар минтақа барномаҳои гуногунро барои баланд бардоштани иқтидори соҳаи зеҳни сунъӣ ва риояи принсипҳои ахлоқӣ амалӣ менамояд.

Таҳлили моделҳои мухталифи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки яке аз омилҳои асосии муваффақияти ҳар як низоми танзим, ҳамкории наздики байнисоҳавӣ мебошад. Мазмуни зеҳни сунъӣ чунон мураккаб аст, ки фаҳмидани он аз доираи дониши анъанавии ҳуқуқшиносӣ берун аст. Барои таҳияи қонунҳои самаранок, ҳуқуқшиносон бояд ба таври амиқ механизмҳои кори алгоритмҳо, намудҳои хатарҳо ва таъсири иқтисодии онро дарк намоянд.

Ҳамкории байнисоҳавӣ дар ин замина на танҳо як тавсия, балки зарурати асосӣ ба ҳисоб меравад. Бо иштироки мутахассисони соҳаи технологияи иттилоот ҳуқуқшиносон метавонанд хавфҳои аслии зеҳни сунъиро шинохта, барои онҳо роҳҳои ҳалли муносиб пешниҳод кунанд. Бо иштироки иқтисодчиён таъсири иқтисодии танзим ва таъсири он ба рушди бозорро арзёбӣ кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, моделҳои муваффақи Сингапур ва Олмон маҳз ба ҳамкории байнисоҳавӣ ва ташаккули консенсуси ҷомеавӣ асос ёфтаанд.

Дар ин замина, пешниҳоди эҷоди соҳаи нави илми ҳуқуқшиносӣ – "Ҳуқуқи технологии Осиёи Марказӣ" ҳамчун як бахши махсус, ки ба таҳлили таъсири технологияҳои нав ба низоми ҳуқуқи кишварҳои минтақа нигаронида шудааст, зарур мебошад. Ин соҳаи нав метавонад фосилаи байни илмҳои ҷамъиятӣ ва техникиро коҳиш дода, барои ҳамкории байнисоҳавӣ замина фароҳам оварад. Ҳадафҳои асосии он мусоидат ба эҷоди як фазои ягонаи техно-ҳуқуқӣ дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ, пешбурди ҳуқуқи технология ҳамчун соҳаи алоҳидаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва баланд бардоштани иқтидори техно-ҳуқуқии ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор мебошанд.

Дар асоси таҳлили муқоисавии моделҳои пешқадами ҷаҳонӣ ва вазъи мавҷуда дар Тоҷикистон, тавсияҳои зерин пешниҳод карда мешаванд.

Аввалан, барои Тоҷикистон модели омехта, ки унсурҳои моделҳои Сингапур (танзими ихтиёрӣ ва стандартҳо) ва Олмон (таснифи хавф ва минтақаи санҷишӣ) – ро дар бар гирад, мувофиқтар ба назар мерасад.

Дуюм, дар назди Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳо Шӯрои мушовараи байнисоҳавӣ оид ба зеҳни сунъӣ таъсис дода шавад, ки ҳуқуқшиносон, мутахасисони соҳаи технология, иқтисодчиён ва намояндагони дигар соҳаҳоро муттаҳид созад. Вазифаи асосии Шӯро таҳияи пешниҳодот оид ба танзими ҳуқуқии зеҳни сунъӣ хоҳад буд.

Сеюм, бо назардошти тағйироти босуръати технологӣ бар иивази қонунгузории сахт, аввал дастурҳои ахлоқӣ, стандартҳо ва тавсияҳо оид ба истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои афзалиятнок (маориф, тандурустӣ, идоракунии давлатӣ) таҳия карда шаванд. Ин равиш метавонад эҷодкорӣ ва навовариро маҳдуд накунад, балки барои пешгирии хатарҳо замина фароҳам орад.

Чорум, бо дастгирии ЮНЕСКО ва дигар шарикони байналмилалӣ, курсҳои тайёрӣ ва семинарҳо барои ҳуқуқшиносон оид ба асосҳои технологияи зеҳни сунъӣ, кор бо маълумотҳои калон ва масъалаҳои амнияти киберӣ ташкил карда шаванд. Дар барномаҳои таълимии ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ фанҳои "Ҳуқуқи рақамӣ" ва "Асосҳои ҳуқуқии зеҳни сунъӣ" ҷорӣ карда шаванд.

Панҷум, бо истифода аз таҷрибаи Конвенсияи Шӯрои Аврупо оид ба ҳифзи шахсони воқеӣ дар коркарди худкори маълумоти шахсӣ, қонунгузории миллиро дар соҳаи ҳифзи маълумоти шахсӣ такмил додан лозим аст. Таъсиси муассисаи мустақили ҳифзи маълумоти шахсӣ метавонад кафолати муҳим барои риояи ҳуқуқи шаҳрвандон гардад.

Шашум, бо намуна аз таҷрибаи Сингапур дар бахши Паркҳои технологӣ Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе “минтақаи санҷишӣ" барои озмоиши бехатари системаҳои зеҳни сунъӣ таъсис дода шавад. Ин ба рушди навоварӣ ва ҷалби сармоягузориҳо мусоидат мекунад.

Ҳафтум, бо истифода аз ташаббусҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ ва барномаҳои ЮНЕСКО ҳамкориро бо кишварҳои ҳамсоя дар самти табодули таҷриба ва ҳамоҳангсозии сиёсати ҳуқуқӣ густариш додан лозим аст.

Таҳлили муқоисавии моделҳои танзими ҳуқуқии зеҳни сунъӣ дар Сингапур, Чин, ИМА ва Олмон нишон медиҳад, ки ҳар як кишвар мувофиқи шароит, иқтидор ва арзишҳои миллии худ модели мувофиқро интихоб кардааст. Модели Сингапур бо равияи чандир ва ғоявии худ барои кишварҳои дорои иқтидори маҳдуди маъмурӣ самаранок аст. Модели марказонидашудаи Чин ба рушди босуръати технология равона шудааст, вале шаффофият ва назорати берунаро маҳдуд месозад. Модели ғайримарказонидашудаи ИМА ба инноватсия мусоидат мекунад, вале низоми пароканда дорад. Модели ба тавакал асосёфтаи Олмон (Иттиҳоди Аврупо) ҳамаҷониба буда, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва рушди инноватсияро таъмин мекунад.

Барои Тоҷикистон, модели омехта, ки унсурҳои моделҳои Сингапур ва Олмонро дар бар гирад, мувофиқтар ба назар мерасад. Ин модели байнисоҳавӣ ва ғоявӣ ба рушди устувори иқтисоди рақамӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон мусоидат мекунад. Татбиқи тавсияҳои пешниҳодшуда, яъне таъсиси Шӯрои байнисоҳавӣ, таҳияи дастурҳои ахлоқӣ ва стандартҳо, такмили иқтидори кадрӣ, тақвияти сохторҳои ҳифзи маълумот, истифода аз минтақаи санҷишӣ ва ҳамкории минтақавӣ ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки низоми самараноки танзими зеҳни сунъиро ташаккул диҳад ва дар раванди ҷаҳонии рушди технологияи рақамӣ мавқеи устувор пайдо кунад.

САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД - муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, доктори илми ҳуқуқшиносӣ, профессор

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст