Skip to main content

МОНОГРАФИЯИ НАВИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТ АЗ ЧОП БАРОМАД!

Бо муаллифии олимони шинохтаи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академики АМИТ Маҳмудзода М.З., узви вобастаи АМИТ Раҳимзода М.З., доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Абдуҷалилов А., номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шонасриддинов Н. монография бо номи «Назария ва амалияи танзими ҳуқуқии муносибатҳои хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Теория и практика правового регулирования частных отношений в Республике Таджикистан». Коллективная монография. Душанбе: ИУ "Дониш", 2026. - 394 с.) аз чоп баромад.

Муқарризони монографияи мазкур профессорон Сангинзода Д.Ш. ва Раупова М.Т. мебошанд

Ин асар ба 35-солагии Истиқлолият бахшида шуда, фарогири 5 боб мебошад:

БОБИ 1. НАЗАРИЯ ВА АМАЛИЯИ ТАНЗИМИ ҲУҚУҚИИ МУНОСИБАТҲОИ ХУСУСӢ.

БОБИ 2. ТАҲҚИҚИ МУНОСИБАТҲОИ НАВИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ ДАР СОҲАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ.

БОБИ 3. НАЗАРИЯИ МУНОСИБАТҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР СОҲАИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ.

БОБИ 4. ТАҲЛИЛ ВА БАРТАРАФСОЗИИ ЗИДДИЯТҲОИ ДОХИЛИИ ҚОНУНГУЗОРИИ АМАЛКУНАНДА, КИ МУНОСИБАТҲОИ ХУСУСИИ ҲУҚУҚИРО ТАНЗИМ МЕКУНАД.

БОБИ 5. РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ НАВИ ҲУҚУҚИИ МУНОСИБАТҲОИ ХУСУСӢ.

Монография барои олимон, аспирантҳо, донишҷӯёни факултетҳои ҳуқуқшиносӣ, кормандони соҳаҳои хоҷагидорӣ ва ҳамаи онҳое, ки ба ҳуқуқи хусусӣ таваҷҷуҳ доранд, тавсия мешавад.

1     2

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст