СУХАНРОНИИ НАМОЯНДАИ ИНСТИТУТ ДАР РАДИО
Санаи 3 августи соли 2026 ходими пешбари илмии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Фарҳодҷон Ҷабборов дар барномаи Радиои бурунмарзии «Овози Тоҷик» суханронӣ намуд. Зимни мусоҳиба бо рӯзноманигор Зулайхои Раҷаб дар мавзӯи «Рушди ҳуқуқи байналмилалии об ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи об дар Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ» дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди қонунгузории об, таҳкими ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, доир ба ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, ҳифзи пиряхҳо ва пешбурди рӯзномаи байналмилалии об маълумот пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии об ва рушди дипломатияи обӣ мавқеи намоён касб намудааст.