ЧЕҲРАИ ДУРАХШОНИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ: БАХШИДА БА ЗОДРӮЗИ УСТОД
Аз номи ҳайати кормандони Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ ба узви вобастаи АМИТ, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳимзода Маҳмад Забир солгарди таваллудашонро табрик намуда, ба эшон саломатӣ, умри дароз ва дастовардҳои нави илмӣ орзу менамоем.
Профессор Раҳимзода Маҳмад Забир дар ноҳияи Рудакӣ 10 августи соли 1954 таваллуд шудаанд. Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаро дар мактаб-интернати рақами 2-и шаҳри Душанбе анҷом дода, ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дохил мешаванд ва онро соли 1978 бо Дипломи аъло хатм мекунанд. Сипас дар ҳамон ҷо ба ҳайси ассистенти кафедраи “Ҳуқуқи маданӣ” ва баъди таҷдиди он дар кафедраи “Қонунгузории хоҷагӣ ва ҳуқуқи меҳнатӣ” ба ҳайси ассистент, дотсент ва профессори кафедраи “Ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратӣ” фаъолияти илмию омӯзгорӣ намудаанд. Фаъолияти пайвастаи илмию эҷодии мавсуф дар як муддати кӯтоҳ самараҳои хуб ба бор оварданд. Соли 1985 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Иҷрои мутақобилаи уҳдадориҳои шартномавии ҳуқуқи маданӣ», таҳти роҳбарии Арбоби хизматнишондодаи илм ва техникаи Тоҷикистон В. А. Ойгензихт ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ гардиданд ва соли 2000 рисолаи докториро дар мавзӯи «Проблемаҳои ҳуқуқии таъмини ноил шудан ба натиҷаи ниҳоии фаъолияти соҳибкорӣ» ҳимоя намуда, сазовори унвони доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ шуданд. Дар ин миён соли 1987 бо қарори Кумитаи давлатии ИҶШС оид ба маориф сазовори унвони илмии дотсент ва соли 2010 бо фармони Хадамоти федералӣ оид ба назорат дар соҳаи маориф ва илми Федератсияи Россия сазовори унвони илмии профессор гардидаанд.
Раҳимзода Маҳмад Забир дар баробари фаъолияти илмию эҷодӣ, аз соли 1985 то соли 1993 ба ҳайси муовин ва муовини аввали декани факултети ҳуқуқшиносӣ фаъолият намуда, аз соли 1994 то соли 2000-ум мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон буданд. Соли 2014 бо унвони Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон сарфароз гардонида шуда, соли 2017 узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб шуда, соли 2020 сазовори Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар бахши илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ гардидаанд.
Комёбиҳои эҷодӣ, илмӣ ва омӯзгории Маҳмад Раҳимзодаро ба сифати олими шинохтаи соҳаи илми ҳуқуқшиносӣ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур гардонид. Давоми зиёда аз 48 соли фаъолияти меҳнатӣ зиёда аз 500 рисолаи илмӣ, китобҳои дарсию васоити таълимӣ-методӣ, тафсирҳо ва мақолаҳои илмию оммавӣ таҳия кардаанд. То ба имрӯз 100 асар , аз ҷумла 15 монография, 15 китоби дарсӣ, 25 тафсири кодекс ва қонунҳо, 30 китоб ва васоити таълимӣ нашр намудаанд. Асарҳои профессор Раҳимзода М.З. натанҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он, аз ҷумла, дар Арманистон, Қазоқистон, Латвия, Олмон, Узбекистон, Федератсияи Россия (Москва, Санкт-Петербург, Куйбишев, Тюмен, Уфа, Омск, Қазон) ва Эрон ба забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ ва форсӣ руи чоп омаданд.
Бештари таҳқиқотҳои илмии Раҳимзода М. З. ба проблемаҳои мубрами ҳуқуқи маданӣ, соҳибкорӣ, ташаккулёби ва рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тафсири кодексу қонунҳо бахшида шудаанд. Таҳқиқотҳои пайвастаи илмӣ дар ин соҳаҳо ба олими варзида имконият дод ба хулоса ояд, ки дар ҳама давру замон, аз ҷумла соҳибистиқлолӣ танзими самараноки ҳуқуқии муносибатҳои маданию иқтисодӣ талаби замон буда, таҳқиқоти ҷиддиро тақозо менамояд.
Қобили тазаккур аст, ки профессор Раҳимзода М. З. дар сароғози ташаккул ва рушди мактаби ҳирфаии илмии ҳуқуқи соҳибкории Тоҷикистони муосир қарор доранд. Дар ин ҷода, бахусус таҳқиқи проблемаҳо мубрами илми ҳуқуқи соҳибкорӣ, қонунгузории маданӣ ва соҳибкорӣ, назария ва танзими ҳуқуқии натиҷаи ниҳоии фаъолияти соҳибкорӣ, мазмуни иқтисодӣ ва ҳуқуқии натиҷаи ниҳоии фаъолияти соҳибкорӣ дар илми ҳуқуқи соҳибкории тоҷик бунёди мебошанд. Аз ин нигоҳ, бо дарназардошти дарки масъалаи мазкур профессор Раҳимзода М.З. проблемаҳои ҳуқуқии танзими муносибатҳои иқтисоди бозорӣ, таърихи рушди тиҷорат ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, мафҳум, моҳият аломатҳои фаъолияти соҳибкорӣ, воситаҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳо дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва ноил шудан ба натиҷаи ниҳоии фаъолияти соҳибкорӣ, ҳолати ҳуқуқии соҳибкорон, танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, шартномаҳои соҳибкорӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва бозор, масъалаҳои танзими ҳуқуқии рақобат, монополизм, таваккали соҳибкор, бозори мол, ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорӣ, ҷавобгарӣ ва ҳифзи манфиатҳои қонунии соҳибкорон ва ғайраро ҳамчун ҷараёни мукаммали мантиқӣ ва асоснок ҳаматарафа мавриди таҳлили илмӣ ва таҳқиқ қарор додаанд. Хусусияти хоси таҳқиқотҳои устод дар ин ҷабҳа аз он иборат мебошад, ки мавсуф дар онҳо на танҳо масъалаҳои назариявӣ, балки роҳҳо ва механизмҳои амалии татбиқи онҳоро ба воситаи қабули қонун, ки дар таҳия ва қабули онҳо фаъолона иштирок намудааст пешниҳод менамоянд. Дастоварди мазкур на танҳо дар илмӣ ҳуқуқи тоҷик, балки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз таҳқиқотҳои арзишманд ба ҳисоб мераванд. Дар ин робита профессор Раҳимзода М.З. асарҳои «Таъмини сифат талаби замон», «Исполнение хозяйственых объязательтв. Встречное исполнение», «Правовое обеспечение конечного результата предпринимательской деятельности», «Конечный результат предпринимательской деятельности: теория и правовое регулирование», «Фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария ва танзими ҳуқуқӣ», «Проблемаҳо мубрами ҳуқуқи соҳибкорӣ», «Субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ: назария ва танзими ҳуқуқӣ», «Нақши фондҳои замонатӣ дар рушди соҳибкории хурду миёна», “Танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ”, “Шартномаҳои соҳибкорӣ” ва ғайраро таҳия ва дарҷ кардааст. Дар илми ҳуқуқи муосир аввалин дастовардҳои илмии эътирофшуда, ҳамчун равияи нави илми ҳуқуқ - ҳуқуқи соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд.
Профессор Маҳмад Раҳимзода тамоми кӯшишу ғайрат ва малакаю маҳорати илмию омӯзгориашро дар умри пурбаракати хеш барои рушду инкишофи илми ҳуқуқи маданӣ ва соҳибкорӣ, инчунин омода намудани мутахассиони болаёқат, кордон дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ равона кардаанд. Тӯли солҳои фаъолияти илмию омӯзгорӣ профессор Раҳимзода М.З. шогирдони зиёдеро тарбия ва ба камол расонидаанд, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, соҳаҳои мухталифи илмӣ-амалии ҳуқуқшиносӣ ба кор машғуланд.
Номбурда мактаби илмии «Таҳқиқоти проблемаҳои ҳуқуқи маданӣ ва соҳибкори»-ро таъсис дода, қисми зиёди асарҳои илмии эшон ба идеяи ягонаи афзалиятнокии фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун регулиятори асосии муносибатҳои иқтисодию соҳибкорӣ бахшида шудааст. Вобаста ба ҳамин дар фаъолияти кории худ ба тайёр намудани олимони ҳуқуқшиноси ҷавонӣ ояндадор таваҷҷуҳи зиёд медиҳад. Таҳти роҳбарии устод 5 (панҷ) нафар рисолаи докторӣ ва 18 (ҳаждаҳ) нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд.
Раҳимзода Маҳмад Забир ҳамчун ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ низ шинохта ва эътироф шудаанд. Саҳми эшон дар ташаккули соҳаи қонунгузории давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон арзанда ва назаррас мебошад. Соли 2000 профессор Раҳимзода М. ба ҳайси вакили аввалини Маҷлиси намояндагони доимоамалкунандаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Рудакӣ, 9 интихоб шуданд. Фазилати волои илмӣ ва таҷрибаи бойи таҳияи кодексу қонунҳо, ки профессор Раҳимзода М. З. доштанд, ҳангоми фаъолият дар ин мақомоти қонунгузор баръало зоҳир гардида, такроран соли 2005 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи зикршуда интихоб шуданд. Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Раҳимзода М.З. ба ҳайси Раиси комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, роҳбари гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ, узви комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии АвруОсиё ва намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси намояндагон дар Суди конститутсионӣ фаъолият намудаанд. Раҳимзода М. З. дар таҳия, муҳокима, додани хулоса, пешниҳод ва қабули кодексу қонунҳои зиёде саҳмгузор буда, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, мутобиқи моддаи 58-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вакили мардуми зиёда аз 20 лоиҳаи қонунҳо, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд», «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)», «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми 1 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудаанд, ки онҳо қобили қабул дониста шудаанд. Ҳамчун аъзои гурӯҳи корӣ дар коркард ва таҳияи кодексу қонунҳои зиёде, бахусус Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии гражданӣ, Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ, Кодекси меҳнат, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарав», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)», «Дар бораи кафолати амонати шахсони воқеӣ», «Дар бораи судҳои ҳакамӣ», «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» ва ғайраҳо саҳмгузор мебошанд. Бахусус саҳми профессор Раҳимзода М. З. дар таҳия ва коркарди Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки солҳои 1995, 2005, 2007, 2013 то соли 2018 ба ҳайси аъзо ва роҳбари гурӯҳи кори иштирок намудаанд, беандоза мебошад. Маҳз таҳти роҳбари ва саъю кушиши пайвастаи устод номи Кодекси гражданӣ ба Кодекси маданӣ иваз карда шудааст. Дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 ва соли 2013 ҳамчун шахси боэътимоди номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, дар муаррифии барномаи пешазинтихоботии номзад дар дохил ва хориҷӣ кишвар фаъолона ширкат намудаанд.
Саҳми Раҳимзода М. З дар бунёд ва рушди устувори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир мебошад. Вақте, соли 2009 ин Марказ таъсис ёфт, маҳорати баланди касбӣ ва эъҷодии устод ба назар гирифта, М.З. Раҳимзодаро роҳбари он таъин карданд. Маҳз бо талошу заҳматҳои рӯзмарра ва роҳбарии бевоситаи ин инсони наҷиб, роҳбари кордон, донишманди варзида муассисаи илмӣ-таҳқиқотии қонунгузорӣ ва иттилоотӣ-таҳлилии мазкур дар як муддати кӯтоҳ дар ҷумҳурӣ ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дорои мақому мартабаи баланд гардид. Таҳти роҳбарии Раҳимзода М. З. аз ҷониби Марказ «Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011) ва Консепсияи сиёсати ҳуқуқӣ-ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013) омода ва қабул карда шуданд. Дар асоси онҳо Барномаҳои давлатӣ дар соҳаҳои мухталифи ҳуқуқшиносӣ коркард, омода ва тасдиқ гардиданд.
Заҳматҳои донишманди мумтозу заҳматпеша аз ҷониби Давлат ва Ҳукумат, созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои гуногуни кишвар қадрдонӣ гардидааст. Устод Раҳимзода М.З. соли 1993 бо унвони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», соли 2004 бо «Ордени «Иттиҳод»-и Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, соли 2011 бо Медали 20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо дигар медал ва ифтихорномаю сипосномаҳои мақомотҳои қонунгузор иҷроия ва судӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Бо эҳтиром, кормандони Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ.