СУХАНРОНИИ НАМОЯНДАГОНИ ИНСТИТУТ ДАР ТЕЛЕВИЗИОН
Дар барномаи навбатии Телевизиони Тоҷикистон оид ба мавзӯи ҳаётан муҳим ва сарнавиштсоз — «Дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ» намояндагони Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуда, паҳлуҳои муҳими ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии рушди кишварро дар давраи 35 соли истиқлолият мавриди баррасӣ ва таҳлили илмӣ қарор доданд.
Иштирокчиёни барнома:
-
Сангинзода Дониёр — муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор;
-
Қодирзода Тоҳир — сарходими илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институт, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ;
-
Амирхониён Малика — ходими илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалии Институт