Skip to main content

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ИНСТИТУТ ДАР БАРНОМАИ СИЁСӢ-ТАҲЛИЛИИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН»

Санаи 13 августи соли 2026 кормандони илмии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ходими пешбари илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Муҳаббат Саидзода ва ходими калони илмии шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институт Фатҳиддин Калонзода дар Идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии Муассисаи давлатии «Телевизиони Тоҷикистон» иштирок намуда, дар мавзуи соли 2026 – «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» суханронӣ намуданд.

Масъалаҳои асосии мавриди баррасӣ:

- Ҳадафҳои асосии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълони соли 2026 ва нақши он дар амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат.

- Аҳамияти корҳои ободониву созандагӣ дар беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва мустаҳкам намудани заминаҳои соҳибихтиёрии миллӣ.

- Нақши худшиносиву худогоҳии миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва роҳҳои пешгирии хатарҳои афкори бегона.

- Вазифаҳои ослосии муассисаҳои илмӣ, мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалӣ намудани ин иқдоми фарогир.

Иштироки фаъоли олимони Институт дар чунин барномаҳои телевизионӣ ба тарғибу ташвиқи муассири масъалаҳои ҳуқуқиву сиёсӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа мусоидат менамояд.

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 279/МҶ–97 аз 31 марти соли 2023. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст