ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ НАМОЯНДАИ ИНСТИТУТ ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ
20 августи соли 2026 дар толори «Саноатсодиротбонк» бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Заминаҳои таърихии расидан ба Истиқлолияти комили сиёсӣ» баргузор гардид. Дар кори конференсия Сангинзода Дониёр - муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор иштирок намуда, дар мавзуи «Ислоҳоти ҳуқуқӣ ва рушди низоми қонунгузорӣ дар давраи Истиқлолият» маъруза намуд.
Дар фарҷоми конференсия дар доираи иқдоми «400 рӯзи ташаббускорӣ – иқдоми ҳизбиёни пойтахт барои таҷлили 35-солагии соҳибистиқлолӣ» барои саҳми арзанда дар фаъолияти ҳизбӣ Дониёр Сангинзода ба Сипоснома сарфароз гардонида шуд.