Skip to main content

БАРОМАДИ ОЛИМОНИ ИНСТИТУТ ДАР ТРЕНИНГИ «ҚОНУНГУЗОРӢ ВА ҲУҚУҚИ ИНСОН: БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ ҲАМЧУН АСОСИ ҶОМЕАИ ОДИЛОНА» ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

16 сентябри соли 2026 дар шаҳраки Айнӣ ноҳияи Айнии вилояти Суғд тренинги интерактивӣ таҳти унвони «Қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон: баробарии гендерӣ ҳамчун асоси ҷомеаи одилона» баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар ҳошияи омодагӣ ба Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ – 2027 доир гардида, ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва тавсеаи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон равона карда шуд. Дар чорабинии мазкур намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия, омӯзгорону, хонандагони синфҳои болоӣ, мураббияҳои боғчаҳои бачагона, китобхонаи ноҳиявӣ ва ғайра иштиро карданд.

Дар тренинг Ҷабборов Ф.Н. – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ходими пешбари илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Матробиён М.Х. – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ходими илмии шуъбаи масоили мубрами илмҳои ҳуқуқи конститутсионии Институти мазкур иштирок ва бо маърӯзаҳои илмӣ-амалӣ баромад намуданд.

Зимни суханронӣ Ҷабборов Ф.Н. масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон ва принсипи баробарӣ дар назди қонун, ҷойгоҳи шаъну шарафи инсон дар низоми ҳуқуқӣ, манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз, баробарҳуқуқии занону мардон ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои амалисозии ҳуқуқу озодиҳои инсонро мавриди баррасӣ қарор дод. Таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, инчунин баробарҳуқуқии мардону занонро кафолат медиҳад.

Дар баромад ҳамчунин ба масъалаи фарқи байни баробарии ҳуқуқӣ ва баробарии воқеии имкониятҳо, пешгирӣ ва бартараф намудани қолабҳои гендерӣ, таъмини имкониятҳои баробар дар таҳсил, меҳнат, муносибатҳои оилавӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Зикр шуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ яке аз омилҳои муҳими пешгирии поймолшавии ҳуқуқ, коҳиш додани табъиз ва ташаккули фарҳанги эҳтиром ба шаъну шарафи инсон мебошад.

Матробиён М.Х. дар доираи сессияи махсус масъалаҳои баробарии гендерӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкониятҳои баробари занону мардон дар оила, таҳсил, меҳнат ва ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин пешгирии зӯроварӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро шарҳу тавзеҳ дод.

Дар ҷараёни чорабинӣ бо ифтихори баланди ватандорӣ ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими маърифати ҳуқуқӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Қайд карда шуд, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи эълон гардидани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ ба минбари Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардида, минбаъд Маҷмаи Умумии СММ соли 2027-ро Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ эълон намуд.

Ин ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон бозгӯи таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ба таҳкими волоияти қонун, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва тавсеаи дастрасии шаҳрвандон ба донишҳои ҳуқуқӣ мебошад. Дар ин замина, баргузории чунин чорабиниҳои омӯзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат метавонад барои расонидани донишҳои ҳуқуқӣ ба аҳолӣ ва ташаккули муносибати масъулона ба ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандӣ мусоидат намояд.

Дар анҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки эҳтиром ба қонун, ҳифзи шаъну шарафи инсон, баробарии ҳуқуқу имкониятҳо ва масъулияти шаҳрвандӣ аз заминаҳои муҳими таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд, суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор мераванд.

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст