Таҳкими муносибатҳои илмии Тоҷикистону Узбекистон дар партави Конференсияи байналмилалИИ ИНСТИТУТ дар Душанбе
Роҳбарият, ҳайати профессор-омӯзгорон ва кормандони илмии Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов ба суроғаи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мактуби табрикотӣ ирсол намуданд.
Дар мактуб таъкид шудааст, ки Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Арзишҳои конститутсионӣ ва рушди маърифати ҳуқуқии байналмилалӣ дар партави сиёсати Пешвои миллат: масъалаҳои назария ва амалия», ки ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ (соли 2027) бахшида шудааст, аҳамияти бузурги илмию амалӣ дорад.
Дар паёми Донишгоҳи давлатии Самарқанд қайд гардидааст, ки ҳамкориҳои илмию таълимӣ миёни муассисаҳои академикии ду кишвар дар таҳкими дӯстӣ, муносибатҳои ҳамсоягӣ ва рушди тадқиқоти муштарак саҳми арзанда мегузоранд. Проректори оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Самарқанд А. Ахатов ба ташкилкунандагони конфронс барору комёбӣ таманно карда, изҳори боварӣ намуд, ки муттаҳид сохтани иқтидори илмии ду муассиса ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба мусоидат хоҳад кард.