АСОСҲОИ ДАВЛАТ ВА ҲУҚУҚИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Аз ҷониби Муассисаи нашриявии «Маориф»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нашри шашуми китоби дарсӣ аз фанни «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хонандагони синфи 9-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба чоп расид.
Муаллифони ин китоби дарсӣ олимони шинохта ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқи кишвар Маҳкам Маҳмудзода — академики АМИТ, сарходими шуъбаи илмҳои ҳуқуқи хусусии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор ва Маҳмад Раҳимзода — узви вобастаи АМИТ, сарходими шуъбаи илмҳои ҳуқуқи хусусии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, илмҳои ҳуқуқ, профессор мебошанд.
Китоби дарсӣ аз 336 саҳифа иборат буда, 35 000 нусха мебошад ва бо назардошти муқаррароти қонунгузории ҷории кишвар ва дастрасиҳои нави илмӣ таълиф шудааст. Китоб ба хонандагон имкон медиҳад, ки донишҳои худро дар соҳаҳои ҳуқуқи гражданӣ, маъмурӣ, соҳибкорӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, ҷиноятӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон мукаммал намоянд. Таълими ин фан ба ташаккули шуури ҳуқуқӣ ва ҳисси ватандӯстиву эҳтиром ба қонун дар байни ҷавоно