СУХАНРОНИИ НАМОЯНДАИ ИНСТИТУТ ДАР ТЕЛЕВИЗИОНИ "ТОҶИКИСТОН"
Санаи 14 августи соли 2026 дар студияи Телевизиони Тоҷикистон барномаи "Аз паём то паём" муфассал оид ба Эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» баргузор гардид. Дар ин мусоҳиба аз ҷониби Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Сангинзода Дониёр Шомаҳмад иштирок ва суханронӣ намуд.
Муҳимтарин нуктаҳои суханронӣ:
Таҷрибаимуваффақи Тоҷикистон дар гузаронидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» (2024) ҳамчун намуна барои дигар кишварҳо пешниҳод шудааст;
Эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ;
Нақши Созмони Миллали Муттаҳид ва кишварҳои аъзо дар ҳифзи ҳуқуқи инсон;
Аҳамияти татбиқи ҳадафҳои ин сол дар пешгирии низоъҳои ҷаҳонӣ ва бартараф намудани фишорҳои сиёсӣ;
Огоҳии ҳуқуқӣ дар мубориза бо ифротгароӣ ва амалҳои ғайриқонунӣ.
Институти давлат ва ҳуқуқ ҳамчун як муассисаи илмӣ дар тарғиби чунин арзишҳои умумибашарӣ ва татбиқи онҳо дар ҷомеа саҳмгузор аст.