Skip to main content

ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ ҲАМЧУН СУБЪЕКТИ ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА АРЗЁБИИ ҲУҚУҚИИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР САММИТИ АВАЗА

2123Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ҳамчун яке аз суъекти ҳуқуқи байналмилалӣ дар фазои пасошӯравӣ, дар давоми 35 соли фаъолияти худ тавонист мақоми худро ҳамчун майдони муколамаи сиёсӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва ҳамоҳангсозии амниятӣ таҳким бахшад. Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ, ки 9 октябри соли 2026 дар минтақаи сайёҳии миллии «Аваза»-и Ҷумҳурии Туркманистон баргузор гардид, на танҳо ба муносибати 35-умин солгарди таъсисёбии Иттиҳод, балки ҳамчун оғози марҳилаи нави рушди муносибатҳои бисёрҷониба дар доираи ин созмон аҳаммияти хоса дорад. Дар ин саммит Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд, ки дар он масъалаҳои калидии рушди ИДМ, аз ҷумла ҳамкории технологӣ, рақамикунонӣ, иқтисоди «сабз», амнияти минтақавӣ ва ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон матраҳ гардиданд.

Шурои сарони давлатҳои ИДМ мақоми олии байнидавлатии машваратӣ ва қабули қарорҳои асосии Иттиҳод ба шумор меравад. Ин ниҳод соли 1991 созмон ёфта, то имрӯз самтҳои асосии ҳамкории давлатҳои иштироккунандаро муайян мекунад. Тибқи тартиби муқарраршуда, Шурои сарони давлатҳо на камтар аз ду маротиба дар як сол даъват мешавад ва дар ҳолатҳои зарурӣ ҷаласаҳои ғайринавбатӣ низ баргузор мегарданд.

Аз 1 январи соли 2026 раёсат дар ИДМ ба Туркманистон интиқол ёфта, вазифаи раисии Иттиҳодро дар Шурои сарони давлатҳо, Шурои сарони ҳукуматҳо ва дигар ниҳодҳои ИДМ ба уҳда гирифтааст. Қарор дар бораи интиқоли раёсат 10 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби сарони кишварҳои иштироккунандаи Иттиҳод қабул шуда буд. Ин амал ҳамчун нишонаи эътимоди кишварҳои аъзо ба Туркманистон ва идомаи суннати гардиши раёсат дар байни давлатҳои узв арзёбӣ мегардад.

Аҳамияти ҳуқуқии саммити Аваза дар он зоҳир мегардад, ки он дар партави 35-умин солгарди таъсисёбии ИДМ баргузор шуда, ба гуфтаи Президенти Тоҷикистон, «басо рамзӣ» арзёбӣ гардид. Дар ин ҷаласа на танҳо натиҷаҳои фаъолияти Иттиҳод дар соли 2026 ҷамъбаст гардиданд, балки масъалаи интиқоли раёсати ИДМ дар соли 2027 ба Ӯзбекистон низ баррасӣ шуд. Ин раванд нишон медиҳад, ки ИДМ ҳамчун суъбекти ҳуқуқи байналмилалӣ ба принсипҳои гардиши роҳбарӣ ва идомаи ҳамкории бисёрҷониба уҳдадор аст.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ дорои як қатор нуқтаҳои калидӣ мебошад, ки метавон онҳоро ба чанд самти асосӣ тақсим намуд:

1. Сарвари давлат дар оғози сухан ба ҷониби Туркманистон барои сатҳи баланди ташкили нишаст ва меҳмоннавозии анъанавӣ арзи сипос намуда, дӯстони туркманро бо анҷоми бомуваффақияти раёсат дар ИДМ табрик гуфтанд ва ба талошҳои онҳо дар ин мақом баҳои баланд доданд. Ин изҳорот аз эҳтироми мутақобила ва руҳияи ҳамкории созанда дар байни кишварҳои аъзо шаҳодат медиҳад.

2. Раҳбари давлат ҷаласаи кунуниро дар партави 35-умин солгарди таъсисёбии ИДМ басо рамзӣ номида, таъкид доштанд, ки роҳи тайшуда дар ин солҳо аҳаммияти Иттиҳодро ҳамчун майдони муколамаи сиёсӣ, рушди робитаҳои иқтисодиву гуманитарӣ ва вокуниши муштарак ба хатарҳо ва таҳдидҳои амниятӣ таъкид намуд. Ин нукта ба он ишора мекунад, ки ИДМ на танҳо ҳамчун сохтори машваратӣ, балки ҳамчун воситаи амалии ҳамоҳангсозии сиёсатҳо дар соҳаҳои мухталиф амал мекунад.

3. Пешвои миллат аз заминаи боэътимоди ҳуқуқие, ки барои густариши рӯзномаи ҳамкории бисёрҷониба гузошта шудааст, ёдрас шуда, бо қаноатмандӣ таъкид доштанд, ки ИДМ ба шароити тағйирёбанда мутобиқ мешавад ва ҳамкорӣ дар доираи он бо назардошти воқеиятҳои нав таҳким меёбад. Ин изҳорот нишон медиҳад, ки ИДМ ҳамчун сохтори воқеӣ ва мутобиқшаванда амал мекунад ва ба тағйироти геополитикӣ вокуниши муносиб нишон медиҳад.

4. Дар суханронӣ аҳамияти рушди ҳамкории технологӣ, навовариҳо, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, иқтисоди «сабз» ва татбиқи лоиҳаҳои мушаххас дар соҳаи неруи барқароршаванда таъкид гардид. Ин самтҳо ба рушди иқтисоди рақамӣ ва устувори кишварҳои ИДМ нигаронида шудаанд ва метавонанд ҳамчун платформаи нави ҳамкорӣ хидмат намоянд.

5. Рушди пайвастаи робитаҳои нақлиётӣ, таваҷҷуҳи доимӣ ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ ва ҳамчунин тақвияти ҳамёрии амниятӣ муҳим дониста шуд. Ин нукта ба он ишора дорад, ки ИДМ бояд ҳамчун фазои ягонаи иқтисодӣ ва амниятӣ ташаккул ёбад.

Яке аз нуқтаҳои марказии суханронии Пешвои миллат дар саммити Аваза ташаббуси эълон намудани солҳои 2027–2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда буд. Ин ташаббус аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, 25 июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» қабул намуд. Қатъномаи мазкур уҳдадории муштараки давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳидро ҷиҳати таҳкими сулҳ, рушди муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ миёни наслҳо ҳамчун заминаҳои асосии таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда тасдиқ менамояд. Дар он ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла иродаи «наҷот додани наслҳои оянда аз офати ҷанг» ва уҳдадории ҳалли мусолиматомези баҳсҳо таъкид гардидааст.

Дар саммити Аваза Сарвари давлат изҳор доштанд, ки Тоҷикистон якҷоя бо СММ ва дигар шарикони байналмилалӣ нақша дорад моҳи июни соли 2027 дар Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баландро барои оғози расмии Даҳсола баргузор намояд. Дар ин робита Пешвои миллат таъкид доштанд, ки иштироки фаъоли кишварҳои ИДМ дар ин чорабинӣ ва дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсола, бешубҳа, боз як нишонаи ҳамбастагии муштараки кишварҳои иштирокдори Иттиҳод хоҳад буд.

Ин ташаббус аз нуқтаи назари ҳуқуқи байналмилалӣ аҳаммияти хоса дорад, зеро он на танҳо ба таҳкими сулҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ нигаронида шудааст, балки механизмҳои ҳамкории байни наслҳоро дар доираи ИДМ ва дигар сохторҳои байналмилалӣ муайян мекунад. Даҳсола ҳамчун чаҳорчӯбаи ҳуқуқӣ метавонад ба рушди фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо ва таҳкими эътимод дар байни давлатҳо мусоидат намояд.

Ҳамкории иқтисодӣ яке аз самтҳои афзалиятноки ИДМ ба шумор меравад. Тибқи маълумоти Агентии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли 2025 саҳми кишварҳои ИДМ дар гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 43,4%-ро ташкил дода, муомилоти мол бо аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба 3,4 миллиард доллар расидааст. Тоҷикистон бо 113 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 10 кишвари ИДМ ва 103 кишвари ғайри ИДМ равобити тиҷоратии хориҷӣ дорад. Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки ИДМ ҳамчун шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон мақоми муҳимро ишғол мекунад. Табодули молӣ миёни Русия ва Тоҷикистон дар ҳашт моҳи соли 2025 беш аз 1,4 млрд долларро ташкил дода, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2024 13% афзоиш ёфтааст.

Дар саммити Аваза таваҷҷуҳи хоса ба рушди ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва саноатӣ зоҳир гардид. Ин самтҳо метавонанд ба тавсеаи робитаҳои иқтисодии байни кишварҳои ИДМ ва ҷалби сармоягузориҳои мутақобила мусоидат намоянд. Ҳамзамон, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи неруи барқароршаванда ва иқтисоди «сабз» метавонад ҳамчун омили нави рушди устувор дар фазои ИДМ амал кунад.

Амнияти минтақавӣ яке аз масъалаҳои калидии рӯзномаи саммити Аваза буд. Дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии ИДМ, ки 7 октябри соли 2026 дар ҳамин минтақа баргузор гардид, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Созмон перомуни мавзуҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор намуда, дурнамои ҳамкориро дар доираи ИДМ баррасӣ карданд. Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва густариши робитаҳои гуманитарию фарҳангӣ миёни давлатҳои Иттиҳод таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

Дар суханронии Пешвои миллат дар саммит тақвияти ҳамёрии амниятӣ муҳим дониста шуд. Ин нукта ба он ишора дорад, ки кишварҳои ИДМ бояд дар муқобили хатарҳо ва таҳдидҳои муштарак, аз ҷумла терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ ҳамкории худро тақвият бахшанд. Ҳамчунин, масъалаи таъмини амнияти сарҳадӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатӣ аз таъсири манфии беруна дар доираи ИДМ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар ин робита, қайд кардан лозим аст, ки ИДМ ҳамчун сохтори байналмилалӣ метавонад ҳамчун платформаи ҳамоҳангсозии сиёсатҳои амниятӣ ва мубодилаи иттилоот дар байни кишварҳои аъзо амал намояд. Таҳкими ҳамкории амниятӣ дар доираи ИДМ на танҳо ба таъмини субот дар фазои пасошӯравӣ, балки ба рушди эътимод ва ҳамкории минтақавӣ мусоидат мекунад.

Дар саммити Аваза масъалаи интиқоли раёсати ИДМ дар соли 2027 ба Ӯзбекистон баррасӣ шуд. Ин раванд нишон медиҳад, ки кишварҳои аъзо ба принсипи гардиши роҳбарӣ ва идомаи ҳамкории бисёрҷониба уҳдадоранд. Раёсати Ӯзбекистон метавонад ба рушди минбаъдаи ИДМ ва татбиқи лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ мусоидат намояд.

Ҳамзамон, дар саммит масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории кишварҳои узв, муайян намудани санаи баргузории мулоқоти навбатии сарони давлатҳо ва баррасии масъалаҳои муҳими байналмилалӣ баррасӣ гардиданд. Ин нишон медиҳад, ки ИДМ ҳамчун сохтори фаъол ба масъалаҳои ҷаҳонии муосир вокуниш нишон медиҳад ва кӯшиш мекунад, ки мавқеи худро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ таҳким бахшад.

Саммити Шурои сарони давлатҳои ИДМ, ки 9 октябри соли 2026 дар минтақаи Авазаи Туркманистон баргузор гардид, ҳамчун як рӯйдоди муҳими сиёсӣ дар фазои пасошӯравӣ арзёбӣ мегардад. Ин ҷаласа на танҳо ба муносибати 35-умин солгарди таъсисёбии Иттиҳод, балки ҳамчун оғози марҳилаи нави рушди ҳамкории бисёрҷониба аҳаммияти хоса дошт. Дар саммит масъалаҳои калидии рушди ИДМ, аз ҷумла ҳамкории технологӣ, рақамикунонӣ, иқтисоди «сабз», амнияти минтақавӣ ва ташаббусҳои сулҳҷӯёна матраҳ гардиданд.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа дорои як қатор нуқтаҳои калидӣ буд, ки метавонанд ҳамчун роҳнамо барои рушди минбаъдаи ИДМ хидмат намоянд. Таъкид бар заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ, мутобиқшавӣ ба шароити тағйирёбанда, рушди ҳамкории технологӣ ва тақвияти ҳамёрии амниятӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ИДМ ба рушди ин созмон таваҷҷуҳи ҷиддӣ дорад.

Ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, ки аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфтааст, нақши Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳҷӯ ва ташаббускор дар сатҳи ҷаҳонӣ таҳким мебахшад. Баргузории конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе моҳи июни соли 2027 метавонад ҳамчун платформаи муҳим барои оғози расмии Даҳсола ва ҷалби кишварҳои ИДМ ба татбиқи ҳадафҳои он хидмат намояд.

Дар маҷмӯъ, саммити Аваза нишон дод, ки ИДМ ҳамчун суъекти ҳуқуқи байналмилалӣ қобилияти мутобиқшавӣ ба шароити нави геополитикиро дорад ва метавонад ҳамчун майдони муколама, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсатҳо дар байни кишварҳои аъзо амал намояд. Таҳкими минбаъдаи ин созмон ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои иқтисод, амният, технологӣ ва гуманитарӣ метавонад ба рушди устувор ва суботи минтақавӣ мусоидат намояд.

САНГИНЗОДА ДОНИЁР ШОМАҲМАД - муовини директори Институти давлат ва ҳуқуқи

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба корҳои илмсӣ ва таълимӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст