Skip to main content

МАСОИЛИ ДАВЛАТИ ДУНЯВӢ ВА ДИН ДАР ТАЪРИХИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

123Яке аз масоили баҳсталаби илм ва амалияи муосири давлатдорӣ на танҳо дар собиқ шуравӣ, балки кулли кураи замин принсипи дунявият мебошад. Дунявият ҳамчун принсипи давлатдорӣ аз замонҳои қадим - таълимотҳои бостонии Шарқу Ғарб замина гирифта, марҳилаҳои гуногуни таърихиро гузашта, имрӯз дар шакли гуногун ва бо мазмуни гуногун мавриди таҷрибаи давлатдории кишварҳои муосир гаштааст. Бояд қайд намуд, ки принсипи дунявият хислати таърихӣ-ҳуқуқӣ дошта, дар заминаи шароит ва талаботи ҷомеа дар шаклҳои гуногун зоҳир гардида, вобаста ба омилҳои гуногун бо шаклу усулҳои гуногун амалӣ мегардад.

Дар бораи мубраммияти назария ва махсусан амалияи давлати дунявӣ дар замони муосир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки «Дар вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир мо вазифадорем, ки ба хотири ҳифзи истиқлолу озодӣ ва амнияти давлату ҷомеа дар баробари риояи талаботи қонунҳои давлати дунявӣ ба арзишҳои динӣ оқилона муносибат намуда, ҳам арзишҳои созандаи дини исломро ҳифз намоем ва ҳам пеши роҳи паҳншавии тафриқаандозиву ифротгароиро гирем. Ман чунин мешуморам, ки нисбат ба ин масъала бетарафӣ ё муросокорӣ кардан баробар ба ин аст, ки саодати худ ва фарзандони хешро барҳам занем»[Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар аз 09.03.с.2024 ]. Ин як ҷанбаи масъалаи мазкур аст, ки омӯзишу дарк ва таҳқиқоти онро мубрамм гардонидааст.

Мафҳуми «давлати дунявӣ» таърихи тулонӣ дошта, андешаҳои давлати дунявӣ дар таълимоти мутафаккирони Ориё, Шарқ ва Юнони қадим ба вуҷуд омада буданд. Масалан, Афлотун ҳукмронии файласуфонро талаб мекунад. Конфутсий ва Арасту назарияи падаршоҳиро дар илми ҳуқуқ асоснок намуда, назарияи илоҳии пайдоиши давлатро тарафдорӣ накардаанд. Яъне, онҳо хислати динӣ доштани ҳокимият ва давлатро эътироф накарда, заминаи рушд ёфтани андешаҳои дунявӣ ва сиёсӣ дар рушди таълимот оид ба давлату ҳуқуқ гаштанд. Абунасри Форобӣ назарияи органикии давлат ва ҳуқуқро дар шароити рушди Хилофати арабу мусалмонӣ таҳия намуда буд [Буризода Э.Б. Назарияи ҳуқуқ ва давлат. –Душанбе: Нашри Мубориз, 2022. (208с.) –C.51-52], ҳарчанд назарияи илоҳии пайдоиши давлату ҳуқук таълимоти асосии ин марҳила ба шумор мерафт. Дар баробари ин дар «Мадинаи фозила» хислатҳои довталаби ҳокими мадинаи фозиларо номбар кардааст, ки ҳамагӣ хислатҳои як ҳокими дунявӣ мебошанд. Форобӣ сарвар интихоб кардани файласуфро талаб мекунад. Вазифаҳои давлат низ вазифаҳои дунявӣ мебошанд на динӣ.

Агар ба таҷрибаи давлатдории кишварҳои исломӣ баргардем, пас, дар кишварҳои мусалмонӣ баъд аз он ки дар Конститутсияи Туркия ин мафҳум муқаррар гардид, он мавриди омўзиш, танқиду шарҳ қарор гирифт.

Мафҳуми мазкур дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06 ноябри соли 1994 ҷойгир карда шуда, имрўз хислати дунявӣ доштани давлатдории Тоҷикистонро ифода мекунад. Дар моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад».[Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар раъйпурсии умумихалқӣ 6-уми ноябри соли 1994 қабул гардиlааст. Тавассути раъйпурсии умумихалқӣ 26-уми сентябри соли 1999, 22 – июни соли 2003 ва 22 июни соли 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст). –Душанбе: Шарқи озод, 2024. – 80 с. Моддаи 1.] Аз тариқи конститутсионӣ муқаррар кардани ин хислати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи таърихӣ дошта, қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ба марҳилаи ҳассоси ҳаёти кишвар – ҷанги шаҳрвандӣ рост омад, ки дар он қудратҳои дохилӣ ва сарпарастони хориҷии онҳо барои муайян намудани шоҳроҳи ояндаи рушди кишвар ба низои мусаллаҳона пардохта буданд. Таъкид намудани хислати дунявии давлатдории миллии тоҷикон дар шароити давраи гузариш аз давлатдории иҷтимоии атеистӣ бар марҳилаи нав бар зидди эътироф намудани мафкураи динӣ дар ҷомеа ҳамчун мафкураи ягонаи расмӣ хизмат намуда, он роҳи минбаъдаи ташкили ҳокимияти сиёсиро дар заминаи принсипҳои пешниҳодгардида муайян кард.

Бояд қайд намуд, ки давлати дунявӣ ва ё дунявияти давлат ин як роҳи ташкили ҳокимияти сиёсӣ дар кишвар мебошад, ки дар он таносуби байни давлат, дин ва иттиҳодияҳои динӣ муайяну мушаххас карда мешаванд.

Давлати дунявӣ на танҳо аз давлати теократӣ, яъне давлате, ки дар он ҳамкории зичи давлату дин ба роҳ монда шуда, таълимоти динӣ идеологияи расмии давлатӣ ва қонунгузории давлат дар мувофиқа ва тибқи талаботи шариати дин эҷод мешавад, тафовути ҷиддӣ дорад, балки он аз давлати атестӣ низ фарқияти куллӣ дорад. Давлати атестӣ динро инкор ва онро падидаи зиддиҷамъиятӣ, барои фард «нолозим», ба қавли марксизм «афъюни халқ» мешуморад. Давлати атестӣ бар зидди ҳамагуна зуҳуроти динӣ мубориза мебарад, ки дар мисоли давлати Шуравӣ ин чиз саҳеҳ мушоҳида кардан мумкин аст.

Албатта, илман асоснок кардани нишона ва хусусиёти давлати дунявӣ кори мушкил нест, вале дар амал ҷорӣ намудани таносуби дурусти он басо кори мушкил буда, дар баробари ин дарки ҷомеа ва истиқболи мардум аз он гуногун аст. Назария ва амалия баъзан бо ҳамдигар тавъам нестанд. Амалия бо талаботи ҷомеа зуд тағйир ёфта, таҷрибаи навро ҷорӣ месозад, ки метавонад ба назария мутобиқ набошад. Дар ин ҳолат назария бояд такмил ва ба талаботи рушди ҷомеа мутобиқ гардад.

Хурдагирӣ нисбат ба як дин, муқовимат ба маросиму талаботи як ё якчанд дин метавонад, аз як тараф боиси маҳдуд кардани озодии виҷдон гардида, аз ҷониби дигар, мавқеи дину мазҳабҳои дигарро дар кишвар устувор намояд. Дар ин сурат, боварии мардум, дар муносибати ҳасанаи байни ҳокимияту пайравони дин халал ворид мегардад, ки оқибати хуб надорад. Аз ҷониби дигар, мубориза алайҳи ифротгароӣ, қонуншиканӣ дар самти муносибатҳои динӣ бояд ба таври системавӣ бурда шавад, то ҷинояткор беҷазо намонад, ки оқибаташ барои ҷамъият хавфнок аст. Ҷомеа бояд моҳияти давлати дунявиро дуруст дарк намояд. Давлати дунявӣ, на танҳо шароити ҳамзистии мусолиматомезро барои кулли табақаву қишрҳои ҷомеа, дину мазҳабҳои гуногун фароҳам меорад, балки дар шароити вазнини геополитикӣ, яке аз заминаҳои суботу амнияти кишвар, дучор нашудан ба маҳдудияту ҷазоҳо буда, шароитро барои ҳамкории густурда ба кулли давлатҳои ҷаҳон фароҳам меорад.

Мазмун ва арзиши амалии давлати дунявӣ бояд бо як ченаки дигар низ баҳо дода, муайяну мушаххас карда шавад. Сухан дар бораи амнияту бехатарии давлат ва ҷойгоҳи он дар муносибатҳои геополитикии муосир меравад. Тоҷикистон дар баробари даҳҳо кишварҳои ҷаҳон баҳри гуфтугўи тамаддунҳо мубориза мебарад, вале давлатҳои абарқудрати муосир баҳри ҳифзи манфиатҳои геополитикии худ, бештар ба назарияи «бархурди тамаддунҳо» такя намуда, кишварҳои тамаддуни ғайрдоштаро заифу нотавон сохта ба худ вобаста менамоянд. Дар ҳамин вазъият эътироф намудани хислати дунявияти давлат дар Конститутсия баҳри амнияти кишвар муосидат мекунад, ки масъалаи мубрамми воқеияти имрўзи кишвар аст.

Илман асоснок намудани таносуби дурусти байни давлату ташкилоти динӣ, қонунгузорӣ ва талаботу маросими динӣ амали хеле ҳассос ва мушкил мебошад, ки таҳқиқоту таҳлилҳои амиқ ва тўлонӣ, омўзиши таърихи рушди онҳоро талаб мекунад. Кулли таҳқиқоту фаъолият бояд ба мақсади таҳкими давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шахсият, давлат ва ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ равона карда шуда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва манфиатҳои миллӣ дар мадди аввал бошад. Дар баробари ин, манфати миллӣ ва амнияту бехатарии кишвар доиман бояд дар мадди назар бошад.

Дар баробари таҳлили мазмун ва моҳияти давлат, махсусан давлати дунявӣ набояд фаромуш сохт, ки таҷрибаҳои зиёди давлатдории дунявӣ имрўз вуҷуд дорад ва давлатҳоро вобаста ба таносуби давлату дин ба навъҳои гуногун тақсим кардан мумкин аст. Зикр бояд кард, ки таносуби мазкур метавонад бо роҳи гуногун муайян карда шавад ва шаклу намудҳои гуногун доша бошад. Албатта, вобаста ба муносибати давлат умуман ба дину ташкилоти динӣ ва таносуби иштироки ташкилоти динӣ дар сиёсати давлатӣ якчанд навъи давлатро мо метавонем аз ҳам ҷудо кунем: Давлати теократӣ, атеистӣ, дунявӣ, ки дар навбати худ ба намудҳо тақсим мешаванд:

1) Давлати атеистӣ. Яке аз намунаҳои давлати дунявии атеистӣ давлати Шуравӣ ба шумор меравад. Давлати Шуравӣ, ки дар заминаи таълимоти марксистӣ таъсис гардида ва фаъолият мекард, давлати атеизми ҷанговар то Ҷанги дуюми ҷаҳон ба шумор мерафт. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ як қатор сабукиҳо ба дину мазҳабҳои гуногун ва ташкилотҳои динии онҳо расмӣ ва ғайрирасмӣ дода шуд. Аз ин марҳила оғоз намуда, фаъолияти як қатор муассисаҳои зиддидинӣ қатъ гардида, худи ин муассисаҳо барҳам дода шуд. Ба тариқи мисол машҳуртарини онҳо Иттифоқи бехудоён буд, ки дар саросари Иттиҳоди Шуравӣ амал намуда, фаъолияташ баҳри аз байн бурдани дину мазҳабҳои дар кишвар вуҷуддошта буд.

2) Намуди дигари давлати дунявӣ дар Туркия амал мекунад. Дар Туркия, ки фаъолияти зиддидинӣ дар марҳилаи оғози давлатдории Камол Отатурк оғоз гардида буд, минбаъд ба тафриқаи давлату ташкилотҳои динӣ ва муносибати мусолиматомез табдил гардид. Азбаски аксарияти кулли аҳолии кишвари Туркия мусалмон аст, пас, дар давоми бештар аз як аср, мавқеи ташкилотҳои динӣ тағйир ёфта, онҳо имрўз ҳизбу ҳаракатҳои худро доранд ва дар суҳбату баромадҳои мансабдорони олии давлатӣ мавзуи дин ва ҳимоят аз он бештар садо медиҳад.

Омўзиши таърихи муносибатҳои байни давлату дин дар Туркия ва дурнамои рушди он барои кишвари мо бағоят муҳим аст, чунки Туркия аввалан давлатест, ки аксарияти аҳолии он пайрави дини ислом аст; дуюм, чӣ гуна суръат гирифтани таҳаввулоти минбаъдаи дини ислому давлат ва муносибату таносуби байни онҳо дар шароити дунявияти давлат таҷриба ҳосил мегардад. Мубраммияти омўзиши ин таҷриба дар он ҳам ҳаст, ки сабақи ин кишвар барои дуруст ба роҳ мондани муносибатҳои барои сиёсати давлатӣ, фаъолияти идеологии ҳокимияти давлатӣ манфиатбахш дар омўзиши он нуҳуфтааст.

3) Ба гурўҳи сеюм давлатҳое дохил мешаванд, ки дунявӣ муаррифӣ мешаванд, вале ташкилоти динӣ ва умуман роҳбару пайравони дин ва таълимоти онро баҳри тақвият бахшидани сиёсати давлатӣ, таҳким бахшидани сохтори давлатӣ ва амали сохтани мақсаду вазифаҳои ҳокимияти давлатӣ истифода мебаранд. Ба ин гурўҳ, масалан Федератсияи Русия дохил мешавад, ки дар ҳудуди он дину мазҳабҳои гуногун вуҷуд доранд ва аксарияти онҳо баҳри пиёда сохтани сиёсатҳои давлатӣ дар ин ё он соҳа фаъолона истифода бурда мешаванд. Дар кулли мақомоту муассисаҳои давлатӣ, масалан, артиш, ибодатхонаҳои мазҳабӣ сохта мешаванд, сарбозон метавонанд озодона дини худро пайравӣ намоянд;

4)Навъи дигари таносуби давлату ташкилоти динӣ дар баробарвазн нигоҳ доштани таносуби онҳо дар ҳаёти сиёсии кишвар мебошад. Дар ин гуна давлатҳо шароит барои рушди ҳаёти сиёсӣ бо иштироки ташкилотҳои ҳам сиёсӣ ва ҳам динӣ ба вуҷуд оварда мешавад.

5)Гурўҳи дигари давлатҳо таъкид бар он доранд, ки дар кишвар дин ва ё мазҳаби муайян афзалият дорад, вале дигар дину мазҳабҳо низ озодона амал мекунанд, вале дар сиёсати давлатӣ таъсиргузор нестанд.

6)Гуруҳи дигари давлатҳо комилан ташкилотҳои диниро аз давлат ҷудо карда, фаъолияти сиёсиро кори давлат ва ташкилотҳои сиёсӣ мешуморанд ва ягон саҳм дар сиёсат ба дину ташкилотҳои динӣ қоил нестанд.

Тоҷикистон ҳамчун давлати дунявӣ як қатор хусусиёти хоси худро дар амали намудани таносуби давлату ташкилотҳои динӣ нигоҳ медорад. Якум, дар сатҳи конститутсионӣ озодии виҷдон муқаррар шуда, эътироф гардидааст, ки ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошанд. Дар баробари ин дар қонуни соҳавӣ ба мазҳаби ҳанафии ислом афзалият дода шудааст. Дар амалияи давлатдории тоҷикон як қатор хусусиёти ҳамкории расмӣ ва ғайрирасмии давлату ташкилотҳои динӣ ба назар мерасад. Барои адои вазифа ба мансабдорони ташкилотҳои динӣ, ба тариқи мисол, ба имоми масҷид маоши вазифавӣ муқаррар карда шудааст. Дар корҳои ободонӣ, тарғибу ташвиқ ва ба сафи артиш гусел кардани шаҳрвандон аз ташкилотҳои динӣ истифода бурда мешавад. Азбаски ин амалҳо якдафъаина нестанд, пас, сухан дар бораи ҳамкории доимии мақомоти давлатӣ ва ташкилоти динӣ меравад.

Муҳаққиқи ҷавони масъалаи давлати дунявӣ Холиқов И.А. андешаеро баён медорад, ки аз мубраммияти масъалаи мазкур дар таърихи гузаштаи халқу миллат ва кишварҳои зиёд ҳикоят дорад. «Таносуби миёни ҳокимияти дунявӣ ва динӣ ҳамчун хатти сурх дар тӯли таърихи давлатҳои зиёд ба назар мерасад», хулоса кардааст муҳаққиқ. [Холиқзода И.А. Масоили назариявӣ-ҳуқуқии фаҳмиши давлати дунявӣ дар замони муосир // Ахбори суди конститутсионӣ. – 2026. – №2. (–С.71-80). –С.71.] Албатта, масъалаи мазкур дар таърихи давлатдории тоҷикон низ аз аҳамияти хос бархурдор будааст, чунки дар давлатдории таърихии тоҷикон аз бостон то Шуравӣ муносибати нозук бо дин бурда мешуд, ки он мавқею афзалиятҳоро дар ҷомеа соҳиб буд, аз ҷониби дигар, таълимоти динӣ ба идеологияи расмӣ табдил ёфта бошад ҳам, табақаи руҳонӣ ба сиёсати давлат дахолат намекард. Симбиози давлату дин, ки ҳокимияти давлатӣ дар он нерӯи асосиро соҳиб буда, кулли муносибатҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла муносибатҳои диниву ҳуқуқиро муайян ва танзим менамуд, кулли таърихи тошуравии давлатдории тоҷикон мавриди амал ва истифода будааст.

Агар ба таърихи муносибатҳои давлату дин дар дигар кишварҳои ҳамсоя назар андозем, дунявият ҳамчун принсипи давлатдорӣ дар охири асрҳои миёна ташаккул ёфта, дар кишварҳои гуногуни ҷаҳони муосир шакл ва мазмуни гуногунро соҳиб мегардад. Дар Аврупо бо қабул шудани принсипи «Сезарю сезарево – кесарю кесарево», яъне «ҳокимияти давлатӣ ба давлату, масоили динӣ ба роҳбарони дин», ки маънои таҷзияи ҳокимияти ягонаи диниву давлатиро ба ду ҳокимияти мустақили давлатӣ ва динӣ дошт, эътироф гардид. Дар заминаи ин таҷзия, чуноне, ки дар таърихи Аврупо мушоҳида мешавад, якчанд аср лозим шуд, то ҳокимияти давлатӣ ба таври воқеӣ аз таъсири ташкилотҳои динӣ (Папаи Рим, калисои англиканӣ дар Англия) озод шавад. Дар ин маврид бояд қайд намуд, ки қабули як қарори калисои католикӣ пояи дар мавриди қабули таҷзияи ҳокимияти динӣ кофӣ набуда, ба андешаи мо ба эътироф гардидани принсипи дунявият, пеш аз ҳама, ислоҳоти динӣ (реформатсия дар Аврупо - Э.Б.) нақши бузург гузоштааст. Реформатсия пеш аз ҳама, дар назари мардум ба қудсияти руҳониён рахна зада, аврупоиён вобаста ба таъсири ҷаҳонбинӣ ва маърифати динӣ тағйироти гуногун дар муносибат ба ташкилоти динӣ – аз ҳокимияти марказии динии католикӣ дар Рим оғоз намуда то ибодатхонаҳо, рӯҳониён, маросимҳои динӣ, додани даҳяк ва ғайра, ворид сохтанд. Чи тавре аз таърихи давлатҳои аврупоӣ мушоҳида мегардад, дар кишварҳои гуногун кӯшиш намуданд, то тағйиротҳои ҷузъӣ ва ё куллӣ ба ҳокимияти давлатӣ ва махсусан ҳокимияти динӣ ва ташкилотҳори динӣ ворид созанд. Масалан дар Шветсария руҳонии ибодатхонаҳоро мардум интихоб менамуд. Руҳонӣ на аз тариқи тайинот аз ҷониби Папаи Рим ва ё намояндаи маҳалии он, балки аз тариқи пайравони маҳалии дин интихоб мегардид. Табиист, ки дар ин ҳолат руҳонӣ ба хизматгори оддии ибодатхона табдил меёфт. Бояд қайд намуд, ки Шветсария ба таври қатъӣ ислоҳоти динӣ гузаронида бошад ҳам, минбаъд бо зайиф гардидани ҳаракати ислоҳталабӣ баъзе тағйироти диниро бозпас тағйир дода буд.

Мавриди тазаккур аст, ки дар Шарқ, махсусан ҳудуди Тоҷикзамин, пайдоиши ҳокимият, давлат, қонунгузорӣ ва тамаддуну фарҳанги ориёӣ дар оғоз хусусияти дунявӣ дошт. Дар баробари ин бояд қайд намуд, ки дар марҳилаҳое, ки таносуби дурусти дину давлат ба миён меомад, яке такягоҳи дигаре ва дигар пояи аввалӣ мегардид. Шиори машҳури Ардашери Бобакон дар бораи муносибати дину давлат «Давлат ҳимоятгари дин аст ва меҳроб пояи тахт», «Дину давлат бародарони тавъаманд(баробаранд)» баёнгари ҳамин воқеъият дар асрҳои бостониву миёнаи таърихи давлатдории тоҷикон аст. Ин як шакли таносуби давлат ва дин дар таърихъи тоҷикон буд.

Дар марҳилаҳое, ки ғояи устувори муттаҳидкунандаи ғайр вуҷуд надорад, дин ва таълимоти динӣ ҳамчун идеологияи расмии давлат метавонад нақши муайян дар ин самт ифо кунад. Махсусан таълимоти динҳои яктопарастӣ ба шароити марҳилаҳои бостониву асрҳои миёна ва таърихи нави тоҷикон мувофиқ омада, нақши идеологияи расмии давлатиро иҷро намуда, барои муттаҳид намудани халқи тоҷик, фарҳанги ягона, ахлоқи ягонаи ҳамида, давлатдории муттамарказ мусоидат намудааст.

Таъсири идеологии таълимоти динӣ бо таъсиси давлати Шуроҳо канда гардида, ба ҷои он ғояҳои инсонмеҳварона дар ҳуқуқ ва амалия (дар Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда ва фаъолияти мақомоти давлативу ҷамъиятӣ –Э.Б.) муқаррар шуда, давлатҳои муосир ба дин ҳамчун як падидаи иҷтимоӣ дар низоми иҷтимоиву фарҳангии кишвар муносибат мекунанд. Таърихи рушди таносуби давлат ва дин баёнгари он аст, ки ҳар як падида, дар пайдоиш ва рушд хусусиёти таърихӣ дошта, дар сурати зарурат нақши муайян (бузург ва ё заиф) дар муносибатҳои гуногуни иҷтимоӣ мебозад ва ҳангоми аз байн рафтани талабот ба он, падида хислати дигар дар муносибатҳои иҷтимоӣ пайдо мекунад. Имрӯз дин ва ташкилотҳои динӣ як қатор вазифаҳои диниро иҷро намуда, махсусан дар тарбияи ҷомеа нақши муҳим доранд. Онҳо баҳри амали шудани вазифаҳои давлат ихтиёрона мусоидат менамоянд. Дар тарғибу ташвиқи сиёсати муосири давлатдорӣ иштирок доранд. Албатта, нақши ташкилотҳои динӣ ва намояндагони он дар иҷроиши талаботи дин дар бораи никоҳ, иҷрои фарзиёти дин аз ҷумла барпо намудани намоз, рӯза, адои ҳаҷ, як қатор уҳдадориҳои динӣ, аз ҷумла таракаи мол, ҷаноза ва ғайра назаррас буда, самтҳои асосии фаъолияти диниро дар шароити давлати дунявӣ ташкил медиҳад.

Дар бораи нақши дин дар таърихи давлатдории тоҷикон таҳлилҳо анҷом дода, хислати давлати дунявиро низ нодида гирифтан мумкин нест. Дар асл, давлати дунявӣ як қатор афзалиятҳо барои дуруст ба роҳ мондани принсипҳои қонунгузорӣ ва барои ба миён омадани шароит барои рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ мусоидат мекунад. Ин хислати таносуби байни фарҳангу дин ва давлати дунявӣ дар баромадҳои сарвари давлат ба тариқи сареҳ ишора шудааст: «Таҷрибаи бисёр кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон як нуктаро собит менамояд: маҳз дунявият шароит фароҳам меорад, ки фарҳанги миллӣ бо арзишҳои динӣ вобаста ба ниёзҳои ҷомеа рушду такомул ёбанд ва мардум расму оинҳоро озодона риоя карда, ниёзҳои эътиқодии худро қонеъ созанд» [Эмомалӣ Раҳмон. Дин ва ҷомеа. –Душанбе: Шарқи Озод, 2013. – С.19.]. Мубраммияти мавзуъ дар он аст, ки чи тавре Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ишора кардаанд, маҳз давлати дунявӣ, ки дар он атеизми ҷанговар ва ё ифротгароии динӣ вуҷуд надорад, метавонад барои рушди озоди фарҳанги миллӣ ва пайравии озоди дину мазҳаб дар кишвар мусоидат намояд.

Агар ба таърихи давлатдории ниёгонамон назар андозем, дар Авесто тибқи таҳлилҳои муҳаққиқон, аввалин давлатҳои ориёӣ дар шакли 16 шаҳр – давлат таъсис гардида, бо ҳамдигар робита доштанд, вале аз ҷониби ҳокимони мустақил идора карда мешуданд. Табиист, ки дар ин марҳилаи давлатдорӣ, аллакай дин ба вуҷуд омада, мардум боварҳои худро доштанд.

Дар Шоҳнома [Фирдавсӣ А. Шоҳнома. –Душанбе, 2025. Ч.1. 792 с.]сухан дар бораи Яздони пок меравад, ки мардуми ориёӣ мепарастиданд. Вале пайравии боварҳои аввалин бо ҳокимияти давлатӣ алоқаманд карда нашуда, ҳатто ҳокимони давлат ба Яздон на аз номи давлат, балки ҳамчун фарди оддие, ки ба мушкилӣ дучор шудааст, муроҷиат мекарданд. Дар дигар маврид, муроҷиат ба Яздон дар ҳолатҳое воқеъ мегардид, ки давлат нисбат ба душманон ва ё дар ҷанги ғосибона ғалаба ба даст оваранд ва ба ин муносибат шукрона мекарданд, зиёфат меоростанд, ки дар он истеъмоли шаробу моеъҳои масткунанда манъ нашуда буд. Дар баробари ин, табақаи алоҳида ва мустақили рӯҳониён ҳанӯз шакл нагирифта, сарвари давлат ба сифати ҳокимияти олии руҳонӣ баромад менамуд ва ё нафареро ба ин вазифа тайин мекард.

Пайдоиши дини зардуштӣ барои мардуми ориёӣ аллакай дар оғоз бо ду ҳодисаи фараҳбахш пайваста буд. Якум, дини нав заминаи муттаҳид гардидани шаҳр - давлатҳои ориёӣ гашта, шоҳони Ирони бостон барои паҳн намудани дини нав бар зидди давлатҳои дигари ориёӣ лашкар мекашиданд. Яъне пайдоиши дини нави яккахудоӣ (монотеизм) омили муттаҳидкунандаи мардуми ориёӣ ва ба вуҷуд омадани давлати муттамаркази ориёӣ – Каёниён ва минбаъд Ҳахоманишӣ мегардад.

Дуюм, дар баробари муттаҳидгардонии кишварҳои ориёӣ, бо устувор гардидани мақоми худ, Зардушт аз шоҳи Ироншаҳр талаб мекунад, ки додани боҷро ба Турон қатъ намояд. Ин қарор сабаби ҷанг шуда бошад ҳам, Ирон дар ҷанг озодии худро ҳифз ва аз додани боҷ озод ва ба давлати соҳибистиқлол мубаддал мегардад.

Сеюм, мавриди қайд аст, ки ғояи «хислати илоҳӣ доштани ҳокимияти давлатӣ» ва умуман давлат аз марҳилаи паҳн ва дини расмӣ эътироф гаштани дини зардуштӣ оғоз ёфта, минбаъд тарғибу ташвиқ мегардад ва ба як аксиомаи фарҳанги оммавӣ ва махсусан фарҳанги ҳуқуқии мардуми ориёӣ табдил мегардад.

Таълимоти динии мазкур якбора бо ғояи аристократии давлатдорӣ дар андешаи мардум чунон устувор буд, ки аз Абу Абдуллоҳи Рӯдакӣ то Аҳмади Дониш дар ин бора суханҳо гуфтаанд.

Ғояи ҳокимияти аристократӣ, махсусан аз ҷониби Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» бештар тараннум гардида, аз тасвирҳои Фирдавсӣ бармеояд, ки он ба таври комил аз ҷониби на танҳо мардуми оддӣ, балки зиёиён мавриди дастгирӣ ва тавсиф будааст. Тибқи он танҳо онҳое ҳуқуқи ишғол кардани тахти шоҳиро доранд, ки шоҳзода, наҷибзода, авлоди шоҳ, шахсе, ки наҷибзода буданашро исбот карда бошад, ё бо тавсияи шоҳ пешниҳодшуда, бошанд. Дар байни ин ашхос, ҳангоми интихоб, фарде, ки шоҳ тавсия намудааст, афзалият дошт. Дар аксар ҳолат албатта фарзанд ва ё набера, бародар барои ишғоли тахт тавсия мегардид.

Яъне, навбати дуюм, меросхӯрони шоҳ, яъне фарзандони шоҳ афзалият доштанд.

Ашрофон, сарварони ҷомеа ва артиш дар сурати набудани довталаб - фарзанди шоҳ ва ё шахсе, ки ҳокимият ба ӯ мерос дода мешавад, ҳаққи интихоби сарвари давлатро доштанд. Ин се роҳи ба сари ҳокимият омадан ба ғояи ҳокимияти аристократӣ мухолиф набуда, баръакс, эътироф ёфта буд ва дар «Шоҳнома» ба таври васеъ тарғиб мегардад.

Дар марҳилаи зардуштии рушди давлатдории тоҷикон якчанд давраҳои ташаккули дин ва муносибатҳои диниро мушоҳида менамоем. Пеш аз ҳама, то давраи давлатдории Ҳахоманишӣ дини зардуштӣ дар ҳолати таҳаввулу ташаккул буда, Ҳахоманишиҳо дар сохтори давлатдорӣ дар якчанд масъала ба онҳо такя менамуданд:

Масъалаи якум, тарбия ва таълими насли нав. Азбаски дин аввалин таълимот дар бораи оламу одам, давлату табиат ба шумор мерафт, пас, намояндагони дин – ашхоси босаводи ҷомеа ба шумор рафта, ба таълим машғул буданд. Таълиму тарбияи насли нав ба зиммаи онҳо буд;

Дуюм, аз иттилооти таърихӣ бармеояд, ки дар давлати Ҳахоманишӣ вазири алоҳида барои идораи заминҳои динӣ тайин карда мешуд. Ин вазир мустақилона роҳбарии заминҳои вақф – (Фонди рӯҳ)-ро ба зимма дошт. «Фонди рӯҳ» нисбат ба заминҳое истифода мегардид, ки пайравони дин ба хотири шод гардонидани рӯҳи ниёгони худ мебахшиданд ва фоида аз он барои рӯҳониёни динӣ, муассисаҳои динӣ, мисли оташкадаҳо, ибодатхонаҳо ва мадориси динӣ истифода мешуд. Ин вазир «равангондабир»- вазири фондҳои барои рӯҳ номида мешуд.

Сеюм, дабири дигар, ки ба фаъолияти алоқаманд бо амалигардонии талаботи динӣ машғул буд, бо мансаби «оташомор» барои нигоҳдошти оташкадаҳои зардуштӣ, фаъолияти рӯзмарраи оташкадаҳо, таъйини масъулон барои иҷрои фаъолияти динӣ, таъмиру идораи онҳо ва мушкилоти дигари вобаста ба оташкадаҳо масъул буд.

Чорум, дар кишвар мансаби олии судиро мансабдор «Доддабир» роҳбарӣ мекард. Доддабир мушовири шоҳаншоҳи Ҳахоманишӣ дар масоили ташкили фаъолияти додрасӣ, интихоби кадрҳои додрасӣ, омодасозӣ, баргузорӣ ва додрасӣ дар суди шоҳӣ (Боргоҳи Дод), назорат аз болои фаъолияти додрасҳои вилояту шаҳрҳои Ироншаҳр, баррасии шикоят аз додрасҳо ва як қатор масоили дигар масъул буд.

Азбаски додраси сатрапия аз ҷониби Шоҳаншоҳ ба вазифа тайин ва аз вазифа маъзул мегардид, ба андешаи мо Доддабир дар омода сохтану санҷиши довталабон, таҳия намудани дастурамалҳо барои дуруст бурдани муҳокимаи судӣ ва омӯзиши тарзи дурусти қабули қарору ҳукми судӣ саҳм дошт. Азбаски Доддабир якбора сарвари ҳокимияти судӣ ва динӣ ба шумор мерафт, унвони Мубади Мубадонро низ дошт. Албатта, дар таълимоти ин марҳила ки аз таълимоти Авесто бармеояд, аввалин додрас ва додраси ҷаҳон - Аҳура Маздо шуморида шуда буд. Аз ин сабаб, чи ҳокимияти давлатӣ, ки хислати илоҳӣ дошт, ва чи ҳокимияти динӣ, ки сарчашмаи амалисозии адолати судиро бевосита аз Аҳура Маздо дошт, якбора ваколати додрасиро доштанд.

Новобаста аз ин мансабдорони давлат, ки аз ҳисоби рӯҳониён ба вазифа тайин мешуданд, онҳо ба сиёсати давлатӣ таъсири зиёд надоштанд.

Танҳо исъёни Гавмата, ки ба шоҳаншоҳии ҳафтмоҳаи ӯ замина гардид, ягона амали зиддидавлатии руҳониёни зардуштӣ буд, ки сабаби бевосита ба қудрати сиёсӣ расидани намондаи ин табақа гардид.

Ҳангоме, ки Маздаку Монӣ ислоҳотгароёни динӣ ҳаракати худро оғоз намуданд, парвандаи онҳоро шоҳи Сосонӣ (соли 528) барои баррасӣ ба Шурои давлатӣ супурда, баррасии онро талаб намуд. Фаъолияти мазҳабии ин давра аз ҷониби Шурои давлатӣ баррасӣ ва нисбат ба он қарор қабул гардид, ки шоҳ онро имзо ва мавриди иҷро қарор дод.

Минбаъд, дар марҳилаи тамаддуни исломии рушди давлатдории тоҷикон Таносуби байни давлату дин тағйир меёбад. Муҳаққиқони назарияи «давлати исломӣ», дар таҳқикотҳои худ, танҳо марҳилаи идоракунии умма аз ҷониби Муҳаммад ва «Хулафои рошидин»-ро давлати исломӣ гуфта, минбаъд давлатдории сулолаи Уммавия ва Аббосияро давлатҳои дунявӣ номидаанд, ки роҳбарони ин ду сулола мақоми махсусро дошта, аксарият ҳамчун халифа ё ҷойнишини Пайғомбар баромад доштанд. Агар, давлатдории ин ду сулолаи аввал – давраи классикии давлатдории ислом дунявӣ эътироф гардад, пас, дигар давлатҳои ҳудуди Тоҷикзамин пурра дунявӣ ба шумор мераванд. Асос барои дунявӣ шуморидани давлатҳои тошуравии ҳудуди кишвари тоҷикон пеш аз ҳама, дар он аст, ки аксарияти шоҳони сулолаҳои баъдӣ аз принсипҳои давраи Пайғомбар ва Хулафои рошидин пайравӣ накарданд. Онҳо ҳокимияти давлатиро ба ҳокимияти меросӣ табдил доданд. Ҳокимияти онҳо аз ҳокимияти дигар давлатҳои ҳамсоя тафовут надошта, чун мерос ба фарзанд ва хешовандон мегузашт, ки дигар байъат ва интихоб вуҷуд надошт. Ба мансабҳои давлатӣ ашхоси наздики ҳоким, ҳамқабила, аз миллати худ тайин мекарданд. Ин давлатҳо бештар ба фаъолияти дунявӣ ва сиёсӣ, аз қабили ҷанг барои ҳудуд, ғорати ҳамсоякишварҳо, барқарор намудани робита бо ҳамсоякишварҳо, новобаста аз дину мазҳаб машғул буданд.

Дар асрҳои миёна роҳбари давлат як шахсияти дунявӣ ба шумор рафта, дар назари тобеъон ҳарчанд роҳбари динии кишвар эътироф мешуданд, вале аз истифодаи ашё ва хурокаи манъшуда аз қабили шаробу масткунандаҳо парҳез намекарданд. Дар мисоли Маҳмуди Газнавӣ ва яке аз сарварони лашкар, ки дар хонаи султон Маҳмуд шароб нўшида маст шуд ва шабона ҳангоми ба хонаи худ рафтан аз ҷониби муҳтасиб дастгир шуда, ҷазо дода шуда буд; инчунин Улуғбек, ки ҳангоми шаробнушӣ аз ҷониби муҳтасиби давлат Ибни Ошиқ ҳамчун кофир, зиддидин, вайронкунандаи шариат муттаҳам карда мешуд, мушоҳида кардан мумкин аст, ки ҳокимони кишвар ашхоси дунявӣ буда, масъулияти динӣ надоштанд ва мисли пайравони одии мазҳаб, танҳо дар лаҳзаҳои муайян ба ҳимояи дин бармехостанд. Аз ин нуктаи назар, давлатҳои асримиёнагиро давлатҳои дунявӣ шуморидан мумкин аст. Онҳоро ба маънои пурраи истилоҳ давлати теократӣ номидан мумкин нест, чунки масъулияти комилро дар ин самт ба зимма надоштанд.

Давлати дунявӣ, ки ҳангоми зарурат баҳри амнияти кишвар, оромӣ ва суботи муносибатҳои ҷамъиятӣ баъзан масъулиятҳои диниро низ амалӣ менамуд,

Азбаски роҳбарони динии кишвар аз ҷониби Роҳбари давлат ба вазифа тайин ва аз он озод карда мешуданд, дар мисоли баррасигардида, мушоҳида ва хулоса кардан мумкин аст, ки мақомоти динӣ дар ҳолати тобеъият ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ буданд ва кулли масоили дунявӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои динӣ аз ҷониби ҳокимияти дунявӣ баррасӣ мегардид. Ин ҳолат баёнгари унсурҳои дунявият дар ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Таърихи давлатдории Шуравӣ – марҳилаи авҷи атеизм, яъне давлат ба механизми мубориза бо таълимоти динӣ ва пайравони дин табдил ёфта, атеизми ҷанговар шиори Ҳокимияти Шуравӣ буд, ки дар солҳои охирини мавҷудият аз ин равиши муносибат бо дин даст мекашад.

Дар марҳилаи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо якчанд давраҳои гуногунро мушоҳида менамоем, давраи ҷанг, ки то солҳои 1997 давом меёбад, ворид намудани муқаррарот оид ба ҳизбҳои сиёсии хислати динидошта, аз соли 1997 то 2003. Аз соли 2003 то 2008 сиёсати мусолиматомез бо дин ва ташкилотҳои динӣ, аз ҷумла бо ҳизбҳои сиёсии динӣ. Аз соли 2008 то имрўз марҳилаи ба таври фарогир табдил додани дину ташкилотҳои динӣ ба фаъолияти хусусӣ ва маҳдуд намудани баъзе ҷанбаҳои фаъолияти динӣ ҳамчун фарҳанги бегона бо танзим намудани аксарияти анъана, маросимҳои динӣ бо қонуни махсус.

Хулоса, аз таҳлили таърихии муносибати давлату дин, ташкилотҳои динӣ бармеояд, ки таърихан ин муносибатҳо яксон набуда, дар ҳолати рушди доимӣ қарор доштанд;

Давлати динӣ ё исломӣ, аз нуктаи назари муҳаққиқон танҳо марҳилаи огози давлатдории исломӣ давраи Муҳаммад ва «Хулафои рошидин»-ро номбар кардан мумкин аст;

-минбаъд, давлатҳои ҳудуди тоҷикзамин ба давлатҳои дунявӣ табдил ёфта, аксарияти фаъолияти онҳо ба кору фаъолияти рузмарраи сиёсӣ бахшида шуда буд, ҳарчанд як қатор давлатҳои минбаъда (Ғазнавиён, Темуриён), зери шиори «ҷиҳод» баҳри паҳн намудани шариат, ба ғорати кишварҳои ҳамсоя машғул мешуданд;

Дар марҳилаи муосири геополитикӣ муқаррар намудани хислати дунявияти давлат дар Конститутсия ва рушди ин хислат дар амалияи давлатӣ хеле муҳим буда, баҳри амнияту бехатарии давлат, суботи кишвар ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хизмат мекунад.

Буризода Эмомалӣ Бозор – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;

Одиназода Рамазон Сафар - доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, ходими пешбари илмии Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст