Skip to main content

РУШДИ ИЛМИИ АКАДЕМӢ ДАР ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ ВА ТАНОСУБИ ОН АЗ ИЛМИИ ДОНИШГОҲӢ

1  2

Истиқлолияти давлатӣ, ки соли 1991 ба даст омад, саҳифаи нав дар таърихи рушди илм ва маорифи Тоҷикистон кушод. Ин рӯйдоди таърихӣ заминаи ташаккули ҷомеаи пешрафта ва давлатдории муосири тоҷиконро фароҳам сохт ва ба рушди илм дар тамоми соҳаҳо такони тоза бахшид. Дар ин давра, илми академӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки рушди кишвар мавриди таваҷҷуҳи хосси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии мамлакат ба ин соҳа дар солҳои истиқлол ба дастовардҳои назарраси илмӣ ва ташкили муассисаҳои нави илмӣ-тадқиқотӣ мусоидат намудааст.

Таърихи илми академӣ дар Тоҷикистон ба солҳои аввали ҳокимияти Шӯравӣ, яъне таъсис ёфтани пойгоҳи тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС (1932) ва баъдан Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1951) рост меояд. Дар ин давра зиёда аз шаш даҳсола таҳқиқоти илмӣ дар чаҳорчӯби як низоми ягонаи иттифоқӣ сурат мегирифт, ки ба талабот ва стандартҳои умумииттифоқӣ тобеъ буд.

Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991, зарурати ташаккули сиёсати мустақили илмии миллӣ ба миён омад. Қадами муҳим дар ин самт қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" гардид, ки асоси ҳуқуқии фаъолияти илмиро дар кишвар муайян намуд. Ин санади меъёрӣ барои ташкили дубораи низоми идоракунии илм ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки таҳқиқот замина гузошт.

Илми академӣ як шакли махсуси фаъолияти маърифатии инсон мебошад, ки ҳамчун низоми муташаккили донишҳо дар бораи қонунҳои табиат, ҷомеа ва тафаккур ташаккул ёфтааст. Ин мафҳум дорои ченакҳои сершумор буда, онро аз се ҷанбаи асосӣ баррасӣ кардан мумкин аст:

Аввал, илм ҳамчун раванди фаъолияти эҷодӣ фаҳмида мешавад. Ин фаъолияти зеҳнии олимон аст, ки ба кашфи қонунҳои объективӣ ва пешгӯии рушди воқеият равона шудааст .

Дуюм, илм низоми донишҳо мебошад, ки ба меъёрҳои ҳаққоният, объективӣ, умумӣ эътирофшавандагӣ ва такроршавандагӣ ҷавобгӯ мебошанд. Ин донишҳо бо робитаҳои мантиқӣ, аз қабили муносибатҳои ҳосилшавӣ, баробарӣ ва гузарандагӣ ба ҳам пайванд хӯрдаанд.

Севум, илм ҳамчун институти иҷтимоӣ амал мекунад, ки дар шакли муассисаҳои илмӣ, иттиҳодияҳои касбии олимон, системаи молияи илм, таҷҳизоти илмӣ ва системаи иттилооти илмӣ таҷассум ёфтааст.

Моҳияти илми академӣ дар эыоди дониши нав ифода меёбад. Ин раванд дар асоси муносибати субъект ва объект сурат мегирад, ки натиҷаи он дониши нав дар бораи олам мебошад. Илми академӣ ба саволҳои асосии зерин ҷавоб медиҳад: "Чӣ?", "Чанд?", "Чӣ гуна?", "Кадом?" ва "Чӣ тавр?" .

Моҳияти амиқи илм дар кашфи қонунҳои объективӣ ва ба табдил додани онҳо ба воситаи пешгӯӣ ва тағйир додани воқеият зоҳир мешавад. Бар хилофи дониши ҳаррӯза, илм ба моҳият ва қонуниятҳои падидаҳо даст меёбад ва ин самтҳои амалиро барои таъсир расонидан ба ин падидаҳо муайян мекунад .

Дониши илмӣ аз дониши ғайриилмӣ бо хусусиятҳои зерин фарқ мекунад:

-бонизом — донишҳои илмӣ бо ҳам робитаҳои мантиқӣ дошта, як манбаи оддии маълумот нестанд, балки низоми муташаккили ҳамоҳангшуда мебошанд. Иммануил Кант таъкид намуда буд, ки маҳз ин хусусият илмро аз дониши ҳаррӯза, ки "агрегати оддӣ" аст, фарқ мекунад.

- объективӣ ва ҳаққоният — донишҳои илмӣ бояд воқеияти объективиро инъикос намоянд.

- мавзуӣ — ҳар як соҳаи илм объект ва предмети муайяни таҳқиқотӣ дорад. Дар ин ҷо, объект ҳамчун самти асосии таҳқиқот ва предмет ҳамчун маҷмӯи хусусиятҳо ё аломатҳое, ки дар объект ҷудо карда мешаванд, фаҳмида мешаванд.

- матнӣ ва забонӣ — донишҳои илмӣ дар шакли матнҳо, дар асоси забонҳои табиӣ, махсус ё сунъӣ сабт мешаванд. Забони матнҳои илмӣ истифодаи бисёрмаъноии истилоҳот, метафора, рӯзноманигорӣ ва услубҳои гуногунро истисно мекунад.

- эмпирикӣ ва назариявӣ — илм дорои ду сатҳи асосии дониш мебошад: эмпирикӣ (маълумоти воқеӣ, ки тавассути мушоҳида ва озмоиш гирифта мешавад) ва назариявӣ (консепсияҳо, қонунҳо, гипотезаҳо ва хулосаҳои умумӣ).

Таснифи илмҳо се самти асосии донишҳои илмиро дар бар мегирад :

А). Илмҳои табиӣ (илмҳо дар бораи табиат) — физика, химия, биология, астрономия, геология ва ғайра. Ин илмҳо қонунҳои табиат ва падидаҳои моддиро меомӯзанд.

Б). Илмҳои ҷомеашиносӣ (илмҳо дар бораи ҷомеа) — иқтисод, сотсиология, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқшиносӣ, таърих ва ғайра. Мақсади онҳо омӯзиши қонунҳои рушди ҷомеа ва муносибатҳои иҷтимоӣ мебошад.

В). Илмҳо дар бораи тафаккур — мантиқ, равоншиносӣ, фалсафа ва дигар соҳаҳое, ки равандҳои маърифатӣ ва тафаккури инсониро меомӯзанд.

Мувофиқи дигар тасниф, илмҳо ба бунёдӣ (асосӣ) ва амалӣ (татбиқӣ) низ ҷудо мешаванд. Илми бунёдӣ ба кашфи қонунҳои нав ва дониши назариявӣ равона шуда, илми амалӣ ин донишҳоро барои ҳалли масъалаҳои амалии истеҳсолот, иқтисод ва ҷомеа истифода мебарад.

Илми академӣ на танҳо низоми дониш, балки як ниҳоди иҷтимоии мураккаб мебошад, ки унсурҳои зеринро дар бар мегирад :

- Ташкилотҳои илмӣ — академияҳои илмҳо, институтҳои таҳқиқотӣ, лабораторияҳо ва дигар муассисаҳо.

- Неруи илмӣ (кадрҳо) — олимон, муҳаққиқон, докторантон, аспирантон ва магистрантон, ки ба эҷоди дониш машғуланд.

- Молия ва таҷҳизот — маблағгузории давлатӣ ва хусусӣ, таҷҳизоти лабораторӣ, дастгоҳҳо ва инфрасохтори илмӣ.

- Нихоми иттилоотӣ ва коммуникатсия — нашрияҳо, конференсияҳо, семинарҳо ва дигар шаклҳои мубодилаи дониш.

Дар замони муосир илм ба фаъолияти оммавӣ табдил ёфтааст, ки дар он ҳамкории шабакавии олимон дар сатҳи байналмилалӣ аҳамияти калон пайдо кардааст. Муҳаққиқон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар доираи лоиҳаҳои муштарак ҳамкорӣ намуда, натиҷаҳои тадқиқот ва маълумоти илмиро мубодила мекунанд. Илми академӣ ҳамчун падидаи мураккаби иҷтимоӣ-фарҳангӣ дорои се ҷанбаи асосӣ — раванди фаъолияти эҷодӣ, низоми донишҳои бонизом ва институти иҷтимоӣ мебошад. Хусусиятҳои асосии он — бонизом, объективӣ, мавзуӣ ва матнӣ — онро аз дигар шаклҳои маърифат (масалан, дониши ҳаррӯза, динӣ ё фалсафӣ) фарқ мекунанд. Илми академӣ ба се самти асосӣ (табиат, ҷомеа, тафаккур) ҷудо шуда, дар шакли тадқиқоти бунёдӣ ва амалӣ амалӣ мегардад. Ҳамчун институти иҷтимоӣ, илм дорои ташкилотҳо, кадрҳо, молия, таҷҳизот ва низоми иттилоотии худ мебошад, ки ба он имкон медиҳад, ки дониши навро тавлид ва ба ҷомеа татбиқ намояд.

Илми донишгоҳӣ дар фарқиятаз илми академӣ шакли мушаххаси фаъолияти илмӣ-таълимӣ мебошад, ки дар доираи муассисаҳои олии таълимӣ — донишгоҳҳо, академияҳо ва донишкадаҳо — амалӣ гардида, ба омӯзиш, тадқиқот ва тавлиди дониши нав дар як замон равона шудааст. Ин мафҳум аз ҷанбаи институтсионалӣ, яъне ҳамчун шакли ташкили фаъолияти илмӣ дар муҳити донишгоҳӣ ва аз ҷанбаи функсионалӣ, яъне ҳамчун раванди муттаҳидсозии таълим ва тадқиқоти илмӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Аз нигоҳи таърихӣ, илми донишгоҳӣ дар муассисаҳои олии таълимӣ ҳамчун макони муттаҳидсозии таълиму тадқиқот ташаккул ёфтааст. Дар донишгоҳ, илм на танҳо воситаи ба даст овардани дониш, балки усули тарбияи шахсияти рушдёфта ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос мебошад. Донишгоҳ ҳамчун махзани илму маърифат, дар баробари тайёр намудани кадрҳо, ба рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва татбиқи натиҷаҳои он дар раванди таълим ва истеҳсолот мусоидат мекунад.

Моҳияти илми донишгоҳӣ дар ягонагии таълим ва тадқиқот ифода меёбад. Ин принсип, ки аввал дар анъанаи Донишгоҳи Гумболдт ташаккул ёфтааст, ҳамчун пояи асосии фаъолияти донишгоҳи муосир боқӣ мондааст. Тибқи ин андеша, таълим набояд танҳо ба интиқоли дониши мавҷуда маҳдуд шавад, балки бояд дар заминаи тадқиқот ва кашфи дониши нав бунёд гардад.

Моҳияти амиқтари илми донишгоҳӣ дар он зоҳир мешавад, ки он низоми кушод ва динамикӣ буда, ба рушди илм ва тадқиқот пайравӣ менамояд ва заминаи институтсионалии мувофиқро барои ин рушд фароҳам меорад. Дар ин мазмун, донишгоҳ бояд аз шаклҳои анъанавии таълим фаротар рафта, ба мушкилоти муосири илм ва ҷомеа ҷавобгӯ бошад. Илми донишгоҳӣ инчунин ба ташаккули шахсияти рушдёфта, дарки арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ, миллӣ ва умумиинсонӣ дар донишҷӯён мусоидат намуда, онҳоро барои фаъолият дар шароити муосир омода мегардонад.

Илми донишгоҳӣ аз илми академӣ, ки дар институтҳои тадқиқотӣ ба роҳ монда мешавад бо хусусиятҳои зерин фарқ мекунад:

Ягонагии таълим ва тадқиқот — хусусияти асосии илми донишгоҳӣ, ки омӯзгорон на танҳо донишро интиқол медиҳанд, балки худ ба тадқиқот машғул шуда, донишҷӯёнро ба фаъолияти илмӣ ҷалб мекунанд. Аз ин рӯ, таълим дар донишгоҳ бояд тадқиқотро инъикос намояд ва онро ба вуҷуд орад.

Байнисоҳавӣ — илми донишгоҳӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва пайдоиши мушкилоти мураккаби илмӣ (масалан, масъалаҳои экологӣ, энергетикӣ ва тиббӣ) аз доираи фанҳои анъанавӣ фаротар рафта, ба ҳамкории байнисоҳавӣ ниёз дорад. Ин хусусият имкон медиҳад, ки мушкилоте, ки дар доираи як фан ҳал намешаванд, мавриди баррасӣ қарор гиранд.

Матнӣ ва забонӣ — донишҳои илми донишгоҳӣ дар шакли матнҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, дастурамалҳо ва мақолаҳо сабт шуда, дар раванди таълим ба донишҷӯён интиқол дода мешаванд. Дар донишгоҳ омӯзиши забонҳо барои дастрасӣ ба манбаъҳои илмии ҷаҳонӣ ва муоширати касбӣ аҳамияти хос дорад.

Инноватсионӣ — илми донишгоҳӣ ба рушди навоварӣ ва татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот ва ҷомеа равона шудааст. Донишгоҳи муосир ҳамчун маркази инноватсия, татбиқи натиҷаҳои тадқиқотро дар амалия ба роҳ мемонад. Ин хусусият донишгоҳро аз муассисаҳои соф-тадқиқотӣ фарқ мекунад.

Институтсионалӣ — илми донишгоҳӣ дар чаҳорчӯби ташкилотҳои расмӣ (кафедраҳо, факултетҳо, марказҳои илмӣ, лабораторияҳо) ва бо риояи қоидаҳои мушаххаси идоракунӣ ба роҳ монда мешавад. Донишгоҳ бо дорои шуъбаҳои гуногун ва ҳайати васеи омӯзгорон, ин хусусиятро пурра таҷассум мекунад.

Илми донишгоҳӣ мувофиқи мазмун, мақсад ва усулҳо ба намудҳои зерин ҷудо мешавад:

Илми бунёдӣ (назариявӣ) — ба кашфи қонунҳои нави табиат ва ҷомеа, таҳияи консепсияҳои назариявӣ ва ташаккули асосҳои илмӣ равона шудааст. Ин намуди илм дар донишгоҳҳои классикӣ ва тадқиқотӣ, ба мисли факултетҳои физика, математика, биология ва фалсафа ба роҳ монда мешавад.

Илми амалӣ (татбиқӣ) — ба ҳалли масъалаҳои мушаххаси истеҳсолот, иқтисод ва ҷомеа равона шуда, натиҷаҳои илмии бунёдиро ба амал татбиқ менамояд. Ин намуд дар факултетҳои муҳандисӣ, тиб, кишоварзӣ, иқтисод ва дигар соҳаҳои амалӣ фаъолият дорад.

Илми таълимӣ (педагогӣ) — барои тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ ва таҳияи методологияи таълим пешбинӣ шудааст. Дар донишгоҳҳои омӯзгорӣ ин намуди илм мавқеи марказӣ дорад.

Илми инноватсионӣ — ба таҳия ва ворид намудани технологияҳои нав, рақамикунонӣ ва инноватсияҳо дар соҳаҳои гуногун равона шудааст. Дар донишгоҳҳои муосири Тоҷикистон ин самт тавассути технопаркҳо ва марказҳои инноватсионӣ амалӣ мегардад.

Инчунин, аз нигоҳи тарзи фаъолият илми донишгоҳӣ ба тадқиқоти инфиродӣ (корҳои илмии омӯзгорон) ва тадқиқоти дастаҷамъӣ (лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо иштироки донишҷӯён ва омӯзгорон) ҷудо мешавад.

Илми донишгоҳӣ на танҳо ба тавлиди дониш, балки ба тарбияи шахсияти рушдёфта, дарки арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ ва ташаккули малакаҳои амалӣ мусоидат мекунад. Дар донишгоҳ, донишҷӯён на танҳо дониши касбӣ, балки малакаҳои тафаккури интиқодӣ, ҳалли масъалаҳои мураккаб ва кор дар шароити гуногунфарҳангӣ пайдо мекунанд. Илми донишгоҳӣ дар Тоҷикистон мувофиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат мҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омода намудани мутахассисони баландихтисос ва ватандӯст равона шудааст, ки ба рушди устувори кишвар ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳм мегузоранд.

Илми донишгоҳӣ ҳамчун шакли махсуси фаъолияти илмӣ-таълимӣ дорои моҳияти дугона — ягонагии таълим ва тадқиқот мебошад. Хусусиятҳои асосии он — байнисоҳавӣ, инноватсионӣ, матнӣ ва институтсионалӣ — имкон медиҳанд, ки донишгоҳ на танҳо маркази интиқоли дониш, балки маркази тавлид ва татбиқи дониш бошад. Илми донишгоҳӣ ба намудҳои бунёдӣ, амалӣ, педагогӣ ва инноватсионӣ ҷудо шуда, дар шакли тадқиқоти инфиродӣ ва дастаҷамъӣ амалӣ мегардад. Дар шароити муосири Тоҷикистон, илми донишгоҳӣ дар асоси анъанаҳои илмӣ ва сиёсати давлатӣ ба рушди кадрҳо, инноватсия ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд.

Таҳлили таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки рушди илм дар онҳо дар асоси як қатор принсипҳо сурат мегирад.

1. Интегратсияи илм ва таҳсилот. Дар аксари кишварҳои пешрафта, илми академӣ ва донишгоҳӣ як низоми ягонаро ташкил медиҳанд, ки дар он муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳӣ ҳамчун ҷузъҳои як низом фаъолият мекунанд.

2. Рушди инноватсия. Давлатҳои пешрафта ба рушди инноватсия ва татбиқи натиҷаҳои тадқиқот дар иқтисодиёт афзалият медиҳанд.

3. Рақобатпазирии молиявӣ. Дар ин кишварҳо маблағгузории илм дар асоси рақобат ва арзёбии натиҷаҳои тадқиқот сурат мегирад.

4. Ҳамкории байналмилалӣ. Олимони кишварҳои пешрафта дар лоиҳаҳои байналмилалӣ ва тадқиқоти муштарак фаъолона ширкат мекунанд.

Таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ нишон медиҳад, ки ташаккули низоми ягонаи илмии академиву донишгоҳӣ, такмили қонунгузории соҳаи илм ва рушди ҳамкории байналмилалӣ барои пешрафти илм муҳим мебошанд.

Хулоса, дар давраи соҳибистиқлолӣ илми академӣ дар Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Тағйироти сохторӣ, таъсиси муассисаҳои нави илмӣ ва нашри осори зиёди илмӣ аз пешрафти ин соҳа шаҳодат медиҳанд. Таносуби байни илми академӣ ва донишгоҳӣ тадриҷан тағйир ёфта, ҳамкории байни онҳо тақвият меёбад.

Рушди илми академӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дорои таърихи тӯлонӣ ва сохтори мукаммал мебошад. АМИТ бо шуъбаҳо, институтҳо ва маркази илмӣ неруи илмии баландихтисос, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва аккредитатсияи муассисавӣ дар рушди илмҳои бунёдӣ ва амалӣ дар Тоҷикистон мавқеи калидӣ дорад. Ислоҳоти солҳои охир ва раванди байналмилалӣ гардонидани фаъолият АМИТ-ро ба маркази муосири илмӣ табдил дод, ки қодир аст ба талаботи рушди устувори кишвар ва ҳамкории илмии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад.

Сангинзода Дониёр – муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

Алиназарова Кифоят - котиби илмии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

 

Маҷаллаи академии ҳуқуқ

МУАССИС: Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатнома оид ба қайд гирифтани таҳти № 500/МҶ–97 аз 10 июни соли 2026. Маҷалла аз моҳи январи соли 2012, чаҳор маротиба дар як сол нашр мешавад. Маҷалла ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА –и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Маҷаллаи илмӣ аз январи соли 2014 ба Шохиси иқтибосоварии илмии Русия (РИНЦ) ворид аст. Мақолаҳо бо забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мегарданд

Аз соли 2012

Нашри мунтазам

Иқтибосҳо (РИНЦ)

Аз соли 2014 ворид аст