Истиқлоли давлатӣ – оғози марҳилаи нави давлатдории тоҷикон. Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат на танҳо воқеаи муҳими сиёсӣ, балки нуқтаи ибтидоии марҳилаи нави таърихӣ, ҳуқуқӣ ва тамаддунсоз ба ҳисоб меравад. Барои халқи тоҷик низ 9 сентябри соли 1991 санаест, ки бо эълони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ормони чандинҳазорсолаи давлатдории миллӣ ҷомаи амал пӯшид. Бо қабули Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатдорӣ ҳамчун арзиши олии сиёсӣ ва ҳуқуқии миллат эҳё гардида, заминаи воқеии ташаккули низоми мустақили ҳокимияти давлатӣ, қонунгузории миллӣ ва сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам омад.
Арзиши воқеии истиқлолият танҳо дар соҳиб шудан ба ҳудуд, рамзҳои давлатӣ ё эътирофи байналмилалӣ ифода намеёбад. Пеш аз ҳама, истиқлолият маънои соҳибихтиёрии давлатро дар муайян намудани роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худ таҷассум менамояд. Маҳз истиқлолият ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият дод, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян намуда, бо такя ба манфиатҳои миллӣ роҳи давлатсозии муосирро интихоб намояд.
Дар баробари ин, истиқлолият барои миллати тоҷик танҳо натиҷаи як рӯйдоди сиёсӣ набуд. Он натиҷаи муборизаи тӯлонӣ, талошҳои таърихии ниёгон ва ормони деринаи халқи тоҷик барои соҳиб шудан ба давлати мустақили миллӣ мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки баъди суқути давлати Сомониён тоҷикон дар тӯли қариб ҳазор сол аз давлатдории мустақил маҳрум буданд. Бо вуҷуди ин, онҳо тавонистанд забон, фарҳанг, арзишҳои миллӣ ва ҳувияти таърихии худро ҳифз намуда, онҳоро ҳамчун асоси эҳёи давлатдории миллӣ ба наслҳои оянда мерос гузоранд. Аз ҳамин лиҳоз, соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо падидаи сиёсӣ, балки барқарор гардидани адолати таърихӣ низ мебошад.
Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо яке аз душвортарин марҳилаҳои таърихи навини худ рӯ ба рӯ гардид. Буҳрони шадиди сиёсӣ, муқовиматҳои дохилӣ, фурӯпошии низоми иқтисодӣ ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ ба давлат ва ҷомеа хисороти бузурги моддиву маънавӣ ба ҷо гузоштанд. Дар чунин шароити мураккаб масъалаи асосӣ на танҳо ҳифзи истиқлолият, балки нигоҳ доштани худи давлат ва пешгирӣ намудани аз байн рафтани пояҳои давлатдорӣ буд.
Таҷрибаи бисёр кишварҳои ҷаҳон собит месозад, ки ба даст овардани истиқлолият оғози роҳи давлатсозист, на анҷоми он. Давлати мустақил танҳо дар сурате метавонад пойдор бошад, ки дорои Конститутсияи муосир, низоми самараноки идоракунӣ, волоияти қонун, иқтисоди рақобатпазир, ҷомеаи устувор ва сиёсати хориҷии мутавозин бошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар тӯли сию панҷ соли соҳибистиқлолӣ маҳз ҳамин роҳи мураккаб, вале созандаро тай намуд.
Дар ин раванд, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 аҳаммияти сарнавиштсоз дошт. Конститутсия пояҳои ҳуқуқии давлатдории навини тоҷиконро муайян намуда, арзишҳои бунёдии давлат, аз ҷумла соҳибихтиёрӣ, демократия, ҳуқуқбунёдӣ, дунявият, ягонагии ҳокимияти давлатӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсӣ ва баробарии ҳама дар назди қонунро муқаррар намуд. Аз ҳамин лиҳоз, Конститутсия на танҳо қонуни асосии давлат, балки санади сиёсиву ҳуқуқие гардид, ки тамоми самтҳои рушди минбаъдаи давлатдориро муайян сохт.
Дар баробари таҳкими пояҳои конститутсионӣ, тадриҷан тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти идоракунии давлатӣ, низоми судӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар институтҳои давлатӣ мутобиқ ба талаботи ҷомеаи соҳибистиқлол ташаккул ёфтанд. Ҳамзамон, қонунгузории миллӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба вуҷуд омада, заминаи ҳуқуқии фаъолияти давлат, иқтисод ва ҷомеаро таъмин намуд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои низоми мустақили қонунгузорӣ мебошад, ки ҳамаи самтҳои муносибатҳои ҷамъиятиро фаро гирифта, пайваста бо дарназардошти рушди муносибатҳои муосир такмил дода мешавад.
Дар ҷаҳони имрӯз, ки бо равандҳои босуръати ҷаҳонишавӣ, рақобатҳои геополитикӣ, таҳдидҳои нави амниятӣ, рушди технологияҳои рақамӣ ва тағйирёбии муносибатҳои байналмилалӣ тавсиф мегардад, ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ аҳаммияти боз ҳам бештар пайдо намудааст. Аз ин рӯ, истиқлолият имрӯз на танҳо ҳамчун дастоварди таърихӣ, балки ҳамчун арзиши доимии сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва маънавӣ бояд ҳифз ва таҳким дода шавад. Ин масъулият на танҳо бар дӯши давлат, балки бар зиммаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон қарор дорад.
35 соли Истиқлол: дастовардҳои давлатдории навин ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон
Яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ ташаккули низоми мукаммали қонунгузории миллӣ мебошад. Агар дар оғози солҳои навадум Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз санадҳои ҳуқуқии даврони шӯравӣ истифода менамуд, имрӯз низоми ҳуқуқии мамлакат дар асоси Конститутсия ва садҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ амал мекунад. Дар ин замина қонунгузорӣ пайваста такмил ёфта, ба талаботи рушди ҷомеа, иқтисоди миллӣ ва ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида мешавад.
Ислоҳоти пайдарпайи ҳуқуқӣ ба таҳкими фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат намуда, заминаҳои ҳуқуқии таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва фаъолияти иқтисодиро фароҳам оварданд. Дар баробари ин, рушди идоракунии давлатӣ, такмили хизмати давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти хизматчиёни давлатӣ ва татбиқи технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ самаранокии идоракунии давлатиро ба маротиб беҳтар намуд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ рушди иқтисоди миллӣ низ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Бо вуҷуди таъсири буҳронҳои молиявии ҷаҳонӣ, пандемияи COVID-19, тағйирёбии вазъи иқтисодиву сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон, иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист тамоюли мусбати рушдро нигоҳ дорад. Дар натиҷаи татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, бахши хусусӣ тадриҷан рушд намуда, муҳити мусоиди соҳибкорӣ ташаккул ёфт, истеҳсолоти ватанӣ афзоиш ёфт ва иқтидори содиротии мамлакат тадриҷан тақвият пайдо кард.
Дар ин давра татбиқи чор ҳадафи стратегии миллӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аҳаммияти ҳалкунанда пайдо намуд. Бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, хатҳои интиқоли барқ, нақбҳо, роҳҳои байналмилалӣ, пулҳо, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва садҳо корхонаҳои истеҳсолӣ Тоҷикистонро ба марҳилаи нави рушди иқтисодӣ ворид намуд.
Соҳаи саноат дар солҳои охир ба яке аз муҳаррикҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ табдил ёфтааст. Эълон гардидани солҳои 2022–2026 ҳамчун «Солҳои рушди саноат» ба таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, афзоиши ҷойҳои нави корӣ, баланд гардидани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ мусоидат намуд. Ин раванд барои татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Дар баробари рушди иқтисодӣ, сиёсати иҷтимоии давлат низ мунтазам такмил ёфт. Баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, марҳила ба марҳила зиёд намудани музди меҳнат, андозаи нафақа ва стипендияҳо, дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбанд. Дар ин давра садҳо муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва фарҳангӣ сохта шуда, шароити зиндагии аҳолӣ тадриҷан беҳтар гардид.
Дар соҳаи маориф ва илм низ дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд. Шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ афзоиш ёфта, заминаҳои ҳуқуқӣ ва моддиву техникии фаъолияти онҳо такмил дода шуданд. Дар баробари ин, таваҷҷуҳи давлат ба рушди илм, технология, инноватсия ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос пайваста бештар гардида, барои ташаккули иқтисоди донишбунёд асосҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд.
Дар солҳои охир рушди иқтисоди рақамӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, рушди ҳукумати электронӣ, густариши хизматрасониҳои рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар баъзе бахшҳои идоракунӣ шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон низ тадриҷан ба талаботи инқилоби чоруми саноатӣ мутобиқ мегардад.
Дар арсаи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ сиёсати хориҷии мутавозин ва бисёрсамтаро пеш гирифта, бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ муносибатҳои мутақобилан судмандро инкишоф додааст. Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ буда, дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳми арзанда мегузорад.
Махсусан, ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирии васеъ пайдо намуданд, нуфузи байналмилалии мамлакатро ба таври назаррас боло бурданд. Қабули қатъномаҳои сершумори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об бо ташаббуси Тоҷикистон далели равшани эътирофи байналмилалии сиёсати хориҷии мамлакат мебошад. Имрӯз Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун яке аз давлатҳои пешоҳанг дар масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои об, ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим шинохта ва эътироф карда мешавад.
Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, рушди давлатдорӣ раванди муттасил буда, такмили минбаъдаи низоми ҳуқуқӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, таҳкими волоияти қонун, мубориза бо коррупсия, рушди иқтисоди рақобатпазир, рақамикунонии муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҳкими амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими давраи нав боқӣ мемонанд. Маҳз дар ҳамин замина Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 самтҳои асосии рушди устувори кишварро муайян намуда, барои татбиқи ҳадафҳои дарозмуддати давлатдорӣ заминаи муҳим мегузорад.
Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва дурнамои рушди давлатдории Тоҷикистон. Дар таърихи давлатҳо марҳилаҳое ба миён меоянд, ки сарнавишти миллат на танҳо аз мавҷудияти захираҳои иқтисодӣ ё имкониятҳои сиёсӣ, балки аз хиради сиёсӣ, масъулиятшиносӣ ва иродаи роҳбарияти давлат вобастагӣ пайдо мекунад. Таҷрибаи таърихии бисёр кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки дар давраҳои буҳронӣ маҳз шахсиятҳои дорои тафаккури стратегӣ ва ҷаҳонбинии давлатдорӣ тавонистаанд ҷомеаро аз хатари парокандагӣ эмин нигоҳ дошта, барои ташаккули давлати устувор замина гузоранд.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ солҳои аввали соҳибистиқлолӣ маҳз чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ буданд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ, халалдор гардидани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва таҳдид ба тамомияти арзии кишвар масъалаи ҳифзи давлатдории миллиро ба вазифаи аввалиндараҷа табдил дода буд. Дар чунин вазъ ба зимма гирифтани масъулияти роҳбарии давлат ва муайян намудани роҳи наҷоти миллат аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар ҳамин замина, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва эҳёи давлатдории миллӣ аҳаммияти таърихӣ касб намудааст. Маҳз дар замони роҳбарии эшон раванди барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ташкили фаъолияти муназзами мақомоти давлатӣ, таъмини сулҳу суботи сиёсӣ ва гузоштани пояҳои рушди устувори мамлакат оғоз гардид.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои ин давра барқарор намудани сулҳу ризоияти миллӣ мебошад. Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 на танҳо ба муқовимати мусаллаҳона хотима бахшид, балки барои эҳёи давлатдорӣ, барқарорсозии иқтисоди миллӣ, рушди низоми ҳуқуқӣ ва муттаҳид гардидани ҷомеа заминаи устувор гузошт. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз ҳамчун яке аз намунаҳои муваффақи ҳалли мусолиматомези низоъҳои дохилӣ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор дорад.
Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ танҳо бо таъмини сулҳ маҳдуд намегардад. Дар шароити муосир таҳкими истиқлолият маънои такмили пайвастаи қонунгузорӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, рушди иқтисоди миллӣ, таъмини амнияти давлатӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии давлатро низ дар бар мегирад. Дар ин раванд сиёсати давлатӣ ба татбиқи ислоҳоти фарогир дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ равона гардида, барои рушди устувори кишвар заминаҳои мусоид фароҳам овардааст.
Дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таҳкими волоияти ҳуқуқ ва рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд низ мавқеи калидӣ дорад. Давлати ҳуқуқбунёд танҳо дар ҳолате устувор боқӣ мемонад, ки қонун барои ҳама яксон амал кунад, фаъолияти мақомоти давлатӣ ба меъёрҳои ҳуқуқӣ асос ёбад, ҳуқуқу озодиҳои инсон кафолат дода шаванд ва адолати иҷтимоӣ таъмин гардад. Аз ин рӯ, такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, баланд бардоштани сифати татбиқи қонун ва рушди маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бояд аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ боқӣ монад.
Дар баробари ин, таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм, ҷинояткории фаромиллӣ, ҳамлаҳои киберӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, тағйирёбии иқлим, буҳронҳои иқтисодӣ ва рақобатҳои геополитикӣ тақозо менамоянд, ки масъалаи ҳифзи истиқлолияти давлатӣ бо истифода аз усулҳои муосири идоракунӣ, таҳкими амнияти миллӣ ва рушди иқтидори институтсионалии давлат таъмин карда шавад. Дар чунин шароит тақвияти худшиносии миллӣ, эҳтиром ба Конститутсия, волоияти қонун ва садоқат ба манфиатҳои давлатӣ аҳаммияти махсус пайдо менамояд.
Дар ин раванд нақши ҷавонон низ хеле муҳим аст. Ояндаи истиқлолияти давлатӣ пеш аз ҳама ба сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳисси ватандӯстии насли нав вобаста мебошад. Аз ин рӯ, тарбияи шаҳрвандони дорои тафаккури давлатӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, донишҳои муосир ва малакаҳои рақамӣ яке аз шартҳои асосии рушди давлатдории миллӣ дар асри XXI мебошад. Ҷомеае, ки ба илм, маориф, инноватсия ва рушди захираҳои инсонӣ сармоягузорӣ мекунад, метавонад мавқеи худро дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ устувор нигоҳ дорад.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди давлатдорӣ ворид гардидааст. Ин марҳила аз давлат тақозо мекунад, ки дар баробари ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, ба масъалаҳои рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ, рушди зеҳни сунъӣ, иқтисоди «сабз», ҳифзи муҳити зист, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, таҳкими рақобатпазирии иқтисод ва баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд. Танҳо бо чунин равиш метавон рушди устувори кишвар ва мавқеи арзандаи онро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таъмин кард.
Хулоса, таҷрибаи сию панҷ соли соҳибистиқлолӣ ба таври возеҳ собит месозад, ки Истиқлоли давлатӣ барои халқи тоҷик бузургтарин дастоварди сиёсиву ҳуқуқии даврони навин буда, заминаи эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, рушди низоми ҳуқуқӣ ва пешрафти устувори Ҷумҳурии Тоҷикистонро фароҳам овардааст. Имрӯз ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ вазифаи танҳо мақомоти давлатӣ нест, балки масъулияти умумимиллӣ мебошад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд бо меҳнати содиқона, эҳтиром ба қонун, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Ватан, дар пойдории ин неъмати муқаддас саҳмгузор бошад. Танҳо дар ҳамин сурат Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дастовардҳои соҳибистиқлолиро ҳифз намуда, ба сӯи бунёди давлати боз ҳам неруманд, ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва зиндагии шоистаи шаҳрвандон бо эътимоди комил қадам гузорад.
НАЗАРЗОДА ДАВЛАТХОН - ходими калони илмии шуъбаи илмҳои ҳуқуқи байналмилалии Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент.